logo

ҳуқуқ

ВМКБ: СУДҲО КОРРО КАШОЛ МЕДИҲАНД

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 қабул гардид. Дар ин бора Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуда, махсус таъкид кард, ки: “Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад”.

Дастури Президенти мамлакат ва таҳияи барномаи мазкур, ҳамчунин қабули санадҳои дигари марбут ба самти ҳокимияти судӣ барои боз ҳам устувор шудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафти фаъолият, густариши ҳамкории онҳо бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, татбиқи амалии санадҳои судӣ, таъмини волоияти қонун ва тантанаи адолати судӣ беш аз пеш мусоидат менамоянд.
Ба гуфтаи Аловуддин Меҳмонов, сардори шуъбаи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ дар вилоят, барои баланд бардоштани савияи касбии судяҳо, баровардани таъйиноти хусусӣ, ҳукму ҳалномаҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва дигар масъалаҳои марбута семинару машваратҳо доир мешаванд. Масалан, соли сипарӣ бо судҳои вилоят 5 маротиба ва судҳои шаҳру ноҳияҳо якборӣ семинарҳо гузаронда, дар онҳо масъалаҳои мавқеи мақомоти судӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати он аз ҷониби мақомоти судӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар баробари ин ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, риояи қонун ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо таваҷҷуҳи бештар равона гардида, дар давоми сол судҳои вилоят дар байни коллективҳои меҳнатӣ, дар маҳалҳо бо шаҳрвандон 28 маротиба суҳбат гузаронда, 20 дафъа тариқи васоити ахбори омма баромад намуданд. Айни ҳол шуъбаи Шӯрои адлия дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти қисми низомии шаҳри Хоруғ барномаи мукаммали омӯзишиеро таҳия намудааст, ки тибқи он ба ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ, махсусан доир ба ҷиноятҳои ҳарбӣ барномаи мукаммали таълимӣ пешниҳод менамояд.
- Аммо, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳанӯз камбудиҳои зиёде ҷой доранд. - изҳори нигаронӣ намуд Аловуддин Меҳмонов ва афзуд. - Раисони судҳо ба ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намесозанд. Дар баъзе судҳои ноҳиявӣ дар вазифаи мудирони дафтархонаҳо ва котибони маҷлиси судӣ шахсоне кор мекунанд, ки маълумоти ҳуқуқӣ надоранд. Ин аст, ки ҳангоми санҷиш дар коргузории дафтархонаҳои судҳо камбудиҳои зиёд ошкор гардиданд. Мудирони дафтархонаҳо варақаҳои сабти парвандаҳоро пурра аз қайд нагузаронда, доир ба варақаҳои супоришии муросилот талаботи Дастуруламал оид ба коргузориро риоя намекунанд. Аз ҷониби судҳо баъзан парвандаҳои ҷиноятӣ мувофиқи матлаб баррасӣ намешаванд ва баъзе мурофиаҳои судӣ сари вақт намегузаранд, ки ин боиси саргардонии теъдоди зиёди шаҳрвандон мегардад.
Дар иртибот ба ин, имсол ба шуъбаи Шӯрои адлияи вилоят аз фаъолияти судҳои ВМКБ 5 аризаи шикоятӣ расид. Чунончи, шаҳрванд Қодир Душанбеев аз кормандони суди шаҳри Хоруғ доир ба иҷро нагардидани ҳалномаи судӣ ба Шӯрои адлияи Тоҷикистон ва такроран ба шуъбаи Шӯрои адлияи ВМКБ шикоят кардааст. Мисли ҳамин, шаҳрвандон Г. Ғарибшоев аз суди ВМКБ, М. Қудратбеков аз суди ноҳияи Роштқалъа, О. Хосабеков аз Суди иқтисодии вилоят ва Я. Раҳимқулов аз суди ноҳияи Шуғнон шикоят карданд. Шӯро нисбат ба судяҳо чораҳои интизомӣ дид.
Мавсуф фаъолияти судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро таҳлил карда, тазаккур дод, ки теъдоди парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилоят афзудааст. Агар соли 2013 нисбат ба 39 кас 37 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шуда бошад, пас соли сипарӣ ин шумора ба 42 адад расид ва теъдоди маҳкумшудагон 35 нафарро ташкил дод.
Сардори шуъбаи Шӯрои адлия дар ВМКБ проблемаи танзими ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар вилоят ташвишовар арзёбӣ кард. Зеро ҳамарӯза теъдоди зиёде аз ронандагон бе қайди рақами давлатӣ, дар ҳолати мастӣ ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ба фаъолияти ронандагӣ машғуланд. Соли гузашта ба мақомоти судӣ дар маҷмӯъ доир ба 150 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати нақлиёт мавод дохил гардид. Ашхоси гунаҳгор аз ҷониби мақомоти судӣ ҷаримабандӣ гардида бошанд ҳам, қонуншиканӣ дар ин самт кам нагардидааст. Воқеан, ба қайд гирифтани қонуншиканиҳо дар самти ҳаракати нақлиёт аксаран ба даврае рост меояд, ки ба вилоят кормандони БДА-и ҷумҳуриявӣ сафари корӣ анҷом дода буданд.
А. Меҳмонов, ҳамчунин иброз намуд, ки теъдоди парвандаҳои вобаста ба даъвоҳои оилавӣ низ дар вилоят рӯ ба афзоиш дорад. Масалан, агар соли 2013 чунин парвандаҳо 195 ададро ташкил карда бошанд, соли 2014 ин шумора ба 237 расид. Дар байни ин парвандаҳо бештар даъвоҳо оид ба муқаррар ва ситондани алимент ва бекор кардани ақди никоҳ мебошанд.
Дар иртибот ба ҳодисаҳои қасдан оташ задани биноҳои суд, прокуратураи вилоят ва шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғ, ки зиёда аз 50 нафар даст доштанд, то ба ҳол ба мақомоти судӣ фақат як парванда нисбат ба як нафар дохил гардидаасту халос.
Агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар фаъолияти худ ба кашолкорӣ роҳ диҳанд, оё волоияти қонун ва адолати судӣ дар ҷомеа дар сатҳи даркорӣ таъмин мегардад? Аксари мардум бар он боваранд, ки агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба қонуншиканиҳо муносибати бепарвоёна зоҳир накунанд, қисмати парвандаҳои ҷиноятиро аз як сол ба соли дигар кашол надиҳанд, ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро сари вақт ва дар доираи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор диҳанд, вазъи ҳуқуқӣ дар вилоят ба тамом беҳтар хоҳад шуд.

Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.03.2015    №: 44    Мутолиа карданд: 774

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед