logo

ҳуқуқ

СУҒД: ЗАМИНФУРӮШӢ БЕШТАР ШУДААСТ

Сарфи назар аз он ки ҳамасола ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ дар тақсими қитъаи замин тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, мутаассифона, даст ба ҷиноят задан дар ин самт ҳамоно дар вилояти Суғд коҳиш намеёбад.

Дар ин кор қонуншиканон роҳу шаклу усулҳои гуногунро истифода мебаранд, ки басо шигифтовар мебошад. Танҳо соли 2014 дар вилояти Суғд дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 153 иншооти ғайриқонунӣ бунёдёфта аз байн бардошта шуда, 46,5 гектар қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида, дар робита ба ин масъала 1873 нафар одамони касбу кори гуногун ба ҷавобгарии интизомӣ, 773 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 4887 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Вобаста ба ҳолатҳои дағалона вайрон шудани қонунгузории замин аз тарафи прокуратураи вилоят 170 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш гаштанд.
Натиҷаи фаъолияти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ дар самти ошкор ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ вобаста ба мавриди истифода қарор додани замин низ мавриди зикр мебошад. Кормандони оҷонсӣ 66 ҷиноятро ошкор карданд, ки нисбат ба соли 2013 28 адад зиёд аст. Нисбат ба нафарони гунаҳкор 15 парвандаи ҷиноятӣ бо 38 ҳолат шурӯъ шуда, 6 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол гардид. Бо мусоидати ин ниҳод соли 2014 дар маҷмӯъ 35,3 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Қонуншиканиву даст ба ҷиноят задан дар иртибот ба замин бештар хоси раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, мутахассисони заминсозӣ ва кадастри замин ва баъзе кормандони шуъбаи меъмориву шаҳрсозӣ мебошанд.
Масалан, Адҳам Бобо-ҷонов, раиси хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷалилови ноҳияи Конибодом, барои аз ҳисоби замини хоҷагӣ ҷудо кардани як қитъа аз шаҳрванд Д. Отабеков 1500 доллари амрикоӣ гирифтааст. Сардори шуъбаи Корхонаи давлатии фаръии «Сектори истифодаи замин» - и шаҳри Хуҷанд М. Мавлонова ба хотири «пул кор кардан» ба шаҳрванд Б. Мирбобоев бар ивази 3500 доллари амрикоӣ додани қитъаи заминро дар яке аз мавзеъҳои маркази вилоят ваъда медиҳад. Дар рафти тафтиш маълум мешавад, ки мавсуф аз ин қабл ҳам вобаста ба замин ҷиноят содир карда будааст.
Муҳандис - заминсози Ҷа-моати деҳоти Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан Х. Эралиев бо баҳонаи ҷудо кардани қитъаи замин аз шаҳрвандон М. Ғафуров 840 сомонӣ ва С. Умаров 1000 сомонӣ ситондааст.
Сармутахассиси маркази кадастри замини шаҳри Хуҷанд К. Салимов барои ҳуҷҷатгузории ду қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрванд М. Текин 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.
Раҳмоналӣ Нуралиев муовини аввали раиси деҳоти Ҳаёти Нав ва шурӯъ аз соли 2009 раиси ҳамин деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо заминсоз Фахриддин Эгамбердиев тибқи маслиҳат дар давоми солҳои 2007 - 2009 бо суиистифода аз мансаб ва боварии мардум барои дастрас кардани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба шаҳрвандон дар 17 ҳолат, дар маҷмӯъ ба маблағи 5 ҳазору 450 сомонӣ зарари моддӣ расонд.
Ф. Ашрапов, мутахассиси кумитаи заминсозии шаҳри Истаравшан, моҳи апрели соли гузашта, бо роҳи фиреб аз шаҳрванд И. Мансуров 2500 сомонӣ маблағ рӯёндааст.
Раиси Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент А. Шарифов соли 2012 бо баҳонаи ҷудо кардани 10 қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар ҳаҷми 0,60 га аз шаҳрванд С. Маликов 23 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.
Мисолҳо «қатрае аз баҳр» мебошанд. Вале чунин ба мушоҳида мерасад, ки дар аксари ҳолатҳо худи шаҳрвандон бинобар паст будани маърифати ҳуқуқиашон зуд фирефтаи ваъда мешаванду боиси амалҳои коррупсионӣ мегарданд.
Гузарондани санҷиш оид ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2009 «Оид бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин кардани шаҳрвандон аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо», риояи талаботи қоидаҳо оид ба амалӣ кардани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ додани қитъаҳои замин» нишон дод, ки дар ин самт камбудиҳо, бахусус дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан хеле зиёданд, ки бояд дар муҳлати кӯтоҳ ислоҳи худро ёбанд.

Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2015    №: 35    Мутолиа карданд: 758

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед