logo

ҳуқуқ

АДЛИЯИ МАЪМУРӢ – ПАДИДАИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДИ ДЕМОКРАТӢ

Тамаддуни ҷаҳони муосир дар низоми ҳуқуқии давлат ҷой доштани падидаи назорати судиро дар соҳаи ҳокимияти иҷроия ҳамчун яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёди демократӣ маҳсуб дониста, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, бахусус дар ҷараёни фаъолияти мақомоти идоракунии давлат, дар ҷойи аввал мегузорад.

Воқеан, дар моддаи 5 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзишҳои олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Дар қисми 2 моддаи 14 дарҷ шудааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Инро ба назар гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намудааст, ки тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ 5-уми январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ шудааст, ки он барои боз ҳам устувор намудани сохтори мақомоти судӣ ва пешрафту пурсамар гардидани фаъолияти онҳо, таҳкими ҳамкории мақомоти судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин ҷиҳати иҷрои санадҳои судӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳақ бар ҷониби эшон аст, зеро аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки низоми давлати ҳуқуқбунёд фаъолияти самараноки мақомоти худро аз тариқи ҳокимияти судии муташаккил, ки он дорои манбаъҳои моддиву мурофиавии ҳуқуқӣ аст, таъмин месозад. Ҳастии адолати судии махсус, аз қабили конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва оилавӣ, ки дар моддаи 2-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, аз нишонаҳои демократӣ будани низоми давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ки маҳз ба воситаи онҳо ҳокимияти судӣ амалӣ гардонда мешавад.
Қобили зикр аст, ки масоили мавриди баррасӣ дорои аҳамияти назариявию амалӣ мебошанд, зеро дар илми ҳуқуқшиносии тоҷик масоили марбут ба ҳуқуқи маъмурӣ хеле кам ва масоили адолати судии маъмурӣ умуман мавриди омӯзишу пажӯҳиши мутахассисини соҳа қарор нагирифтаанд. Гузашта аз ин, ҳуқуқи маъмурӣ ва ҳуқуқи судӣ дар амалияи истифодаи ҳуқуқ дар замони муосир ба омӯзиши амиқ ва дарёфти шаклу усулҳои нави назорати фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва шахсони мансабдори онҳо эҳтиёҷ дорад. Дар байни чунин шаклу усулҳо мақоми аввалиндараҷаро метавонад адлияи маъмурӣ ба дӯш дошта бошад, ки он воситаи самараноки ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, ҳамзамон метавонад нақши пайвандгари мутақобиларо ба хотири таъмини иттилои идоравӣ иҷро кунад, ки ба туфайли он фаъолияти сохторҳои давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва шахсони мансабдори ин ниҳодҳо зери назорат қарор дода мешавад.
Ташаккули падидаи ҳуқуқии назорати судӣ аз фаъолияти ҳокимияти иҷроия, аз рӯйи мазмуну муҳтавои худ, дар маҷмӯъ таҳкими адлияи маъмуриро дар назар дорад, ки шаклҳои гуногуни муносибатҳои ҳуқуқии ду шохаи мустақили ҳокимият, яъне иҷроия ва судиро муайян месозад. Адлияи маъмурӣ ду ҳадафи асосӣ дорад: аввалан, он шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро аз хатоҳои маъмурӣ ҳимоя менамояд, сониян, ҷиҳати назорати судӣ фаъолияти сохторҳои идориро дар таҳкими қонуният ба манфиати ҷомеа пурсамар мегардонад. Бо назардошти ин хусусиятҳо ҳимояи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҳокимияти иҷроия ҳамчун падидаи ҳуқуқии мустақил бо номи адлияи маъмурӣ, дар пояи низоми ҳуқуқии ҳамаи давлатҳои демократии ҷаҳон гузошта шудааст.
Адлияи маъмурӣ дар фаҳмиши васеъ тартиби аз ҷониби суд ҳал намудани баҳсҳои байни шаҳрвандон ва мақомоти идоракунии давлатӣ маҳсуб мегардад, ки чунин муноқишаҳои ҳуқуқӣ дар ҷараёни фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ ба миён меоянд. Инро ба назар гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» муқаррар намудааст, ки аз амал (беамалӣ) ва қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо, корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор, ки тибқи онҳо: а) шаҳрванд аз имконияти пурра ё қисман амалӣ намудани ҳуқуқе, ки қонун ё дигар санади қонунгузорӣ додааст, ғайриқонунӣ маҳрум карда шудааст; б) ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонунӣ вазифае гузошта шудааст, ё вай ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, новобаста ба он, ки санад, амал (беамалӣ) коллегиалӣ ва ё бо тариқи инфиродӣ қабул гаштааст, бо тартиби тобеият ба мақом, шахси мансабдор ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон предмети шикояткуниро васеътар намуда, муқаррар кардааст, ки ҳатто санадҳои меъёрии мақомоти давлатӣ метавонанд мавзӯи шикояти шаҳрвандон қарор гиранд. Масалан, моддаи 13 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки суд метавонад санади ғайримеъёрии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, инчунин санади меъёриеро, ки хилофи қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқи гражданӣ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд ё шахси ҳуқуқиро халалдор месозанд, беэътибор эътироф намояд. Дар сурати санадро беэътибор донистани суд, ҳуқуқи вайронгардида бояд барқарор шавад ё ба тариқи дигари қонунӣ ҳифз гардад.
Ҳамин тариқ, қонунгузории ҷории ватанӣ тартиби судии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро аз амал (беамалӣ) ва санадҳои мақомоти давлатӣ кафолат додаст, ки тарзи мурофиавии судии баррасии шикояти шаҳрвандон ва аз тарафи онҳо мавриди баҳс қарор додани кирдорҳои ҳуқуқхалалдоркунандаи мақомоти давлатиро падидаи адлияи маъмурӣ меноманд.
Бояд тазакур дод, ки қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон дорои заминаи мукаммали тартиби ҳифзи идорӣ ва судии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз рафтори ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти идорӣ бошад ҳам, шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар субъектҳои ҳуқуқи маъмурӣ аз онҳо хеле кам истифода мебаранд. Омӯзиши таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки ин қабил парвандаҳо хеле каманд ё тамоман нестанд. Сабаби чунин ҳолат аз нигоҳи илмӣ шояд дар он бошад, ки мо ба ташвиқоту тарғиботи қонунҳо эътибори зарурӣ намедиҳем, аз ин лиҳоз шаҳрвандон аз он иттилои кофӣ надоранд. Воқеан, қонунҳо баъди қабул шуданашон танҳо аз лаҳзаи дар рӯзномаҳои расмӣ чоп шуданашон қувваи қонунӣ пайдо менамоянд ва ба амал ҷорӣ карда мешаванд. Натиҷаи амалишавии қонунҳо, тартиби самаранок истифода шудани онҳо бахусус аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ то мавриди муроҷиат ё шикоят қарор додани санад, амал (беамалӣ)-и мақомот, шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ аз иттилои зарурӣ дур мемонад.
Масалан, кодексҳои мурофиавии гражданӣ ва судии иқтисодӣ соли 2008 аз тарафи порлумони мамлакат қабул шудааст. Аммо кам касоне медонанд, ки дар бобҳои 23,24,25 кодекси мазкур ва боби 22 КМСИ тартиби мурофиавии баррасии парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма ва ҳуқуқи маъмурӣ бармеоянд, мавриди танзим қарор дода шудааст ва он хусусиятҳои хеле муҳими мурофиавии махсуси маъмуриро доро мебошад. Аз ҷумла, ҳуқуқи судя дар талаб карда гирифтани мавод аз мақомоти давлатӣ, масъулияти далеловарӣ ва исботкуниро ба зимаи мақомот гузоштан ва ғайра тартиботи мурофиавии маъмурӣ буда, аз мурофиаи даъвоии гражданӣ куллан фарқ дорад. Чунин фарқиятҳо маҳз барои ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҷорӣ карда шудааст, ки мавқеи нобаробар доштани худро дар рӯ ба рӯйи мақомоти давлатӣ ҳис накунанд.
Қонун баробарҳуқуқии мурофиавии тарафҳоро дар баррасии баҳсҳои гражданиву маъмурӣ кафолат дода бошад ҳам, азбаски дар баҳсҳои маъмурӣ як тараф мақомоти давлатӣ буда, дорои ваколатҳои ҳокимиятист, шаҳрванд хоҳу нохоҳ худро дар нобаробарии ҳокимиятдорӣ ва иҷтимоӣ нороҳат ҳис менамояд. Бо мақсади аз байн бурдани чунин фаҳмишҳои нодуруст қонунгузор салоҳиятдории судяро дар пешбурди парвандаҳои маъмурӣ - ҳуқуқӣ васеътар намудааст, ки дар илми мурофиаи маъмурӣ онро хусусияти «инквизитсионӣ» ё «тафтишотии судӣ» меноманд.   
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ аввалин шуда, падидаи адлияи маъмуриро дар Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 ба танзим даровард ва ба пойдории мурофиаи маъмурии судӣ асос гузошт. Боби 6-и ин кодекс махсус ба пешбурди расмиёти маъмурӣ дар суд бахшида шудааст. Масалан, дар қисми 2 моддаи 115 ин кодекс омадааст, ки дар мурофиаи маъмурӣ дар суд баҳсҳои зерин метавонанд баррасӣ гарданд: а) мутобиқати санади ҳуқуқии маъмурӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; б) уҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба ҷуброни зарар; в) уҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба қабули санади маъмурӣ ё анҷомдиҳии ягон амали дигар тибқи расмиёти маъмурӣ.
Тавре дар қисми 2 моддаи 32 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад. Бинобар ин, чунин парвандаҳо на ба тариқи гражданӣ, балки бо тариқи мурофиавии маъмурӣ бояд баррасӣ карда шаванд.
Умуман, дар пойдории адлияи маъмурӣ дар Тоҷикистон нақши Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёд аст. Ин кодекс моҳиятан аз Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими мурофиаи судии маъмурӣ пеш рафта, дар таҳким ва шарҳи принсипи муҳими ҳуқуқи мурофиавӣ принсипи диспозитивиро эълон намудааст, ки мақоми маъмурии дар мурофиаи маъмурӣ дар суд иштироккунанда метавонад парвандаро бо созиши оштии тарафҳо ба анҷом расонад, аз даъво даст кашад ё даъворо танҳо дар сурате эътироф намояд, ки он хилофи қонун набошад. Аммо қисми 3-и моддаи 250 КМГ омадааст, ки ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, меъёрҳои мурофиаи даъвоӣ оид ба эътирофи даъво, даъвои муқобили даъво, тадбирҳои таъмини даъво, созиши оштии тарафҳо татбиқ намегарданд. Албата ин меъёр барои қайд намудани фарқият ва хусусияти мурофиаи маъмурӣ дар КМГ ҶТ ҷой дода шудааст ва ин мухолифат бояд аз байн бурда шавад. Ба андешаи мо, меъёри дар Кодекси расмиёти маъмурии мавҷудбуда бештар ҷавобгӯйи стандартҳои ҷаҳонии пешбурди мурофиавӣ маҳсуб меёбад.
Бартарияти дигари ин кодекс дар он аст, ки дар он аввалин бор даъвои маъмурӣ ҳамчун механизми пешбурди мурофиаи маъмурӣ, дар мазмуни талаби барқароргардонии ҳуқуқу озодиҳои вайронгаштаи шаҳрвандон қабул гашта, чор намуди даъвои маъмурӣ ба гардиши ибораҳои қонунӣ ворид карда шудааст: а) даъво оид ба беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ; б) даъво оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ; в) даъво оид ба анҷомдиҳии амалҳо; г) даъво оид ба эътироф намудан.
 Тибқи муқаррароти кодекс даъвои маъмурӣ дар сурате пешниҳод карда мешавад, ки санади ҳуқуқии маъмурӣ ё қисми он ба ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии даъвогар зарари мустақим ва бевосита (инфиродӣ) мерасонад ё ғайриқонунӣ ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд месозад. Чунин муҳтаво доштани даъвои маъмурӣ бо мазмун ва мақсади қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мувофиқ буда, дар маҷмӯъ яке аз механизмҳои воқеии амалигардонии гузоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ва Нақшаи амалигардонии Барномаи ислоҳоти судӣ - ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2017 ба ҳисоб меравад.

Солеҳҷон ИБРОҲИМОВ,
мудири шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ,
доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.03.2015    №: 53-54    Мутолиа карданд: 848

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед