logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, № 8, мод. 451) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Матни дебоча дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасони то синни 18 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.».
2. Дар номи боби 1 калимаи «Қоидаҳои» ба калимаи «Муқаррароти» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 1:
–қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
-ба сархати якуми қисми якум сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«- варзиши кӯдакон ва наврасон - бахши таркибии тарбияи ҷисмонӣ, ки таърихан ҳамчун фаъолияти мусобиқавӣ ва таҷрибаи махсуси омодагии варзишгарони ҷавон ба мусобиқаҳои варзишӣ шакл гирифтааст;
- раванди таълим ва машқ - машғулиятҳои таълимӣ ва машқдиҳӣ, ки барои омӯзондан ва такмил додани маҳорати варзишӣ ва омодагии варзишгарон ҷиҳати ширкати онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешаванд;
- варзишгарони наврас - шахси то синни 18, ки ба таври доимӣ ба варзиш машғул буда, дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок мекунад;
- муассисаҳои таълимии равияи варзишӣ - муассисаҳои таълими иловагӣ ё касбӣ, ки равияи асосии фаъолияти онҳо омода кардани варзишгарон, мураббиён ва дигар мутахассисони варзиши касбӣ ва ғайрикасбӣ мебошад;
-муассисаҳои таълимии иловагии варзишӣ- муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои махсуси захираи олимпии варзиши кӯдакон ва наврасон, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, марказҳои омодагии олимпӣ;
-иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ- клубҳои варзишӣ, коллективҳои тарбияи ҷисмонӣ, сексияҳои варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ.»;
-қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
-пас аз қисми якум қисмҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Дар системаи тарбияи ҷисмонӣ метавонанд мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, клубҳои варзишии кӯдакон ва наврасон, мактабҳои маҳорати баланди варзишӣ, муассисаҳои таълимии тайёр кардани мутахассисони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои варзишию тиббӣ, бюроҳои конструкторӣ, корхонаҳои истеҳсоли таҷҳизот ва либоси варзишӣ, сохтмонҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии варзишӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки ҳадафи онҳо тарбияи ҷисмонии кӯдакон ва наврасон мебошад, таъсис дода шаванд.
Системаи тарбияи ҷисмонӣ таълими ҳатмии тарбияи ҷисмониро дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ, ки барои пайдо кардани малака ҷиҳати таҳкими саломатӣ, тақвияти инкишофи ҷисмонӣ, ҳамчунин такмил додан ва боло бурдани сатҳи варзиши кӯдакон ва наврасон зарур аст, дар бар мегирад.
Кӯдакони дорои камбуди ҷисмонӣ ва ё кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун мушкилоти муайяни ҷисмонӣ эҳсос мекунанд, дар муассисаҳои таълимӣ ва ё дар муассисаҳои махсуси маъюбон ба таълим ҷалб карда мешаванд.»;
-қисмҳои дуюм ва сеюм хориҷ карда шаванд.
5. Ба Қонун моддаи 31 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 31. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасон.
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасон барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии муайян ва ҳалли вазифаҳои дорои аҳамияти давлатӣ ва умумибашарӣ равона гардида, он ба воситаи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарордодҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигар, ҳамчунин бо роҳи ҷалби созмонҳо ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи варзиши кӯдакон ва наврасон иборатанд аз:
-дастрасии кӯдакон ва наврасон ба машғулиятҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимии иловагии варзишӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;
-ҳифз ва таҳкими саломатии кӯдакон ва наврасон;
-тарбияи масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандӯстии варзишгарони наврас;
-рушд, такмил ва ҳифзи системаи варзиши кӯдакон ва наврасон, ташкили бунгоҳҳои (лагерҳои) варзишӣ, варзишию туристӣ ва варзишию солимгардонӣ;
-нигоҳдории объектҳои варзишию солимгардонӣ, таълим ва дигар объектҳои варзишии моликияти давлатӣ;
-рушд ва такмили системаи таъминоти тиббии варзишгарони наврас;
-ташкили шароити мусоид ҷиҳати рушди шабакаи клубҳои тарбияи ҷисмонию варзишӣ ва варзишию техникӣ барои кӯдакон ва наврасон;
-ташкили шароит ва фароҳам овардани имконот барои омода кардани варзишгарони дараҷаи олӣ.».
6. Баъд аз моддаи 3 ба матни Қонун номи боби II бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Боби II. Ташкили тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои кӯдакон ва   наврасон»;
- бобҳои II, III ва  IV мутаносибан бобҳои III, IV ва V ҳисобида шаванд.
7. Дар сархати якуми моддаи 4 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 5:
-дар номи модда калимаҳои «маълумоти ҳамагонӣ» ба калимаҳои «таълимии миёнаи умумӣ» иваз карда шаванд;
-дар ҷумлаи якуми қисми якум калимаи «дарсҳои» ба калимаи «машғулиятҳои», калимаҳои «таълимии давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии таълим» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти маҳаллии идораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатии маориф» ба калимаҳои «сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар якҷоягӣ бо шӯъбаҳои маориф» иваз карда шуда, калимаи «намоиши» хориҷ ва калимаи «мегузаронанд» ба калимаҳои «баргузор менамоянд» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 6:
-қисми дуюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар системаи офияти доимии маъюбон, таъмини методӣ, тиббӣ ва назорати тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш созмон дода мешаванд.»;
-дар қисми сеюм калимаҳои «маълумоти ҳамагонӣ» ба калимаҳои «таълимии миёнаи умумӣ», калимаҳои «мақомоти идораи маҳаллии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва калимаҳои «ҷуфтолимпӣ (параолимпӣ)» ба калимаи «параолимпӣ» иваз карда шаванд.
10. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 7 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 8:
-дар қисми якум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда  шаванд;
-дар қисми дуюм калимаҳои «Мақомоти маҳаллии идораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «Сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва калимаи «худидораи» ба калимаи «худидоракунии» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 9:
-дар қисми якум калимаҳои «маълумоти ҳамагонӣ» ба калимаҳои «миёнаи умумӣ» ва калимаҳои «барои муассисаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва ё шаҳрҳо» ба калимаҳои «аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) дар соҳаи мудофиа дар якҷоягӣ бо мақомоти идораи соҳаи маориф ва тарбияи ҷисмонию варзишӣ» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар якҷоягӣ бо шӯъбаи маориф ва сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 10:
- дар номи модда калимаи «махсусгардонидашудаи» ба калимаи «махсуси» иваз карда шавад;
- дар қисми якум калимаҳои «Маълумоти варзишии» ба калимаҳои «Машғулиятҳои варзишии» иваз карда шаванд, калимаҳои «(минбаъд- МВКН)» аз матн хориҷ ва калимаи «мешавад» ба калимаи «мешаванд» иваз карда шавад;
-дар қисми дуюм ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои ихтисоршудаи «МВКН» ба калимаҳои «Мактабҳои варзишии кӯдакон ва наврасон» иваз карда шаванд;
-дар қисми сеюм калимаҳои «мақомоти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» иваз карда шаванд;
-дар қисми чорум калимаҳои «(минбаъд- ММЗОКН)» хориҷ карда шаванд;
-дар қисми панҷум ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои ихтисоршудаи «ММЗОКН» ба калимаҳои «Мактабҳои махсуси захираи олимпии кӯдакон ва наврасон» иваз карда шаванд;
-дар қисми панҷум калимаҳои «мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва калимаҳои «мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукумат) дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» иваз карда шаванд;
-дар қисми ҳафтум калимаҳои «сохта мешавад» ба калимаҳои «ба роҳ монда мешавад» иваз карда шаванд.
14. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «мақомоти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва мақомоти ҳокимияти маҳаллии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва сохторҳои маҳаллии он» иваз карда шаванд.
15. Дар қисми дуюми моддаи 14 калимаҳои «мақомоти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» иваз карда шаванд.
16. Дар қисми дуюми моддаи 18 калимаҳои «Мақомоти идораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии ҳамаи сатҳҳо» ба калимаҳои «Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 19:
-дар қисми якум калимаҳои «Мақомоти идораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ба калимаҳои «Сохторҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» иваз карда шаванд;
-дар қисми сеюм калимаи «ғайримақсад» ба калимаи «ғайримақсаднок» иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 20:
-дар номи модда калимаи «қонунӣ» ба «Қонуни» иваз карда шавад;
-матни модда дар таҳрири зайл баён карда шавад:
«Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
19. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ навишта шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 502

Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон            C. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 5 марти соли 2009, № 1258

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 611


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1045

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед