logo

ҳуқуқ

ОИЛА – ГУЛДАСТАИ ЗИНДАГӢ

Саодатбибӣ СИРОҶОВА,
мудири шуъбаи Раёсати асноди ҳолати
шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Соли 2015 «Соли оила» эълон гардид. Ин иқдом, пеш аз ҳама, ҷиҳати таҳкими заминаи маънавии оила, тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ ва дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан, бунёдкорию созандагӣ тарбия кардани насли ояндасози ҷомеа роҳандозӣ шуд. Маврид ба зикр аст, ки ин мавзӯъ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид ва он ниҳоят саривақтӣ буд. Масъалаи пешгирӣ ва манъ кардани ақди никоҳи хешовандони наздик ва аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузарондани никоҳшавандагон аз нигоҳи илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ падидаест қобили дастгирӣ ва ҳақиқату адолате хоҳад буд дар қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба оила ва фарҳанги оиладорӣ.
Аз сарчашмаҳои илмию фарҳангӣ ва таърихӣ бармеояд, ки ояндаи дурахшон ва соҳибтамаддуни давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дуруст ва камолоти бемайлони насли ҷавон зич алоқаманд мебошад.Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз, дар ҳама давру замон, аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Зеро, оила чӣ аз нигоҳи қонун ва чӣ аз назари маърифати исломӣ, воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, аз қайди давлатии ақди никоҳ гузаштани навхонадорон бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад ва он бо қонуну қоидаҳои махсус идора мешавад.
Мусаллам аст, ки оила дар ҳифзи саломатӣ, тарбияи фарзандон, таъмини раванди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва демографӣ дар ҷомеа нақши муҳим бозида истодааст. Агар оила мустаҳкаму пойдор ва аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ солим бошад, ҷамъият ҳам устувор мегардад. Педагоги барҷаста А. Макаренко оиларо «Созмони тарбиятгар ва хушбахтӣ» номида буд. Маънавиёт ва ахлоқ, пеш аз ҳама, аз тарбия маншаъ мегирад. Бунёди оила, бастани ақди никоҳ ва танзими муносибатҳои оилавӣ дар кишвари мо дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегарданд ва иҷрою риояи пурраи ин санадҳо, дар навбати аввал, ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста мебошад.
Асосҳои қонунии ба қайди давлатӣ гирифтани асноди ақди никоҳ дар Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дарҷ шудааст. Аз ҷумла, риоя ва иҷрои талаботи моддаҳои 7 - 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқ ва ҳифзи ҳуқуқҳои оила, шарт ва тартиби бастани ақди никоҳ: татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ, ақди никоҳ, шартҳои ақди никоҳ, синни никоҳӣ, ҳолатҳое, ки монеаи ақди никоҳ мешаванд ва муоинаи тиббии шахсони никоҳшавандаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, асоси қонунии ташкилёбӣ ва бунёди оиларо дар кишвар таъмин менамояд.
Дар адабиёти динӣ - фарҳангӣ низ оид ба масъалаи тарбияи фарзанд, ки бевосита дар оила оғоз ва ташаккул меёбад, маводи зиёди манфиатбахш дарҷ ёфтааст. Аз ҷумла, доир ба хислату кирдори нек Расули Акрам фармудааст: «Беҳтарин мероси падару модар барои фарзанд тарбияи неки онҳо мебошад».
Бояд гуфт, ки наздик ба сад дарсади аҳолии кишвари мо пайрави мазҳаби ҳанафия ҳастанд. Аз ин рӯ, омӯзишу азбар намудани маърифати исломии оила ва никоҳ аз ҷониби сокинони мамлакат метавонад таҳкимбахши солимӣ ва устувории оила гардад. Рушди фарҳанги оиладорӣ масъулият талаб мекунад. Масъулияти оиладорӣ дар хонадоне, ки дар асоси қонун бунёд ёфтааст, хеле баланд ва ҷиддӣ буда, инкишофи хислатҳои маънавию ахлоқӣ, ташкили муносибатҳои зичи иҷтимоӣ ва садоқат ба оила ва ҷамъиятро таъмин менамояд.
Дар оила тартиб ва интизоми дастгирии ҳамдигар аз ҷиҳати пулию молӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ, ки барои оромию осудагӣ, бехатарии оила ва ҷомеа заруранд, вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Дар хона зану шавҳар шахсони баробарҳуқуқе ҳастанд, ки дар устуворию пойдории оила, суботи ҷомеа, ахлоқи пок ва таъмини маърифати баланди ҳуқуқию динии фарзандони худ дар назди қонун ва ҷамъият масъул мебошанд.
Оила ва никоҳ ду ҷузъи як кулланд. Шарти асосии ташкил намудани оила бастани ақди никоҳ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва сабти давлатии бекор кардани он дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар асоси талаботи моддаҳои аз 33 то 47-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» анҷом дода мешавад.
Никоҳ иттифоқи ихтиёрии озодонаи марду зан буда, бо меҳру муҳаббати пок ва ҳурмату эҳтироми тарафайн асос меёбад. Яке аз талаботи асосии ташкили оила ва бастани ақди никоҳ ин синни никоҳии навхонадорон ба шумор меравад. Синни никоҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардону занон аз 18-солагӣ муайян гардидааст.
Дигар нуктаи муҳими иҷтимоӣ, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гашт, гирифтани пеши роҳи никоҳи хешутаборӣ мебошад, ки боиси носолим ба дунё омадани фарзандон ва пешомадҳои нохуши иҷтимоӣ гардида истодааст. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки пешгирӣ ва манъ кардани никоҳ бо хешовандони наздик ин талаботи илмию биологӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ дар ташкили оила маҳсуб меёбад.
Дар моддаи 15 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда» номгузорӣ гардидааст, аз муоинаи тиббӣ гузаштани издивоҷкунандагонро бо ризоияти онҳо муқаррар намудааст. Мувофиқи мақсад мебуд, агар қонунгузор ба моддаи мазкур тағйирот ворид карда, пеш аз ақди никоҳи давлатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштани никоҳшавандагонро ба таври ҳатмӣ пешбинӣ менамуд.
Тибби муосир муайян кардааст, ки бемориҳои муайяни генетикӣ, пеш аз ҳама, дар оилаҳое мавҷуданд, ки аз ҳисоби хешовандони наздик бунёд ёфтаанд. Ба ин бемориҳо камхунии ҳуҷайравии досшакл (серповидно клеточная анемия), фибрози систитӣ, фибрози шуш, ғадуди зери меъда, талассемия (бемории хун) ва финилклетонурия (зиёдатии таркиби энзимҳои ҷигар) дохил мешаванд. Ҳамаи ин бемориҳо дар натиҷаи никоҳи ду шахси дорои генҳои паталогӣ (ғайримаъмулӣ) ба вуҷуд меоянд.
Дар маърифатнок гардондани мардум аз нигоҳи фарҳанги динӣ низ ин матлаб ба таври ҷиддӣ таъкид гардидааст: Ибни Моҷа ривоят кардааст: «Никоҳи хешовандони наздик мақбул дониста нашудааст». Ҳанӯз дар ҳазорсолаи аввал Халифа Умар ба қавми Соиб, ки танҳо дар доираи қавми худ никоҳ мекарданд, гуфта буд: «Эй, хонадони Соиб, Шумо дорои фарзандони носолим ҳастед ва бояд аз қавми худ берун зан бигиред!».
Оид ба норасоиҳои биологӣ дар тавлиди фарзанд, нуқсонҳои ҷиддии иҷтимоӣ ва номукаммалии оила, ки ба солимии насли ояндаи миллат таъсири манфӣ мерасонад, Президенти мамлакат назари худро баён дошт. Сарвари давлат бо мақсади пешгирии пошхӯрии оила ва тарбияи насли сазовор вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро вазифадор намуд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро якҷо бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд. Ин иқдоми накӯ ва нигоҳи хирадмандонаи Сарвари миллати тоҷик, ки, бешак, ба рушди оила, солимии миллат ва болоравии маърифати ҳуқуқии мардум мусоидат менамояд, аз ҷониби кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ дастгирӣ ёфт.
Дигар масъалаи ташвишовар ва ҳалталаби оилавӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон сол ба сол афзудани шумораи бекор гардидани ақди никоҳ мебошад. Дар соли 2014 дар мақомоти САҲШ - и вилояти Хатлон сабтҳои ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ 36698 адад ва бекор намудани он 1894 ададро ташкил дод. Сабтҳои бақайдгирии давлатии бекор намудани ақди никоҳ бошад, дар шуъба ва бахшҳои САҲШ - и шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар соли сипаришуда, 601 адад ва тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ 1233 ададро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи бо санадҳои судӣ бекор намудани ақди никоҳ 1395 нафар кӯдакони ноболиғ аз тарбияи муштараки волидайн маҳрум гардидаанд, ки аз шумораи зикргардида қисми зиёди онҳо дар тарбияи модар мондаанд. Ҳарчанд бекоршавии ақди никоҳ дар вилоят назар ба сатҳи ҷудошавии оилаҳо дар ҷумҳурӣ пасттар бошад ҳам, он боиси ташвиши ҷиддӣ гардидаст.
Вайроншавии бемайлон ва сол ба сол афзояндаи оилаҳо, тавлиди насли ноқисулҷисму ноқисулақл, ба хатоӣ ва ҷиноятҳои вазнин даст задани калонсолон ва ҷавонон моро ҳушдор медиҳанд, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Асоси ба вуқӯъ пайвастани ин зуҳуроти ногувори иҷтимоӣ омилҳое мебошанд, ки онҳо дар заминаи ташкили нодурусти оила, бемаърифатии ҳуқуқӣ, динӣ ва фарҳангию маънавии волидайн ва аъзои оила ба миён омада, номи муқаддаси «Оила»-ро доғдор карда, сабаби паёмадҳои нохуши ҳаёти оилавӣ мегарданд.
Ба омилҳои мусоидаткунандаи вайроншавии бинои оила безурётӣ, тавлиди фарзандони носолим, рашки зану шавҳар, мувофиқат накардани хислатҳо, дар сатҳи кифоя таъмин набудани шароити моддию молиявӣ, нобаробарии тафаккури зану шавҳар дар дарки дурусти оиладорӣ, ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ машғул гардидани зан дар қисми оилаҳо, пай дар пай таваллуд шудани духтар, нашъамандӣ ва майзадагӣ, содир намудани ҷиноят ва ба маҳбас кашида шудани яке аз волидайн, дузанагӣ ё бисёрзанагӣ, ба муҳоҷирати меҳнатии дуру дароз рафтани сарварони оила, бахусус оилаҳои ҷавон, нодида ва носанҷида ба шавҳар додани духтарон шомил шуда метавонанд.
Аз ҷумла, зуҳурёбии сабаби пошхӯрии оилаҳоро бо чанд омили мусоидаткунанда шарҳ додан мумкин аст. Аввалан, чи тавре ки дар боло зикр намудем, ин издивоҷ бо хешу табор аст. Дар натиҷа фарзандони носолим ба дунё меоянд, ки боиси азоби ҷисмонию рӯҳии волидон мегардад. Баъдан, аз ҷиҳати биологӣ, ҷисмонӣ, рӯҳӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии оиладорӣ тайёр набудани навхонадорон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Сониян, нокифоя будани маърифати ҳуқуқӣ ва динии ҷавонони синни никоҳӣ. Масалан, кулли навхонадорони ҷавони мо, ҳангоми дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайди давлатии ақди никоҳ гузаштан, бастани аҳдномаи (шартномаи) молумулкиро аз якдигар хоҳиш ва талаб намекунанд, ки он дар оянда метавонад ҳуқуқҳои молумулкии аъзои оиларо тибқи қонун ҳимоя намояд.
Дар моддаҳои 40 ва 41 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Аҳдномаи никоҳ» ва «Бастани аҳдномаи никоҳ» ном доранд, омадааст: «Аҳдномаи никоҳ – созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. «Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад».
Мутаассифона, қариб тамоми оилаҳои навташкил аз ин ҳуқуқҳои қонунии худ истифода намебаранд, ки, бешубҳа, сабаби он номукаммалии маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад. Дигар сабаби пошхӯрии оила маърифати хеле пасти ҳуқуқию мазҳабии баъзе ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатибуда аст, ки онҳо аз хориҷи кишвар телефонӣ ҳамсарони худро се талоқ медиҳанд. Мусаллам аст, ки аксари ин оилаҳо ҷудо мешаванд. Дар заминаи пошхӯрии чунин оилаҳо, дар чанд соли охир, садҳо ва ҳазорҳо фарзандони ноболиғи бегуноҳ аз тарбият ва меҳру муҳаббати муштараки падар ё модар бенасиб мемонанд.
Ташкили оилаи солим, бахусус дар кишвари мо на танҳо ба ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, инчунин ба баланд будани сатҳи фарҳанги динии оиладорон ниёз дорад. Аз нигоҳи маърифати исломӣ асоси ташкилёбии оила никоҳ буда, он на ҳамчун шартнома ё созишномаи муваққатӣ, балки чун аҳду паймони устувор дониста мешавад.
Дар Қуръони Карим омадааст: «Ва занон аз Шумо паймони устувор гирифтаанд» (сураи 4, ояти 21). Табаронӣ чунин ҳадисро берун овардааст: «Никоҳ кунед, лекин ҷудо нашавед. Зеро Худованд он марду занонеро, ки танҳо барои чашидани лаззати заношӯӣ никоҳ мекунанд, дӯст намедорад».
Яке аз омилҳои ҷудошавии оилаҳо дузанагӣ ва бисёрзанагӣ мебошад, ки ин амал аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва нокифоягии маърифати исломии шаҳрвандон ба вуқӯъ мепайвандад. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 170, ки дузанагӣ ва серзанагӣ номгузорӣ шудааст, омадааст: «Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбари хоҷагии умумӣ, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ҷазо дода мешавад».
Аз рӯи талаботи дини мубини Ислом низ ин амал ҷоиз нест. Дар сураи Нисо (сураи чорум, ояти 129) омадааст: «Ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Пас кажӣ макунед то онҳоро муаллака гузоред». Муаллака кист? Муаллака зани на шавҳардор ва на талоқдодашуда. Аз рӯи таълимоти дини Ислом иҷро накардани талаботи ояти Қуръон тарки фарз аст.
Ташкили оилаи солим маърифатнокии на танҳо сарвари оила - мард, инчунин занро низ тақозо дорад, ки баробарӣ дар оила ҷиҳати гирифтани маълумот дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва маърифати исломӣ саҳеҳ дарҷ ёфтааст.
Моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии зану шавҳарро дар оила, аз лиҳози талаботи қонун ҳифз менамояд. Дар бандҳои 1 ва 2 моддаи зикрёфта омадааст: «Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқомат ва маҳалли будубош озод аст». «Масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд».
Аз тарафи падару модар интихоби домоди бе касбу кор ва санҷиданашуда метавонад боиси бадбахтии фарзанди онҳо гардад. Масалан, ҷавонони бе ҷои кор, бе сармоя ё бе мерос баъди оила барпо намудан барои нигоҳдори оила ночор ба корҳои паст машғул мешаванд ё дуздӣ, авбошӣ, нашъафурӯшӣ мекунанд, ки оқибат боиси вайроншавии оила ва дар миёни роҳ мондани фарзандон мегардад.
Дар китоби «Кимиёи саодат» - и Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, дар боби одоби никоҳ, ки «Дар фавоид ва офоти никоҳ» ном дорад, омадааст: «Пас, ҳар киро моле ё меросе набошад ё касбе ҳалол набошад, вайро никоҳ нашояд кардан. Офат дар он бошад, ки аз талаби ҳалол оҷиз ояд ва бошад, ки ба талаби ҳалол дар талаби ҳарому шубҳат афтад ва он сабаби ҳалоки дин бувад вайро ва аёли вайро».
Риояи баробарии зану шавҳар дар оила, бахусус дар донишомӯзии онҳо, ба илмомӯзӣ шуғл варзидани занҳо аз нигоҳи маърифати исломӣ низ қобили қабул аст. Ояти аввалини нозилшудаи Қуръони Маҷид ба донишандӯзӣ ҳидоят мекунад. Пайғамбар (салаллоҳи алайҳи васаллам) олимонро ворисони худ мешумурд. Ба ақидаи Ӯ ранги қалами олим аз хуни шаҳид волотар аст. Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Пайғамбари Ислом фармудааст: «Донишомӯзӣ барои ҳар фарди мусулмон (хоҳ зан бошад хоҳ мард) фарз аст.
Мутаассифона, дар ҳаёти оилавии мардуми кишвари мо имрӯзҳо ҳодисаҳо ва рафторҳои ношунидание ба гӯшу чашм мерасанд, ки онҳо ба номи мубораки «Оила» ва раванди ахлоқиву тарбиявии «оиладорӣ» иснод меоранд. Аз ҷумла, аз худ «авлиётарошӣ» ва табибию дуохониҳои баъзе аз муллоҳои бефарҳангу бадахлоқи худобехабар ва аз маърифати ахлоқи динӣ бедарак, далелҳое мебошанд аз тарбияи оилавӣ нагирифтани онҳо ва бефарҳангии бархе аз оиладорон.
Омили дигари пошхӯрии оилаҳо пайдарҳам таваллуд шудани духтар дар оила мебошад, ки он аломати ниҳоят паст будани сатҳи тафаккури биологию динии сарвари оила мебошад. Духтардориро Пайғамбар (с) хуш пазироӣ намудааст. Аҳмад ибни Ҳанбал ва Табаронӣ аз Пайғамбар (с) ривоят кардаанд: «Аз духтардорӣ қароҳият накунед, онҳо муниси беҳамтоянд». Инчунин, дар сурае омадааст: «Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар чӣ бихоҳад меофаринад. Ба ҳар кӣ бихоҳад духтар мебахшад ва ба ҳар кӣ бихоҳад писар мебахшад».
Аз андешаҳои дар боло зикрёфта бармеояд, ки дар баробари омӯзиши фарҳанги ҳуқуқӣ, биологӣ, демографӣ маърифати ахлоқии дини исломро дар пойдор ва устувор гардондани оила ҳамчун низоми ҷамъиятӣ, фарҳангӣ бояд донист. Барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, устувор гардондани давлати мутараққӣ ва таъмини ташкили қонунии оила, низоми босуботи он, дар сатҳи талаботи замон баланд бардоштани маданият ва масъулияти оиладорӣ, тарбияи насли солим ва арзандаи халқу Ватан муҳимтарин вазифаи инсонӣ, қарзи виҷдонӣ ва шарти имондории ҳар як фарди бошууру ватанпарвари тоҷик ба шумор меравад.
Мақсади олӣ (ғоя) ва ягонаи оиладорӣ тарбият ва солиму бофарҳанг ба воя расондани фарзандон мебошад. Маҳз тарбият ба одамӣ илму маърифат, бузургӣ, накӯӣ, покӣ, ҳиммат ва саховатмандӣ ато мекунад. Тарбияи фарзанди солим ва комил ба мисли лаъл шудани санг вақти зиёд, сабру тоқат ва «хуни ҷигар» хӯрданро тақозо дорад. Дар зиндагӣ чунон бояд зист, ки ҳаловати оиладорӣ ба кас муяссар гардад. Ҳаловату осоиши зиндагӣ ва сарвату ғановати умр ба дунё овардан, таълиму тарбият ва соҳибмаърифату соҳибмақом гардондани фарзандони солеҳу баркамол аст.
Оила адабгоҳ, мактаби ҷовидони тарбияи шахсиятҳои бузург, ватандӯсту ватансоз ва ватандорони бонанг аст. Сазовори унвони олии Ватандор будан ошиқ будан ба Ватану диёри хеш, арҷгузорӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои моддию маънавии халқу миллати худ мебошад, ки онҳо дар маҷмӯъ тамаддуни ҷомеаи шаҳрвандии моро ташкил медиҳанд. Раванди ҳаёт барои ҳар як фарди солимфикр ва бофарҳанги ҷомеа чунон бояд сурат гирад, ки дар шахсияти ӯ Оила боғбони «гулбоғи умед», «гулдастаи зиндагӣ» ва офарандаи инсони комил бошад.
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон фаъолияти худро, пеш аз ҳама, дар асоси риоя ва иҷрои талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои дахлдори соҳа ба роҳ мондааст. Он ҳамчун сохтори маҳаллии мақомоти марказӣ - Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои бемайлон ва саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд ва татбиқи «Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2019», ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 3 январи соли 2014 тасдиқ шудааст, дар соли оила амалӣ гардондани як силсила чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Пешниҳод менамоем, ки барои дар сатҳи баланд ва талаботи замони муосир роҳандозӣ намудани ташкили оила, бақайдгирии давлатии асноди ақди никоҳ, пешгирии вайроншавии оилаҳо, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии мусоидаткунанда барои рушди ояндаи оила ва оиладорӣ, таҳия ва эҷоди «Панднома», «Ҳуқуқнома», «Одобнома», «Қоидаву меъёрҳои ахлоқӣ дар оила» ва тарбияи насли навраси ояндасоз олимон, шоиру нависандагон, ҳуқуқдонҳо, коршиносон, масъулони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ навиштаҳои эҷодӣ, фикру мулоҳиза ва андешаҳои моҳияти илмӣ, иҷтимоӣ фарҳангидоштаи худро дар соли Соли оила манзури аҳли ҷомеа гардонанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.02.2015    №: 41    Мутолиа карданд: 1462

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед