logo

ҳукумат

Маҷлиси навбатии ҳукумат

30 cентябри соли 2008 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 45 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда ва  ба ҳайати мушовараи кумитаҳои ҳифзи муҳити зист ва телевизион ва радио қабулгаштаро ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватани худ ҳидоят намуд.
Дар атрофи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» муҳокимаи муфассал сурат гирифт.
Чунонки аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, мутобиқи ин санад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳаҷми 7,1 дар сад ва таваррум 13 дар сад ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион  сомонӣ (29 дар сади ММД) - ро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Буҷети давлатии соли равон бо ҳисоби номиналӣ 1,5 миллиард сомонӣ зиёд аст.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон Буҷети давлатии соли 2009 –умро буҷети рушди иқтисодӣ маънидод карда, таъкид дошт, ки  аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ равона мегардад, аз ҷумла ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра.
2 миллиарду 437 миллион сомонии Буҷети давлатии соли 2009 ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона мегардад. Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодасозии мутахассисони ҷавон дар хориҷи кишвар дуюним баробар афзоиш ёфта, ҳаҷми маблағҳои он ба 5 миллион сомонӣ мерасад.
Ба иттилои Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар 8 моҳи соли равон нишон медиҳад, ки дар кишвар тамоюли болоравии мунтазами нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин шуда истодааст.
Ба гуфти ӯ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба 10 миллиарду 61 миллион  сомонӣ баробар гардида, афзоиши воқеии он 6,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми он то охири сол бояд ба 16 миллиарду 400 миллион  сомонӣ расонида шавад.
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ҳамчунин гузориши вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.
Чунонки маълум гашт, барои пӯшондани эҳтиёҷоти ВМКБ низ маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Танҳо барои сохтмону таҷдиди иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо ва дастгирии соҳаи кишоварзии вилоят 53 миллион сомонӣ маблағҳои иловагии буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд. Барои дастгирии буҷети маҳаллии ВМКБ 68 миллион сомонӣ субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба нақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар андешаҳои ҷолиб баён намуда, аз ҷумла баҳри дақиқу воқеӣ муайян кардани нишондодҳои Буҷети давлатӣ ва андешидани чораҳои мушаххас баҳри зиёд намудани истеҳсолоти саноатию кишоварзӣ ва пешгирӣ намудани болоравии сатҳи таваррум ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» бо назардошти таклифу пешниҳодҳои муфиди Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Сипас ҳисоботи раиси вилояти Суғд оид ба рушди соҳаи саноат дар вилоят шунида шуд.
Зикр гардид, ки соли 2007 - ум аз 228 корхонаи саноатии дар ҳудуди вилояти Суғд қарордошта 175-тоаш ҳаҷми истеҳсолотро нисбат ба соли 2006 афзун намуд ва 47 корхона ба чунин комёбӣ ноил шуда натавонист. Дар соли 2007 суръати афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар вилояти Суғд 8,7 дар садро ташкил додааст. Дар ҳашт моҳи соли равон бошад, аз 233 корхонаи саноатӣ танҳо 153-тоаш ҳаҷми истеҳсолотро зиёд намудааст.
Соли гузашта дар вилоят 10 корхона ва дар ҳашт моҳи соли равон 11 корхонаи нави саноатӣ бунёд ёфта, 1060 ҷойи нави корӣ муҳайё гаштааст.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки 85 дар сади афзоиши  истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи доираҳои соҳибкории хусусӣ аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ супоришҳои мушаххасу қатъӣ дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки баҳри таъмини коркарди пурраи меваю сабзавот, пашм, пӯст, нахи пахта ва пила,  афзоиши истеҳсол ва коркарди металҳои қиматбаҳо ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ чораҳои  муассир андешанд.
Низомномаи нави тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба содда гардондани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми содироту воридоти молҳо ва Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самарнок истифода бурдани чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 тасдиқ карда шуданд.
Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 ва як қатор санадҳои қонунгузории кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи карантини растанӣ», тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва «Дар бораи рӯзҳои ид». Ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрҳуҷрагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ва ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии Суғд низ бо назардошти таклифу эродҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба андешаи Сардори давлат минтақаи озоди иқтисодии Суғд бояд на тиҷоратӣ, балки истеҳсолӣ- инноватсионӣ бошад ва дар он бештар ба фаъолияти истеҳсолӣ, илмию амалӣ ва воридоти технологияҳои нав афзалият дода шавад.
Баъди баррасии масоили рӯзномаи маҷлис Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба масъулини дахлдор оид ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, хусусан баҳри омодасозии муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суръат бахшидани ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва ташкили кишти тирамоҳӣ, захира намудани тухмии ғалладона ва картошка, ба кор омода кардани марказҳои барқу гармидиҳии ноҳияи Ёвон ва шаҳри Душанбе, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ҷамъоварии дурусти маблағҳои газу барқ ва иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат супоришҳои мушаххасу қатъӣ дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1166

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед