logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 июли соли 2014 «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014,  №7,  қ. 1, мод. 379) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима калимаҳои «муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаи «қонунгузориро» ба калимаҳои «меъёрии ҳуқуқиро» иваз карда шавад.
3. Қисми 2 моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ба вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта, синнаш аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, интихоб мешавад.».
4. Дар моддаи 11:
- дар қисми 3 калимаи «фикрашро» ба калимаи «ақидаашро» иваз карда шавад;
- ба қисми 5 пас аз калимаҳои «ҳолатҳое, ки» калимаҳои «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» илова карда шуда, калимаи «кардааст» ба калимаи «кардаанд» иваз карда шавад.
5. Ба моддаи 14 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои истиқомати доимӣ баромада рафтан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
6. Ба қисми 4 моддаи 15 пас аз калимаҳои «Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,» калимаҳои «Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,» илова карда шаванд.
7. Дар қисми 5 моддаи 20 калимаи «фикрашро» ба калимаи «ақидаашро» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 57 калимаҳои «Фикри» ва «фикри» мувофиқан ба калимаҳои «Ақидаи» ва «ақидаи» иваз карда шаванд.
9. Дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 34 калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» ба калимаи «қонунгузории» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 марти соли 2015 № 1175

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2015, № 1787  

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро  баррасӣ  намуда, қарор мекунад: 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2015, № 780


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 840

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед