logo

ҳуқуқ

ПАЁМ - ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР

Ғозибек САФАРОВ,
судяи суди ноҳияи Файзобод


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро бо истифодаи салоҳиятҳои конститутсионӣ пешкаши аҳли ҷомеа намуда, бо бовари комил иқтисодиёту сиёсати устувори мамлакатро бо диди оқилона мавриди таҳлил қарор дод. Чунин иқдом бори дигар собит месозад, ки муҳаббати раият нисбат ба сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлат хеле самимӣ гаштааст ва Паёмро ҳар сол бесаброна интизор мешаванд.
Паёми Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷате пиндоштан лозим нест, ки фарогирандаи масоили танҳо имрӯз бошад. Баръакс, Паём оинаи раҳнамо барои чандин сол аст. Аз ин хотир, ба назар мерасад, ки омӯзишу мутолиа, хулосабарорӣ ва мисли дафтари хотирот барои худ сабт намудану дар фаъолияти ҳаррӯза онро чун нақшаи корӣ истифода бурдан, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Сарвари давлат ба масоили тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ, вайрон шудани оилаҳо, таваллуди кӯдакони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард. Президент аз ин вазъи мураккабу печида изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар сохторҳои марбута, бахусус волидонро ҳушдор дод, ки нисбат ба тақдири ояндаи насли ҷавон бетараф набуда, ҷиддӣ муносибат кунанд.
Воқеан, аз таҷрибаҳои корӣ ба ин натиҷа расидем, ки тайи солҳои охир теъдоди зиёди оилаҳои ҷавон, бинобар хеле паст будани маърифати ҳуқуқиашон вайрон гашта, ба мушкилоти зиёди иҷтимову иктисодӣ ва ҳатто равонӣ дучор шудаанд. Насли калонсолро зарур аст, ки дар ҳалли ин масъалаи муҳим бетарафӣ ихтиёр накарда, баҳри зиндагии осоишта ва пурбаракати онҳо маслиҳатҳои муфиди хешро дареғ надоранд.
Дар Паём Сарвари давлат, инчунин перомуни ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ибрози назар намуда, пешниҳод кард, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Ин пешниҳодро мо саривақтӣ ва ҳадафрас меҳисобем. Зеро давоми чанд соли охир ба мушоҳида гирифтаем, ки воқеан ҳам кӯдакони ноболиғ аз мактабу таълим дур мондаву ба корҳои вазнини ба синнашон номувофиқ машғул ҳастанд. Ҳуқуқҳояшон дар бисёр ҳолатҳо поймол мегардад. Ояндаи ҷомеа дар дасти насли ҷавон аст. Мо бояд бинои ояндаи онҳоро имрӯз созем, ба таълиму тарбия фаро гирифта, барои ҳаёти хушу хуррамашон саҳмгузор бошем.
Ҳамзамон, дар Паём Сарвари давлат махсус зикр намуд, ки имрӯз бояд соҳаи саноат нисбат ба соҳаи кишоварзӣ афзалият дошта бошад. Гузариш аз ҷумҳурии агросаноатӣ ба ҷумҳурии саноатию аграрӣ, яъне тавассути инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат, таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ, аз як тараф боиси коркарди захираҳои бойи ашёи хоми кишвар гардад, аз тарафи дигар сабаби зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ гашта, мушкили мавҷудаи ҷомеаи мо ҳалли худро пайдо хоҳад кард .
Нуктаҳои хеле муҳими Паёми имсола, назири рушди соҳибкории истеҳсолӣ, таҷдиди назар намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам кардани меъёрҳои фоизи қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, таъмини шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва эълон шудани солҳои 2014 - 2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, бешак, омилҳои мусоидаткунанда ба рушди устувори мамлакат буда, мавқеи басо муҳиму саривактӣ пайдо намуданд.
Дар Паём ба рушди соҳаи маориф, таъмини беҳтари иҷтимоии он ва тавассути чунин иқдом баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Таъкид ба амал омад, ки нақшаву барномаҳои таълимӣ бояд ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнату таҳсилот мутобиқ гардонда шаванд, то ки соҳаи мазкур то соли 2020 ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ҷавобгӯ гардад. Ин гуфтаҳо ба он маъност, ки мо бояд дар ҳамаи соҳаҳо кадрҳои баландихтисос тайёр намоем. Тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат бояд дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои дахлдор қарор дошта бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ маънидод намуда, иброз дошт, ки фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ин росто, таъкид гардид, ки татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Хулоса, Паёми имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун дастури раҳнамо дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватандӯст, худшиносу худогоҳ метавонад барномаи мукаммали амалаш бошад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.02.2015    №: 37    Мутолиа карданд: 925

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед