logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993  «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №15-16, мод.350; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод.48,  Фасли ХVIII;  с. 1997, №9, мод.117, Фасли VI; с. 1998, №10, мод.119, Фасли V; №22, мод.318;  с. 1999, №5, мод.61; №9,  мод.236;   №12, мод.351; с. 2002, №4, қ.1, мод.158; №11, мод.711; мод. 735; с. 2005, №7, мод.406; с. 2007, №7, мод.695; с. 2008, №10, мод.823; с. 2009, №9-10, мод.547; с. 2011, №12, мод.853; с. 2012, №4, мод.273; №7, мод.703)  тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 21:
- номи модда дар  таҳрири  зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ»;
- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.».
2.  Қисми дуюми моддаи 22  дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва муҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию  иҷтимоӣ  муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
3. Моддаи 32 хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 53 рақамҳои «22, 32»  ба  рақамҳои «21, 22» иваз карда  шаванд.
5. Дар моддаи 96 калимаҳои «маҳалли истиқомати» ба калимаҳои «ҷойи қайди» иваз карда, калимаҳои «сарфи назар аз ҷойи қайд» хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 99:
- дар ном ва матни модда калимаҳои «эътимоднома»,  «Эътимоднома» ва «Эътимодномаро» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатнома», «Ваколатнома» ва «Ваколатномаро» иваз карда шаванд;
- дар қисми якум пас аз калимаи «Нафақаро» калимаҳои «ба  истиснои нафақаи маъюбони гурӯҳҳои II ва III» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015, № 1199


Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 28 январи соли 2015, № 1751

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  баррасӣ намуда, қарор  мекунад:         
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 804


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 789

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед