logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

Коррупсия «вабо»-и аср маънидод мешавад. Агар чунин намебуд, Созмони Милали Муттаҳид маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирии сабаб ва омилҳои ба пайдоиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо Конвенсия қабул намекард (31 октябри соли 2003). Дар робита ба пешгирии ин вабои аср Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Чунончи, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки мавқеи қонунгузориро ба ин нукта нишон медиҳанд.
Дар мизи гирде, ки бо ташаббуси нашрияҳои «Омӯзгор» ва «Маърифати омӯзгор» доир шуд, Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, бо ҷонибдорӣ аз иқдоми пешгирифтаи нашрияҳо дар мавриди ташкил  намудани  чунин  як нишаст гуфт:
- Нишасти мазкур дар доираи Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 26 - и Нақша - чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 баргузор гашта, ҳадафи он ҳамкории қавӣ баҳри пешгирӣ ва решакан намудани «вабои аср» - коррупсия дар соҳаи маориф аст.
Дар нишаст Бахтиёр Юсупов, сардори Сарраёсати пешгирии ҳуқуқвайронкунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шодибек Ҷавов, муовини сардори сарраёсати мазкур, Шодком Турсунов, сарнозир Равшан Ахмедов, мудири шуъбаи илм, маориф ва фарҳанги Вазорати молия, Сабзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали Маркази милли тестии назди Президенти кишвар ва роҳбарони муассисаҳои олии назди Вазорати маориф ва илм, омӯзгорон ва волидайн иштирок намуданд.
Иштирокдорон дар робита ба ҳолатҳои коррупсионӣ, масъалаҳои сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва омилҳои пешгирии онро мавриди баррасӣ қарор доданд. 
Эҳсони Хушбахт,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2015    №: 53-54    Мутолиа карданд: 4243

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед