logo

ҳуқуқ

ҚИМОРБОЗӢ: ХИСОРОТИ МИЁНШИКАН

Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки имрӯзҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ғайриқонунӣ машғул шудани шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони алоҳида ба ташкил ва нигаҳдории қиморхонаҳо (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ мебошад. Ин падидаи номатлуб махсусан дар ҷойҳои серодами ба бозор ва нуқтаҳои савдо ҳамшафати манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ бештар ба назар мерасад.
Мутаассифона, ин гуна шахсон талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” - ро дағалона вайрон менамоянд. Новобаста аз он ки соли 2013 бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ Вазорати молияи кишвар 33 иҷозатномаи (литсензия) шахсони воқеӣ ва шаҳрвандони алоҳидаи ба чунин фаъолият машғулбударо бекор карда бошад ҳам, онҳо то имрӯз аз ин намуди фаъолият даст накашидаанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан прокуратура баҳри ошкор ва барҳам додани чунин нуқтаҳо тадбирҳои муассир андешида, дар ин самт муборизаро пурзӯр намудааст. Бо вуҷуди ин, то ҳол шаҳрвандоне, ки даст ба чунин амали зишт мезананд, кам нестанд.
Хотирнишон месозем, ки аз соли 2009 инҷониб ба моддаи 240 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ташкил ё нигаҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид гардида, аз 6 то 8 сол ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҳамчунин, дар моддаи 465 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин кирдор ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ва мусодираи амвол муқарар гардидааст.
Бо назардошти ҳамин ҳолатҳо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҷумлаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ созмон додани гурӯҳи кории доимоамалкунанда интишор шудааст. Ин гурӯҳи корӣ дар муддати кӯтоҳи фаъолияташ теъдоди зиёди чунин қонуншиканиҳоро ошкор ва чораҷӯӣ намудааст.
Бояд гуфт, ки танҳо дар Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, кӯчаи Сомонӣ, гурӯҳи корӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи мазкур дар рафти як амалиёт 11 адад чунин нуқтаҳоро ошкор намуд, ки зиёда аз 400 автомати бозиро мавриди истифода қарор дода буданд. Ҳамин нуқтаҳо дар дигар маҳалҳои серодам низ ошкор гардида, мавриди санҷиш ва чораҷӯӣ қарор гирифтанд. Санҷишҳо муайян намуданд, ки дар ин нуқтаҳо бештар ҷавонон ва наврасони синни мактабӣ ба бозӣ ҷалб карда мешаванд.
Шаҳрвандоне, ки ҳангоми гузарондани амалиёт ба қиморбозӣ машғул буданд, оид ба бохтани маблағҳои калони пулӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ, мол, ашё, автомашина, манзили истиқоматӣ ва ғайраҳо арз намуда, таъсири онро ба маводи нашъаовар баробар ҳисобиданд. Масалан, сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон А. Раҷабов, ки ҳангоми гузарондани санҷиш ба қиморбозӣ машғул буд, ташаббуси мақомоти прокуратураро дар ин самт шоёни таҳсин хонд. Мавсуф изҳор намуд, ки аз соли 2008 ба ин намуди бозӣ машғул буда, мисли бемори нашъаманд аз он дил канда наметавонад. Ӯ ҳатто ба духтурон муроҷиат намудааст, ки табобат гирифта, аз ин дард халос шавад. Вале пизишкон ба ӯ гуфтаанд, ки ин беморӣ табобатнашаванда аст.
Ҳамин тавр, А. Раҷабов ба соҳибкорӣ машғул шуда, тамоми даромадашро бо ҷамъи як хонаи истиқоматӣ, 4 автомашина ва 40 ҳазор доллари аз рафиқонаш қарзгирифта, дар маҷмӯъ 240 ҳазор доллари амрикоӣ бохта, дар муддати 7 сол ҳамагӣ як маротиба 28 ҳазор сомонӣ бурд кардааст. Сокини ноҳияи Восеъ Х. Шомуродов низ аз ин иқдоми мақомоти прокуратура изҳори хушнудӣ намуда, бо таассуф гуфт, ки дар ин гуна бозиҳо 200 ҳазор долларро бохтааст.
Таъкид менамоем, ки чунин қонуншиканиҳо ба ҷамъият хавфи калон дошта, барои содир шудани дигар ҷиноятҳо, назири паҳн намудани маводи нашъаовар, дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, авбошӣ, қасдан барнагардондани маблағҳои қарзи бонкӣ, ба амал омадани низоъ байни оилаҳо ва шаҳрвандони алоҳида, ҳатто одамкушӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳолати дигари ташвишовар он аст, ки ин намуди фаъолияти ғайриқонунӣ ба зиёд шудани сатҳи камбизоатии мардум оварда мерасонад.
Мақомоти прокуратура дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ минбаъд низ, то пурра аз байн бурдани ин падидаи номатлуб, муборизаи беамон мебарад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки аз ташриф овардан ба чунин нуқтаҳо худдорӣ намоянд ва баҳри решакан намудани онҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ёрии беғаразонаи худро расонанд.

Сафаралӣ НУРАЛИЗОДА,
муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунгузории андоз ва гумруки
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.2015    №: 71    Мутолиа карданд: 690

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед