logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994, №23-24, мод. 462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, № 4, мод. 62; с. 1998, № 10, мод.119; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 161; с. 2003, № 4, мод. 142; с. 2008, № 6, мод. 452) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаи «Фасли» ба калимаи «Боби» иваз карда шуда, рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
-дар номи модда ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд;
-сархати сеюми банди «а)» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фақулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо, коркунони прокурорию тафтишотии мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо»;
-дар сархати чорум калимаҳои «ин ашхос» ба калимаи «онҳо» иваз карда шаванд.
3. Дар матни моддаи 4 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи «нашъадори» ба калимаи «нашъаовари» иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои «назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
-дар қисми якум ва тамоми матни Қонун калимаҳои «қисми аввали моддаи 1-уми» ба калимаҳои «қисми якуми моддаи 1» иваз карда шаванд;
-банди «а)» қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
«а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судя ва дар мақомоти прокуратура, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд;».
5. Дар моддаи 11:
-дар номи модда калимаи «Вазоратҳое» ба калимаи «Мақомоте» иваз карда шавад;
-дар банди «в)» қисми якум калимаҳои «Вазорати амнияти» ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» иваз карда шаванд;
-дар банди «г)» қисми якум калимаҳои «Кумитаи гумруки» ба калимаҳои «Хадамоти гумруки» иваз карда шаванд;
-банди «е)» қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон –нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агентӣ ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;»;
-ба қисми якум бандҳои «з)» ва «и)» дар таҳрири зайл илова карда шаванд:
«з) аз тарафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон –нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;
 «и) аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо.»;
-дар қисми дуюм калимаҳои «воҳидҳои полиси андоз» ба калимаҳои «воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 13:
-дар банди «а)» калимаҳои «воҳидҳои полиси андоз» ба калимаҳои «воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
-дар банди «б)» баъд аз калимаҳои «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.».
7. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «мақомоти дохилӣ» ба калимаҳои «мақомоти корҳои дохилӣ» ва калимаҳои «воҳидҳои полиси андоз» ба калимаҳои «воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шаванд.
8. Аз номи моддаи 19 калимаи «бинобар» хориҷ карда шавад.
9. Ба банди «б)» қисми сеюми моддаи 29 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун рақамҳои «60» ба «63» ва «55» ба «58» иваз карда шаванд.
10. Ба матни моддаи 43 баъд аз калимаҳои «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд.
11. Матни моддаи 50 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинигардида ва аҳли оилаи онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби таъин кардан ва пардохтани нафақаҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардаанд, амалӣ мегардонанд.».
12. Дар қисми якуми моддаи 51 калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутаносибан ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, баъд аз калимаи «Прокуратураи» калимаи «генералии» илова карда шавад.
13. Дар қисми якуми моддаи 56 калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аз Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутаносибан ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, баъд аз калимаи «Прокуратураи» калимаи «генералии» илова карда шавад.
14. Дар матни моддаи 65 калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутаносибан ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, баъд аз калимаи «Прокуратураи» калимаи «генералии» илова карда шавад.
15. Моддаи 66 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 66. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 499

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 январи соли 2009, № 1235


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 598


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 875

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед