logo

ҳуқуқ

ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ: ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТ

Ҳамасола 15 март чун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол он чӣ гуна қайд мегардад? Ин мавзӯъ муҳтавои суҳбат бо сардори Раёсати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Хоҷаев аст.

- Акбар Анварович, айни муддао мешуд, аввал чанд сухан аз таърихи пайдоиши ин тадбири умумидунёӣ ва ҳадафҳои он мегуфтед. Зеро, на ҳама дар бораи он маълумоти кофӣ доранд ё шунидаанд, ки ин чӣ рӯзесту ба чӣ хотир.
- Мафҳуми муосири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз эътирози расмии шаҳрвандон нисбат ба фурӯшандаҳои маҳсулоти хӯроквории вайронгашта дар штати Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1775 ибтидо гирифтааст. Тадриҷан ба масъалаҳои  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ИМА диққат дода, ҷиҳати ташаккули қонунгузорӣ дар ин соҳа замина гузошта шуд ва  соли 1890 аввалин маротиба қонуни зиддиинҳисории Шерман қабул гардид. Соли 1960 Созмони байналмилалии ҷамъиятҳои истеъмолгарон арзи ҳастӣ кард, ки айни замон ба он беш аз 200 ташкилоти миллии давлатӣ, ҷамъиятӣ, минтақавии кишварҳои дунё,  аз ҷумла Тоҷикистон дохиланд.  

- Бори нахуст Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон кай таҷлил гардид?
- 15 марти соли 1983, пас аз он ки ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид карда шуд. Ду сол пас, Маҷмааи кулли СММ «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон»-ро тасдиқ кард. Тибқи қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз 25 ноябри соли 2011  Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон дар кишвари мо низ  ҷашн гирифта мешавад.

- Албатта, ҳадафҳои асосии он маълум аст. Мегуфтед, ки вобаста ба шароити диёри кишвари мо дар чаҳорчӯби барномаҳои он чӣ мақсадҳо пайгирӣ карда мешаванд?
- Чаро дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба ин масъала диққат медиҳанд? Маҳз ба он хотир, ки истеъмолгарон аз ҳуқуқҳои худ огаҳ бошанд, дар мавридҳои зарурӣ аз он дифоъ намоянд, то ки онҳоро истеҳсолгарону фурӯшандаҳо нафиребанд. Яъне сухан аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолгарон меравад. Пӯшида нест, ки қисми зиёди мардуми мо дар ин бобат маълумоти кофӣ надорад ва дар натиҷа дар бозору мағозаҳо онҳоро фиреб додан, ҳуқуқҳояшонро нодида гирифтан кори мушкиле нест.
Солҳои охир саҳти маърифати ҳуқуқии истеъмолгарон батадриҷ боло меравад. Яъне саъю кӯшиши кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ самар оварда истодааст.

- Соли ҷорӣ дар доираи ин ҷашн чӣ тадбирҳо амалӣ карда мешаванд?
- Диққати асосиро мо ба гуфтугӯи бевосита бо истеъмолгарон менигарондем. Яъне ташкили вохӯриҳо ва суҳбатҳо дар бораи ҳуқуқи онҳо. То ба имрӯз чунин вохӯриҳо дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе, литсей-интернати президентӣ ва бозорҳо гузаронда шуданд. Ҳамчунин бо намояндагони васоити ахбори омма доир ба риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» семинари машваратӣ баргузор кардем, ки ҳадафи он низ ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон буд.

- Дар соири мамлакатҳои мутамаддин як рӯз махсус сухан аз ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон меравад. Аммо 364 рӯзи дигар ба чӣ ранг мегузарад?
- Фаъолияти мо гуногунҷанба ва доманадор аст. Ва он дар доираи назорати риояи талаботи ду қонуни ҷумҳуриявӣ – «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи реклама» сурат мегирад. Масалан, истеъмолгарон чӣ ҳуқуқҳо доранд, медонанд? Агар моли харида нуқсдор барояд, онро фурӯшанда иваз мекунад ё пулашро бармегардонад? Ё иваз нанамояд ё пулро барнагардонад, муштарӣ чӣ кор мекунад?
Бояд зикр кард, ки дар мавриди хариди хурд ҳам набояд гузошт, ки ҳуқуқи истеъмолгар поймол шавад. Мутаассифона, чунин ҳолат рух медиҳад ва ин аз сабаби надонистани ҳуқуқҳои худ ба амал меояд. Дар қонунҳои зикргашта ҳуқуқҳои истеъмолгар мушаххас оварда шудаанд, яъне аз онҳо давлат ҳимоя мекунад. Ин ҳуқуқҳо ба ин тартибанд:
-  маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгар;
- маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагон, фурӯшандагони) он;
-  бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);
- сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);
- интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);
- ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқси мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;
- ҳимояи ҳуқуқҳои худ.
 Мо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем, то ки мардум аз  ҳуқуқҳои худ огаҳ бошанд, худро ҳимоя карда тавонанд.

- Мардум аз телефони боварии Хадамоти зиддиинҳисорӣ истифода мебаранд?
- Онҳо натанҳо занг мезананд, балки бо арзу шикоят худ ба хадамот меоянд ва мо ягон муроҷиати онҳоро бе ҷавоб намемонем. Ғайр аз ин, бо мақсади тавсеаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳимояи фарогир аз ҳуқуқҳои истеъмолгарон, қабули пешниҳод, арзу шикояти истеъмолгарон ҳангоми хариди моли (кори, хизматрасонии) номуносиб ва баррасии онҳо  тирамоҳи соли гузашта дар назди хадамот «Маркази машваратӣ» созмон дода шуд. Алъон муроҷиат ба он торафт меафзояд.
Дар натиҷаи баррасии аризаи сокини шаҳри Душанбе И. Тауров маълум шуд, ки ба вай тирезаҳои пластикии нуқсдорро фурӯхтаанд. Бо дахолати хадамот аз ҷониби ҶДММ «Профикс» 1558 сомонӣ ба харидор баргардонда шуд. Сокини деҳаи «Қаҳрамон», ноҳияи Рӯдакӣ М. Самадов барои баргардондани телевизори пастсифати тамғаи «LED-S-6000» аз мағозаи №7, ҶДММ «Корвон», ки се сол кафолати таъмири ройгон дорад, муроҷиат кард. Тибқи талаботи қонун фурӯшанда маҷбур шуд, ки  2300 сомониро баргардонад. Аз сокини пойтахт Р. Аҳмедова дар маркази савдои «Хуросон» рахти хоби нуқсдорро бозпас гирифтан нахостанд. Барои дар муҳлати муқарраргардида қонеъ нагардондани талаби истеъмолгар ба соҳибкори инфиродӣ дар асоси моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз ҷониби хадамот амрияи хотима додани ҳуқуқвайронкунӣ содир карда шуд. Соҳибкор тибқи амрия молро бозпас гирифта, 7740 сомониро ба Р. Аҳмедова пурра баргардонд.
Дар «Маркази машваратӣ»  беш аз 40 муроҷиати шаҳрвандон сабт гашта, мушкилоти истеъмолгарон дар доираи қонун ҳал карда шуданд.

- Иҷро накардани қарор ва амрияи Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорон чӣ оқибатҳо дорад?
- Дар чунин ҳолат тибқи моддаи 554 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон Хадамоти зиддиинҳисорӣ танҳо нест. Қонуни амалкунанда 5 ҳолати ҳимояи ҳуқуқи онҳоро  пешбинӣ намудааст:
1. Ваколати назорати риояи қонун ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ вогузор шудааст.
2. Назорати  сифат ва бехатарии мол (кор,  хизматрасонӣ) аз ҷониби   мақомоти ваколатдори  давлатӣ,  аз қабили Агентии «Тоҷикстандарт», ниҳоди соҳавии Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сурат мегирад.
3. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
4. Ҳимояи ҷамъиятии ҳуқуқи истеъмолкунандагон.
5. Суд.
Беҳтар он аст, ки қонун ва ҳуқуқи истеъмолгаронро риоя карда, кор то ба ҷазои маъмурӣ ва ҷаримаҳо нарасад.  Ин ба манфиати ҳар ду ҷониб аст.

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2015    №: 53-54    Мутолиа карданд: 876

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед