logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Наими А. Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Наими Аламхони Қодириён муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 феврали соли 2015, № 371
 
Наими Аламхони Қодириён,
муовини якуми директори Агентии
назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Наими Аламхони Қодириён соли 1967 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст, маълумоташ олӣ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро дар Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷиктекстил» - и шаҳри Душанбе оғоз карда, минбаъд муҳосиби РТО - и «Хӯрокворӣ», бригадири калони ширкати «Нафиса» дар шаҳри Душанбе, муҳосиб -  тафтишотчии Идораи тафтишотии назоратии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассис, мутахассиси пешбар, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи банақшагирии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи идоракунии буҷетҳои маориф, илм ва фарҳанги Раёсати буҷетҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, муовини сардори Департаменти буҷети давлатӣ, муовини сардори Департамент - сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Департаменти буҷети давлатӣ, муовини сардори Сарраёсат - сардори раёсати сиёсати инвеститсияҳои давлатии Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз декабри соли 2013 то феврали соли 2015 дар вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2015 ба вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2015    №: 43    Мутолиа карданд: 631

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед