logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002  «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 11, мод. 663; с. 2005, № 12, мод. 634) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора шаванд:
2. Дар моддаи 1:
      - ном ва қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
«Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:»;
-рақамҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, ва 8 хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо аломати дефис «-»  гузошта, сархатҳо бо ҳарфи хурд навишта шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои «маълумоти олӣ ё миёнаи тиббӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ»  иваз карда шаванд;
- дар сархати 8 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Ёрии аввалиндараҷаи тиббию санитарӣ» ба калимаҳои «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «ҳамин Қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 3 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «нигаҳдории тандурустӣ» ба калимаҳои «ҳифзи саломатӣ» иваз карда шаванд.
5. Аз моддаи 4 рақамҳои 1, 2, 3 ва 4 хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо аломати дефис «-» гузошта шуда, калимаҳои аввали ҳар як сархат бо ҳарфҳои хурд навишта шаванд.
6. Дар моддаи 5:
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаҳои «ҳуқуқӣ ва воқеии» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқии» иваз карда шаванд;
- қисми шашум хориҷ карда шавад.
7. Дар матни моддаи 8 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои  «идораҳои тиббии суғуртавӣ» ба калимаҳои «ташкилотҳои суғуртаи тиббӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 9 ва дар тамоми матни Қонун калимаҳои «Вазорати нигаҳдории тандурустии»   ба калимаҳои «Вазорати тандурустии»  иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақоми онҳоро ба ин кор ҷалбкардаи (розишудаи) ҳокимияти иҷроия» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
10. Аз қисми сеюми моддаи 13 калимаи «ҳатмии» хориҷ карда шавад.
11. Дар сархати дувоздаҳуми моддаи 15 калимаҳои «Ҷузъҳои статсионарии» ба калимаҳои «бахшҳои беморхонавии» ва калимаҳои «доруҳои нашъаовар» ба калимаҳои «маводи нашъаовар» иваз карда шаванд.
12. Дар сархати ҳафтуми қисми якуми моддаи 16 калимаҳои «беҳдорию вогиришиносӣ» (стансияҳои санитарию эпидемиологӣ)» ба калимаҳои «санитарию эпидемиологӣ» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 20 калимаҳои «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
14. Моддаи 22 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 марти соли 2009, № 504

 

Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул намудани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид
намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
фаъолияти хусусии тиббӣ»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон            С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 28 январи соли 2009, № 1233


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 12 марти соли 2009, № 609


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 880

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед