logo

ҳуқуқ

НАЙРАНГҲОИ САОДАТ ШАРИФЗОДА

• Умедвор будем, ки дар суд ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Вале баръакси ҳол шуд.
• …«туъмаи қаллобиҳои Саодат Шарифзода» танҳо мо нестем. Чанд каси дигар ба доми тазвири ӯ афтодааст.

Ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта, баробари тағйири замон ва ё гузариш ба сохти нав мо ба фаъолияти соҳибкорӣ пардохтем. Ба ин манзур дар асоси қонунҳои амалкунанда мағозаи аз фаъолият бозмондаи «Ситора» - ро дар маркази шаҳри Хуҷанд хусусӣ кардем. Ин иқдом агар аз як сӯ ба роҳ мондани фаъолияти бозоргонии мо буд, аз сӯи дигар дар таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулот ва баровардани ниёзҳои зарурии харидорон хидмат мекард.
Нақшаву барномаҳои корамон бо маром дар ин самт идома дошт, вале баъд аз як тараҳҳуми некхоҳона корҳои тиҷоратии мо печида гардид. Ба нафаре хайрхоҳӣ кардему ба доми фиреб афтодем. Масъала ин аст, ки соли 1997 сокини шаҳри Хуҷанд бо номи Саодат Шарифзода омада, аз мо хоҳиш кард, ки дар ҳамин мағоза гӯшае барояш ҷудо кунем, то ба савдо машғул шавад. Ноогоҳона хоҳиши ӯро ба ҷо овардем, вале аз ниятҳои ғаразноки ӯ ғофил мондем. Барояш ҷойи муносиби савдо ҷудо карда худро ба дарди сар гирифтор намудем. Ӯ баъд аз чанд вақти фаъолияти иҷоравӣ, фикри соҳибии ин мағозаро карда, оҳиста - оҳиста моро ба доми фиреб кашид.
Ӯ дар пайи амалӣ намудани нақшаҳояш (соҳибӣ кардан ба мағозаи «Ситора») ба мо қавл дод, ки дар иваз барои пайдо намудани нуқтаи мувофиқе аз ягон гӯшаи шаҳр ба мо мусоидат мекунад. Ба ӯ бовар кардем. Вале ин ҳама назарфирибие беш набудааст. Ногуфта намонад, ки вай ба мо мағозаи «Олами бачагон» - ро аз маркази савдои «Нур», «Маслиҳатгоҳи занона» - и шаҳр ва ҳатто қитъаи заминро аз назди тарабхонаи «Дӯстмуҳаммад» - у «Арт-галлерея» пешниҳод мекарду вақтро кашол медод.
Дертар бошад, қаллобию фиребгарии Саодат Шарифзода боз ҳам рӯшантар гардид. Соли 2004 мо дар назди МТМУ №6, гимназияи «Ганҷ» - ро таъсис додем. Ваъда дод, ки ба ивази мағозаи «Ситора» барои хусусгардонии бинои мувофиқ аз маркази шаҳр, ки тибқи қонун барои хусусигардонӣ пешбинӣ шудааст,  кӯмак мекунад. Лекин чун мағозаи «Ситора» - ро   шарикам Ҳасанов Муродҷон бо розигии худ  ба номи ман (Файзулло ФАЙЗИЕВ)  гузаронд, боз ҳам найрангҳои Саодат Шарифзода   идома ёфтанд.
Вақте аз ваъдаҳои беиҷрои Саодат Шарифзода дилгир шуда, ба ӯ бовар намонд, хоҳиш кардем, ки мағозаро холӣ кунад. Ӯ дар ҷавоб бешармона гуфт: «Ин мағоза аз ман аст ва онро холӣ намекунам!»…
Моро ба ҷуз муроҷиат кардан ба мақомоти дахлдор илоҷе намонд. Аз ШВКД шаҳри Хуҷанд сар карда, то Раёсати корҳои дохила ва прокуратураи вилоят арз кардем. Мутаассифона, ба ҷои қаллобро ба ҷавобгарӣ кашидан, ҷавоби расмӣ ирсол карданд, ки: «Дар таркиби амали Саодат Шарифзода ягон аломати ҷиноят дида намешавад!».
Тавсия доданд, ки ба суд муроҷат кунем. Умедвор будем, ки дар суд ҳақро ба ҳақдор мерасонанд. Вале баръакси ҳол шуд. Барои он ки суханонам беасос набошанд, аз ҳалномаи суди шаҳри Хуҷанд, 22 ноябри соли 2013, иқтибос меорем:
«Даъвои Файзиев Файзулло Мамадҷонович бо ҷавобгарии Саодат Шарифзода, Шарипова Каромат Абудваҳҳобовна, Ғафурова Наимахон Абдусатторовна, Ғафурова Фарида Абдусатторовна, Исмоилов Акбар Эгамбердиевич  ва Дадобоев Бахтиёр бо талаботи даъвогӣ дар бораи кӯчонидан аз мағоза бе додани манзили истиқоматии дигар рад карда шавад.
Даъвои муқобилии Саодат Шарифзода бо ҷавобгарии Файзиев Файзулло Мамадҷонович, Ҳасанов Мурод Иброгимович бо талаботи даъвогӣ дар бораи боэътибор донистани шаҳодатномаи соҳибмулкӣ ва шартномаи ҳадя, боэътибор донистани шартномаи иҷора ва эътирофи ҳуқуқи моликият ба қисми бинои мағоза қонеъ карда шавад...».
Суди шаҳри Хуҷанд дар ҳайати раисикунанда У. Мустафоқулов ҳангоми қабули ҳалнома кадом санадҳои ҳуқуқиро асос гирифтааст, барои ҳуқуқшиносон комилан нофаҳмост.
Ёдовар мешавем, ки «туъмаи қаллобиҳои Саодат Шарифзода» танҳо мо нестем. Чанд каси дигар ба доми тазвири ӯ афтодааст.  Масалан, Саодат Шарифзода моҳи июли соли 2012  ба шаҳрванд У. Н. Носиров бардурӯғ худро соҳибмулки КСМ №6  ноҳияи Ҷаббор Расулов муаррифӣ кардаасту тариқи сохта иддао намудааст, ки мехоҳад узели бетонтайёркуниро чун оҳанпора фурӯшад. Ҳол он ки вай роҳбари корхона набуда, танҳо бо роҳи ҷустуҷӯ он узели бетониро пайдо кардааст. Ҳанӯз ҳуҷҷати ғайридавлатикунониаш тайёр нашуда, бо роҳи фиреб ба роҳбари КСМ №6 М. Тоҷибоев гуфтааст, ки «ҳуҷҷати хусусишавии узели бетонӣ» - ро дар Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об тайёр кардааст.
Ҷонибҳо узели бетонтайёркуниро ба маблағи 101,850 сомонӣ савдо мекунанд ва дертар ин миқдор маблағро аз У. Н. Носиров гирифта бошад ҳам, маблағи корхонаро, ки 51 ҳазору 410 сомонӣ аст, пардохт накардааст. Ҳамзамон маълум гардид, ки Саодат Шарифзода ягон хел ҳуҷҷати хусусигардониро оид ба узели бетонӣ надорад. Роҳбари корхона М. Тоҷибоев барои рӯёндани ин миқдор маблағи корхона ба қавле «шири аз модар хӯрдааш ба даҳонаш омад» - у ахиран маҷбур шуд, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунад.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Саодат Шарифзодаи қаллобро ба ҳабс гирифтанд ва ӯ то рӯзи баргузории мурофиаи судӣ паси панҷара менишаст. Барои исботи гуфтаҳоямон боз ҳам иқтибосеро аз ҳалномаи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз 20 феврали соли 2013 – ум, меорем:
«…Аз маводҳои парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, ки судшаванда Саодат Шарифзода аз 16 январи соли 2013 то имрӯз дар ҳабси пешакӣ нигоҳ дошта шудааст… Бо дастрасии моддаҳои 332, 333, 334, 335, 336, 338, 339, 341, 342, 343, 344 ва 351-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳукм кард:
Саодат Шарифзода бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ мувофиқи ҳамин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1500  (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, 60 (шаст) ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли фаъолияти муайян (соҳибкории инфиродӣ) ба муҳлати 2 сол таъйин карда шавад.
Чораи пешгирӣ нисбат ба Шарифзода Саодат Абдуваҳоббовна дар намуди нигоҳ доштан дар ҳабс бекор карда шуда, охирон аз толори суд озод карда шавад…»
Тавре ки дар урфият мегӯянд, «он чи аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Аммо, ҳайратовар он аст, ки Саодат Шарифзода бо кадом роҳ бошад, ба мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорони ҷавон роҳ ёфт. Воқеан, суд зинаи охирини барқарор намудани адлу инсоф аст. Аниқтараш, мардум барои додхоҳӣ ба ин даргоҳ меоянду дар бархе мавридҳо ноумед мешаванд. Зеро пӯшида нест, ки на ҳамаи судяҳо ва ё кормандони судҳо ба дарди мардум бархӯрди қонуниву муносиб нишон медиҳанд. Нороҳатии мо аз ин аст, ки суди шаҳри Хуҷанд ҳукми ноодилона баровардаасту суди вилоятӣ ба ҷои пуштибони ҳақиқату адолат шудан, зерсохтори худро ҳифз карда, ҳукмро «одилона» мегӯяд. Агар имрӯз таъмини адолату ҳақиқат чунин бошад, пас эътимоди мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба салоҳияту беғаразии  онҳо то куҷо боқӣ мемонад.

Файзулло ФАЙЗИЕВ,
сокини шаҳри Хуҷанд,
Мақсудҷон БОЛТУЕВ,
сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


PS: Хабарнигорони мо дар вилояти Суғд ҷиҳати омӯзиши масъла ва рӯшан намудани нукоти матлаб бо судяҳои суди шаҳри Хуҷанд Шуҳратзода Улуғбек ва Раҳимзода Хусрав, ки парвандаро дар мурофиаи судӣ баррасӣ карданд, вориди гуфтугӯ шуданд.
Судя Шуҳратзода Улуғбек зимни суҳбат арз кардааст, ки  баҳси ба миёномада бар асоси талаботи қонунгузорӣ баррасӣ шудааст. Дар эълони ҳукми суд низ амали хилофи қонун дида намешавад. Дар ҳамин ҳол, Хусрав Раҳимзода, судяи дигари шаҳри Хуҷанд бо ибрози ин нукта, ки масъалаи мавриди назар ба манфиати давлат ҳал шудааст, аз шарҳи бештар худдорӣ кардааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.04.2015    №: 69    Мутолиа карданд: 1214

03.05.2019


 ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲОИ СОХТОРҲОИ ГЕОЛОГИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕ-КИСТОН

 МУЛОҚОТИ ИСМАТУЛЛО НАСРЕДИН БО МЕҲР ХОЛИД

 ФИЛМИ «ТАНГНО» АЗ ҚАЗОН БО ҶОИЗА БАРГАШТ

 ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТОРИ НИЗОМИ ПАРДОХТӢ

 ЁВОН. БУНЁДИ 341 ИНШООТ ТО ҶАШНИ ФАРХУНДА

 ВАРЗОБ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ЗЕБОТАР ХОҲАД ШУД

 ОЛМОН ЗИДДИ ВУРУДИ НИЗОМИЁН БА ВЕНЕСУЭЛА

 ДАР ҲИНДУСТОН АЗ ХАТАРИ ТУНДБОДИ «ФАНИ» БЕШ АЗ 800 ҲАЗОР НАФАР КӮЧОНДА ШУД

 ПАРЛАМЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН КОРКАРДИ КОНҲОИ УРАНРО БОЗДОШТ

 ДАР ТУРКМАНИСТОН НАРХИ ЧИПТАИ ҲАВОПАЙМОҲО ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ТУРКИЯ СЕЮМ КИШВАРИ САБЗТАРИНИ ДУНЁ ЭЪТИРОФ ШУД

02.05.2019


 Ҳадияи раиси шаҳр ба ифтихори 74 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

 Мулоқоти Хусрав Нозирӣ бо Муҳаммад ибни Абдураҳмон

 Баррасии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар кишвар

 ҶОМИ КФО. Пирӯзии «Истиқлол» бар «Дордой»

 Баргузории мизи гирд доир ба дипломатияи мардумӣ дар Тошканд

 Ҷонибҳои тақобули Сурия қисме аз масоили баҳсиро ҳал намуданд

 ЮНИСЕФ: "Беш аз 2 миллион нафар мардуми Ангола аз хушксолӣ дар азоб аст"

Дар Ҷопон давраи нави Рэйва оғоз ёфт

 Ҷаҳон дар як сатр

01.05.2019


Ноболиғони тоҷик ба Ватан баргардонда шуданд

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҳамад Солим

Рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар матраҳ гардид

Се собиқадори тоҷик дар паради Ғалаба дар Москва ва Санкт - Петербург ширкат мекунанд

Дар Венесуэла исён зидди ҳукумат бебарор анҷом ёфт

Дар Либия 345 нафар қурбони бархӯрди мусаллаҳона гашт

Истеҳсоли рекордии чой дар Кения

Дар Париж ба барҷастатарин занҳои олим арҷгузорӣ намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед