logo

номаҳо

Михаил Калонтаров сафедро сиёҳ мегӯяд

Дар сайти «Цетр Азия» рӯзи 26 марти соли 2009 пайдо шудани мақолаи пур аз ғараз ва иғвогаронаи Михаил Калонтаров (аҷабе нест, ки ном бофта бошад) бо номи «Бюджет разрушенных надежд. Таджикские трудовые мигранты не хотят возвращаться на родину», ки аз сайти Tajmigrant.com гирифта шудааст, боиси қаҳру ғазаби ман шуд. Аввалан, оддитарин хонандаи ин мақола мефаҳмад, ки мақсад аз он иғво ангехтан ва кӯшиши заифонаи паст задани шаъни  кишвару миллати мост. Фактҳои сар то ба по дурӯғи мақола ва таҳлилҳои сар-сарӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки муаллиф аз шароити  имрӯзаи зисту зиндагии мардуми мо огоҳ нест. Дурӯғи аз ҳама беҳаёонаи муаллиф он аст, ки гӯё бо ман ҳамсӯҳбат гаштааст ва ҳатто аз «гуфтаҳо»-и ман «иқтибос» овардааст.
Дар асл бошад, Худоро шукр, бо  чунин ному насаб дӯсте надорам ва бо ягон Михаил Калонтаров ҳамсӯҳбат ҳам нашудаам. Ба эҳтимоли зиёд ному вазифаи маро аз ягон сомонаи интернетӣ гирифта, мавриди «истифода» қарор додааст. Аслан, ӯ бо як тир ду нахчир ба ҳадаф гирифта буд: ҳам мехост низоми ҷомеаи моро таҳриф кунад ва ҳам маро дар байни ҷомеаи кишвар сиёҳ намояд. Вале тираш хок хӯрд, зеро давлати мо сол ба сол ободтар ва сатҳи зиндагии мардум болотару беҳтар шуда истодааст, инчунин ҳар касе боре бо ман ҳамсӯҳбат гашта ё ягон матлабамро мутолиа намудааст, аниқ мефаҳмад, ки ман  аз миллат, Ватан ва Президенти худ ифтихор дорам..
Калонтаровҳо бояд эҳсос кунанд, ки бо чунин «матолиб»-у чунин «услуб» дигар касеро ба ҳайрат оварда ва ба иштибоҳ андохта наметавонанд.

Нозир Ёдгорӣ,
сардори Умури матбуоти
ШСХК «Барқи тоҷик»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 572

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед