logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 3, мод. 55; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 2001, № 7, мод. 475; с. 2003, № 8, мод. 452) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд
Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷие дониста мешаванд, ки дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат ба расмият даровардашуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст, бошанд.
Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи гувоҳномаи иқоматро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар асосҳои қонунӣ қарор доранд, истиқоматкунандагони муваққатӣ ҳисобида мешаванд. Онҳо ӯҳдадоранд, ки дар муддати 3 шабонарӯз аз рӯзи омаданашон бо тартиби муқарраргардида, шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гузоранд ва дар сурати гузаштани мӯҳлати муайяни иқомат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд.
Қоидаҳои бақайдгирӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
2. Ба моддаи 7 қисмҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, амалӣ мегардад.
Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва намунаи варақаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
3. Қисми якуми моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, метавонанд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.»
4. Дар моддаи 25:
-қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:«Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди рафтан, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тарк менамоянд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Дар сурати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад. Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.»;
Қисмҳои дуюм ва сеюм мутаносибан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
5. Дар қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои «Вазорати амнияти» ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                 Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 500


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2008, № 1202

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 594


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 765

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед