logo

ҳуқуқ

БЕҲУРМАТӢ АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИСТ

Ба хонаи дӯстам Давлатшо Мирзоев, ки бемори бистарӣ аст, рафтам. Аз дарду ғами писари ягонааш, ки ҷинояткорон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонда буданд, менолиду мегирист. Баъди фурсате ором гирифту аз зери болишт лифофаеро бароварда, ба дастам дод.
- Ба ҷинояткорон ҷазо доданд, аммо аз ин ба ман чӣ суд? Дарди дилам кам нашавад, ҷойи писарамро нагирад, бар замми ин наберагонам, ки хонаро холӣ карда рафтанд, як дардамро сад дард мекунад. Ман намедонам сари сахтамро ба куҷо занам? Аз чӣ одамон ба ин дараҷа ваҳшӣ шудаанд? Фарзанди ягонаи маро ҳам ҳафт тир заданд ва ҳам ҷасадашро таҳқир карданд. Ин гуна бераҳмию беинсофӣ аз куҷо ва кай пайдо шудааст?
Лифофаро кушода хондам. Аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, ба он собиқ муовини аввали Прокурори генералӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм А. С. Муҳаммадиев имзо гузошта будааст.
Ба матни ҷавоби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми олии ҳифзи қонун ва қонуният аҳамият додам. Он ба унвони раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллозода ирсол гашта, нусхаҳояш ба сардори маҳкамаи тафтишотии № 1-и ВА ҶТ, полковники хизмати дохила Шарипов С. (барои айбдоршавандагон Исмоилов С. Б. ва Содиқов М. У. эълон кардан) ва ба сокини ноҳияи Восеъ, Ҷамоати деҳоти М.  Маҳмадалӣ, деҳаи Оқҷар Мирзоев Давлатшо фиристода шудааст. Мактубро айнан меорам:
“Мутобиқи талаботи моддаи 250 - и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо барои моҳиятан баррасӣ намудан парвандаи ҷиноятии № 58090 бо айбдории Исмоилов С. Б., бо моддаҳои 316 қисми 3 банди “в”, 199 қисми 3 банди “в”, 195 қисми 2 бандҳои “а,в” ва 104 қисми 2 бандҳои “е,з,и” - и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Содиқов М. У., бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “е,з,и” ва моддаи 195 қисми 2 бандҳои “б,в”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад. Хоҳишмандам, аз рӯзи баррасии парвандаи ҷиноятӣ барои дастгирии айбдоркунӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳед.
Ҳамзамон ба маълумоти Шумо мерасонам, ки нисбати айбдоршавандагон Исмоилов С. Б. ва Содиқов М. У. чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ карда шудааст, ки аз ҳамин рӯз эътиборан ба ихтиёрдории Шумо мегузаранд”.
Замима: Парвандаи ҷиноятии № 58090 дар ҳаҷми 4 ҷилд, забонхатҳои айбдоршавандагон Исмоилов С. Б. ва Содиқов М. У. ва ду адад фиттаҳои санҷиши нишондоди айбдоршавандагон дар ҷойи ҳодиса.
Муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм:  Муҳаммадиев А. С.

Ана, ёбеду гиред! Ин мактуб бо чӣ роҳ ва чаро бо ин тартиб ба сокини деҳаи Оқҷари Ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ Давлатшо Мирзоев расонда шудааст? Падари ҷигархун аз ин ҷавоби беунвон чӣ фаҳмида бошад? Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии айбдоркунӣ чӣ хел хабар расонад? Ҳамзамон ба маълумоти падари ҷабрдида бояд 5 – 6 моҳ пештар мерасонданд, ки айбдоршавандагон – қотилон дастгир ва нисбат ба онҳо чораи ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст. Аз ибораи “аз ҳамин рӯз эътиборан ба ихтиёрдории Шумо мегузаранд” гуфта, собиқ муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. С. Муҳаммадиев чӣ фикр карда бошад? Магар ҷинояткорони ашаддиро ба хонаи Давлатшо Мирзоев мефиристода бошанд? Оё ин шаҳрванди бемори қалб ва ҷигарсӯхта имкони нигоҳубини ду қотилро дошта бошад? Магар дар ҷумҳурӣ ҷинояткорони одамкушро дар муассисаҳои низомаш сахт нигоҳ намедоранд, ки барои нигоҳдорӣ ба ихтиёри Давлатшо Мирзоев мефиристанд???
Яке аз ҳамсояҳо бобои Амон аз мазмуни мактуб огоҳ шуда гуфтааст: “Хайр, замони феодалӣ мебуду дар гардани ҷинояткорон завлона зада, ба ихтиёрат медоданд, онҳоро ба ҷойи барзагов мебастию замин ҷуфт мекардӣ? Он замонҳо кайҳо гузашта рафтаанду бо ин ҷинояткорон чӣ кор ҳам карда метавонӣ? Аз ҳозир ба собиқ муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё умуман ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон навис, ки “Бигзор давлат худаш ҷинояткоронро саришта кунад!”
Ҳоло бемори ҷогаҳӣ ҳайрон мондааст, ки ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ нависад?
Мо, тамошобинони телевизион, баромади Сарвари давлатро дар ҷаласаи Шӯрои амният бодиққат тамошо кардем. Президенти кишвар нисбат ба кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат эродҳои ҳаққонӣ гирифт ва бархе аз кормандони бемасъулияташро аз вазифа сабукдӯш намуд. Айб аст ба чунин мақомоти баландпояи давлат, ки ба пурсишҳо ва арзу шикоятҳои шарҳвандони ҷабрдида чунин посухҳои бемаънии подарҳаво мефиристанд.
Мо дар ин ҷо як андоза нофаҳмиҳои соҳибмансаби олии маъзулшудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як шаҳраванд рӯйи коғаз овардем. Аммо аз ин посухи бесару нӯги ба унвонаш фиристодаи собиқ муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. С. Муҳаммадиев раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Абдуллозода чӣ фаҳмида бошад?

Мирзои ФИРӮЗ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2015    №: 52    Мутолиа карданд: 813

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед