logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар маросими ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов, 21 марти соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонон ва дӯстони гиромӣ!
Боиси фараҳмандист, ки мулоқоти мову шумо дар оғози баҳор, фасли гулпӯшу сабзпӯш шудани замин ва дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам дар ин гӯшаи зебоманзари диёрамон - дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов доир мегардад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба муносибати Соли нави аҷдодӣ, инчунин қомат афрохтани пайкараи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Қасри зебову замонавии фарҳанг, ки орзуи деринаи мардуми фарҳангдӯсти ноҳия мебошад, самимона муборакбод гуфта, барои ҳамаи мардуми ноҳия ва кулли сокинони вилояти Суғди бостонӣ саодату хушбахтӣ, осоишу оромӣ ва дар заҳмати аҳлонаатон ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистони азизамон барори кор орзу менамоям.
Ҳамдиёрони азиз!
Чунонки ман дар суханрониҳо ва навиштаҳои худ доир ба таърихи халқи бостониамон ва анъанаҳои давлатдории ниёгонамон борҳо хотирнишон кардаам, халқи тоҷик дар тӯли таърихи деринаи хеш силсилаи давлату давлатдориҳоро паси сар кардааст, вале дар замони Сомониён ҳамчун давлати мутамаркази миллии мо болоравӣ ва рушди тамаддуну давлатдорӣ, ташаккулёбии давлати тавонои миллӣ ва муттаҳидкунандаи халқи тоҷик, инчунин шароити мусоиди эҳёи суннату оинҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои моддиву маънавии халқи мо таъмин гардид.
Дар робита ба ин, изҳори умед мекунам, ки дар ин рӯзи мубораки наврӯзӣ ифтитоҳи муҷассамаи абармарди таърихи халқамон барои мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов фоли нек гардад ва рӯҳи муқаддаси Исмоили Сомонӣ ба рӯзгору фаъолияти мардуми ноҳия файзу баракат, ободиву хуррамӣ ва осоиши бештар бахшад.
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон асолати миллӣ, анъана ва оину суннатҳои азбайнрафтаи хешро эҳё намуда, номи нек ва рӯҳи муқаддаси бузургони сиёсату давлатдорӣ ва илму фарҳанги худро посу гиромӣ медоранд. Бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Қасри фарҳанг дар ноҳия, ки ҳанӯз дар давраҳои деринаи таърихӣ як гӯшаи ободи Суғди бостонӣ буд, далели ин гуфтаҳост.
Бунёди Қасри фарҳанг солҳои пеш оғоз шуда буд, вале танҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон корҳои сохтмони он соли 2014 аз нав оғоз ёфтанд ва чунонки имрӯз мебинем, бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шуданд. Қасри фарҳанги имрӯза, ки бо истифодаи беҳтарин унсурҳои санъати миллии меъморӣ бунёд ёфтааст, дар масоҳати 1315 метри мураббаъ қомат афрохта, иборат аз се қисмати дуошёна мебошад ва дар ҳар қисмати он барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ толору ҳуҷраҳои корӣ бо тамоми шароити муосир ҷойгир шудаанд.
Итминон дорам, ки Қасри фарҳанги навбунёд ба рушди ҳунару фарҳанги миллии мардумамон, аз ҷумла бародарони ӯзбеку қирғиз, ки дар ноҳия паҳлу ба паҳлуи тоҷикон ва дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд ва таҳкими ҳамгироиву дӯстии онҳо мусоидат карда, ба ҷойи писандидаи сокинон ва меҳмонони ноҳия табдил меёбад. Ҳамчунин мехоҳам таъкид намоям, ки дар ин қаср имконияти васеъ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва ба ин васила ҷиҳати тақвияти робитаҳои дӯстиву рафоқат миёни сокинони гуногунмиллати ноҳия ва муносибатҳои неку созанда бо ҳамсоямарзҳо фароҳам оварда шудааст. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин қасри зебои фарҳангӣ – иншооте, ки Қасри хурди Арбобро мемонад, софдилона заҳмат кашидаанд, изҳори сипос менамоям.
Хотирнишон месозам, ки солҳои охир чунин қасру марказҳои муосири фарҳангӣ дар ҳар гӯшаву канори мамлакатамон бунёд мешаванд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд, ки соли ҷорӣ дар қаламрави он Соли рушди фарҳанг эълон шудааст, 13 муассисаи фарҳангӣ ва 8 қасри фарҳанг бунёд ва азнавсозӣ мегардад.
Ҳозирони гиромӣ!
Ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки 27 декабри соли 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ин арбоби давлативу сиёсиро гирифтааст, дар мамлакат маълуму машҳур мебошад. Шахсиятҳои барҷастаи корзори меҳнат, аз ҷумла яке аз устодони соҳаи кишоварзӣ Абдуғафур Самадов ва даҳҳо нафар фарзандони номдори ин диёрро бисёр касон хуб мешиносанд. Ному фаъолияти онҳо то ҳанӯз ибрати наслҳо  буда, ба наврасону ҷавонон дарси одаму одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ меомӯзад.
Бовар дорам, ки имрӯзҳо даҳҳо нафар шогирдони ин мардони некном кору пайкори онҳоро ба хотири ободиву пешрафти диёр идома дода истодаанд. Аз ин ободиву офарандагиҳо, бахусус бо гузошта шудани муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва бунёди Қасри зебои фарҳанг рӯҳи ин мардони накуном, бахусус Ҷаббор Расулов шод мегардад.
Воқеан, бунёди ҳама гуна иншоот, аз ҷумла шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва сохтмони қасру кохҳои фарҳанг нишонаи фарҳанги ободгаронаи мардуми мо буда, аз таърихи куҳани сарзамини аҷдодӣ ва ниёгони шарафманди мо маншаъ мегирад, ки аз қадимулайём барои ободии шаҳру деҳот ва хонаву дари худ аҳамияти хоса медоданд. Мисоли ин гуфтаҳо садҳо ёдгориву обидаҳои таърихӣ, ба шумули Қалъаи Хитойреза дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад, ки мансуб ба асри 17-ум аст ва далели таърихи деринаи ин гӯшаи Ватанамон ба шумор меравад.
Ҳамдиёрони азиз!
Мардуми шарифи Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон дар як муддати кӯтоҳ шоҳиди амалӣ шудани ормонҳои деринтизори худ гардида, бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Бо ифтитоҳи нақбҳои «Истиқлол» - у Шаҳристон аз синаи кӯҳи хоро роҳи муроди дилҳо кушода шуд ва ин иншооти бузурги аср Тоҷикистонро ба як қаламрави воҳид табдил дода, қалбҳоро ба ҳам наздик ва ормонҳои ҳазорсолаи мардумро амалӣ намуданд.
Баъди пурра ба анҷом расидани лоиҳаи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак татбиқи лоиҳаи бузурги дигар - таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент оғоз гардид, ки он низ моҳҳои наздик ба анҷом хоҳад расид. Вақтҳои наздик азнавсозии роҳи мошингарди Деҳмой – Исфара оғоз мегардад.
Барои амалӣ намудани ин лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ҷалби қариб як миллиард сомонӣ (беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ) пешбинӣ гардидааст.
Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ дар минтақаи дашти ташналаби Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ифтитоҳи як шаҳраки нави замонавӣ санги асос гузошта мешавад, ки барои таъмини 40 ҳазор оила ё 200 ҳазор нафар шаҳрвандон бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва бунёди боғҳои интенсивӣ ба воситаи  обёрии қатрагӣ дар майдони 8 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст. То имрӯз дар ин мавзеъ корҳои омодагӣ ба анҷом расида, иншооти таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, инчунин хати мустақили барқ муҳайё карда шудааст. Дар мавзеи зикршуда ҳазорҳо нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, мардуми эҳтиёҷманди  шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Мастчоҳ, Қайроққум ва Чкалов соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мегарданд.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти вилоят супориш дода мешавад, ки доир ба масъалаи дар ин мавзеъ ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва замин барои бунёди  боғҳо чораҷӯӣ намояд.
Дӯстони азиз!
Солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов даҳҳо иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар иншооти таъйиноти иҷтимоӣ сохта, ба истифода супурда шудаанд. Аз ҷумла, муассисаи истироҳату солимгардонии наврасону ҷавонон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов имрӯз ба макони истироҳату фароғат ва дӯстии мактабиёни на танҳо вилоят, балки ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар табдил ёфтааст.
Ҳангоми яке аз сафарҳои корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба сокинони заҳматкаши ноҳия муроҷиат карда, гуфта будам, ки «акнун вазифае, ки дар назди кишвар ва халқамон қарор дорад, таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва зина ба зина беҳтар кардани рӯзгори мардум мебошад. Ин вазифаи бисёр душвор ва мураккаб аст. Ба хотири иҷрои ин вазифа мо бояд аҳлонаву содиқона кор кунем, заҳмат кашем ва рӯзгорамонро боз ҳам беҳтару осуда гардонем. Мо ҳамчунин вазифадорем, ки ба масъалаҳои илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар барои наврасону ҷавонон, яъне фарзандонамон шароити зарурӣ муҳайё кунем».
Имрӯз ба назди шумо омада, бори дигар эҳсос кардам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳия сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро самимона дастгирӣ мекунанд ва бо дасту дили гарм барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии худ бисёр амалҳои соҳибкорӣ ва  хайру ободкоронаро ба анҷом расонида, ноҳияро хеле хурраму сарсабз кардаанд.
Нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия қонеъкунанда буда, пешрафти аксари соҳаҳо таъмин гардидааст. Илова бар ин, дар натиҷаи ислоҳоти замин, ки дар ноҳия бомаром амалӣ шуда истодааст, вазъи соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории истеҳсолӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар раванди корҳои ободонӣ ва созандагӣ солҳои охир дар ноҳия биноҳои нави прокуратура, идораи нозироти андоз, корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, корхонаи ордбарорӣ, ду чойхонаи миллӣ, муассисаҳои таълимӣ, дармонгоҳу кӯдакистонҳо ва чандин иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки тибқи супориши Президенти мамлакат имрӯз ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон дар саросари кишвар ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ рӯ овардаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ба масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ, дӯзандагию сӯзанидӯзӣ ва кашидадӯзӣ эътибори хоса зоҳир мегардад.
Зарур аст, ки дар соли 2015, яъне Соли оила ба ин масъала, аз ҷумла тавассути ташкил намудани марказҳои таълимиву истеҳсолӣ эътибори ҷиддӣ дода, занону духтарон, махсусан бонувони хонашин ҳарчи бештар ба омӯзишу таълим фаро гирифта шаванд. Иқдоми мазкур яке аз роҳҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади шаҳрвандон ва беҳтар гардонидани вазъи молиявии онҳо ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани фазои орому осудаи оилаҳо мебошад.
Хурсандиовар аст, ки дар ноҳия ба соҳаи варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад. Мо имрӯз бо паҳлавонони номии кишвар, ки дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро боло бардошта, кишвари моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд, ифтихор мекунем.
Инчунин, варзишгарони ноҳия танҳо дар соли 2014 сазовори даҳҳо медалу ҷоизаҳои мусобиқоти вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ гаштаанд. Итминон дорам, ки ин раванди нек минбаъд низ идома меёбад, зеро барои ин дар ноҳия ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд.
Бояд зикр намоям, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соҳаи фарҳангу  санъат ҳам ҳунармандони маҳбубро ба камол расонидааст, ки хизмати онҳо дар рушди санъати миллии халқи тоҷик, аз ҷумла дар тарбияи ҷавонони санъатдӯст арзанда мебошад.
Фарҳанг, ки таҷассумкунандаи оину суннат ва анъаноти неку писандидаи ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбад ва мардуми моро ҷаҳониён маҳз бо ҳамин фарҳанги ҷаҳоншумулаш мешиносанду арҷ мегузоранд, имрӯз низ дар тарбияи маънавии ҷомеа арзиши баланд дорад.
Ҳанӯз ҳазор сол қабл аз ин сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бесабаб мардумро барои рӯ овардан ба фарҳанг даъват накарда буд:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ!

Воқеан, рушди фарҳанги миллӣ, илму маърифат ва омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир яке аз шартҳои муҳимтарини расидан ба қуллаҳои баланди тараққиёт ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо мебошад.
Имсол дар кишварамон бузургдошти 700 - солагии мутафаккири Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000-солагии Ҳисори шодмон ҷашн гирифта мешаванд, ки ин чорабиниҳои бузург дар тарбияи фарҳангии шаҳрвандон ва хусусан наврасону ҷавонон, бешубҳа, нақши муҳим хоҳанд бозид.
Чорабинии имрӯзаи мо баъди мулоқот бо зиёиёни кишвар дар    пойтахти Ватанамон – шаҳри Душанбе оғозгари чорабиниҳои наврӯзии имсола мебошад. Ба ин муносибат бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирони гиромӣ ва меҳмонони ҷашни Наврӯзи байналмилалиро, ки қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни Соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абурайҳони Берунӣ «пешонии сол аст», самимона шодбошу таҳният менамоям. Ба шумо ва хонадони ҳар яки шумо, ба хонадони тамоми мардуми шарифи кишвар сарсабзии наврӯзӣ ва саодати ҳамешагӣ, барору комёбӣ, хайру баракат ва ваҳдату осоиш орзу менамоям.
Дар охир, пешниҳод мекунам, ки ин кохи фарҳангӣ, ки дар оғози ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, «Гулистон» номгузорӣ шавад.
Бигзор, ин маркази зебои фарҳангӣ солҳои сол ба мардуми ноҳия ва меҳмонони он дар баргузор намудани чорабиниҳои идона, ҷашну маросимҳои мардумӣ ва  таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ хизмат намояд.
Бори дигар наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.03.2015    №: 61-65    Мутолиа карданд: 483

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед