logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 681) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи Қонун ва минбаъд дар тамоми матни Қонун баъд аз калимаи «консепсияҳо,» калимаи «стратегияҳо» илова карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ»;
-ба модда қисми нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:»;
-дар сархати якум баъд аз калимаи «нишондиҳандаҳоеро» калимаҳои «(индикаторҳоеро, параметрҳоеро)» илова карда шаванд;
-сархати чорум дар таҳрири зайл илова карда шавад:
«-стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳадафҳои дарозмуддат ва нишондодҳои ниҳоят муҳим доир ба ҳалли вазифаҳои афзалиятнок ва инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мушаххас дар заминаи истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда;».
3. Дар моддаи 3:
-дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои «пешрафти илму техника» калимаҳои «технологияҳои иттилоотӣ,» илова карда шаванд;
-дар сархати чоруми қисми чорум баъд аз калимаи «нишондиҳандаҳои» калимаҳои «(индикаторҳои, параметрҳои)» илова карда шуда, калимаҳои  «фарҳанг ва» ба калимаҳои «фарҳанг, бунёди объектҳои иттилоотӣ, инкишофи» иваз карда шаванд;
-дар қисми шашум баъди калимаҳои «барои панҷ сол» калимаҳои «ё барои се сол» илова карда шаванд;
-дар қисми ҳафтум баъд аз калимаҳои «барои як сол» калимаҳои «ва дар таркиби дурнамои миёнамӯҳлат барои се сол» ва баъд аз калимаҳои «дурнамои мазкур» калимаҳои «Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ ва» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 4:
-дар қисми якум баъд аз калимаҳои «ҳар сол» калимаҳои «ва дар таркиби дурнамои миёнамӯҳлат барои се соли минбаъда», баъд аз калимаҳои «ояндаи миёнамӯҳлат» калимаҳои «(барои давраи панҷсола)» илова карда шаванд;
-дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои «ояндаи кӯтоҳмуддат» калимаҳои «ва индикаторҳо (параметрҳои)-и асосии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ барои ду соли оянда» илова карда шаванд.
5. Дар қисми сеюми моддаи 6 калимаҳои «ба мӯҳлати 10 сол» ба калимаҳои «ба мӯҳлати 15 сол» иваз карда шаванд.
6. Ба Қонун моддаи 61 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 61.  Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.
Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад;
-таҳлили инкишофи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи гузашта фаро гирифта, марҳалаҳо ва талаботи асосии инкишофи иқтисодиро инъикос менамояд;
-ҳадафҳои стратегӣ, афзалият ва принсипҳои инкишофи миллӣ, воситаҳои ноилшавӣ ва роҳҳои татбиқи чунин ҳадафҳо ва афзалиятҳо, бунёди шароитҳои институтсионалии инкишоф, таъмини инкишофи иқтисодӣ, инкишофи маҷмӯи васеи соҳаҳои иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, мониторинги татбиқи стратегияи миллиро муайян менамояд.
Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 сол таҳия намуда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд.
Тартиб, мӯҳлати таҳия ва тасҳеҳи Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нашр карда шавад.».
7. Дар моддаи 7:
-дар қисми якум калимаҳои «дурнамоҳои давлатӣ ва консепсияи» ба калимаҳои «дурнамоҳои давлатӣ, консепсия ва стратегияи» иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои «барои панҷ сол» калимаҳои «ва ё се сол» илова карда шаванд;
-сархати сеюми қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«-дастгирии давлатии илм, истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар истеҳсолот, муайян намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм, гузаронидани экспертизаи мавзӯъҳои илмию техникӣ, омода намудани барномаҳои комплексии мақсадноки илмӣ;»;
-ба қисми сеюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-инкишоф ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ, таъмини шаҳрвандон бо иттилооти ҷамъиятӣ.».
8. Дар моддаи 9:
-дар қисми якум калимаҳои «иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ» ва калимаҳои «намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ» мутаносибан ба калимаҳои «иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва «намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои «Мақомоти иҷроия ва намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроия ва намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 494


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 14 январи соли 2009, № 1227

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 602


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 728

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед