logo

ҳуқуқ

ПАЁМ РАВНАҚБАХШИ ЭҲСОСИ ВАТАНХОҲИСТ

Аз таассуроти раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ генерал – майори гвардия Музаффар Гулмадов дар бораи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 - Музаффар Дӯстович! Паёми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саршори ғояҳои муқаддасу ҷовидонии ватанхоҳӣ буда, ба дӯши кормандони сохторҳои низомӣ вазифаҳои амиқи вусъат бахшидани таълиму тарбияи ватандӯстии ҷавононро вогузор кардааст.
- Паёми имсола барҳақ ҷанбаи амиқу пурвусъати ватанхоҳию ватанпарастӣ дорад. Намунаи равшани онро аз Паём шунидем, ки: “Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем.”
Роҳбарияти ташкилот дар доираи ҳадафҳои оинномавии худ ва талаботу ҳидоятҳои Президент - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тайёрии тодаъватии наврасону ҷавонон маҷмӯи чорабиниҳои оммавӣ – мудофиавӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстиро амалӣ менамояд. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТҶММ) созмони меҳанпарастӣ, манбаи тайёр кардани мутахассисони ҳарбӣ ва соҳибкасбони оммавии техникӣ, инчунин омодасозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, мактаби ҷасорат ва мардонагӣ ба шумор меравад. Роҳбарияти созмони мудофиавии мазкур хуб дарк менамояд, ки тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастӣ ҳаргиз таблиғоти мавсимӣ ва муваққатӣ набуда, кори ҳаррӯзаю доимӣ аст. Мазмуну моҳияти номуси ватану ватандорӣ ва эҳсоси шарафи миллиро ба ҷавонон фаҳмонда, чароғаки меҳру муҳаббат ба Ватанро дар замирашон фурӯзон менамояд.
 Ватандӯстӣ шиор набуда, амалест, ки набояд дар доираи ягон ченаки вақт маҳдуд гардад. Сиёсати давлатӣ талаб мекунад, ки тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон на ҳусни ҳисоботӣ, балки ҷавҳари воқеии миллӣ дошта бошад.
Имрӯз ташкилот дар сафҳои худ садҳо ҳазор ҷавононро муттаҳид сохта, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро ба мутахассисони гуногунихтисоси ҳарбӣ таъмин менамояд, ба такомули ҷисмонӣ ва низомии ҷавонон, омодасозии даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ саҳми бориз мегузорад.

- Дар Паём таъкид шуда, ки масъулон фаъолияти самараноки тамоми сохторҳоро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишвар равона созанд. Роҳбарияти кумитаи иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа вобаста ба ин нукта кадом тадбирҳоро роҳандозӣ хоҳад кард?
– Рушду таҳкими тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон, ҷалби онҳо ба намудҳои гуногуни варзишӣ – техникӣ, омодасозии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тайёр кардани мутахассисони гуногунихтисоси ҳарбӣ барои Артиши миллӣ вазифаҳои муҳими ташкилот ба шумор мераванд. Раванди босуръати тағйирот дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ водор мекунад, ки сарварони кумитаҳои ноҳиявӣ, мактаби техникӣ ва клубҳои варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бо назардошти шаклгирии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҳам дар самти таблиғотӣ ва ҳам дар бахши хоҷагидориашон иқдоми нав биандешанд.
Шуҳрати оммавӣ пайдо кардани намудҳои гуногуни варзиши ҳарбӣ - амалӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар байни ҷавонон ҷавобгӯи талаботи мардуми ватанпарасти мост. Аз ин рӯ, ягон ҷойи тааҷҷуб нест, ки беҳтарин намояндагони қишри наврасону ҷавонони кишвари маҳбубамон бо шавқу завқ ва майли том дар маҳфилу клубҳои варзишии ТҶММ таълим мегиранд,, машқу тамрин мекунанд.
Мо дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар бобати рушди варзиш ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ, тайёр намудани варзишгарони бомаҳорат сармашқи кори худ карда, дар кори муҳими тарбияи насли наврас ва беҳдошти фазои ахлоқӣ фаъолона амалӣ хоҳем намуд.

- Ба маврид аст, агар аз дастовардҳои варзишии ТҶММ ва татбиқи “Барномаи тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни нарасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2015” ёдовар шавем...
- Комёбиҳои варзишгарони ташкилот дар соли сипаришуда назаррас мебошад. Бахусус дастовардҳои каратэ-киёкушинкайчиёни бахши десантии клуби миллии ҷумҳуриявии ҳавопаймоӣ боиси ифтихори мост. Варзишгарони наврасу ҷавони ин намуд аз мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ 27 медали тилло, 35 нуқра ва 30 биринҷиро ба ташкилот овардаанд. Дастаҳои мотосиклронҳо ва картингчиён бошанд, аз мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ҳар кадом 4 - тоӣ медалҳои тилло, нуқраю биринҷиро сазовор гардиданд.
Мо “Барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва рушди намудҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ дар байни нарасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2015” - ро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ соли сеюм аст, ки тибқи нақшаи ягонаи чорабиниҳои муштарак ва алоҳида татбиқ менамоем. Дар ин самти тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ба муваффақиятҳо ноил шудаем, ки ин метавонад мавзӯи суҳбати алоҳида бошад.

- Музаффар Дӯстович! Вобаста ба татбиқи муқаррароти Паём масъулони ТҶММ ба чӣ хулоса омадаанд?
- Дар ташкилот омӯзиши Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, андешаю пешниҳодоти масъулони соҳа ва кормандону хизматчиёнро барои тартибдиҳии нақшаи чорабиниҳои иловагӣ мавриди баррасӣ қарор додаем. Пеш аз ҳама, дар созмонҳои мудофиавии шаҳру вилоятҳо, мактабҳои муттаҳидаи техникӣ ва автомобилӣ, коллеҷу гимназияҳо, мактабҳои олию миёнаи махсус, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ суҳбату баромадҳо, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ - амалиро баргузор менамоем.

Мусоҳиб Э. НАЗАРОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.02.2015    №: 35    Мутолиа карданд: 1078

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед