logo

ҳуқуқ

ПАЛАТАИ ҲИСОБ: ИНТИЗОМИ МОЛИЯВӢ ТАҲТИ НАЗОРАТИ ҚАТЪӢ

Таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тавассути ба роҳ мондани назорати қатъии интизоми молиявӣ, фароҳам овардани рушди минбаъдаи устувори иқтисодӣ, тақвият додани мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа самтҳои асосии сиёсати давлат буда, таъмини онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 апрели соли 2014, таъкид кардааст. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти таъмини хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, инчунин мувофиқи нақшаи санҷишҳои аудиторӣ ва дар асоси дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як соли охир кадом корҳоро ба анҷом расонд? Ё худ, дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои аудиторӣ ба буҷети давлат чӣ қадар маблағ ворид гардид? Барои назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ чӣ тадбирҳо андешида шуданд? Ба ин ва дигар пурсишҳои хабарнигорамон Дилмурод ДАВЛАТЗОДА, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, посух дод:

- Дар давраи ҳисоботӣ, - иброз дошт Дилмурод Давлатзода,- дар Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идора, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 314 санҷиши аудиторӣ (чорабинии назоратӣ ва таҳлилию ташхисӣ) гузарондем, ки дар натиҷа ба маблағи 69 миллиону 891,2 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд. Аз ин, хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 16 миллиону 474 ҳазор, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 3 миллиону 474 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 19 миллиону 63,5 ҳазор, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 339,3 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 12 миллиону 485,3 ҳазор, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 18 миллион ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 54,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Гузашта аз ин, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 236,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон 234,1 миллион, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо дар ҳаҷми 19,2 миллион, аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон 10,5 миллион ва Лоиҳаи бозсозии нақби «Истиқлол» 7,7 миллион, захира ва талафи буҷет аз ҳисоби беасос кам ба нақша гирифтани қисми даромади буҷет ва барзиёд маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетӣ 51,2 миллион ва мавҷудияти захираҳои истифоданашуда ва талафи дороиҳои бонкӣ аз ҳисоби беасос дар ҳисоботҳо зиёд нишон додани маблағи зарар, кам ба ҳисоб гирифтани фоизҳои қарзи бонкӣ ва аз ҳисоби таъмин нагардидани пардохти фоизҳои векселҳои давлатӣ ба маблағи умумии 73,6 миллион сомонӣ ошкор карда шуд.
Дар рафти санҷишҳои аудиторӣ 38 миллиону 741,4 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат барқарор карда шуд, ки 55,4 дарсади зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷети давлатӣ 24 миллиону 834,9 ҳазор ва корхонаю ташкилотҳо 13 миллиону 906,5 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Палатаи ҳисоб маблағи бақияпулиҳои андоз дар ҳаҷми 543,6 ҳазор, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 42 миллиону 558,7 ҳазор, зиёдомади молу маводи арзишдор 4 миллиону 695,1 ҳазор ва дигар манбаъҳо 2 миллиону 427,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор гашт. Маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ бошад, ба қадри 1 миллиону 348,9 ҳазор сомонӣ кам гардид.
Дар ин давра, пеш аз ҳама, ҷиҳати таъмини иҷрои муқаррароти моддаҳои 1 ва 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 65-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи андоз ва Вазорати молия чорабиниҳои таҳлилию ташхисӣ анҷом дода, хулосаҳои Палатаи ҳисобро ба Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ба Президент ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод намудем.

- Муҳтарам Дилмурод Давлатзода, шумо дар бораи гузарондани чорабиниҳои таҳлилию ташхисӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи андоз ва Вазорати молия ишора кардед. Бигӯед, ки санҷишҳои аудиторӣ дар ин ниҳодҳои давлатӣ чӣ натиҷа доданд?
- Дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ «Оид ба баҳодиҳӣ ба иҷроиши Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари молиявӣ ба маблағи 154,5 ҳазор сомонӣ ошкор гардид, ки он аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 74,5 ҳазор ва изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 80 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз маблағи зарар 88,5 ҳазор ба буҷет ва 66 ҳазор сомонӣ ба корхона барқарор карда шуд.
Санҷиши аудиторӣ «Оид ба баҳодиҳӣ ба иҷроиши нақшаи қисми даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013» дар Кумитаи андоз ва сохторҳои он дар давраи солҳои 2012-2014 зарари молиявиро аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ дар ҳаҷми 223 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 447,4 ҳазор, камомади воситаҳои пулию молӣ 11,2 ҳазор ва аз ҳисоби ба буҷет кам пардохт намудани фоизи муайяншуда аз даромади маблағҳои махсус ба қадри 242,6 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи кормандони кумита, бинобар кам ҳисоб намудани маблағи андозҳо дар субъектҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 2043,9 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Дар маҷмӯъ, зарари молиявии ошкоргашта 2968,1 ҳазор сомониро ташкил дод. Кормандони Палатаи ҳисоб дар ин ниҳод истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетиро дар ҳаҷми 557,7 ҳазор сомонӣ ошкор намуданд, ки он аз ҳисоби пешпардохти маблағҳои буҷетӣ ба ширкатҳои молтаъминкунанда ва саривақт ворид накардани молу мавод аз ин ширкатҳо ба амал омадааст.
Дар натиҷаи санҷиши аудиторӣ «Оид ба баҳодиҳӣ ба ҳисобот оиди иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013», ки дар Вазорати молия анҷом дода шуд, зарари молиявӣ ба маблағи 706,7 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Ин зарар аз ҳисоби пардохти ғайриқонунии маблағи ААИ аз буҷети давлатӣ 89,3 ҳазор, нодуруст ба амал овардани ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилотҳои буҷетӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ 54 ҳазор, ба буҷет ворид накардани ҳиссаи ба буҷет тааллуқдоштаи маблағҳои махсус 76,6 ҳазор, маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо 21,6 ҳазор ва дигар хароҷоти ғайриқонунӣ 465,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи зарари молиявии ошкоргашта 605,6 ҳазор ва аз дигар манбаъҳо 1848,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет барқарор карда шуд.
Гузашта аз ин, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо аз ҷониби ташкилотҳои буҷетӣ ба андозаи 335 ҳазор, беасос ба нақша гирифтани хароҷотҳо ва барзиёд маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои буҷетӣ ба қадри 14 миллиону 186 ҳазор, ба буҷет ворид накардани бақияи истифоданашудаи маблағҳои буҷетӣ дар ҷамъбасти соли молиявӣ ба андозаи 11 миллиону 747,7 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Дар қисми даромад ва хароҷоти ҳисоботи солона оид ба иҷрои буҷети давлатӣ нодуруст ба ҳисоб гирифтани маблағи сарфашудаи дархостҳои тендерии ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 15 миллиону 307,7 ҳазор, дар ҳисоботҳо беасос кам нишон додани маблағи қарзи ташкилоту идораҳо ба қадри 10 миллиону 211 ҳазор ва дар ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ нодуруст ҳамчун пардохтҳои андозӣ ба ҳисоб гирифтани маблағи суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта ба андозаи 5 миллион сомонӣ фош гашт.
Ҳамзамон, дар Вазорати молия ва сохторҳои он санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар давраи солҳои 2012 - 2014 анҷом гирифта, зарари молиявӣ ба маблағи 1 миллиону 928,6 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Зарари расида аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 1 миллиону 276,8 сомонӣ, камомади воситаҳои пулию молӣ 36,7 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 261,5 ҳазор, иҷораи амволи давлатӣ 2,5 ҳазор ва маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо 351 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ба ғайр аз ин, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби додани қарз ба субъектҳои хоҷагидорӣ ба қадри 373,9 ҳазор сомонӣ ва талафи буҷет аз ҳисоби нодуруст рӯёндани маблағи таҳсили донишҷӯён, барзиёд банақшагирӣ ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ба қадри 7 миллиону 867,9 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд. Аз маблағи зарари ошкоргардида 426,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 1 миллиону 477,6 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо барқарор гашт. Маблағи бақияпулиҳо дар ҳаҷми 181,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

-Дар нишасти матбуотии Палатаи ҳисоб аз хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо, талафи беасоси дороиҳои бонкӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шуд. Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории ин ниҳод бо чӣ анҷомид?
- Санҷиши аудиторӣ «Оид ба баҳодиҳӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории Бонки миллии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2009-2013», зарари молиявиро ба маблағи 13656,1 ҳазор сомонӣ ошкор сохт, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 3627,3 ҳазор, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 98 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 6679,4 ҳазор, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 50,8 ҳазор ва маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 3200,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи зарари ошкоргардида 13029,8 ҳазор сомонӣ барқарор шуд, ки аз ин 10702,8 ҳазор ба буҷет ва 2226,9 ҳазор сомонӣ ба Бонки миллӣ рост меояд.
Истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо низ дар ин ниҳод нигаронкунанда мебошад. Масалан, зимни санҷиш маҳз аз ҳамин ҳисоб ба андозаи 234,1 миллион сомонӣ, истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо ба қадри 10,5 миллион, инчунин мавҷудияти захираҳои истифоданашуда ва талафи беасоси дороиҳои бонкӣ аз ҳисоби беасос дар ҳисоботҳо зиёд нишон додани маблағи зарар, кам ба ҳисоб гирифтани фоизҳои қарзи бонкӣ ва аз ҳисоби таъмин нагардидани пардохти фоизҳои векселҳои давлатӣ 73,6 миллион сомонӣ ошкор карда шуд.
Дар баробари маблағи зарари молиявии барқароршуда, дар рафти санҷиш аз ҳисоби захираҳо ва талафи дороиҳои бонкӣ 15,3 миллион, маблағҳои ғайрисамаранок истифодагашта 23,9 ҳазор ва аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ 42,2 миллион сомонӣ ба Бонки миллӣ барқарор ва зиёдомади ошкоргардидаи молу мавод ба маблағи 93,3 ҳазор сомонӣ дар ҳисоботҳо ба даромад гирифта шуд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи маъмурияти Бонки миллӣ дар ҷараёни санҷиши аудиторӣ ва баъд аз анҷоми он, бо назардошти эродҳои дар рафти санҷиш гирифташуда, ҷиҳати минбаъд роҳ надодан ба бархӯрди манфиатҳо ҳашт роҳбар ва муовинони департаменту идораҳои дастгоҳи марказии бонк аз кор озод гардиданд.

- Ҳамин гуна санҷишҳо дар дигар вазорату идораҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ, ки маблағҳои буҷетиро истифода намудаанд, чӣ натиҷаҳое дар пай дошт?
- Бояд бигӯям, ки санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он, дар давраи солҳои 2013-2014, зарари молиявиро ба маблағи умумии 771,6 ҳазор сомонӣ ошкор сохт. Он аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 207,1 ҳазор, камомади воситаҳои пулию молӣ 13,1 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 436,4 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 8,5 ҳазор, иҷораи амволи давлатӣ 6,9 ҳазор ва маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо 99,7 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз маблағи зарари ошкоргардида 293,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва 339,5 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуд. Инчунин, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба қадри 183,8 ҳазор сомонӣ муайян гардида, аз ҳисоби бақияпулиҳо 30,4 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид ва қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобӣ дар ҳаҷми 29,2 ҳазор сомонӣ ба корхонаҳо барқарор гашт.
Санҷиш дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он зарари молиявиро ба маблағи 2470,9 ҳазор сомонӣ муайян намуд. Зарари расида аз ҳисоби хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 30,8 ҳазор, камомади воситаҳои пулию молӣ 13,9 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 35,7 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 2370,7 ҳазор ва аз ҳисоби маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо 19,8 ҳазор сомониро ташкил додааст. Аз маблағи зарари ошкоргардида 100,1 ҳазор сомонӣ барқарор шуд.
Санҷиши дурустии даромаду хароҷоти маблағҳои суғуртавӣ дар КВД «Тоҷиксуғурта» ва сохторҳои он дар давраи солҳои 2012-2014 нишон дод, ки аз ҳисоби воридоти маблағи суғуртаҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 228,7 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва пардохт нашудааст.
Бақияи қарзи ТАХҚ ҶСП «Дафтари молиявӣ» дар назди филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҳисоби қарзи муҳлатноки гирифта, ба ҳолати 1 июли соли 2012 - ум, 150 ҳазор сомониро ташкил намуда, дар давоми солҳои 2012-2013 ба ин ташкилот боз дар се ҳолат 800 ҳазор сомонӣ қарзи муҳлатнок дода шудааст. Аммо, аз ҷониби ҶСП «Дафтари молиявӣ» маблағи қарзи асосӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ ва фоизҳои он ба қадри 23,5 ҳазор сомонӣ дар муҳлати муайяншуда бозпас гардонда нашуда, масъулони корхона низ то давраи санҷиш барои баргардондани маблағи қарз чораҳои зарурӣ наандешидаанд. Бинобар ин, барои саривақт бозпас нагардондани маблағи қарз, тибқи талаботи шартномаҳои қарзӣ, маблағи ҷарима 539,5 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шуд.
Дар маҷмӯъ, санҷиш дар КВД «Тоҷиксуғурта» зарари молиявиро ба маблағи 917,4 ҳазор сомонӣ муайян намуд, ки аз он дар рафти санҷиш 393,9 ҳазор сомонӣ барқарор гашт.
Санҷиши дурустии ҳаҷми корҳои сохтмонии иҷрогардида дар Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун» дар давраи солҳои 2013-2014 нишон дод, ки дар баъзе ҳолатҳо дар санадҳои иҷрои ҳаҷми кор, нархномаи ҳисоби корҳои сохтмонӣ, ҳисоб кардани кори мошину механизмҳо ва арзиши масолеҳи сохтмонӣ нисбат ба меъёрҳои муайяншуда зиёд нишон дода шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар 44 иншоот, ки аз ҷониби 26 корхонаҳои пудратчӣ ва зерпудратчӣ ба маблағи умумии 94177,64 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст, изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ ба маблағи умумии 1043,6 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд. Инчунин, зарари молиявӣ аз ҳисоби дигар хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ ба маблағи 22,8 ҳазор сомонӣ фош гардид. Аз ҳисоби зарари ошкоргашта 634,6 ҳазор ба буҷет ва 431,7 ҳазор сомонӣ ба муассиса барқарор шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси муроҷиати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар як қатор ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ санҷишҳои аудиторӣ гузаронда шуданд. Аз ҷумла, дар асоси қарори роҳбари гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 январи соли 2014, ҶДММ “7 БУРҶ”- и шаҳри Душанбе, ки фаъолияти он асосан аз ҳисоби маблағи вориднамудаи шаҳрвандон бо шарти бозпасгардонии онҳо бо фоизҳои муайян ба роҳ монда шудааст, мавриди санҷиш қарор гирифта, зарари молиявӣ аз шаҳрвандон дар ҳаҷми 8697,4 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.
Дар асоси мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 октябри соли 2014, фаъолияти ҶДММ “Эҳё”-и шаҳри Кӯлобро, ки асосан бо ҷалби маблағи саҳмгузорон сохтмони иншооти гуногунро анҷом медиҳад, мавриди санҷиш қарор додем. Дар натиҷа, зарари молиявии аз ҷониби шахсони масъул ба ҷамъият расида дар ҳаҷми 6055,7 ҳазор сомонӣ ошкор шуд. Бояд зикр кард, ки маблағи зарари молиявӣ аз ҳисоби хароҷоти аз меъёр зиёд ва беасос аз эътибор соқитнамудани молу маводи арзишдор ва воситаҳои пулӣ 4640,2 ҳазор, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 627,1 ҳазор ва аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ 788,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар асоси мактуби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 октябри соли 2014, санҷиши фаъолияти ҶДММ “Сохтмони кишвар - 2012”- и ноҳияи Ҳисор, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохтмони иншооти гуногунро анҷом додааст, гузаронда шуда, зарари молиявӣ аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои сохтмонӣ ба қадри 359,4 ҳазор сомонӣ фош шуд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи Палатаи ҳисоб зарари молиявӣ, аз ҷумла дар КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» ба маблағи 1997,4 ҳазор, Корхонаи фаръии бақайдгирии техникии ноҳияи Рӯдакӣ 230,2 ҳазор, Анбори №7-и КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 467,51 ҳазор, ШСДММ «Кулоб Петролиум Лимитед» 1502,8 ҳазор ва ҶДММ «Тетис Сервизес Таджикистан Лимитед» 263,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид.

- Муҳтарам раис, ахиран дар мавриди татбиқи лоиҳаи бозсозии нақби “Истиқлол” ва дигар тарҳҳое, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мегарданд, баҳсҳое дар миён аст. Оё ниҳоде, ки зери раҳбарии шумост, ба ин гуна масъалаҳо, бахусус ҷараёни татбиқи дурусти лоиҳаи бозсозии нақби “Истиқлол” таваҷҷуҳ зоҳир намудааст?
- Воқеан дуруст зикр намудед ва дар ин робита бояд гуфт, ки кормандони Палатаи ҳисоб дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар раванди баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар татбиқи лоиҳаҳо дар давраи солҳои 2013-2014» санҷиши аудиторӣ гузаронданд, ки дар натиҷа як қатор камбудию норасоиҳои ҷиддӣ ошкор гардиданд. Аз ҷумла, санҷиши рафти татбиқи Лоиҳаи бозсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол» нишон дод, ки моҳи сентябри соли 2011, ҷиҳати идомаи иҷрои бозсозии ин нақб 6 миллион доллари ИМА ба таври илова ҷудо шуда, иҷрои корҳо ба Ширкати «Собир» - и Ҷумҳурии Исломии Эрон вогузор гаштааст.
Муайян карда шуд, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи “Гидроспетспроект”- и шаҳри Маскав дар соли 2001 таҳия гардида, соли 2006 Вазорати нақлиёт ба ин ҳуҷҷатҳо тағйирот ворид намудааст. Аммо, бо сабаби нодуруст ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ арзиши корҳои сохтмонӣ барои бозсозии такрории қисматҳои алоҳидаи каналҳои заҳкаш ва анҷом додани чорабиниҳо оид ба оббаст намудани деворҳои нақб нисбат ба ҳуҷҷатҳои аввалияи лоиҳавӣ ба маблағи 1595,2 ҳазор доллар, баробар ба 7722,4 ҳазор сомонӣ, зиёд гардида, ба истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои ҷудошуда роҳ додаанд. Инчунин, дар натиҷаи санҷиш зарари молиявӣ аз ҳисоби хароҷотҳои гайриқонунии пулию молӣ ва изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ ба маблағи 239,6 ҳазор сомонӣ ошкор гашта, маблағи зарар пурра барқарор гардид.
Таҳлил дар Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон - Зиғар» - марҳалаи 3 нишон дод, ки ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур бо Ширкати сохтмони сад ва таъсисоти обёрии «Собир» қарордод ба имзо расида, дар давраи санҷишӣ аз ҷониби ин ширкат ба маблағи 1915,7 ҳазор доллар корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Дар натиҷаи санҷиши дурустии ҳаҷм ва арзиши корҳои сохтмонӣ дар 4 ҳолат изофанависӣ ба маблағи 233,4 ҳазор доллар, баробар ба 1165,5 ҳазор сомонӣ, ошкор ва маблағ аз ҳисоби қарздории Маркази татбиқи лоиҳаи мазкур дар назди пудратчӣ, кам карда шуд.
Дар натиҷаи таҳлили ҷараёни татбиқи Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаихумб» муайян гашт, ки бар хилофи нақшаи таҳрезишуда, ба ҳолати 1 августи соли 2014, иҷрои корҳои сохтмонӣ нисбат ба нақша 36,9 фоиз кам таъмин шуда, саривақт азхуд накардани маблағҳо 34293,9 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Санҷиш зарари молиявиро аз ҳисоби изофанависии арзиши корҳои сохтмонӣ ба маблағи 145,2 ҳазор доллар, баробар ба 704,1 ҳазор сомонӣ, муайян намуд, ки он аз ҳисоби маблағи қарздории Маркази татбиқи лоиҳа дар назди пудратчӣ, кам карда шуд.
Умуман, дар натиҷаи санҷиши марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Вазорати нақлиёт ба маблағи умумии 3275,9 ҳазор сомонӣ ва истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо ба андозаи 7722,4 ҳазор сомонӣ муайян гардид.
Зимни санҷиши фаъолияти Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» - и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари молиявӣ аз ҳисоби камомади воситаҳои пулию молӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон ва маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо ба қадри 327,6 ҳазор сомонӣ ошкор ва маблағи зарар пурра барқарор карда шуд. Инчунин, зиёдомади молу маводи арзишдор ба маблағи 611,3 ҳазор сомонӣ фош гардида, дар ҳисоботи муҳосибӣ ба даромад гирифта шуд.

- Тибқи маълумоте, ки мо дар даст дорем, соли 2014 Палатаи ҳисоб дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар низ оид ба баҳодиҳии маҷмӯи ташаккул, иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ санҷишҳои аудиторӣ гузаронда, зарарҳои молиявии қобили мулоҳизае ошкор кардааст. Аз ин рӯ, мехоҳам барои хонанда рӯшан шавад, ки зарарҳо бештар дар кадом бахшҳо сабт шудаанд?
- Дар натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳии ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ёвон, Нуробод, Рӯдакӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе зарари молиявӣ ба маблағи умумии 5530,8 ҳазор сомонӣ, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 811,8 ҳазор ва талафи буҷет аз ҳисоби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ дар ҳаҷми 4485,6 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, дар натиҷаи таҳлили ташаккул ва иҷрои буҷети маҳаллии ноҳияи Ёвон дар давраи солҳои 2012-2014 муайян карда шуд, ки дар соли 2012, бинобар риоя нагардидани меъёрҳои муқарраргардидаи ҳиссаҷудокунии андозҳо, ба буҷети вилоятӣ 2097,8 ҳазор сомонӣ зиёд интиқол дода, дар соли 2014 бо сабаби дуруст муайян накардани манбаъҳои андозбандӣ, даромади андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, нисбат ба имкониятҳои мавҷуда 381,7 ҳазор сомонӣ кам ба нақша гирифтаанд.
Дар фаъолияти 25 ташкилоту муассисаи буҷетии ноҳия зарари молиявӣ ба маблағи 920,2 ҳазор сомонӣ ошкор гардид, ки аз он дар рафти санҷишҳо 764,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳо барқарор карда шуд.
Санҷиш дар 27 ташкилоту муассисаи буҷетии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зарари молиявиро ба маблағи 1 миллиону 168,5 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. Аз он хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 107,1 ҳазор, камомади воситаҳои пулию молӣ 38,7 ҳазор, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 406,8 ҳазор, иҷораи амволи давлатӣ 32,8 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 31,8 ҳазор ва маблағи рӯйпӯшнамудаи андозҳо 551,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Аз маблағи зарари молиявӣ 709,1 ҳазор сомонӣ, бақияпулиҳои андоз 132,5 ҳазор ва аз дигар манбаъҳо 107,9 ҳазор сомонӣ барқарор шуд. Маблағгузории сметаҳои хароҷотӣ бошад, 9,4 ҳазор сомонӣ кам гардид.
Санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷети ноҳияи Нуробод дар 23 муассисаи буҷетии ноҳия сурат гирифт. Дар натиҷа, зарари молиявӣ ба маблағи умумии 1092,4 ҳазор сомонӣ ошкор гашт. Ҳамчунин, истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо ба қадри 338,8 ҳазор сомонӣ ва захираҳои буҷет аз ҳисоби кам ба нақша гирифтани даромадҳо, бо сабаби ба инобат нагирифтани манбаъҳои андозбандӣ, дар ҳаҷми 528,9 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Аз маблағи зарари молиявӣ 228,6 ҳазор сомонӣ барқарор ва маблағи бақияпулиҳои андоз ба қадри 88,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шуд.
Дар натиҷаи санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷети шаҳри Хуҷанд зарари молиявӣ дар 26 муассисаи буҷетии шаҳр ба маблағи умумии 825 ҳазор сомонӣ ошкор гардид. Аз маблағи зарари ошкоргардида 749 ҳазор сомонӣ барқарор гашт.
Санҷиш дар 26 ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳияи Рӯдакӣ, зарари молиявиро ба маблағи умумии 1 миллиону 524,6 ҳазор сомонӣ ошкор намуд. Инчунин, талафи буҷет аз ҳисоби ба инобат нагирифтани як қисми манбаъҳои мавҷудаи андозбандӣ ба қадри 588,6 ҳазор сомонӣ фош гардид. Аз ҳамин ҳисоб 824,7 ҳазор сомонӣ ва аз дигар манбаъҳо 68,2 ҳазор сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор карда шуд.

- Дар иртибот ба ташхиси лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ба чӣ натиҷа расидед?
-Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» дар муҳлати тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Аммо, таҳлили ҳуҷҷатҳо ва маводи дар як вақт бо лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳодшуда нишон дод, ки баъзе санадҳои тибқи моддаи 44 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарраргардида ва барои корҳои таҳлилӣ зарур, пешниҳод нашудаанд.
Масъулони соҳа нишондиҳандаҳои иҷрои воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ дар соли 2013 ва нимсолаи аввали соли 2014 - ро дар баъзе ҳолатҳо ба инобат нагирифтаанд. Аз ҷумла, ҳангоми банақшагирии қисми даромади буҷетҳои маҳаллии ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун ва ноҳияи Нуробод воридоти намудҳои гуногуни андозҳо ва пардохтҳои ғайриандозӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 24153,5 ҳазор сомонӣ кам ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағҳои мақсаднок (субвенсия) бояд барои анҷом додани хароҷоти муайян истифода шаванд. Аммо, дар лоиҳаи қонуни мазкур ҷудо гардидани маблағҳои мақсаднок барои пӯшондани хароҷотҳои муайян аниқ нагардидааст. Инчунин, муайян карда шуд, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» хароҷотҳо барои бардошти захиравӣ (пешгирии хавфҳо) ба қадри 34,4 миллион сомонӣ бе ягон асос пешбинӣ гардидааст.

- Натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти зидахл фиристода мешаванд?
-Натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳокимаи тавсияҳои палата дар вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо бо иштироки шахсони масъул сурат гирифтанд. Аз рӯи баррасии натиҷаи санҷишҳо 77 қарору фармон қабул гардид. Дар натиҷа 261 нафар шахси масъул барои камбудиҳои содиркарда ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, аз ин 15 нафар аз вазифа сабукдӯш шуд.
Дар ин давра ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вазорату идораҳо, дар маҷмӯъ 45 ахбору ҳисобот ва тавсиянома ирсол гашт. Инчунин, ҷиҳати чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 64 маводи санҷиши аудиторӣ бо маблағи зарари молиявии 34 миллиону 148,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ ва сохторҳои он 38 мавод бо маблағи 25960,4 ҳазор сомонӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 16 мавод бо маблағи 5310,1 ҳазор сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 7 мавод бо маблағи 2420,2 ҳазор сомонӣ, Вазорати корҳои дохилӣ 2 мавод бо маблағи зарари молиявӣ ба қадри 93,3 ҳазор сомонӣ ва Суди ноҳияи Ҳисор 1 мавод бо маблағи зарари молиявӣ дар ҳаҷми 364,3 ҳазор сомонӣ ирсол шудааст.
Дар ин давра, ба Палатаи ҳисоб аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо вобаста ба баррасии 24 маводи ирсолгардида маълумот оид ба қабули қарорҳои дахлдор ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ кашидани шахсони гунаҳкор ва дигар қарорҳои бо қонунгузории мурофиавӣ муқарраргардида, фиристода шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби мақомоти прокуратура оид ба баррасии 16 мавод, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи баррасии 5 мавод ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавриди баррасии 3 мавод маълумот ирсол гардидааст.
Тавре аз маълумоти пешниҳоднамудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, баъд аз баррасии маводи санҷишӣ бинобар ҷой доштани аломати таркиби ҷиноят дар кирдор, нисбат ба директори КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» М. Каримов бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 247 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 бандҳои «б» ва «в», шахсони масъули ҶДММ «7 Бурҷ» О. Маруфов ва О. Расулов бо моддаи 247 қисми 4 банди «б», муовини роҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси масъули ҶДММ «Ширкати ҳавоии Хатлон Эйр» Ю. Юсубахмедов ва В. Симонян бо моддаҳои 322 қисми 1, 323 ва 340 қисми 2 бандҳои «б» ва «в», мудири анбори КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» У. Олимов бо моддаи 245 қисми 3 банди «а», нисбат ба сармуҳосиби ҶДММ «Умед 88» А. Суфиев бо моддаи 245 қисми 4 банди «б», шахсони масъули ширкатҳои «Анушервон» ва «Зулола» Б. Шарипов, Ф. Одинаев ва С. Сатторов бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 294 қисми 3, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод И. Ҳасанов ва мутахассиси КВД «Зарзамин» М. Ашуров бо моддаҳои 314 қисми 1, 316 қисми 1 ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва кирдорҳои шахсони гунаҳкор дар доираи муқаррароти қонунгузории ҷиноятии амалкунанда банду баст гардида, аксарият бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба судҳои дахлдор барои моҳиятан дида баромадан ирсол ва шахсони гунаҳкор ҷазо гирифтанд.

- Дар охир мехостам оид ба ҳамкориҳои Палатаи ҳисоб бо мақомоти назорати молиявии кишварҳои хориҷӣ чанд сухан бигӯед. Дар ин самт чӣ дастовардҳо доред?
 -Дар соли сипаригардида Палатаи ҳисоб дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ба як қатор комёбиҳо ноил гардид. Дар ин давра роҳбарият ва кормандони палата дар сессияҳои роҳбарон ва ҷаласаҳои гурӯҳи кории Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуда, бо палатаҳои ҳисоби Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Молдова созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Айни замон Созишномаи ҳамкорӣ байни Суди олии аудити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҳукуматҳо дар арафаи баимзорасӣ қарор дорад.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили «INTOSAI», «ECOSAI» ва «ASOSAI» буда, кормандони мо аъзои гурӯҳи кории доимамалкунадаи мақомоти назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ дар самти «Таҳияи сандартҳои назорати давлатии молиявӣ (аудит) барои мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ» ва «Истифодаи нишондиҳандаҳои асосии миллӣ (НАМ) дар аудити самаранокӣ» мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарият ва кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи VII-и Гурӯҳи мушовирони Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ «Оид ба истифодаи нишондиҳандаҳои асосии миллӣ дар аудити самаранокӣ» дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, ҷаласаи Гурӯҳи корӣ «Оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявӣ (аудит) барои мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои ИДМ» дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус, семинари «Таҷрибаи гузарондани назорати воситаҳои ҷудогардида барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ», ҷаласаи Гурӯҳи корӣ «Оид ба баҳодиҳии хавф ва робитаҳои аудити дохилӣ бо нозироти молиявӣ ва аудити беруна» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, сессияи XIV-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова ва ҷаласаи XIX-уми Шӯрои роҳбарони ЭКОСАИ ва ҷаласаи XIV-и Кумита оид ба омодасозии кадрҳо дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Палатаи ҳисоб дар ин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Ташкилоти «SECO»-и Ҳукумати Швейтсария, Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID), Ширкати консалтингии байналмилалии ECORYS, Бонки рушди Осиё (ADB) ва Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё дар мавзуъҳои гуногун якчанд вохӯрии судманд баргузор намуд.
Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳои судманд аст, ки аз 25 ноябри соли 2014 татбиқи лоиҳаи «Рушди мақомоти олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария (SECO) маблағгузорӣ мешавад), оғоз гардид.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
хабарнигори “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2015    №: 38    Мутолиа карданд: 620

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед