logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи реклама» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №6, мод. 432; с. 2008, №10. мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с.2012, №4, мод. 262, с. 2014, №11, мод. 672) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаҳои 17 ва 27 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 17. Хусусиятҳои рекламаи навъҳои алоҳидаи молҳо
Рекламаи спирти этилӣ, машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку, маҳсулоти аудио, видео ва маводи чопии хусусияти фаҳшдошта, ғизои кӯдакон ва шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ), маккаку пистонак, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ  ва прекурсорҳо, силоҳи ҷангӣ, силоҳи хизматӣ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, доруворие, ки бо дорухати (ретсепти) духтур дода мешавад, инчунин ҳангоми рекламаи доруворӣ муқоиса намудани он бо  дигар доруворӣ манъ аст.
Рекламаи маводи доруворӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти таъйиноти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, маҳсулоти табобатию профилактикӣ, иловагиҳои озуқавӣ ва воситаҳои косметикӣ (ороишӣ), инчунин рекламаи усулҳои табобат, профилактика, ташхис, солимгардонӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдор ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла дар ҳолати гирифтани патент барои ихтироот дар соҳаи мазкур, амалӣ карда мешавад.
Рекламаи силоҳи ғайринизомии иҷозатдошта, аз ҷумла силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, танҳо дар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои паҳн кардани реклама махсус гардонида шудаанд, дар дигар нашрияҳои матбуоти даврӣ, ки барои истифодабарандагони чунин силоҳ пешбинӣ  шудаанд, дар ҷойҳои истифодаи силоҳи шикорӣ ва варзишӣ, дар воситаҳои электронии иттилоотии умумӣ бошад, танҳо баъди соати 22  вақти маҳаллӣ  амалӣ карда мешавад.
Моддаи 27. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи реклама
Назорати давлатии риояи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони реклама ва назорати фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд;
- барномаҳои давлатии рушди реклама ва фаъолияти рекламавиро таҳия ва иҷрои онро ташкил менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро дар соҳаи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ҳамоҳанг месозад ва муҳити рақобатро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ таъмин менамояд;
- мониторинги ҳолати бозори реклама ва фаъолияти рекламавиро амалӣ менамояд, махзани ягонаи иттилоотиро дар бораи реклама ва фаъолияти рекламавӣ ташкил намуда, онро идора мекунад;
- ба  рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон  ва паҳнкунандагони реклама доир ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама амрнома медиҳад, аз ҷумла  қарори анҷом додани рекламаи мутақобилро равон мекунад ва иҷрои онро назорат менамояд;
- дар сурати ба ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо алоқаманд будани фаъолияти рекламавии рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон  ва паҳнкунандагони реклама маводҳоро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои баррасии минбаъда ирсол менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ вазифаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии рақобати бевиҷдононаро дар бозори реклама ва фаъолияти рекламавӣ анҷом дода, ба суд доир ба беэътибор донистани аҳдҳои марбут ба рекламаи номуносиб даъво пешниҳод менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.».
2. Дар қисми якуми моддаи 28 калимаҳои «Ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттиҳодияҳо)» ба калимаҳои «Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» иваз карда шаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1202


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2015, № 1800

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» - ро  баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 807


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 785

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед