logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъйин намудани аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мутобиқи моддаҳои 49 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шахсони зерин аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таъйин карда шаванд:
Раҳимӣ Фарҳод – президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сафарзода Хайрулло Амиралӣ – директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун»;
Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна – муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникии шаҳрии № 1 ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
Бобобекова Меҳринисо – раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ»;
Ҷошбаев Мурзабай Абилакимович – раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
Насимов Абдурасул Нишанкулович – раиси Ҷамоати деҳоти «Фрунзе» - и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 марти соли 2015, № 426


РАҲИМӢ Фарҳод 19 сентябри соли 1968 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси физик, физик - омӯзгор бо дипломи аъло хатм кардааст. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ шурӯъ намуда, сипас дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳодисаҳои дохилиядроӣ, ки ба ҳаракати спинии электронҳо алоқамандӣ дошт, машғул гардида, соли 1995 рисолаи илмиашро пеш аз муҳлат дифоъ намудааст.
Аз соли 1995 то соли 2000 ба ҳайси муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва докторанти ҳамин донишгоҳ фаъолият намуда, таҳқиқоти илмиашро дар Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии шаҳри Дубнаи Федератсияи Русия идома дода, рисолаи докториро дифоъ ва унвони илмии доктори илмҳои физика ва математикаро соҳиб гардидааст.
Солҳои 2001 - 2005 ҳамчун сардори раёсати ҳамоҳангсозӣ ва ояндабинии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2005 - 2006 дар мансаби муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2006 то декабри соли 2013 муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 декабри соли 2013 Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъйин шуд.
Муаллифи 4 монография, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад.
Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм бо ҷоизаи давлатӣ ба номи Исмоили Сомонӣ ва ордени Шараф дараҷаи 2 сарфароз гардидааст.
Соли 2012 аз рӯи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи ҷоизаи байналмилалии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи «Илм ва технология» гашт.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


САФАРЗОДА Хайрулло 28 марти соли 1962 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1985 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис - бинокор хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ҳамчун муҳандис - диспетчери трести «Данғараводстрой» оғоз намуда, давоми солҳои 1986 - 2012 дар вазифаҳои усто, муҳандиси калон, директори корхонаи муштараки «Ориёно», директори корхонаи муштараки «СП-ВТ-силк Данғара»-и ноҳияи Данғара, сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2010 – 2012 раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон буд.
Аз 5 январи cоли 2012 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии «Роғун» таъйин шуд.
Соли 2009 бо мукофоти давлатии ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


АМИНҶОНОВА Саодат Сайфинаҷотовна 19 сентябри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1999 филиали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси кори табобатӣ - духтури табобатчӣ хатм намудааст. Номзади илмҳои тиб мебошад.
Фаъолияти кории худро соли 1999 аз ассистенти кафедраи касалиҳои дарунии бистарии филиали Хуҷандии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оғоз намуда, давоми солҳои 2004 то 2014 дар вазифаҳои духтур - ординатори шуъбаи касалиҳои дарунии беморхонаи клиникавии № 1 - и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Суғд кор кардааст.
Аз моҳи декабри соли 2014 иҷрокунандаи вазифаи муовини сартабиб оид ба корҳои муолиҷавии беморхонаи клиникавии № 1 - и ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


БОБОБЕКОВА Меҳринисо 19 январи соли 1950 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст.
Фаъолияти кории худро соли 1966 аз сарпионервожатии мактаби миёнаи № 3 шаҳри Панҷакент оғоз намуда, давоми солҳои 1967 то 2004 дар вазифаҳои корманди илмии институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари хизматӣ дар Афғонистон, муаллимаи мактабҳои № 3 ва № 41 - и шаҳри Душанбе, коршиноси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, муҳаррири шуъбаи маҷаллаи «Фирӯза», мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо мамолики хориҷӣ, мутахассиси Хазинаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастрасии занон ба моликият кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ», мебошад.
Соли 2011 бо мукофоти давлатии ордени «Шараф» сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


ҶОШБАЕВ Мурзабай Абилакимович 7 декабри соли 1966 дар ноҳияи Мурғоб таваллуд шудааст. Миллаташ қирғиз, таҳсилоташ олӣ, соли 1992 Донишгоҳи кишоварзии шаҳри Волгогради Федератсияи Русияро бо ихтисоси зооинжинер хатм кардааст.
Фаъолияти кории худро соли 1983 дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мурғоб оғоз намуда, давоми солҳои 1985 – 2011 дар вазифаҳои сармутахассиси агентии омор, сардори агентии омор, сарзоотехники идораи кишоварзӣ, сардори раёсати кишоварзӣ ва муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор намудааст.
Аз моҳи январи соли 2011 раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.


НАСИМОВ Абдурасул Нишанкулович 24 октябри соли 1970 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 2007 донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Фаъолияти кории худро соли 2002 аз мудири анбори сӯзишворӣ ва равғанҳои молидании Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Иттифоқ»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ оғоз намуда, давоми солҳои 2007-2014 дар вазифаҳои раиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Иттифоқ» ва раиси Кооперативи истеҳсолии «Нишон»-и Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кор кардааст.
Аз моҳи майи соли 2014 Раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.2015    №: 66    Мутолиа карданд: 785

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед