logo

ҳуқуқ

РЕКЛАМА ЗАРУР АСТ, АММО…

Тоҳир ҒАФУРОВ,
 сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд


Аҳамияти реклама дар шароити имрӯза хеле назаррас буда, он воситаи асосии ба мардум дастрас намудани маълумот дар бораи маҳсулот ва тарғиби кору фаъолияти корхонаю муассисаҳо ба шумор меравад. Рӯзгори имрӯзаро бе реклама тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро он чӣ дар бозорҳои мол, меҳнат ва хизматрасонӣ ва чӣ дар телевизиону нашрияҳо мақоми хосеро касб намудааст.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагуна намуди тарғиботи рекламавиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ба танзим медарорад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо реклама сари кор доранд, зимни истеҳсол ва паҳнсозии он бояд талаботи қонуни мазкурро риоя намоянд. Реклама дар бораи маҳсулоти рекламашаванда бояд маълумоти пурра ва дуруст дошта бошад. Тавре дар қонуни зикргашта омадааст: «Реклама - иттилооте, ки дар ҳар шакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешавад ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъйин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд».
Қонун, инчунин паҳнсозии рекламаҳои номуносиб, аз ҷумла бевиҷдонона, нодуруст, беодобона, ошкоро бардурӯғ, пинҳонӣ ё дигар рекламаеро, ки дар он ба риоя накардани талабот нисбат ба мазмун, вақт, маҳал ва тарзи паҳнкунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда роҳ дода шудааст, манъ намудааст.
Пахши рекламаҳо тавассути радио ва телевизион дорои хусусиятҳои хос буда, бо нишон додани реклама ба буридани барномаҳои зерин роҳ дода намешавад: суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузоришҳо аз ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи онҳо, чорабиниҳои давлатӣ, маросимҳои мотам ва дигар маросимҳои расмӣ. Илова бар ин, мувофиқи қонунгузорӣ бо пахши реклама буридани барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония, барномаҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон, барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад ва барномаҳое, ки муҳлаташон аз 15 то 60 дақиқа аст, бештар аз ду маротиба манъ мебошад.
Ҳангоми истифодаи реклама ҳамчун замима ба тасвири асосӣ, аз ҷумла ба таври “сатри равон”, андозаи он бояд аз ҳафт фоизи масоҳати кадр зиёд набошад. Паҳн кардани рекламаи як навъи мол, ҳамчунин паҳни реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда дар як мавҷи намоиш ба ҷо оварда шавад.
Чаро мо бештар ба хусусиятҳои реклама дар барномаҳои телевизион ва радио диққат додем? Ин аз он хотир аст, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» на ҳама вақт аз ҷониби шахсони бевосита ба пахши реклама машғулбуда риоя мегардад.
 Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ риояи талаботи қонуни мазкурро дар фаъолияти ширкатҳои телевизионии «СМ-1» ва «Азия» дар самти пахши реклама мавриди санҷиш қарор дод. Ин ширкатҳо дар ҷумҳурӣ аз аввалин телевизионҳои ғайридавлатӣ мебошанд ва фаъолияти худро дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар қонунҳои танзимкунандаи соҳавӣ ба таври мустақим ба роҳ мондаанд. Дар қатори барномаҳои ҷолибу дилписанд телевизионҳои мазкур бо пахши рекламаи молҳои истеҳсоли маҳалливу хориҷӣ ва кору хизматрасонӣ, аз ҷумла хӯрокворӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, доруворӣ, инчунин хизматрасонии бонкӣ, тиббӣ, таълимӣ, фароғатӣ, ки сертификатсияи ҳатмӣ ё иҷозатномаи махсусро барои фаъолият талаб менамоянд, машғул мебошанд.
Аз натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ин ширкатҳои телевизионӣ пахши рекламаҳоро дар асоси шартнома бо фармоишгарон ба роҳ мондаанд. Муайян карда шуд, ки дар ҷараёни пахши барномаҳо аз ҷониби ширкатҳои номбурда бо реклама буридани онҳо бо риояи меъёрҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ мегардад. Вале ҳолатҳое низ ошкор гаштанд, ки ҳангоми пахши реклама дар ин ширкатҳои телевизионӣ ба камбудиву хатоиҳо роҳ додаанд. Аз ҷумла, дар вақти намоиши барномаҳо дар поёни тасвири асосӣ якчанд нишони (логотипи) корхонаҳои сарпарасти барномаҳо истифода мегардад, ки дар давоми тамоми барнома ҳамчун реклама пахш мешавад. Ҳол он ки тибқи талаботи қонун паҳн намудани як навъи мол, ҳамчунин реклама дар бораи худи рекламадиҳанда набояд бештар аз ду маротиба дар давоми тамоми намоиш ва на бештар аз ду дақиқа дар муддати як соати вақти ба пахши барномаҳои радио ва телевизион ҷудошуда манъ шудааст.
Инчунин, пахши баъзе аз рекламаҳо бидуни пешниҳоди сертификати мутобиқат ва ё асноди иҷозатдиҳӣ барои фаъолият аз ҷониби фармоишгар ба молу маҳсулоти рекламашаванда ва кору хизматрасонӣ ҷой дорад, ки ин қонуншикании маҳз мебошад. Қонун ҳамчунин талаб менамояд, ки маводи реклама аз ҷониби паҳнкунандагони он муҳлати муайян, яъне шаш моҳ нигоҳ дошта шавад, вале чунин тартибот аз тарафи ширкатҳои санҷидашуда риоя нагардидааст.
Дар шароити имрӯза намудҳои реклама афзуда, ҷолибу муассиртар мешаванд. Ва ин табиист, зеро он ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқие мебошад, ки бо реклама сари кор доранд. Дар баробари ин, таъкид менамоем, ки барори фаъолияти шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” низ вобаста мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2015    №: 75    Мутолиа карданд: 685

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед