logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ

Ё хатаре, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст

- Терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир аз масъалаҳои доғи рӯз ва нигаронкунанда ба шумор рафта, ин хатари даҳшатзову марговар сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, ҳамарӯза дар як қатор кишварҳои дунё, ки ноамнӣ ҳукмрон аст, бар асари таркишу содир кардани амалҳои террористӣ садҳо нафар аз аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, ҳамчунин захмиву маъюб мегарданд.

Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти милитсия, дар семинари илмӣ - амалии «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор гардид, ироа намуд. Дар ҳамойиш, ки бо намоиши филми мустанад аз таърихи барқароршавии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҷавонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе  ҳузур доштанд.
Иштирокдорони семинари илмӣ - амалӣ масоили вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ташвиқу тарғиби ғояҳои миллӣ, тавсеаи ҳамкории ҷавонону донишҷӯён бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки баргузории чунин як ҳамойиш дар мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа, ба вижа терроризму ифротгароӣ такони ҷиддӣ бахшида, баҳри пешгирии шомил шудани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои тундрав, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, дар давоми се соли охир садҳо нафар аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ошкору муайян ва даҳҳо нафари дигар бо гуноҳи содир кардани ҷиноят дастгир шуданд. Агар дар соли 2012 дар ҷумҳурӣ 33 нафар аъзои ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ боздошт шуда бошад, дар солҳои 2013 - 2014 ва се моҳи соли ҷорӣ 225 нафар барои содир намудани 549 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муайян ва дастгир гардид. Мутаассифона, вақтҳои охир баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори осудаву ором, Ватани ободу шукуфо, падару модар ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷӣ, дар шароити вазнину ғайриинсонӣ ва хорию зорӣ меҷанганд.
Бино ба иттилои Рамазон Раҳимзода, айни замон дар давлати Сурия беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳайати гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона иштирок менамоянд. Теъдоде аз онҳо кушта шуда, гурӯҳҳои дигар бинобар пойбанди хоҷагони манфиатҷӯ гардидан, наметавонанд аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбанд. Аксари он ҷавононе, ки дар минтақаҳои ноороми кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, саводи кофӣ надошта, мавқеи худро дар ҷомеа гум карда, рӯзгори худро бо машғул шудан ба амалу рафторҳои номатлуб, корҳои беҳуда ва бадахлоқӣ гузарондаанд. Ташвишовар аст, ки бархе аз ҷавонони раҳгумзада ҳамсару фарзандони худро низ ба кишварҳои ҷангзада даъват намуда, ҳаёти онҳоро зери хатар мегузоранд. Бо талошу кӯшишҳои мо пеши роҳи ба давлатҳои Сурия ва Ироқ рафтани  якчанд  занону духтарон гирифта  шуд.
Паёмади ҳама гуна ҷангу низоъ ва ихтилофот хунрезӣ ва харобӣ мебошад. Даъват ба ҷиҳод алайҳи ҳамдигар, миёни мардуми як қавм ва як дину оин ба ҷуз манфиатҷӯӣ, хусумату ихтилофҳои мазҳабӣ чизи дигаре беш нест. Ин ҷавонон, ҳамон гурӯҳҳои раҳгумзадае мебошанд, ки барои иҷрои фармони хоҷагони хориҷиашон худро қурбон месозанд. Бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муяссар гардид, ки чандин ҷавони ба доми фиреб афтодаро аз ин роҳи хато баргардонда, ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии осоишта раҳнамоӣ намоянд.
Тибқи таҳлили коршиносон шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Ашти вилояти Суғд бештар ба назар расида, чунин тамоюли афзоиш дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Қубодиён, Бохтар, Шаҳритузи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав ва Душанбе низ ба мушоҳида мерасад. Дар соли 2014 ва се моҳи соли равон  144 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воҳидҳои мусаллаҳ ва муқовиматҳои ҷангии давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Покистон иштирок доштанд, муайян гардида, 12 нафар дастгир шуд. Нисбат ба ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 34 нафар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.
Ба таъкиди вазири корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷомеа бояд бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамеша дар мубориза бошанд ва нагузоранд, ки душманони давлату миллат вазъро ноором ва ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор  созанд.
Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии мавзӯъ зикр намуд, ки мубориза бо ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои моҷароҷӯ бояд дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои дахлдор қарор дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои вобаста ба тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи мамлакат таъмин менамояд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро дар татбиқи сиёсати давлатии  ҷавонон муайян намуда, муносибатҳои давлат, созмонҳои ҷавонон ва шаҳрвандони ҷавонро муқаррар намудааст.
Марҳабо Ҷабборӣ аз афзоиши қонуншиканиву ҷинояткорӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, оворагардиву бекорӣ, паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ дар байни наврасону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову ғаразнок, ки аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардаанд, изҳори нигаронӣ намуд. Ба таъкиди ӯ, мавзӯе, ки дар ҳамоиш мавриди баҳс қарор гирифтааст, аз ҷумлаи масъалаҳои калидӣ барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва воситаи муҳим дар мубориза барои эмин нигоҳ доштани фарҳангу арзишҳои миллӣ аз тафаккури хурофотпарастӣ мебошад. Дар таҷрибаи давлатҳои пешрафта, махсусан давлатҳое, ки дар сатҳи ҷомеаи демократӣ арзи ҳастӣ доранд, ҳамкории мутақобилаи шаҳрвандон бо мақомоти қудратӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчун қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс арзёбӣ гардидааст. Яъне дар давлатҳои пешрафта ин амал ба он хотир аст, ки ҷомеа барои амнияти давлат, оромӣ ва сулҳу субот бетараф нест. Олимони ҷомеашинос ва мутафаккирони соҳаи сиёсат низ исбот кардаанд, ки дар ҷомеа хавфноктарин шахс ҳамонест, ки бетараф аст ва мавқеи устувор надорад. Воқеан, дар кишвари худ зиндагӣ кардану нисбат ба тақдири давлату миллат бетараф будан хатаровар ва нобахшиданист.
Муовини Сарвазири мамлакат аз иштирокдорони ҳамоиш даъват кард, ки ба масъалаҳои мубрам ва мушкилоти ҷомеа ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, бетараф набошанд. Бояд амиқ дарк намоянд, ки рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷомеа аз маърифати баланди сиёсии ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, вобастагии зич дорад.
- Ба диду афкори наврасону ҷавонон таъсир расондани гурӯҳҳои манфиатталаб, ҷиноятпеша ва ҷудоиандоз, мутаассифона, метавонад ба раванди сулҳу субот ва пешрафти кишвар халали ҷиддӣ ворид созад. Бинобар ин, имрӯз бояд моҳият ва мақоми андешаи миллиро ҳамчун шакли тафаккур, маҷмӯи ғояву шуур, унсурҳои ваҳдату ризоият, ҳувият ва ифтихори миллӣ арзёбӣ намоем,- изҳор дошт Марҳабо Ҷабборӣ.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин масъалаи арҷгузории ҷавонон ба фарҳанги миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба маълумоти оморӣ ва баёни назари худ тазаккур дод, ки ҷавонони то 30 - сола қариб 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Пас, маълум мегардад, ки вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», пеш аз ҳама, мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон  дар мадди назар аст.
Ба андешаи Аҳтам Абдуллозода, дар шароити кунунӣ дар ҳар як ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва талошу кӯшиши онҳо дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини рушду инкишофи кишвар маҳсуб мегардад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтааст, бояд ба маърифати сиёсии ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳад. Зеро барои ноил гардидан ба комёбиҳо, дар баробари дигар омилҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии шаҳрвандон хеле муҳим аст.
Аз назари геополитикӣ Тоҷикистон кишварест, ки дар қалби Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва дар марзи тамаддунҳои азимтарини дунё қарор дорад. Ва табиист, ки ҳар як давлати абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд. Ҳол он ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ягона роҳи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Хушбахтона, ҷавонон дар чаҳорчӯби Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон идеологияи мазкурро ҳамаҷониба дастгирӣ  менамоянд.
Дар шароити муосири таҳаввулоти фазои сиёсии ҷаҳон ва раванди босуръати ҷаҳонишавӣ кишварҳои пешрафтаи дунё бо мушкилот ва хатарҳои сатҳи байналмилалӣ, назири таҳдиди амнияти дохилӣ, терроризм, экстремизм, болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ, таҳмили фарҳанги бегона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бекорӣ ва шомил гаштан ба «иқтисоди глобалӣ» дучор гардидаанд. Ин раванд насли ҷавони имрӯзаро, ки зодаву парвардаи даврони истиқлол аст, водор месозад, ки ташаббус ва неруи худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона намуда, тафаккури созандаву бунёдкоронаи худро пайваста густариш диҳад.
Пӯшида нест, ки ҷомеаи муосирро бидуни имкониятҳои дастрасӣ ба иттилоот ва технологияи нав тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро танҳо дар ҳолати дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ шахс метавонад вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир ташаккул ёбад. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва мавҷуд набудани низоми дурусти тарбияи ахлоқӣ дар миёни насли наврас боиси падидор шудани зуҳуроти номатлуб мегардад. Аз ин рӯ, масъалаи дигаре, ки имрӯз моро сахт ба ташвиш овардааст, нодида гирифтани падидаи «ахлоқ» дар ҷомеа мебошад. Ахлоқ решаи субот ва асоси пешрафти ҷомеа аст, ки дар ҳамаи давру замон барои бани башар як амри бениҳоят муҳим буда, ҳалқаи занҷири насли гузаштаро бо насли имрӯза пайванд месозад.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар идомаи баҳс перомуни дигаргун шудани меъёрҳои ахлоқӣ дар миёни насли навраси таҳти таъсири ақидаву таълимоти беасосу шубҳаовари ғарбӣ қароргирифта суҳбат намуд. Ба назари ӯ, мақсади асосии ин гуна таълимот ба вуҷуд овардани меъёрҳои нави шинохти неку бад, тамоюл аз арзишҳои маънавӣ ба сӯи арзишҳои моддӣ ва омӯзиши «таълимоти лаззатпарастӣ» мебошад. Ё ин ки бархе аз ҷавонон бо назардошти саводи нокифояи динӣ ва иттилооти фарҳангӣ зери таъсири радикализми исломии гурӯҳҳои ифротӣ қарор мегиранд. Мавсуф зикр намуд, ки сабаби дигар метавонад маълумот надоштани оммаи мардум аз моҳияти воқеӣ ва ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бошад. Бо вуҷуди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаи иттилооти ҷаҳони муосир аксари ҷавонони содаву зудбовар хабар надоранд, ки роҳбарони пасипардагии ҳизбҳои гумроҳкунанда кистанд. Онҳо чӣ ҳадафҳоеро дунбол мекунанд ва натиҷаи фаъолияти пайравони ҳизби мамнуъ бар зарари кӣ тамом мешавад. Дар ин замина таблиғи дастурамалҳо оид ба шинохти моҳияти ингуна ташкилотҳо, суҳбатҳои доимӣ тавассути расонаҳои хабарӣ ва мулоқоти онҳо бо намояндагони насли наврас бенатиҷа нахоҳад буд.
Аҳтам Абдуллозода гуфт, ки дурӣ ҷустан аз фарҳанги гузашта ва фаромӯш намудани анъанаҳои неки ниёгон бузургтарин иштибоҳ дар шинохти ҳувияти миллӣ хоҳад буд. Вале мо сарвате дорем, ки ба ҳама гуна таҳоҷуми фарҳангӣ метавонад муқобила кунад. Ин сарвати арзишманд таъриху фарҳанги ғаниву пурмуҳтаво, ахлоқу маънавиёти ориёиву исломӣ ва расму суннатҳои неки ахлоқиву маънавии гузаштаи дуру наздикамон аст. Таърихи тамаддуни гузаштаи мо иборат аз фидокориву ҷонбозиҳост. Барои бедорӣ ва огоҳиву эҷоди ҳаракат ва ҷунбишҳои ватандӯстона нашр ва таблиғи адабиёти ватанпарастона нақши бузургро доро буда, мо ба он ниёз дорем. Таъкид кардем, ки халқи мо тамаддуни китобӣ, яъне катбӣ дорад ва ин осори мактуб, ки маънавияти олӣ, аз ҷумла афкору орои ватанхоҳиро таблиғ мекунад, метавонад бо тамаддуни фаҳшгароии бархе  кишварҳо рақобат намояд.
Мавзӯе, ки Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди таҳлил қарор дод, «Равандҳои сиёсӣ ва омилҳои пешгирии гароиши ҷавонон ба ифротгароӣ» унвон дошт. Ба андешаи мавсуф, таҳлили равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ҷалби ҳарчи бештари субъектон ба онҳо аз шакли оммавӣ ба шакли фардӣ гузашта истодааст. Яъне, қувваҳои манфиатдор усули таъсиррасонии фардӣ ва алоҳидаро ба шахсиятҳо пеш гирифта, дар ин раванд кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи бештар аз ҷавонони камтаҷриба  истифода  баранд.
Илм ҳам собит намудааст, ки дар замони муосир қувваҳои манфиатдор бо истифода аз усулҳои технологӣ шакли таъсиррасонии худро васеъ намуда истодаанд. Таъсиси даҳҳо шабакаи иҷтимоӣ ҳамчун василаи сода ва арзони муошират имкон фароҳам овардааст, ки миллионҳо нафар бад - ин тартиб вориди онҳо гашта, гурӯҳҳои худро таъсис диҳанд. Мутаассифона, ҳаракату равияҳои ифротгаро ҳам аз ин технологияҳо васеъ истифода бурда истодаанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми муайяни шаҳрвандони мо ба ин равияҳо маҳз тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб мешаванд. Ноогоҳӣ аз асосҳои дини мубини Ислом, паст будани сатҳи маърифату дониш, бетафовутӣ ба рушди минбаъдаи давлат, муайян карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа, нокомӣ дар мутобиқати иҷтимоӣ боиси рӯ овардан ба номаълумӣ мегардад, ки оқибатҳои фоҷиабор дорад.
Махфират Хидирзода суол ба миён гузошт, ки кадом гурӯҳи ҷавонон бештар майли гаравидан ба равияҳои ифротиро доранд? Ба бовари ӯ, бештар ҷавонони ба онҳо рафтори ғайримуқаррарӣ хос ба ин роҳ мераванд. Ба ибораи дигар, инҳо нафароне мебошанд, ки дар марҳалаи омезиши шадиди арзишҳо ба сар мебаранд ва моҳияти ин омезишро пурра дарк карда наметавонанд. Устуворгардии таъсири таблиғоти ғаразнок дар замони муосир ба ташаккулёбии муҳити мусоид ва зарурии иҷтимоӣ таъсири манфии худро расонда истодааст. Ҷаҳонишавӣ ва хусусиятҳои хоси он, ки суръати омезиши арзишҳоро пурзӯр менамояд, косташавии меъёрҳои мавҷударо низ қувват мебахшад. Дар чунин шароит фаъолгардонии ниҳодҳои иҷтимоии низоми сиёсӣ муҳим буда, дар ин раванд бояд ҳамбастагии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Фаъолияти ҳамоҳанг ва ҳамгироии онҳо метавонад натиҷаҳои дилхоҳ дошта бошад. Дар ин масир баланд бардоштани нақши оила бениҳоят муҳим буда, иҷрои босифати уҳдадории иҷтимоии он омили муҳими ташаккули шахсиятҳои худогоҳ мебошад.
 Раванди тарбия дар замони муосир то ҷое ба мушкилӣ мувоҷеҳ гаштааст. Ин мушкилӣ аслан ба васеъ будани фазои таъсиррасонӣ иртибот дорад. Амалияи ҳаррӯза нишон дода истодааст, ки бо вуҷуди тақвият пайдо намудани робитаи байни мактаб ва оила ҳанӯз ҳам дар ҷомеа омилҳои таъсиррасон зиёданд. Ин аст, ки натанҳо дар байни ҷавонписарон, балки  ҷавондухтарон низ моилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба равияҳои бегонаю хавфнок ин дур будани онҳо аз муҳити иҷтимоӣ буда, маънои онро дорад, ки агар ҷисман шахс дар як муҳити иҷтимоӣ бошад, рӯҳан дар муҳити иҷтимоии дигар қарор дорад. Аз ин рӯ, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону занон ба равандҳои иҷтимоии муосир омили зарурӣ буда, тавассути ширкати онҳо имконияти муоширати иҷтимоӣ фарох мегардад.
Дар идомаи ҳамоиш Махфират Хидирзода изҳор намуд, ки василаи муҳими фаъолгардонии ҷавонону занон ин дар сатҳи хуб амалӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии онҳо мебошад. Бад - ин васила метавон устувории мавқеи онҳоро таъмин намуда, баҳри интихоби роҳи дуруст мусоидат намуд. Ҳамзамон бо ин, ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард. Зеро дар баробари тарбияи дурусти касбӣ ва омода намудани мутахассиси дараҷаи баланд, тарбияи инсони худшиносу худогоҳ ва дорои фаҳмиши хуби равандҳои сиёсӣ омили зарурӣ дар замони муосир мебошад. Мо метавонем мутахассиси хуб тарбия намоем, вале агар он эҳсоси баланди ватандӯстӣ надошта бошад, садоқат ва хизмат намудан ба ин давлату миллатро аз ӯ интизор шудан амри маҳол аст. Маҳз аз ҳамин сабаб, таъкидҳои Сарвари давлат дар масъалаи нақши олимони ҷомеашинос дар тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир саривақтӣ ва зарурӣ буда, воқеан ҳам тақвияти фаъолиятро дар ин самт тақозо менамояд.
Ҳамин тавр, зимни ҷамъбасти семинар гуфта шуд, ки барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, оқибатҳои ногувори он, аҳамияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад. Иштирокдорони ҳамоиш ҳамдилии мардуми тамоми минтақаҳои кишвар дар атрофи сиёсати сулҳу ваҳдатсозии Сарвари давлатро муҳимтарин пояи ваҳдати миллӣ дониста, пешниҳод намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мутобиқгардии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷаҳони муосир бояд шеваҳои муассири татбиқи андешаи миллӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсат ва амният, ки хусусияти миллӣ ва симои маънавии моро нигоҳ медоранд, роҳандозӣ шаванд. Итминон ҳосил шуд, ки ҷавонон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин росто пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз бо дарки масъулияти ватандорӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.04.2015    №: 72    Мутолиа карданд: 720

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед