logo

ҳуқуқ

«ИМПЕРИЯ»-И ФАСОДКОРОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ КӮЛОБ

Қаблан, Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши мусбат дошт. Хоҷагидорон фаъолияти  босубот доштанд. На шӯре буд ва на ғавғое. Ислоҳоти ғайриилмӣ дар ин деҳот вобаста ба сохтмони манзил дар давоми се соли охир боиси пайдоиши ҳар гуна ихтилоф гардид. Қисме аз заминҳои обии деҳаи Лағмонро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ гирифта, ҳамчун қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ба шаҳрвандон бахшиданд. Ҳатто заминҳои президентиро.

Заминдуздон киҳоянд?
Давоми соли 2014 дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб муаммои аҷибу басо мураккабкушою пурпечутобе ба вуқӯъ пайваст. Якбора ҳудуди 23 нафар дар заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сохтмони манзили зист пардохт. Бо ин амал муҷиби халалдорсозии киштукор ва саргардонии мардум гардиданд. 20-уми октябри ҳамон сол Ё. Ғуломалиев, прокурори вақти шаҳри Кӯлоб, ба ин амали зиддиқонунӣ ба унвони Кумитаи идораи замини шаҳр чунин эътироз ирсол кард:
«Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ҳолати иҷрои қонунгузории заминро дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Кӯлоб мавриди санҷиш қарор дод. Муайян шуд, ки дар тарҳи № 290-и харитаи заминистифодабарии собиқ хоҷагии ба номи С. Зарифов аз тарафи шаҳрвандон бе ҳуҷҷатҳои расмӣ миқдори 2,14 га замин худсарона ишғол гардида, бо мақсади бунёди манзили истиқоматӣ сангу шағал ва таҳкурсии бетонӣ рехтаанд.
Сабаби асосии даст задани шаҳрвандон ба ин қонунвайронкунӣ набудани назорати дурусти иҷроиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин дар ҳудуди заминҳои Ҷамоати деҳоти Кӯлоб буда, шаҳодати он аст, ки масъулони Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул ба таври лозимӣ вазифаҳои хешро иҷро накарда, баҳри пешгирӣ намудани ин гуна қонунвайронкуниҳо сари вақт чора намеҷӯянд.
МЕПУРСАМ:
1. Пешниҳоди мазкур дар маҷлиси назди раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб бо иштироки шахсони мутасаддӣ баррасӣ шуда, 2,14 га замини худсарона ишғолнамудаи заминҳои корами обии собиқ хоҷагии ба номи С. Зарифови Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба ҳолати аввала баргардонида шаванд…».
Бо гузашти 7 рӯз раиси шаҳри собиқ Кӯлоб Абдулғаффор Раҳмонзода ҷиҳати татбиқи эродҳои прокурор таҳти № 864 «Дар бораи бартараф намудани ҳолати ғасби замин дар миқёси шаҳри Кӯлоб» қарор ба тасвиб расонд, ки дар он омадааст:
«1. Комиссияи доимамалкунандаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба бартараф намудани ҳолатҳои ғасби замин, вазифадор карда шавад, ки замини худсарона ишғолнамудаи сокинони шаҳри Кӯлоб, Ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Лағмонро, ки тарҳи № 290-и харитаи заминистифодабарии собиқ хоҷагии деҳқонии ба номи С. Зарифов ҳамчун замини корами обӣ, ҷойгир мебошад, дар муҳлати кӯтоҳ озод намояд…». 
Баъди қабули қарори мазкур пойдеворҳои ғайриқонунӣ вайрон карда шуданд. Аммо заминҳо аз сангу шағалу бетонҳои пора поккорӣ нагардиданд, партовҳо паҳну парешон монданд. Дар ин ҷо имкони киштукор нест. Дар назар сангоберо мемонад. Маъмурон боқӣ корҳоро ҳавола ба заминдор намуданд. Аммо чаро 23 нафар аз куҷое пайдо шуда, дар заминҳои корам ба сохтмон шурӯъ намуданд ва баъди ғайриқонунӣ будани амалашон заминҳоро аз сангу шағал, бетонпораҳо тоза накарданд?  Раиси деҳот чаро муҳри хомӯшӣ ба лаб задааст?. Замин аз идораи ҷамоат дур нест, пиёда 5 - 6 - дақиқа роҳ аст. Рафти сохтмон, мошинҳои азими сангу шағалкашонро надидани раис касро ба андешае водор месозанд, шояд «зери коса нимкосаест». 
 
Мутасаддиёни ҷамоат ба куҷо менигаранд?
Таҳқиқ моро сӯи идораи ҷамоат бурд. Вале раиси ҷамоат Карим Валиевро наёфтем. Муроҷиат ва даркӯбии чандинкарата собит сохт, ки раисро аз коргоҳаш ёфтан муҳол аст. Ҳатто дар рӯзи қабули сокинон, ки ба рӯзи ҷумъа рост меомадааст, пайдо кардани ӯ муяссарамон нагашт. Танҳо як корманд буд. Баробари дар куҷо будани раисро пурсидан посух дод, ки «раис алҳол ба шаҳр рафт». Агар рӯзе даҳ маротиба пурсӣ ҳам, ҷавоб ҳамин. Иттифоқан, ба дидораш мушарраф шудем. Ӯ тазаккур дод, ки воқеан аз нахустин рӯзҳои оғози кори «ғасбгарон» воқиф будааст. Вале «ғосибони замин» ба суханаш эътибор надодаанд.
- Вақте дидам, ки ашхоси номаълум дар замини кишоварзӣ ба сохтани хона овораанд, оҷилан санад тартиб дода, ба онҳо хаттӣ огоҳӣ додам, то ин амал хотима ёбад. Аммо ба ман гӯш надоданд. Ҳар қадар, ки фаҳмондам, нашуд. Азм гирифтам, ки ба мақомоти давлатӣ хабар расонам. Аз сабаби побанди гирудори идоравӣ вақт даст надод, - мегӯяд раиси деҳот. - Билохира ниҳодҳои зидахл аз куҷое воқиф гашта, мушкилотро рафъ карданд.
К. Валиев иқрор шуд, ки воқеан вақт ба ӯ даст надод, то ки роҷеъ ба қонуншиканӣ ба мақомот хабар диҳад. «Заминдуздон» қариб пойдевори 23 хонаро ба итмом расонданду ӯ дар ин бобат лаб накушодааст. Пас, рисолати ин ҷаноб аз чӣ иборат аст? Банд кардани курсии роҳбарӣ?

Рустам Бобохонов: «Мо ба мақомот хабар додем!» 
Раиси Кумитаи идораи замини шаҳр Рустам Бобохонов мегӯяд: «Нозири идораи замини ҷамоат иттилоъ дод, ки якчанд нафар шаҳрвандон дар заминҳои корами хоҷагиҳои деҳқонии «Самӣ» ва «Барф» (яъне заминҳои собиқ хоҷагии С. Зарифови деҳаи Лағмон) бидуни қарор ва сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин манзили истиқоматӣ бунёд кардан доранд. Фавран бо мутахассисони идора ба ин маҳал рафта, ба қонуншиканон оқибати амалашонро тавзеҳ дода, сохтмончиёнро аз майдон берун кардем. Вале онҳо аз ин ҳеҷ хулоса набардоштанд. Амали ғайриқонунии хешро давом доданд.  Бори дуюм хаттӣ огоҳашон намудем. Азбаски муроқибони бевоситаи замин дар ҷамоатҳо роҳбарони онҳо маҳсуб меёбанд, ба раиси деҳот дастур ирсол намудем, ки дар масъалаи мазкур бетаваҷҷуҳ набошад. Мутаассифона, суде набахшид.
Биноан, ҷиҳати дар доираи қонун баррасӣ намудан ба прокуратураи шаҳр нома равон кардем. Дар кӯтоҳтарин муҳлат мушкилот ҳаллӣ худро ёфт».
Аз суханони раиси идораи замин возеҳ гардид, ки аввалин шуда ӯ ба прокуратураи шаҳр оид ба қонуншиканӣ дар ҷамоат хабар додааст. Ҳайратангез ин аст, ки прокурори шаҳр дар пешниҳоди хеш аз идораи фавқуззикр шадидан интиқод кардааст. Мӯҷиби роҳёбии қонуншиканиҳоро дар ин кор дар беамалии идораи замин дидааст.

Бе пул замин намедиҳанд?
Қонунгузории мамлакат ғасби ғайриқонунии заминро манъ карда, онро ҷиноят меҳисобад. Саволе ба миён меояд, ки афроди дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб даст ба ин кирдор зада, чӣ ҷазое гирифтанд? Бино ба иттилои як масъули мақомоти қудратии шаҳр, гӯиё алайҳи онҳо қонуни авфи соли 2014 татбиқ гардид. Бад-ин тартиб аз ҷазо амон ёфтанд. Манбаи дигар мегӯяд, ки он нафарон, на аз ҳудуди деҳоти Кӯлоб, балки аз дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб буданд. Аниқ намудани шахсияти онҳо бенатиҷа анҷомид. Ҳамагӣ 3 нафари онҳо аз аҳолии деҳоти мазкуранд.
Фариштамоҳ Ниёзова нафарест, ки дар «ғасби замин» даст доштааст. Мусоҳиба бо ӯ ошкор сохт, ки касе заминҳоро ғайриқонунӣ нагирифтааст. Вай гуфт: «Собиқ раиси деҳот Салим Бобохонов ба ман аз ин қитъаи заминҳои деҳаи Лағмон (яъне заминҳои хоҷагиҳои «Самӣ» ва «Барф») ҳиссае ҷудо карда дод. Гуфт, ки қонунист. Қарорашро талаб кардам. Баъди чанде онро заминсози вақти ҷамоат Қурбон Бозоров овард. Ҳангоме ки маро замин доданд, аллакай атрофи он ба дигар нафарон тақсим шуда буд ва чанд кас сохтмон доштанд. Ман ҳам пойдевори хонаамро рехтам. Қариб 500 доллари ИМА харҷ шуд. Аммо таҳкурсиро вайрон карданд. Гуфтам, ки қарор дорам. «Қароратон қалбакист»,-гуфтанд». 
Возеҳ шуд, ки тасарруфгарони замин Салим Бобохонов ва зердасти ӯ Қ. Бозоров мебошанд, на шаҳрвандон. Бино ба иттилои мақомоти қудратӣ, ин ду (ва шояд чанд нафари дигар) муддате «империя»-и худро дар ҷамоат роҳандозӣ намуда, ҳар куҷоеро, ки ирода карданд, худсарона «фурӯхтанд». Алҳол нисбат ба Б. Салимов маъмурони шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи минтақаи Кӯлоб бо гумони содирнамоӣ ба якчанд ҷиноят: қаллобӣ (моддаи 247-и КҶ), гирифтани пора (моддаи 319-и КҶ) ва сохтакории хизматӣ (моддаи 323-и КҶҶТ) тафтиш мебаранд. Намояндагони шуъба мегӯянд, ки ба ҷуз ин заминҳо, боз ба домани заминҳои бархе хоҷагиҳои қаламрави деҳот низ чанг задааст. Аҷибаш дар он аст, ки бе пул ба касе як ваҷаб замин намедодааст. Ошкор шудааст, ки заминҳои фурӯхтаи ӯ  (ва, албатта, ҳаммаслаконаш) аз 1000 то 4000 доллари ИМА нарх доштаанд. Ин дар ҳолест, ки нафарони ба замин эҳтиёҷдошта хеле зиёданду ба ӯ дар ин масъала борҳо муроҷиат намудаанд. Вале ӯ бе пул замин надодааст.
Султоншо Менглибоев, сокини деҳаи Лағмон, гуфт, ки дар як ҳавлӣ 5 оила ҳаёт ба сар мебаранд. Тӯли солҳост, ки ариза ба талаби замин навиштаанд. Ҳайҳот, се раиси деҳот иваз шуду ҳеҷ яке аз онҳо ба додашон нарасид.
- Дар пеши чашми мо ҳамасола заминҳоро тақсим мекунанд. Нафароне ноил ба гирифтани замин мешаванд, ки комилан зарурат ба он надоранд. Соҳиби хонаанд. Бархе ҳатто бе ариза замин мегиранд. Вале ба доди мо касе намерасад, - мегӯяд падари Султоншо Менглибоев. - Садҳо бор дари идораи ҷамоату замину мақомоти иҷроияи шаҳрро кӯфтем. Суде набахшид. Масъулон фиреб медиҳанд, дурӯғамон мегӯянд. «Имрӯз биё, фардо биё», - гӯён, бесабаб корро кашол медиҳанд. Аз даводави пушти замин ҷонамон ба лаб расид. Мақсадашон ситондани пул аст, ки мо надорем.
Теъдоди чунин ашхос зиёд аст. Афсӯс, имкони тамоми гуфтаҳои онҳоро рӯи коғаз овардан нест. 
  
Заминҳои президентӣ туъмаи корманди прокуратура, милитсия… 
Ҷӯрахон Кабиров, сокини деҳоти Кӯлоб, баҳри аз байн бурдани ноҳаққиҳо ба унвони вазорату идораҳои қудратӣ даҳҳо мактубу аризаҳо нигоштааст. Эшон моро роҳбаладӣ намуда, як ба як хонаҳоро нишон дода, афзуд, ки «ана онаш хонаи корманди прокуратура, дигар аз милитсия. Онҳо дар заминҳои президентие, ки ба мардум тақдим шудаанд, дар якуним-ду сол бунёд ёфтаанд. Ба гуфти Кабиров раиси деҳоти пешин фарзандону ҷияну хоҳару апаашро аз замин таъмин кардааст. Аз қисми чап 15 садяк замини атрофаш маҳкам ба чашм бархӯрд, ки ба раис Ҷӯрахон Муродов тааллуқ доштааст. Пеш замини президентӣ ҳисоб мешудааст. Дар ҳоле, ки боздид давом дошт, ногаҳон марди миёнсоле ба роҳбалад дарафтод. Суханҳои қабеҳ ва санги маломат бар сари ӯ мезад. Таҳқиру таҳдидро ошкоро гуфтан дошт. Маълум шуд, ки он мард Ҷӯрахон Муродов будааст. Мавсуф гуфт: «Шуморо ин даъвогар оварда заминҳои маро нишон дода истодааст. Агар соли 1992 мешуд ман чунин ашхосро пӯст канда, ба симчӯб меовехтам». То он ҳад хашму ғазаб фарогираш буд, ки имкони ҳарфзанӣ ба ӯ намедод. Суоле ҳам аз ӯ накардем. Ҳаволаи кушодани то чӣ ҳад воқеият доштани андешаҳои Ҷ. Кабиров бошад, ба дӯши ниҳодҳои дахлдор вогузор аст.

Заминсоз бе ҷазо монд
Тавре маълум гашт, ба Ф. Ниёзова С. Бобохонов замин додаасту Қ. Бозоров қарор. Аз ин бармеояд, ки Қ. Бозоров бо С. Бобохонов «ҳамтабақ»-анд. Алайҳи Қ. Бозоров ниҳодҳои қудратӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд. Вале қонуни авф ӯро аз ҷавобгарӣ раҳонд.
Нисбат ба «ғасбгарон»-и замин ва заминсоз Қ. Бозоров авф татбиқ шуд. Чаро Бобохон Салимов аз ин неъмат маҳрум монд?   
Баъди харобсозии таҳкурсиҳои ғайриқонунӣ сабти муоширати телефонии Қ. Бозоров бо ду нафар мард ба дасти хабарнигори «Ҷумҳурият» афтид. Дар ин сабт нафароне, ки сокинони шаҳри Кӯлобанд (исмашон дар ҳолати зарурӣ ошкор мешавад), бо зорию хоҳиш аз Бозоров тақозо мекунанд, ки 1000 доллари гирифтаашро пас гардонад. Заминсоз ваъда медиҳад, ки мошинашро фурӯхта, қарзро медиҳад. Идомаи муоширати онҳо собит менамояд, ки ҳарф сари хариду фурӯши замин аст. Яке аз онҳо меафзояд, ки «шаб гуфтӣ заминтақсимкунӣ шурӯъ шудааст, намешавад маблағи иловагӣ диҳем, замин бидиҳӣ?» Қ. Бозоров мегӯяд: «Заминҳои мавзеи «Самбақахона» тақсим мешаванд. Бихоҳӣ аз заминҳои ҳамвораш медиҳам. Агар каме сабр кунед, тақсими заминҳои поёнро ҳам оғоз мекунем». (Заминҳои поён гуфта, деҳаи Лағмонро дар назар дорад)
Таҳқиқ нишон дод, ки Қ. Бозоров барои додани замин барои манзили истиқоматӣ аз як нафари онҳо 1000 доллар (ба сифати пора) талаб кардааст. Ӯ низ ночор аз шахси дуюм қарз карда, ба заминсоз маблағи зикршударо пардохтааст. Таҳаввулоти дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба амал омада дасти заминсозро аз додани замин кӯтоҳ кард. Ҳатто аз вазифа барканор гардид. Аз ин рӯ, бо ваъдаҳо бозгардонии маблағро ба дарозо кашидааст. Ниҳоят, маблағро қисман, муддате баъд боқимондаашро барқарор кард. Кайфари аъмолаш бошад, дар назди қонун бе ҷавоб монд.  

С. Бобохонов фирефтаи чӣ шуд?
Ҳаводиси дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб рух дода, дар назар тавре намудор мегарданд, ки гӯиё нафаре пушти ин саҳна истодаю дар сиёҳкории раиси деҳоту заминсоз мусоидат мекардааст. Вагарна, ин ду зимомдори давлатӣ метавонанд солҳо бедодӣ кунанду назари мақомот ба онҳо наафтад?
Зимни рӯи кор овардани мусоҳибаи кӯтоҳ бо Қ. Бозоров то андозае воқеияти ин моҷаро равшан шуд. Танҳо ду суол барои ӯ пешниҳод гардид: «Қарорҳои тақаллубӣ аз куҷо пайдо шуданд? С. Бобохонову заминсозро чӣ водор сохт, ки даст ба фасод зананд?»
Қ. Бозоров гуфт: «Андешае, ки гӯиё заминҳои корами деҳаи Лағмон бо қарорҳои қалбакӣ ба сокинон тақсимот шудааст, дурӯғ аст. Мо ҳеҷ гоҳ даст ба сохтакории қарор назадаем. Барои ҷудо кардани замин раиси пешини шаҳр қарор қабул карда буд. Худ биандешед, ки чӣ тавр мо ҷуръат мекунем, ки аз номи раиси шаҳр сохтакорӣ намоем?
Вобаста ба қарорҳои баҳснок, раиси идораи замин изҳор кард, ки «барои он нафароне, ки мехостанд дар заминҳои корам хона созанд, қарори раиси шаҳр ҷой надорад. Қарор роҷеъ ба ҷудо кардани замин барои онҳо аз дигар деҳаҳо тасдиқ гардида буд, на аз ин минтақа».

Хулоса
Ҳар андешаю далелу арқомеро, ки рафти таҳқиқ дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб аён кард, бидуни ғаразу муҳоботу ҳангомаю тамғазанӣ рӯи саҳифа оварда шуд. Боқӣ, қазоват аз мутасаддиён.

Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.03.2015    №: 46    Мутолиа карданд: 1050

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед