logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 1997 «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, мод.160; с. 2002, №4, қ.1, мод. 167; с. 2003, № 12, мод. 699) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 9 калимаҳои «ҳамчунин корхонаҳо оид ба нигаҳдошти партовҳои радиоактивӣ, ба калимаҳои «корхонаҳо оид ба нигоҳдошти партовҳои радиоактивӣ, инчунин амволи нерӯгоҳи барқи обии «Норак», нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» иваз карда шаванд.
2. Ба Қонун моддаҳои 141 ва 142 бо мазмуни зайл ворид карда шаванд:
«Моддаи 141. Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта дар сармояи оинномавӣ
Фурӯши бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии зерин дар асоси озмун мутобиқи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ анҷом дода мешавад:
-ҷамъиятҳои саҳомие, ки хусусигардонии онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
-ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок ё инҳисориро (монополиро) ишғол мекунанд;
-ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Хусусигардонии ҷамъиятҳои саҳомие, ки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд, бо шарту ӯҳдадориҳои муайяни сармоягузорӣ ва ё иҷтимоие, ки бояд аз ҷониби харидор иҷро карда шаванд, амалӣ карда мешавад.
Фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар ҳолате амалӣ карда мешавад, ки ҳаҷми саҳмияҳои харидашаванда ба харидор имконияти идораи самараноки ҷамъияти саҳомиро таъмин намояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои тибқи шартҳои озмун қабулкарда зарур аст.
Моддаи 142. Ҳуқуқи махсус («саҳмияи тиллоӣ»)
Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муҳими стратегии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми табдил додани корхонаҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ё қабули қарор оид ба фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ нисбати онҳо оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи зикргардида қарор қабул намояд (ҳуқуқҳои махсус –«саҳмияи тиллоӣ»).
Номгӯи ҷамъиятҳои саҳомии кушодае, ки дар онҳо ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») татбиқ мегарданд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор оид ба истифодаи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») намояндаи худро дар Шӯрои директорони ҷамъияти саҳомии кушода таъин менамояд ва ин ҳуқуқ бояд дар Оинномаи ҷамъияти саҳомии дахлдор пешбинӣ карда шавад.
Ҷамъияти саҳомие, ки нисбати он қарор дар бораи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») қабул гардидааст, ӯҳдадор аст, ки дар бораи мӯҳлати баргузории маҷлиси умумии саҳмиядорон ва рӯзномаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи давлатро хабардор намояд.
Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба дорандаи худ –Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти қабули қарори маҷлиси умумии саҳмиядорон ҳуқуқи манъкуниро нисбат ба ҳалли чунин масъалаҳо медиҳад:
-оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва ё тасдиқи Оинномаи ҷамъияти саҳомӣ дар таҳрири нав;
-оид ба азнавташкилдиҳии ҷамъиятӣ саҳомӣ;
-оид ба барҳамдиҳии ҷамъиятӣ саҳомӣ;
-оид ба бастани аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки нисбати онҳо манфиатдорӣ дар анҷоми аҳд вуҷуд дорад ва тибқи Оиннома розигии маҷлиси умумии саҳмиядоронро талаб менамоянд;
-дар ҳолати қабули қарорҳое, ки барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти калон доранд.
Мақоми ваколатдор, ки давлатро муаррифӣ менамояд, ҳуқуқ дорад аз нигоҳдорандаи феҳристи қоғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомӣ, ки дар он давлат ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») дорад, дар бораи номгӯи соҳибмулкони коғазҳои қиматноки ҷамъияти саҳомии дар феҳристи мазкур бақайдгирифташуда оид ба миқдор, намуд ва арзиши номиналии қоғазҳои қиматнок маълумот гирад.
Қарор оид ба қатъи ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») то қабули қарор оид ба қатъи он амал менамоянд.
Дар як вақт вобаста намудани саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ ба моликияти давлатӣ ва нисбати ҳамин ҷамъияти саҳомӣ истифода бурдани ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») манъ аст. Ҳуқуқҳои махсус («саҳмияи тиллоӣ») ба саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки нисбати онҳо қарор оид ба истифодаи ҳуқуқи мазкур қабул гардидааст, иваз карда намешаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 497


Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 феврали соли 2009, № 1248


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009,  № 605


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 783

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед