logo

ҳуқуқ

МУҚОВИМАТ БА ТАҲДИДҲОИ МУОСИР

18 март дар Вазорати корҳои хориҷӣ нишасти вижа дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба ситезаҷӯӣ ва таҳдидҳои муосир» баргузор гардид. Дар он роҳбарони ҳайатҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Рустам Назарзода, директори Агентии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки бо ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ташкили «Камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон (Маҷмаи умумии СММ, соли 1998), таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, марти соли 1999), Коалитсияи зиддимухаддиротӣ (шаҳри Ню - Йорк, соли 2003), Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе (шаҳри Душанбе, августи соли 2008), сурат гирифт.
Мавсуф зикр кард, ки дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавӣ дар сатҳи баланд аз рӯи проблемаи таҳдиди мухаддиротӣ бо иштироки ҳамаи давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардад. Ин ташаббус дар арафаи даъвати Маҷмаи умумии СММ аз рӯи проблемаи маводи нашъаовар дар соли 2016 саривақтӣ мебошад. Дар марҳалаи кунунӣ ба уҳдаи агентӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо ва дигар субъектҳое, ки ба амалисозии «Стратегияи миллии мубориза бар зиди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» вогузор шудааст.
Назар ба гуфтаи директори агентӣ, дар соли сипаришуда 993 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 698 ҷиноят бо моддаи 2001 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст шудааст.
Дар соли 2014 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 6214 килограмм воситаи нашъаоварро мусодира намудаанд, ки нисбат ба соли 2013 - ум 7,1 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ашита Миттал, масъули намоядагии Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноятҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, иброз дошт, ки ниҳоди онҳо дар чаҳорчӯби барномаи вижа таъсиси дафтарҳои ҳамкориро бо кишварҳое, ки бо Афғонистон ҳаммарз ҳастанд, роҳандозӣ мекунад.
Ба андешаи мавсуф, муборизаи муассир бо маводи мухаддир ба ҳамкориҳои фаъоли ниҳодҳои интизомии кишварҳои минтақа вобаста аст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.03.2015    №: 58    Мутолиа карданд: 567

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед