logo

ҳуқуқ

НОТАРИАТ 32 АМАЛРО ТАСДИҚ МЕКУНАД

Чӣ бояд кард, ки шахс ҳуқуқи мерос ба молу мулки ворисони худро дошта бошад ва имзояш дар мавриди рух додани баҳс ҳамчун далели шайъӣ истифода гардад? Андозаи боҷи давлатӣ ҳангоми ба мерос гузоштани амволи ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳо чӣ қадар аст?
Барои ин ва дигар саволҳо ҷавоб ёфтан ба Муҳаббат Каримова, сарнотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем.

- Шаҳрвандон бештар бо кадом масъалаҳо ба идораи нотариат муроҷиат мекунанд?
- Шаҳрвандон асосан барои тасдиқ кардани ҳар гуна шартнома, аҳд, ваколатнома ва тасдиқи аслияти имзои онҳо, оид ба хориҷ аз ҷумҳурӣ бурдани фарзандони ноболиғ, амалӣ кардани ҳуқуқҳо ба мерос, муносибатҳои молу мулкӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳо муроҷиат менамоянд. Умуман тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» беш аз 32 намуди амалҳои нотариалӣ ҳаст, ки нотариус тасдиқ мекунад.
Асосан аҳдро тарафҳо мебанданд, харидуфурӯш мекунанду маблағ мегиранд, онро рӯи коғаз меоранд ва нотариус тасдиқ менамояд. Нотариус аз номи давлат баромад мекунад. Ҳар як нотариус шахси мансабдор аст. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар идораҳои нотариалӣ тасдиқ гардидаанд, қувваи якхела доранд. Дар мавриди рух додани баҳс ҳамчун далели шайъӣ истифода мешаванд.
Бинобар ҳамин, ҳангоми таҳия ва тартиб додани ҳуҷҷат нотариус ба тарафҳо маслиҳат ва тавсия медиҳад. Ҳар як банди созишнома бояд ба қонун, махсусан ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунад. Нотариус иштирокчии аҳд набуда, аз номи давлат ҳуҷҷати шаҳрвандонро тасдиқ мекунад.

- Агар як тарафи аҳдкунанда бесавод ва маърифати ҳуқу-қиаш кам бошаду ба мазмуни созишнома сарфаҳм наравад, дар он сурат чӣ бояд кард?
- Дар чунин ҳолатҳо нотариус ҳар як банди аҳднома ё созишномаро мефаҳмонад. Агар хонда натавонад, ба ӯ бо садои баланд хонда медиҳад. Дар ин бора дар ҳуҷҷат низ навишта мешавад, ки бандҳои созишнома аз тарафи нотариус хонда шуд.
Масалан, ҳангоми тасдиқи шартномаи хариду фурӯши хона ба харидору фурӯшанда саволҳо оид ба фурӯхтани хона, нархи он, гирифтани маблағ, холӣ кардани хона, даъво надоштан ва ғайра дода мешавад. Албатта, нотариус моҳияти шартномаро ба ҳар ду тараф мефаҳмонад, ки ба чӣ имзо мекунанд.
Ҳамзамон, шартномаро ба ҳар ду тараф медиҳад, ки худашон хонанд. Дар аксар маврид тарафҳо пеш аз ба нотариат омадан аз адвокат маслиҳат мепурсанд ё ӯро ҳамроҳ меоранд. Вақте ки сухан дар бораи хона, молу мулк, васиятнома, қарз ва гарав меравад, шаҳрвандон бояд ҳушёр бошанд.

- Чаро тарафҳо дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми хариду фурӯши хона  байни худ нархгузорӣ карда, онро дар нотариат хеле кам нишон медиҳанд?
- Ин ҳолат ба масъулияти тарафҳо вобаста аст. Қаблан боҷи давлатӣ аз рӯи нархи шартнома буд, бинобар ҳамин пинҳон мекарданд. Ҳоло ҳам андоз ва ҳам боҷи давлатӣ аз рӯйи метри мураббаъ аст ва ҳолатҳои пинҳон кардан хеле кам шудааст. Ҳоло тарафҳо, махсусан харидор талаб мекунад, ки ҳамон нархи аслӣ дар шарнома сабт гардад.

- Одатан нархгузории хонаҳо бо доллар сурат мегирад, дар шартнома чӣ?
- Ҳарчанд хариду фурӯши амволи ғайриманқул бо доллар сурат гирад ҳам, дар шартнома бо сомонӣ тибқи қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон сабт мегардад.

- Барои анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ боҷи давлатӣ ба кадом андоза ситонда мешавад?
- Мувофиқи  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардан (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи мерос ба молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо), ба истиснои ниҳолҳои бисёрсола ва молу мулки ғайриманқули дигаре, ки тасдиқи он тибқи банди 6) қисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масоҳати умумӣ ба андозаи:
- барои фарзандон, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсар, падару модар дар шаҳри Душанбе 10% нишондиҳанда барои ҳисобҳо; шаҳри Хуҷанд – 7 фоиз, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 5 фоиз, дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 2 фоиз ва деҳот -1 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳост.
- барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар шаҳри Душанбе – 20 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; шаҳри Хуҷанд - 15 фоиз, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 10 фоиз, дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 5 фоиз, деҳот - 2 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳост.
- барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар шаҳри Душанбе – 40 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо; шаҳри Хуҷанд - 30 фоиз, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ – 20 фоиз, дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо – 10 фоиз, деҳот - 5 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
- барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳост.
- барои тасдиқи шартномаҳои гарав - ба андозаи яккаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонда мешавад.
- барои додани шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият ба қисми амвол, ки моликияти умумии зану шавҳар мебошад ва дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, аз ҷумла дар бораи додани шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дар ҳолати вафот кардани яке аз ҳамсарон – 10 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо ситонда мешавад.
- барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариалӣ ба ҷо оварда мешавад, боҷи давлатӣ ду баробар зиёд ситонда шуда, инчунин хароҷоти воқеӣ, ки ба сафар ба маҳалли ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ вобастааст, пардохт мешавад.
Ҳангоми тасдиқи аҳдҳо, ки бо асъори хориҷӣ ҳисобу китоб карда мешаванд, ҳамчунин дар ҳолатҳое ки асъори хориҷӣ предмети мерос мебошад, андозаи боҷи давлатӣ аз асъори миллӣ бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи пардохти боҷи давлатӣ амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2015    №: 42    Мутолиа карданд: 1151

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед