logo

ҳуқуқ

САҲЛАНГОРӢ БА ТАЪЛИМИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ

Ҳифзи саломатии пиёдагардон яке аз масъалаҳои муҳими таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ мебошад. Мутобиқи муқаррарот дар шаҳру навоҳӣ пиёдагардон бояд аз ҷониби рости пайроҳаҳо ҳаракат кунанд. Аммо, имрӯз дар ҷумҳурӣ фарқ кардани қисми роҳи мошингард ва пиёдагард хеле душвор мебошад. Аз ин ҷост, ки хилофи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ гаштугузори беҳудаю бемаънии пиёдагардон дар қисми мошингард хеле зиёд шудааст.
Воситаи ягонаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи пиёдагардон қатъиян риоя шудани ҳамаи талаботи қоидаҳои ҳаракат мебошад. Мутаассифона, пиёдагардон дар бисёр ҳолатҳо дидаву дониста қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд. Ҳамин аст, ки танҳо дар давоми беш аз як моҳи соли ҷорӣ 107 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 49 нафар ба ҳалокат расида, 36 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Аз рӯи қоида шаҳрвандон бояд нақлиёти мусофирбарро дар истгоҳ ва дар сурати мавҷуд набудани он, дар канори роҳ интизор шаванд. Аммо дар шаҳру навоҳии кишвар ин қоида низ риоя намешавад. Мусофирон, хусусан саҳариву бегоҳиҳо дар байни кӯчаҳо истода, ба нақлиёти мусофирбар савор мешаванд. Вазъият, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои ҷиддӣ аз ҷониби масъулони БДА, ҳамоно ташвишовар боқӣ мондааст. Дар давоми беш аз 1 моҳ бо сабаби риоя накардани ин муқаррарот 3 кӯдаку наврас ҳалок ва 23 нафар ҷароҳат бардошт.
Санҷишҳои томактабию мактабӣ ошкор сохтанд, ки омӯзондани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни кӯдакону хонандагон ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудааст. Аксар мактабҳо утоқи алоҳида ва муҷаҳҳаз надоранд. Дар боғчаю кӯдакистонҳо майдончаҳои нақлиётӣ барои гузарондани машғулиятҳои амалӣ вуҷуд надоранд.
Дар баъзе мактабу кӯдакистонҳо танҳо омӯзиши бехатарии ҳаракат дар роҳро мувофиқи дастури тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ном ҷорӣ намудаанд. Ҳамчун фан дар журналҳои дарсӣ сабт шуда бошад ҳам, машғулиятҳо баргузор намешаванд. Ҳол он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» (аз 12 декабри соли 1997 № 498 ва аз 29 ноябри соли 2009 №28) моддаи 16 талаб менамояд: «Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, барои таълим додани Қоидаҳои ҳаракати роҳ ба шаҳрвандоне, ки ба тариқи кироя кор мекунанд, тадбирҳо андешида, амалӣ мегардонанд». Ба бачагон омӯзондани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бахусус дар кӯдакистонҳо аз якунимсолагӣ оғоз меёбад.
 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба талабагон аз рӯи барномае таълим дода мешавад, ки онҳо дар давраи хонданашон дар мактабу омӯзишгоҳ барои идора кардани мототсикл шаҳодатнома мегиранд, - гуфта мешавад дар қонун. Тибқи муқаррароти ин санад ва барномаи тасдиқгашта омӯзондани фанни «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» - ҳо дар мактабҳо соле 20 соат пешбинӣ шудааст. Вале дар муассисаҳои таълимӣ ин қонунро ба эьтибор нагирифта, таълими «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро чун машғулияти факултавӣ гузаронда, ба он 17 соат ҷудо намудаанд, ки боиси нигаронист.
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки пеш аз ҳама, одитарин талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намуда, ҳаёти худу атрофиёнро зери хатар нагузоранд.

 Нодирҷон МУРОДОВ,
корманди маркази матбуоти
Раёсати БДА ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2015    №: 41    Мутолиа карданд: 1489

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед