logo

ҳуқуқ

БАХТ ТАВАССУТИ ОИЛА БА ДАСТ МЕОЯД

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 январи соли 2015, ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла гуфт: «Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад».

Ҳар чи зудтар ба роҳ мондани курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба манфиати аҳли ҷомеа хоҳад буд. Зеро мо - судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ мебинем, ки яке аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ниҳоят паст будани сатҳи маърифати оиладорӣ мебошад. Сабаби дигари пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд. Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Соли сипаришуда маҳз бо сабабҳои зикршуда, бо қарори суди шаҳри Ваҳдат 151 ақди никоҳ бекор шудааст.
Судяҳо ва кормандони суди шаҳри Ваҳдат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ақди никоҳи ҷавонон бекор нагашта, оилаҳо барҳам нахӯранд. Маҳз дар натиҷаи чораҳои бо қонун пешбинишуда дар соли 2014 - ум 309 оила вайрон нашуда, ҷавонон ҳаёти хушбахтонаи оилавиро аз сар гирифтанд.
Мо - кормандони мақомоти судӣ, ҳангоми баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҷавононро дар рӯҳияи барпо намудани оилаи солим ва соҳиби фарзанди солим шудан тарбия намуда, ба онҳо мефаҳмонем, ки бекоршавии ақди никоҳ ба кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Ёдрас менамоем, ки ниёгонамон бо мақсади гарду ғубор нагирифтани боғи оиладорӣ онро чун гавҳараки чашм тозаву озода нигоҳ медоштанд. Ҷавононро бо паҳлуҳои нозуки оиладорӣ шинос карда, пастию баландиҳои зиндагиро мефаҳмонем.
Пас аз таъкиди Сарвари давлат дар бораи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздик шубҳае нест, ки ақди никоҳ пас аз муоинаи ҳатмии тиббӣ баста шуда, солимии ҷомеа таъмин мегардад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, роҳбарияти суди шаҳри Ваҳдат баъди дар матбуот нашр шудани Паёми Президент нақшаи чорабиниҳоро доир ба тарбияи оилаи солим, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ ва никоҳи хешовандони наздик таҳия ва тасдиқ карда, судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳро вазифадор намуд, ки дар ин замина корҳои ташвиқотиву тарғиботиро хубтар ба роҳ монанд.
Аз ин хотир, мо - судяҳо ба мардум бо дарки масъулият мефаҳмонем, ки дар асл одоби оиладорӣ муаммои нав набуда, барои тамоми давру замон мавзӯи муҳим ба шумор меравад. Адибону файласуфон ва олимон аҳамияти онро хуб дарк намуда, дар бораи нозукиҳои оиладорӣ осори зиёде ба мерос гузоштаанд. Яке аз мутафаккирони маъруфи ҷаҳони ислом имом Муҳаммади Ғаззолӣ ҳанӯз дар асри ХI дар бораи никоҳ, оиладорӣ ва тарбияи фарзанди солим андешаҳои худро баён карда, таъкид намуда буд, ки бахт тавассути оила, хулқу атвори нек ва тарбияти хуб ба даст меояд.
Бо чунин барнома имрӯз судяҳи суди шаҳри Ваҳдат дар ҷамоатҳои деҳот, корхона ва ташкилоту муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар як вақт аз таҷрибаи судии бекоршавии оилаҳои ҷавон мисолҳо оварда, ҷавононро дар рӯҳияи неку муқаддас нигоҳ доштани оила тарбия менамоянд. Итминони комил дорам, ки мо - кормандони ҳифзи ҳуқуқ якҷо бо халқи шарифи Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар бунёди оилаи солим саҳми арзанда мегузорем.

Бахтиёр ХОЛИҚОВ,
муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.2015    №: 71    Мутолиа карданд: 737

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед