logo

ҳуқуқ

БАРРАСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ДАР МИНТАҚА

Дар Кохи «Ваҳдат» Муколамаи сатҳи баланд дар масоили амниятӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он Ҳелга Шмид, муовини котиби генералии Хадамоти аврупоии фаъолияти хориҷӣ, ҳамчунин муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ширкат доштанд.

Мавзӯи асосии ҳамоиш дар атрофи масоили таҳкими амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Иштирокдорони муколама масъалаҳои мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, вазъи Афғонистон, ҳамчунин мусоидат ба идораи сарҳадот ва муҳоҷиратро мавриди муҳокима қарор доданд.
Низомиддин Зоҳидов, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Тоҷикистон дар ҳамаи барномаҳо, аз ҷумла дар масъалаи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон аз ибтидои истиқлолияташ нақши хеле муҳим мебозад. Имрӯз ҳам Тоҷикистон дар бисёр барномаҳо, аз ҷумла мубориза бар зидди маводи мухаддир барномаи «БОМКА», ки онро Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ мекунад ва масъалаи мусоидат ба идораи сарҳадотро дар назар дорад, фаъолона ширкат меварзад. Ин ширкат аз тариқи муколама, ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон сурат мегирад.
Бояд зикр кард, ки муколамаи қаблӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2013 дар Брюссел баргузор шуда буд, ки дар он масоили амнияти минтақа баъди баровардани неруҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошт. Ҷаласаи навбатии Муколамаи Иттиҳодияи Аврупо - Осиёи Марказӣ оид ба амният дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт.
Ҳелга Шмид иброз дошт, ки баргузории Муколамаи сатҳи баланд дар масоили амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, барои таъмини суботу амният дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2015    №: 52    Мутолиа карданд: 587

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед