logo

ҳуқуқ

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БО АСЪОРИ ХОРИҶӢ

• Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои фурӯши 100 доллари амрикоӣ бар ивази 650 - 660 сомонӣ ошкор шуд.
• Баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор пули хориҷии харидаашонро ба фурӯш набароварда, барои ба таври сунъӣ паст шудани қурби асъори миллӣ шароит фароҳам меоранд.
• Зимни як амалиёти вижа ду нафар дастгир шуд. Онҳо мехостанд 65 ҳазор доллари ИМА - ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.

Прокуратураи генералии  Ҷумҳу-рии Тоҷикистон бо назардошти болоравии бошиддати қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ - сомонӣ, баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор, таҳлилу бозомӯзии бозори он аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милитсия, амнияти миллӣ ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак гузаронд. Дар натиҷа камбудию қонуншиканиҳои зиёде ошкор ва ҷиҳати бартараф намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки дар баъзе ҳолатҳо вазъи баамаломада ба омилҳои иқтисодӣ, бавижа таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва бозори молу маҳсулот иртибот дошта бошад, дар дигар мавридҳо нархи асъори хориҷӣ ба таври сунъӣ баланд бардошта мешавад. Ин амал аз ҷониби шахсони алоҳидаи ба чунин намуди фаъолият машғул, бахусус нуқтаҳои фурӯши асъор, хариду фурӯши молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ, инчунин интиқоли ғайриқонунии асъор ба хориҷи кишвар сурат мегирад.
Ҳарчанд рӯзҳои охир қурби расмии хариди 1 доллари ИМА аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Бонки миллии Тоҷикистон 6,28 сомонӣ ва фурӯши он 6,30 сомонӣ муқаррар гардидааст, доллар дар нуқтаҳои фурӯш ғайриқонунӣ бо арзиши нисбатан баланд фурӯхта мешавад. Гузашта аз ин, ҳолатҳое ҷой доранд, ки дар тахтаи эълонҳо қурби асъор аз рӯи меъёри муқарраркардаи Бонки миллӣ нишон дода шуда бошад ҳам, дар ягон нуқтаи фурӯш бо нархҳои пешбинигардида асъори хориҷӣ нафурӯхтаанд.
Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои фурӯши 100 доллари ИМА бар ивази 650 - 660 сомонӣ ошкор карда шуд. Аз ин ҳолат бармало эҳсос мегардад, ки гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатдор бо роҳҳои сунъӣ вазъи бозори асъорро халалдор месозанд. Ин дар ҳолест, ки сиёсати пулию қарзии давлат устувор буда, аз ҷониби тамоми мақомоти бонкӣ ин нуқтаҳои асъор ҳамарӯза бо маблағҳои пулӣ таъмин карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, нисбат ба ҳамаи онҳое, ки даст ба қонуншиканӣ зада, манфиатҳои худро аз манфиати давлату дигарон боло дониста, бо роҳҳои сунъӣ арзиши пулро мебардоранд, тамоми чораҳои бо қонун пешбинигардида андешида шудааст. Айни замон, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа масъалаи бозхонди иҷозатномаҳои барои чунин намуди фаъолият машғул шудан ва манъи фаъолияти онҳо баррасӣ карда мешавад.
Бояд зикр кард, ки баъзе нуқтаҳои мубодилаи асъор пешбурди баҳисобгирии амалиёти асъори анҷомёфтаро ба роҳ намонда, дар бораи онҳо ба мақомот ва агентиҳои назорати асъор ҳисобот пешниҳод накардаанд. Дар як вақт онҳо пули хориҷии харидаашонро ба фурӯш набароварда, барои ба таври сунъӣ паст шудани қурби асъори миллӣ шароит фароҳам меоранд. Чунончи, шаҳрванд С. Ҷабборов дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухоро - 37 ба мубодилаи асъор машғул шуда, бар хилофи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» дар тамоми давраи фаъолияташ пешбурди баҳисобгирии амалиёти асъориро ба роҳ намонда, дар як вақт маблағи воридшударо ба фурӯш набаровардааст. Чунин ҳолатҳо ягона нестанд.
Дар баробари ин, ҳолатҳои бидуни иҷозатнома машғул шудани баъзе шаҳрвандон ба фаъолият ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ошкор шуданд. Масалан, шаҳрванд С. Ғоибзода 14 марти соли 2015 дар назди нуқтаи фурӯши қолинҳои ҶДММ «Бозори Корвон» бе ягон ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидуфурӯш ва ивази он машғул шуда, аз шаҳрванд Н. Маҳмадизода 5000 рубли Русияро харида, ба ивазаш 510 сомонӣ додааст.
Ба ҳамин монанд, сокинони шаҳри Ваҳдат Ш. Мирзоев ва Д. Ғоибов як сол боз бар хилофи талаботи номбурда дар ҳудуди бозори марказӣ ва бозори фурӯши нақлиёти шаҳри Ваҳдат ғайриқонунӣ ба харидуфурӯши асъори хориҷӣ машғул шудаанд. Ҳол он ки тибқи муқаррароти моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» барои машғул шудан ба фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома зарур мебошад. Чунин талабот дар моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» низ пешбинӣ гардидааст. Оид ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони номбурда бо моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои бе иҷозатномаи дахлдор фаъ-олият кардан муқаррар мекунад, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъ-мурӣ оғоз карда шуданд.
Мутаассифона, имрӯзҳо шахсони алоҳидаи манфиатдор бо роҳҳои пинҳонӣ ба интиқоли ғайриқонунии асъор ба хориҷи кишвар машғуланд. Аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура аллакай чунин гурӯҳҳо ошкор ва нисбаташон чораҳои қатъии қонунӣ андешида шуда истодаанд. Танҳо зимни як амалиёти вижа ду нафар дастгир шуданд, ки 65 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол доданӣ буданд. Аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 259 қисми 1, 263 қисми 2 банди «а» ва 286 қисми 3 бандҳои «б, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, ҳолатҳои аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида дар бозору мағозаҳо бо асъори хориҷӣ ғайриқонунӣ харидуфурӯш намудани молу маҳсулот ҷой доранд. Масалан, шаҳрванд Раҳматулло Саидов 16 марти соли 2015 дар маркази савдои «Оро», воқеъ дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Шоҳмансур, бо асъори хориҷӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ даст зада, ба шаҳрванд Рустами Эҳсон 5 қолини истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эронро бар ивази 4200 доллари ИМА фурӯхтааст. Оид ба ин ҳолат аз ҷониби прокурори ноҳияи Шоҳмансур нисбат ба номбурда бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Дар натиҷаи санҷишҳои муштарак 192 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гашта, нисбат ба гунаҳгорон чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.
Хотирнишон месозем, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ як қатор ҷавобгарӣ муқаррар намудааст. Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 510 барои бидуни иҷозатнома машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, моддаи 541 муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидуфурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, ҳангоми набудани аломати ҷиноят, моддаи 535 риоя накардани қоидаҳои пешниҳоди ҳисобот ва иттилоот дар бораи фаъолияти бонкӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, моддаи 286 қисми 1 машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ва истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд, дар қисми 2 - и ҳамин модда муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ва истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷсад нишондиҳанда барои ҳисоботҳо зиёд бошад, дар қисми 3 моддаи номбурда агар ҳамин кирдор такроран аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори калон содир шуда бошад ва дар моддаи 263 кодекси мазкур, барои машғул шудан ба фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ минбаъд назорати прокурориро дар ин самт боз ҳам пурзӯр карда, дар баробари ҳолатҳои мавҷуда фаъолияти дигар муносибатҳои додугирифти пулӣ, бахусус фурӯши манзилҳои истиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар кору хизматрасониҳоро бо асъори хориҷӣ таҳти санҷиши қатъӣ қарор дода, барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор чораҳои қонунӣ меандешад.

Абдусамӣ ДОДОБОЕВ,
сардори Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 1007

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед