logo

ҳуқуқ

КООПЕРАТИВИ МОЛИКОНИ МАНЗИЛ БАРОИ КИСТ?

Худойдод Абдукаримов, сокини хонаи 39/3, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе ба рӯзнома аризаи шикоятӣ овард. Ба ариза, инчунин ҳамсояҳояш Б. Баротова, Юсуфова, М. Комилова, Ф. Ҳакимов ва Х. Донизода имзо гузошта, аз фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагии манзилӣ - коммуналии №4 - и ноҳияи Сино шикоят кардаанд. Дар аризаи шикоятӣ, аз ҷумла омадааст:
«Ба шумо навишта маълум менамоям, ки ман Худойдод Абдукаримов, маъюби гурӯҳи дуюм ва нафақахӯр, 11 декабри соли 2014 барои аз сари нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиам ба хоҷагии манзилӣ - коммуналии №4 муроҷиат кардам. Сардор Умар Ҷалилов арзи маро шунида, ба назди сармуҳосиб фиристод. Сармуҳосиб тақозо намуд, ки барои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои манзил бояд аввал 770 сомонӣ қарзи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намоям. Ман ба ӯ фаҳмондам, ки хоҷагии манзилӣ - коммуналии шумо аз соли 1995 инҷониб барои бошандагони бинои мо ягон намуди хизмати коммуналӣ нарасондааст. Ҳангоми баҳс сармуҳосиб боисрор таъкид намуд, ки то ин маблағро насупорам, барои ман ягон ҳуҷҷат намедиҳад. Сардори хоҷагии манзилӣ – коммуналӣ низ гуфтаҳои сармуҳосибро тасдиқ намуд. Лек фаҳмонда натавонист, ки барои кадом хизмати коммуналӣ маблағ меситонанд. Дидам, ки гапам намегузарад, ба хотири зудтар ҳал кардани корҳоям 240 сомонии қарзи коммуналиро пардохт намудам. Фақат баъди ин сармуҳосибу сардор ҳуҷҷатҳоямро ба расмият дароварда, таъкид карданд, ки маблағи боқимондаро ҳарчи зудтар пардохт намоям.
Мақсад аз муроҷиати дастаҷамъона ба шумо аз он иборат мебошад, ки чунин аҳвол на танҳо ба сари ман, балки ба сари тамоми сокинони хонаҳои ба хоҷагии манзилии №4-и ноҳияи Сино тааллуқдошта омадааст. Мардум ба хотири гирифтани як маълумотнома дар бораи ҳайати оила маҷбур мешаванд барои корҳои иҷронакардаи кормандони хоҷагии манзилӣ ҳар моҳ «ҳаққи хизмати коммуналӣ» супоранд. Масъулон ва кормандони хоҷагии коммуналӣ талаботи мазкурро ба номи раиси шаҳри Душанбе алоқаманд медонанд, ки гӯё ҳукумати шаҳр барои гирд овардани маблағҳои коммуналӣ аз аҳолии шаҳр қарори дахлдор қабул карда бошад. Мо, сокинони хонаҳои 39/2 ва 39/3 – и хиёбони Саъдии Шерозӣ мехоҳем аниқ намоем, ки то кадом дараҷа талаботи кормандони хоҷагии коммуналии №4 қонунӣ аст. Зеро аз соли 1995 то ҳол ягон бор надидаем, ки кормандони ин хоҷагӣ гирду атрофи хонаҳои истиқоматии моро рӯфта, лотокҳои пасу пешро аз хазону хас ва лой тоза карда бошанд. Оид ба ҳалли баҳси мазкур мо чанд маротиба ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат намудем. Ин мақомот барои санҷиши арзи мо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синоро вазифадор намуд. Вале мақомоти ноҳиявӣ ба ҷойи чорае андешидан, амали ноодилонаи кооперативи моликони манзили №4 - ро дуруст ҳисобидааст. Аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хоҳиш дорем, ки дар ҳалли баҳси мазкур ба мо мадад расонад».
Воқеан, посухи муовини раиси ноҳияи Сино М. Носиров ба муроҷиати шаҳрванд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ишораеро дар бораи санҷиши ҷиддии шикояти Х. Абдукаримов надорад: «Бояд тазаккур дод, ки шикояти шаҳрванд Абдукаримов Х. асоси воқеӣ надошта, тибқи маълумоти сардори кооперативи моликони манзили №4 давоми соли охир (1997-2014) мавсуф дидаву дониста, маблағи хизматрасониҳои коммуналиро пардохт накардааст, ки ин раванд ба фаъолияти ташкилоти идоракунанда бевосита таъсир мерасонад. Аз ин лиҳоз, баҳри таъмини волоияти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои судманд андешида мешавад».
Муовини раис ба маълумоти роҳбари танқидкардаи сокинон эътимод дораду муроҷиати муаллифони номаро ноҳақу бе асоси воқеӣ донистааст. Аз посухи ин масъули соҳаи хоҷагии коммуналӣ 4 моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, барои равшан кардани ҳақиқати ҳол мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ягон чораи судманд наандешида, кори худро иҷрокарда меҳисобад. Агар муҳтарам М. Носиров ва сардори кооперативи моликони манзили №4 Умар Ҷалилов боре қадам ранҷа фармуда, бо сокинони хонаҳои 39/2 ва 39/3 –и хиёбони Саъдии Шерозӣ вомехӯрданд, боварӣ ҳосил мекарданд, ки шикояти Х. Абдукаримову ҳамсояҳояш асоси воқеӣ дорад. Онҳо аз забони аксари соҳибмулкони хонаҳои мазкур мешуниданд, ки «кормандони ЖЭУ-и №4 таҳти сарварии Умар Ҷалилов ягон маротиба гирду атрофи хонаҳои онҳоро рӯбучин ва тоза накарда, ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ меситонанд». Чунин эроди ҳаққониро онҳо метавонанд аз забони соҳибмулкони хонаҳои нигоҳубинашон ба КММ №4 вобасташуда шунаванд. Гирду атрофи пурхасу хошок ва обравҳои (лотокҳо) биноҳои бисёрхонагӣ бозгӯйи фаъолияти ғайриқаноатбахши коргарони КММ мебошанд. У. Ҷалилов хоҳиши хабарнигори рӯзномаро дар бораи бо сокинони ин хонаҳо вохӯрдан пазируфт, вале дар соати таъйиншуда наомад. Муҳосиби кооператив, ки ба ҷойи ӯ омада буд, ба арзу шикояти сокинон чизе гуфта натавонист.
Маълумотнома оид ба хизматрасонии фонди манзил, ки Умар Ҷалилов пешниҳод намуд, ҳоҷатбарори соҳибмулкон набудани сардори КММ №4 - ро тасдиқ мекунад. Аз он ҳамин қадар фаҳмидем, ки вазифаи КММ-и мазкур танҳо хизматрасонии коммуналии тоза кардани гирду атрофи биноҳо мебошад. Шаҳрвандон, тавре аз номаи шикоятии боло маълум шуд, чунин хизматрасонии кормандони КММ - ро дар ёд надоранд. Дар бобати нигоҳдории фонди манзил бошад, КММ №4 ягон корро ба ҷо наовардааст. Ин корро қонунгузорӣ ба дӯши соҳибмулкон вогузор намудааст. Пас КММ дар кадом асос аз онҳо музди безаҳмат ё пули бедарди миёнро талаб мекунад?
 Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Н. Хайруллоев шикояти шаҳрвандонро вобаста ба КММ №4 дуруст ҳисобида гуфт:
- Кооперативи моликони манзил ташкилоти идоракунандаи биноҳои бисёрхонагӣ мебошад. Умар Ҷалилов, ки ҳамчун сардор бо соҳибмулкон шартнома надошта бошад, чӣ ҳақ дорад аз онҳо маблағи хизматрасонии коммуналӣ ситонад? Додани маълумотнома бошад, бо қарори раиси шаҳри Душанбе чанд сол пеш манъ шуда буд. Имрӯз пешниҳоди нусхаи шиносномаи миллӣ барои ҳамаи ташкилоту муассиса ва корхонаҳо кифоя аст...
- Маблағе ки аз соҳибмулкон ҷамъоварӣ мекунед, ба кадом мақсад харҷ мешавад? – пурсидам аз У. Ҷалилов. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки барои пардохти маошҳои коргарони кооперативи моликони манзил, рӯбандагони гирду атрофи биноҳо, коргарони партовгоҳҳо, пардохти маблағи андозҳо, харидорӣ кардани белу каланд, мӯзаҳои резинӣ, собун ва дигар ашёи зарурӣ.
Маълум шуд, ки имрӯз ба КММ №4 сокинони беш аз 70 бинои истиқоматӣ барои хизмати коммуналии нарасонда ҳар моҳ беш аз 8 ҳазор сомонӣ месупоранд. Ба гуфтаи  У. Ҷалилов, кооператив дар ихтиёри худ 14 рӯбанда дорад. Агар ҳар яки онҳо дар тоза нигоҳ доштани гирду атрофи 5 бинои истиқоматӣ масъулиятро ҳис мекарданд, соҳибмулкон қаноатманд мешуданд. Вале рӯбандагон бештар ба тоза нигоҳ доштани роҳҳои нақлиётии назоратии ноҳия ҷалб карда мешаванд.
Рустам Иброҳимов, сардори шуъбаи хоҷагии коммуналию манзилии шаҳрдории Душанбе, мегӯяд:
- Ҳаҷми маблағи қарзии шумо набояд монеа барои гирифтани маълумотнома аз КММ шавад. Вазорати адлияи ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст, ки додани маълумотнома ба ихтиёри дафтарҳои шиносномадиҳӣ вогузор карда шавад, вале ин кай дар амал ҷорӣ мешавад, аниқ нест.
Дарвоқеъ, кормандони КММ-ҳо барои ҳар як маълумотномаи (справкаи) ҷойи зист ё ҳайати оилаи соҳибмулк аз корафтодагон 5 сомонӣ меситонанд, ки тамаъҷӯйии рӯйрост маҳсуб меёбад. Маълумотномадиҳиро КММ-ҳои имрӯза аз ЖЭУ-ҳои замони шӯравӣ мерос гирифта, барои рӯёндани қарзҳои тӯли даҳсолаҳо пайдошуда истифода мебаранд.
Моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил» муқаррар кардааст, ки «ташкилоти идоракунанда ё ширкат ҳуқуқ дорад вазифаи фармоишгар (истеъмолкунандаи дастаҷамъӣ) - ро барои хизматрасонии коммуналӣ ба сокинони бинои бисёрхонагӣ иҷро намоянд, ба шарте ки чунин қарор аз ҷониби маҷлиси умумии соҳибмулкони манзил, маҷлиси умумии аъзои ширкат қабул гардида бошад». Дар ин росто, маҷлиси умумии соҳибмулкони манзили хонаҳои 39/2 ва 39/3 – и хиёбони Саъдии Шерозӣ баргузор нашудааст. Пас дар кадом асос КММ №4 аз соҳибмулкон маблағи хизмати нарасондаашро талаб мекунад?
Э. НАЗАРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2015    №: 74    Мутолиа карданд: 1399

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед