logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №15-16, мод. 254; №23-24, мод. 333; с.2001, №4, мод. 197, 203; с.2002, №4, қ.1, мод. 200; с.2005,№7, мод. 403; с.2006,№11, мод. 470, с.2008, №10, мод. 801) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми муқаддимаи Қонун калимаҳои «оид ба масъалаҳои сарҳадӣ» ба калимаҳои «дар соҳаи ҳимояи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шуда, калимаҳои «ва тақвият» хориҷ карда шаванд.
2.  Қисми дуюми моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад.».
3. Дар моддаи 2:
- дар қисми якум калимаҳои «мақоми олии ҳокимияти қонунгузории» ба калимаи Президенти» иваз карда шаванд;
-дар сархати чоруми қисми дуюм пеш аз калимаи «муқарраркунии» калимаҳои «дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
- аз қисми чорум калимаҳои «ё гузаргоҳҳои сарҳадӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии» ба калимаҳои «Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5:
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Хати Сарҳади давлатӣ бо санадҳои  ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.»;
- қисми панҷум хориҷ карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 7 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», дигар асноди қонунгузории  аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо тартиби муайяннамудаи он» ба калимаҳои «дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми сеюми моддаи 8 баъд аз калимаҳои «Қӯшунҳои сарҳадии» калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» илова карда шаванд.
8. Дар моддаи 9:
- дар қисми шашум калимаҳои «киштиҳои ғайринизомии хориҷӣ» ба калимаҳои «киштиҳои низомии хориҷӣ» иваз карда шаванд;
- дар банди «б» қисми нӯҳум калимаҳои «Ширкати давлатии ҳавоии «Тоҷикистон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва калимаҳои «Вазорати амнияти» ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 11:
- дар қисми чорум калимаҳои «Тавассути аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд» ба калимаҳои «Тавассути санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» иваз карда шуда, баъди калимаҳои «Нуқтаҳои убури соддакардашуда бо» калимаҳои «тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» илова карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «ва дигар навъҳои назорат» ба калимаҳои «ва дигар намудҳои назорат, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд,» иваз карда шаванд;
- дар қисми шашум калимаҳои «Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақомоти гумрук» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум баъди калимаҳои «Гузаргоҳҳо дар Сарҳади давлатӣ» калимаҳои «бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» илова карда шуда, калимаҳои «ва дигар давлатҳои хориҷӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «метавонанд беподош» ба калимаҳои «дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон» иваз карда шаванд.
11. Моддаи 141 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 141. Муваққатан қатъ намудани робита тавассути Сарҳади давлатӣ дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунанда
Дар ҳолати хатари паҳншавии бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, борҳо, молҳо ва ҳайвонот тавассути Сарҳади давлатӣ дар минтақаҳои муайян мумкин аст бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан маҳдуд ё қатъ карда шавад, ё ин, ки барои одамон, ҳайвонот, бор, тухмӣ, маводи кӯчатшаванда ва дигар маҳсулоти растанипарвариву чорводорие, ки аз Сарҳади давлатӣ мегузаранд ё интиқол дода мешаванд, карантин муқаррар карда шавад.».
12. Дар моддаи 15:
- дар қисми якум   калимаҳои «аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамҳудуд дар бораи Сарҳади давлатӣ ва низоми он, дигар аҳдномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба  калимаҳои «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» иваз карда шаванд; 
- дар қисми чорум калимаҳои «аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин давлат» ва калимаҳои «аҳдномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  давлати дахлдор» ба калимаҳои «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» иваз карда шаванд.
13. Дар  моддаи 16:
- қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ, Сарҳади давлатиро убур намоянд.»;
- аз қисми чорум  калимаҳои «ва дар мавриди зарурат» хориҷ карда шаванд.
14. Дар қисми дуюми моддаи 17 пеш аз рақами «25» калимаи «то» илова карда шавад.
15. Дар моддаи 18:
дар қисми якум:
- дар сархати дуюм пеш аз калимаҳои «фаъолияти хоҷагидорӣ» калимаи «бурдани» илова карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи киштиҳои хурдандоза;»;
- сархати сеюм сархати чорум ҳисобида шавад;
- дар қисми шашум калимаи «дорад» ба калимаи «надорад» иваз карда шавад.
16. Ҷумлаи дуюми   моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Аз ҷониби Қӯшуни сарҳадӣ тартиби баромадани ин киштиҳо аз нуқтаҳои  ҷойгиршавӣ ва баргаштани онҳо муқаррар гардида, вақти баромадан, дар об қарор доштан, дур шудан аз нуқтаҳои ҷойгиршавӣ ва соҳилҳо маҳдуд карда мешавад.».
17. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои «аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» ва калимаҳои «Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба  калимаҳои «мақомоти гумрук» иваз карда шаванд.
18. Моддаи 30. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 30. Ваколатҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- муҳофизати Сарҳади давлатиро дар хушкӣ, дарёҳо, кӯлҳо, ва дигар обанборҳо, инчунин дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
- Қӯшунҳои сарҳадӣ ва фаъолияти намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд, дар ташаккул ва амалӣ гардонидани сиёсати сарҳадии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- самтҳои афзалиятноки фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муайян менамояд, консепсияи муҳофизати Сарҳади давлатӣ ва барномаҳои мақсадноки комплексии такмили фаъолияти онҳо, инчунин механизми ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва роҳҳои дигари дар амал ҷорӣ намудани ин барномаҳоро таҳия менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатиро, ки дар Сарҳади давлатӣ ҳама гуна назорати риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низомро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонанд, ҳамоҳанг месозад;
- якҷоя бо Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоиро оид ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ таъмин менамояд;
-дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахл доранд, иштирок менамояд;
-дар делимитатсия, демаркатсия, редемаркатсияи Сарҳади давлатӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми Сарҳади давлатиро муқаррар мекунанд, иштирок менамояд;
-дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ иттилоот ба даст оварда, пас аз таҳлил онро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ба вазорату идораҳои дахлдор маълумот ирсол медорад;
-фаъолияти разведкавӣ, зиддиразведкавӣ ва оперативию ҷустуҷӯиро ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ анҷом медиҳад;
-ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ бо идораҳои сарҳадии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, робита барқарор менамояд;
-дар ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мубориза бар зидди қочоқ тадбирҳо таҳия намуда, онҳоро амалӣ месозад;
-ҳамкориро бо мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо хадамоти махсус ва ташкилотҳои хориҷӣ ба манфиати ҳимояи Сарҳади давлатӣ ба роҳ мемонад;
-дар таъмини амнияти чорабиниҳои оммавӣ, ки хусусияти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ё байналмилалӣ доранд ва дар Сарҳади давлатӣ ё ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамояд.
Ваколатҳои дигари Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.».
19. Дар моддаи 31:
-қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-дар асоси қарорҳои мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, мустаҳкамии сарҳадҳо, манфиатҳои иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
-доир ба бастани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба муқаррар намудан ва мустаҳкамкунии Сарҳади давлатӣ, муқаррар намудани низоми Сарҳади давлатӣ гуфтушунид мегузаронад, назорати умумии иҷрои ин санадҳоро анҷом медиҳад;
-дар доираи салоҳияти худ самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи амалигардонии сиёсати сарҳадӣ ба амал мебарорад;
-дар доираи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро барои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият медарорад;
-дар муқаррар намудани тартиби таъмини риояи низоми Сарҳади давлатӣ иштирок мекунад, дар доираи салоҳияти худ моҷароҳои дар Сарҳади давлатӣ рӯйдодаро, ки аз ҷониби намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл нашудаанд, ҳал менамояд.»;
-қисми дуюм хориҷ карда шавад;
-қисмҳои 3-6 мутобиқан қисмҳои 2-5 ҳисоб карда шаванд.
20. Дар ном ва қисми якуми моддаи 32 калимаҳои «мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шуда, баъди калимаҳои «вилоятҳо» калимаи «, шаҳрҳо» илова карда шавад.
21. Дар моддаи 33:
дар қисми якум:
-аз сархати шашум калимаи «зиддиразведкавӣ,» хориҷ карда шавад;
дар қисми дуюм:
-калимаҳои «дар доираи қаламрави сарҳадӣ» ба калимаҳои «бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида» иваз карда шаванд;
-сархати 8) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«8) дар ҳуҷҷатҳое, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузоранд ва дар ҳолати зарурӣ ин гуна ҳуҷҷатҳоро муваққатан гиранд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои беэътиборро мусодира намоянд;»;
-дар сархати 11) баъди калимаҳои «вобаста бо рафъи» калимаи «оқибатҳои» илова карда шавад;
-сархатҳои 20) ва 21) хориҷ карда шаванд;
қисми сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ метавонанд аз дигар ҳуқуқҳое, ки қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд, истифода баранд.»;
дар қисми чорум:
-баъди калимаи «ҳуқуқи» калимаҳои «ба таври ройгон» илова карда шаванд;
-дар сархати якум калимаи «нақлиёти» ба калимаи «фазои» иваз карда шавад.
22. Дар моддаи 34:
Номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 34. Ваколатҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»; 
дар қисми якум:
-калимаҳои «Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ Сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ ҳимоя мекунанд, бо ин мақсад онҳо:» ба калимаҳои «Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо мақсади ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар фазои ҳавоӣ:» иваз карда шаванд;
-дар сархати якум баъди калимаҳои «Сарҳади давлатиро» калимаҳои «аз ҷониби киштиҳои ҳавоӣ» илова карда шаванд;
дар қисми дуюм:
-калимаҳои «Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ» ба калимаҳои «Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ» иваз карда шаванд;
-аз сархати якум калимаҳои «дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шаванд;
-дар сархати чорум калимаҳои «аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст,» иваз карда шаванд.

23. Дар моддаи 36:
-калимаҳои «Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ» ба калимаҳои «Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ» иваз карда шаванд;
-ҷумлаи дуюми сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амрҳое мебароранд, ки иҷрои онҳо аз ҷониби тамоми мақомот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист;»;
-дар сархати чорум калимаҳои «аҳдномаҳои байналмилалии дорои хислати байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
24. Дар моддаи 37:
-дар қисми якум калимаҳои «Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ» ба калимаҳои «Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ» иваз карда шаванд;
-дар қисми дуюм калимаи «қатъи» ба калимаи «пешгирии» иваз карда шавад.
25. Дар моддаи 38:
-номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 38. Истифодаи воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ»;
-дар матн калимаҳои «хизматчиёни ҳарбӣ» ва «моддаҳои 15-17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» мутобиқан ба калимаҳои «хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
26. Дар моддаи 39 калимаҳои «Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ» ба калимаҳои «Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ» иваз карда шаванд.
27. Дар тамоми матни Қонун калимаи «камзарфи» ба калимаи «хурдандозаи» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 501


Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                   С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 15 январи соли 2009, № 1217

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон          М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 595


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 913

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед