logo

ҳуқуқ

Саодат Амиршоева: «БЕҲТАРИН ДАВРИ ҲАЁТИ МАН ЗАМОНИ ВАКИЛӢ БУД»

Ваколати вакилони даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба охир расид. Оид ба фаъолияти ин мақоми олии қонунгузор  ва моҳияти қонунҳои қабулшуда бо Саодат Амиршоева, генерали адлия, суҳбат анҷом додем. 

 - Муҳтарам Саодат Амиршоева, баъди оғози фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати нав ваколати Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад. Бигӯед, ки дар ин муддат порлумон чӣ дастовардҳо дошт?
- Сарфи назар аз он ки 38 соли таҷрибаи кори судӣ ва адлия доштам, беҳтарин давраи ҳаёти ман замони вакилӣ буд. Дар ин муддат  лоиҳаи қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ, қабул ва тасдиқ қарор гирифтанд. Дар панҷ соли фаъолияти даъвати чорум 3 қонуни конститутсионӣ -  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 38 қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Яке аз дастовардҳои чашмрас дар ҷараёни ин даъват қабули 3 кодекси нав мебошад, ки дар таърихи қонунгузории кишвар бори аввал ба тасвиб расиданд. Кодексҳои ҷангал, шаҳрсозӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳамчунин  Кодекси  нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шумор қарор доранд.  Таҷрибаи таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал хеле самарабахш амалӣ гардид. 115 қонуни мукаммал ба тасвиб расид, ки аксари онҳо дар низоми қонунгузории кишвар бори аввал қабул шуданд. Ҳамчунин 108 қонун  дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 336  қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ 603 қонуни конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои мукаммал ва қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
 

- Шумо аъзои ассамблеяҳои байнипорлумонӣ будед. Дар ин самт чӣ ташаббус нишон додед ва ба чӣ натиҷа расидед? 
 - Ташабусҳои вакилии мо дар доираи ҳамкориҳои ассамблеяи байнипорулмонӣ кам набуданд. Аъзои Ассамблеяи  байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  будем. Дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ ширкат доштем ва дар қабули қонунҳо оид ба  фарҳанг, иттилоот, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ фаъол будем. Дар суди сатҳи Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Тоҷикистон намоянда набуд. Бо талоши мо Файзулло Абдуллоев ва Суҳроб Каримов намояндаи Тоҷикистон  дар ин суди ассамблея  пазируфта шуд. Дар масъалаи  Иттиҳоди гумрукӣ мо бо намояндагони кишварҳои дигар баҳсҳои ҷиддӣ доштем, зеро то ҳол узви ин созмон нестем. Пешниҳод кардем, ки қонунҳо бо хислати тавсиявӣ қабул карда шаванд, то ба кишварҳои дигар зарар нарасад. Дар ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ перомуни чор масъалаи кории рӯзнома фикрҳои ҷолиб пешниҳод намудем, ки аз ҷониби комиссияи мазкур пазируфта шуданд. Аз ҷумла, масъала оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, таҳияи қонунҳои моделии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо меҳнати дастаҷамъонаи аъзои комиссияи мазкур омода карда шуда буд, боиси баҳсу мунозираи доманадори иштирокчиёни ҷаласа гардид.
 

- Оё ба порлумон аз ҷониби Шумо ё гурӯҳи вакилон ягон қонуни мукаммал пешниҳод гардидааст?
- Бале, ду қонуни мукаммалро ба порлумон якҷоя бо дигар вакилон пешниҳод кардам ва дастгирӣ ҳам ёфт. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузарониҳо ва роҳпаймоиҳо» ва «Дар бораи зотпарварӣ». Муҳимтарин нукта ин аст, ки дар порлумон ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром байни вакилон, сарфи назар аз намояндаи кадом ҳизб будан,  риоя мегардид.
 

- Метавонед, аз қонунҳое ёдовар шавед, ки қабули онҳо барои ҷомеа хеле зарур буданд ва имрӯз амалӣ мешаванд?
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза баар зидди коррупсия” масъалаи манъи фаъолияти хешу табор дар корхонаҳоро ба танзим даровард. Ҳарчанде дар Кодекси меҳнат ин муқаррарот буд, аммо чандон амалӣ намешуд. Кор то ҷойе расид, ки дар як корхона раис, котиба, муҳосиб ва дигар шахсони масъул аз як табор буданд. Нахуст баъди ҳукми амал гирифтани ин қонун Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, ислоҳро аз вазорат ва пайвандони худаш сар кард. Ҳамаи хешовандонашро аз кор озод намуд ва роҳбарони дигар мақомот ҳам ба  чунин амал даст заданд. Баъди қабули ин қонун сохторҳо ба танзим даромаданд ва ба ҷойи хешу таборбозӣ барои дигарон кор пайдо шуд. Қонуни дигар «Дар бораи ҳифзи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон» буд. Дар аксари кишварҳо қонун дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ амал мекунад. Агар шаҳрванди хориҷӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад, ӯро то панҷ сол аз ҳамон кишвар хориҷ менамоянд. Дар ҷумҳурии мо чунин қонун нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ набуд. Мо ин муқарраротро ба танзим даровардем.
 

 - Шумо дар байни мардум ҳамчун яке аз ташаббускорони қабули лоиҳаи қонун дар бораи манъи издивоҷи хешутаборӣ муаррифӣ шудед. Ин талош чӣ натиҷа дод?
- Воқеан аз рӯзи аввали вакил интихоб шудан талош мекардам, ки чунин як лоиҳаи қонун таҳия ва қабул гардад. Бале, борҳо аз тарафи рӯҳониён интиқод шудем ва аз Паёмбари ислом (с) мисол меоварданд, ки бо хеш издивоҷ кардааст. Аммо, Паёмбар (с) ҳеҷ гоҳ бо хеш издивоҷ накардааст. Бо назардошти ҳаводиси он замон дуруст, ки чанд ҳамсар дошт. Баъзан ҳазрати Алӣ (р) –ро мисол меоранд, ки писарамаки Паёмабар (с) буду бо духтараш Фотима издивоҷ кард. Он вақт вазъ хеле ҳассос буд, шояд Паёмбар (с) дигар роҳе надошт, инро Худованд медонад. Аммо дар Қуръону  ҳадис ва суннат оид ба никоҳи хешовандӣ ҳарфе нест. Дар фаъолияти кори судӣ вақте модарони танҳои бо фарзандони маъюб дар чорсӯйи ҳаёт хорро медидам, месӯхтам. Ба табибон муроҷиат кардем ва сарчашмаҳои тавлид шудани фарзандони маъюбро омӯхтем. Тибби муосир исбот кардааст, ки 40 дарсади кӯдакон бо сабаби генҳои якхела доштани волидон маъюб таваллуд мешаванд. Дар таҷриба дидам, ки вақте хешу табор издивоҷ кардаанд, бо як ё ду фарзанди маъюб мард ҳамсарашро   танҳо монда, оилаи дигар барпо кардааст. 
 

- Сарвари давлат нисбат ба генофонди миллат ва солимии аҳолӣ ҳамеша таъкид мекунанд. Ҳатто дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ дар бораи бемориҳои сироятӣ таъкид карданд ва супориш доданд, ки оилаҳои ҷавон қабл аз издивоҷ аз ташхиси тиббӣ  гузаранд.
-  Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд, ки хеле саривақтӣ аст. Бубинед, як бор аз ташхис гузаштан вақти зиёдро намегирад, аммо солимии шуморо кафолат медиҳад. Чаро муҳоҷирон ё ҷавонон қабл аз издивоҷ аз ташхис намегузаранд? Табибон ҳам зиёд мегӯянд, ки бемориро мегузаронанд,  баъд назди табиб меоянд. Ягон ҷойи шубҳа нест, инсон бояд ҳамеша аз ташхис гузарад. Ё табибон мегӯянд, ки баъзан бонувони ҷавони хонадор гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд. Ба гуфтаи онҳо ин бемориҳо аз шавҳаронашон гузаштааст. Хушбахтона, ҳоло 80 дарсади ҷавонон медонанд, ки издивоҷи хешутаборӣ хуб нест.
 

- Аксари оилаҳои ҷудошуда сояро болои тақдири кӯдакон мепартоянд. Чӣ бояд кард, ки ҳуқуқҳои кӯдакон ҳимоя шаванд?
- Бале, модарон имрӯз бори рӯзгорро рӯйи шонаҳои кӯдакон мондаанд. Аз кӯдакон суиистифода мекунанд. Борҳо шоҳид будам, ки волидайн кӯдакро барои як сатил об наовардан шиканҷа мекунанд, шаппотӣ мезананд. Ин ҳам поймол шудани ҳуқуқи кӯдак аст. Дар Қуръони карим ҳам ин гуна муносибат бо кӯдак маҳкум шудааст. Агар аз рӯйи ҷомеаи суннатӣ гирем ҳам, чунин муносибатро нисбат ба фарзанд ҷоиз надонистаанд. Пас чаро мо хилофи фармудаҳои Худованд ва қонуни Эъломияи ҳуқуқи башар рафтор мекунем? Бо ташаббуси Сарвари давлат барои ояндаи неки кӯдакон ва миллат қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд қабул шуд. Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард, ки бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Мо ба таъсиси ин ниҳод ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак ниёз дорем. Пешниҳоди мо ин аст, ки бояд  фарди ҳуқуқшинос, ботаҷриба  роҳбари ин ниҳод шавад. Тавонад, ки дар хориҷ ва дохил ҳарфи худро гуфта тавонад, ҳуқуқи ояндасозони ҷомеаро ҳимоя кунад. Ҳамсаронро бо  кӯдакони ноболиғ танҳо гузошта, ба муҳоҷират мераванд. Занҳо бо қӯдакон мемонанд, дигар барои омӯзиш фурсат намеёбанд. Хушбахтона, Маҷлиси  намояндагон моҳи  январи соли ҷорӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак» - ро қабул кард. Яъне он рӯзе фаро мерасад, ки мардони фарзандгурез  тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.03.2015    №: 48-49    Мутолиа карданд: 706

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед