logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб ҳашт сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат расму ойини милливу динӣ ба як низоми муайян даромад ва хароҷоти беҳудаву исроф аз байн бардошта шуд.
Татбиқи қонуни мазкур ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва пасандоз кардани миллионҳо сомонӣ мусоидат намуд.
Дар ин бобат суҳбате доштем бо Мирзозода Азизулло, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ба назари шумо, чаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қонуни миллӣ меноманд, он аз куҷо сарчашма мегирад ва зарурати таълифи онро чӣ сон тавсиф мекунед?
- Агар ба умқи таърих назар кунем, хусусан ба осори классикони тоҷику форс, аён мегардад, ки онҳо то кадом дараҷа аз исрофи беҳуда наҳй кардаанд:
Бар он кадхудо зор бояд гирист,
Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷ бист.

Ин байт ба мақоли халқӣ «Ба кӯрпаат нигоҳ карда, пой дароз кун»  шабоҳати том дорад.
Шайх Саъдӣ дар ин бора мефармояд:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.
Ин гувоҳи он аст, ки чунин зиёдаравӣ, тақлидҳои ноҷо, исрофкорӣ дар ҳамон замон низ дида мешуд. Ҷалолиддини Румӣ низ дар ин бобат мегӯяд:
Мар маро тақлидатон бар бод дод,
Эй дусад лаънат ба ин тақлид бод!

Мутаассифона, чунин одоту тақлидҳои ноҷо ва хурофотпарастӣ садсолаҳо ин ҷониб ташаккул ёфта, бори гарони мардум шуда буданд.
Аҳмад Махдуми Дониш баъди чанд сафараш ба Русияи подшоҳӣ зиндагии мардуми Аврупоро дар муқоиса бо ҳаёти тангу тор ва пурхурофоти Аморати Бухоро тасвир карда, онро зери тозиёнаи танқид қарор додааст.
Устод Садриддин Айнӣ низ дар «Ёддоштҳо»-яш он маъракаҳое, ки боиси хонахароб гардидани мардум мегардиданд, ёдрас кардааст. Бо вуҷуди сермасраф гардидани маърака, тақлиду рақобати бемантиқ дар гузарондани тӯю маросимҳои дафну азодорӣ касе ҷуръат намекард, ки андешаи солимро баён намояд. 
Хурофот бо маросимҳои динӣ чунон омезиш ёфта буд, ки аксарият онҳоро аз ҳам фарқ намекарданд ва пойбанди таассубу хурофот буданд. Бинобар ҳамин, Сарвари давлат барои таъмини зиндагии осудаи мардум ва рафъи хурофоту бидъат бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони мамлакат машварат намуда, роҳи ягонаи халосиро, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, дар қабули қонун донист.
Моҳи майи соли 2007 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд.
Ростӣ, лоиҳаи қонунро мутолиа карда, дар ҳайрат уфтодам, ки мо то чӣ андоза мардуми сода будаем, ки ақаллан намеандешем, ҳамаи ин маросимҳо ба хотири чист ва аз куҷо сарчашма мегиранд? Маросимҳои азодориро кӯр - кӯрона фармудаи шариати исломӣ мепиндоштем. Ҳатто рӯҳониён «об ба даҳон гирифта» асли масъаларо ба мардум намефаҳмонданд. Ман ҳамаи маъракаҳои «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва гилемро дар назар дорам. Тасаввур кунед, ки ҳануз майитро ба хок насупурда, як зумра ашхосе, ки аз чунин маъракаҳо манфиатдор буданд, даррав як чорвои калони соҳиби майитро забҳ карда, таом омода менамуданд. Ҳатто аз куштани ягона гови соҳибхона, ки шири он мояи зиндагии кӯдаконаш буд, даст намебардоштанд. Бар болои ин, маросимҳои зикршуда, хусусан то сари сол 52 маротиба додани таоми «ҷумъагӣ» хеле вазнин буд. Ҳол он ки чунин маросимҳо ба дини ислом бегона буданд.
Пас аз он, ки қонун рӯйи кор омад, аксари рӯҳониён асли воқеиятро пӯшондан натавонистанд. Ҳол он ки дини ислом азодориро ҳамагӣ се рӯз ва барои зани аз шавҳар маҳрумшуда чор моҳу даҳ рӯз муқаррар кардааст.
Баргузор кардани хатнасуру тӯйи арӯсӣ низ аз маросимҳои азодорӣ камтар набуд. Масалан, дар тӯйи арӯсӣ вобаста ба минтақаҳо гузарондани чандин маърака, аз ҷумла «фотиҳаи тӯй», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сандуқбарон», «сарупобинон», «чойгаштак», «раисталабон», «қудоталабон», ҳамчунин тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс расм буд. Тӯй беш аз як ҳафта идома дошт. Аз се то даҳ чорвои хурду калон ва ҳатто беш аз онро забҳ мекарданд.
Воқеан, мардуми мо пойбанди чунин маросиму маъракаҳои вазнину серхароҷот ва бидъату хурофотӣ буданд. Таҳлилҳои воқеӣ ҷомеаи моро ба зарурати қабули қонуни махсус оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуд. Бо ташаббуси Президенти мамлакат ва дастгирии мардум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 8 июни соли 2007, қабул гардид. Ин қонун воқеан миллист, зеро он дар Тоҷикистон тавлид ёфт ва маҳсули фитрии қонунгузории ҷомеаи мост.
Ростӣ, то қабули қонуни мазкур барҳам додани он урфу одатҳое, ки садсолаҳо вуҷуд доштанд, ғайриимкон буд. Шояд дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ ба ҳамон ақида буданд, ки ин масъалаи хеле нозук аст, бинобар ҳамин, меҳаросиданд ба он даст зананд. Ман ба ҷуръати Сарвари давлат қоилам. Қонун зодаи даврони Истиқлолият ва яке аз неъматҳои он аст, ки аз дӯши мардум бори гаронро рафъ кард. Ҳоло сокинони мамлакат бо татбиқи  қонун маъракаҳои худро бо осонӣ ва суҳулат мегузаронанд. Боиси хурсандист, ки ба қонуни мазкур дар кишварҳои ҳамсоя низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, онро дастгирӣ намуданд.

- Бигӯед, ки қонуни мазкур дар ин муддат, яъне дар тӯли қариб 8 сол чӣ қадар суд овард ва мардум бо риояи он чӣ миқдор маблағу чорворо сарфа кард?
- Дар бораи дастовардҳои татбиқи қонуни мазкур бисёр навиштаанду гуфтаанд ва месазад, ки боз бо далелу буҳрон мисолҳо орем. Дар тамоми гӯшаву канори кишварамон 499 комиссияи доимии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо фаъолият доранд, ки масъулон баргузории маъракаҳоро тибқи қонуни мазкур назорат мекунанд. Андешаи  соҳиби маърака  оид ба забҳи чорво  ҳини вохӯрӣ бо масъули комиссия дар варақаи махсус сабт меёбад. Ҳамин маълумот аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ба кумита ворид мегарданд. Мо ин маълумотро таҳлилу баррасӣ намуда, аз рӯи он ҳисоби умумиро мебарорем.
Ҳисоби омории мо нишон медиҳад, ки теъдоди маъракаҳои баргузоршуда дар давоми қариб 8 соли қабули қонун ба як миллиону сесад ҳазор мерасад. Дар ҳамаи ин маъракаҳо 750 ҳазор чорво забҳ шудааст. Чуноне ки зикр кардем, то қабули қонун дар ҳар як маърака, хусусан дар маъракаҳои хурсандӣ ду чорвои калон ва якчанд чорвои хурд ва дар маъракаҳои азодорӣ як чорвои калон ё хурд забҳ мешуд. Баъди татбиқи қонун чуноне ки мебинем, ба ҳар маърака забҳи як чорво ҳам рост намеояд. Сабаби забҳ нагардидани чорво дар он аст, ки онҳо танзим ёфтанд ва ба меъёри муайян гузаронда мешаванд. Бинобар ҳамин, соҳиби маърака ба хулосае меояд, ки ба забҳи чорво ниёз надорад ва барои гузарондани маърака аз бозор гӯшт мехарад. Аз ин ҷост, ки забҳи чорво бамаротиб кам шуд. Дар давоми амали қонун беш аз 11,5 миллиард сомонӣ ба нафъи мардум пасандоз гардид. Ин ҳамон маблағҳоеанд, ки метавонистанд дар баргузории маъракаҳое, ки феълан манъ ва маҳдуд шудаанд, харҷ гарданд. Дар азодорӣ ду маърака - чилу сол бо додани таом боқӣ монд. Маъракаи се бошад, бе додани таом бо дуову фотеҳа мегузарад.
Бояд иқрор шуд, ки баъзе зиёдаравиҳо дар маъракаҳои азодорӣ, хусусан дар се ё ҳафт додани таом ба назар мерасад. Масъулон бояд ба корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва дар мавридҳои зарурӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ мураттаб созанд. Аз маъракаҳои хурсандӣ, ки теъдодашон ба 10-15 мерасид, ду маърака - тӯйи арӯсӣ ва хатна боқӣ мондааст.
Бояд хотиррас шуд, ки тӯйи арӯсӣ дар як рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронда мешавад. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ дар як рӯз бо иштироки то 60 нафар танҳо дар доираи як чорабинӣ мегузарад.
Мутобиқи қонун дигар маъракаҳо манъ шудаанд. Шаҳрвандон имконият пайдо карданд, ки пасандозҳои худро барои беҳбуди зиндагӣ истифода баранд.
Қонун хароҷоти беҳударо аз байн бурд. Ҳоло аксари мардум ба созандагӣ, ба бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва боғу токзор машғуланд. Ҳоло бештар барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандонашон таваҷҷуҳ зоҳир месозанд.
Дигар дастоварди қонун он аст, ки баргузор намудани ҳамон маъракаҳои вазнини миёншикан осон гардид. Аксарият барои барпо намудани маърака ба қарз меғӯтиданд ва то ду - се сол маблағи қарзашонро мегардонданд. Мувофиқи омори Вазорати адлия, то давраи қабули қонун теъдоди ақди никоҳ дар ҳудуди то 50 ҳазор буд. Аз соли 2007 ҳамасола ба 94 то 104 ҳазор расидааст, ки тақрибан ду маротиба зиёд аст. Ин рақамҳо ифодагари онанд, ки хонадоршавӣ хеле осон гардид. Як нуктаро бояд зикр кард, ки бо иқдоми Сарвари давлат аз тарафи шахсони саховатманд, ташкилоту корхонаҳо аз соли 2009 инҷониб ҳар сол хатнасури то 15 ҳазор кӯдак ва тӯйи арӯсии ҳазор нафар ҷавон ба таври хайриявӣ ва дастҷамъона гузаронда мешавад. Дар давоми панҷ сол хатнасури 75 ҳазор кӯдаки ятим ва аз оилаҳои камбизоат гузаронда шудааст.

- Оё ба кумита андешаҳои шаҳрвандон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда пешиҳод шудааст?
- Оре, мо аз сокинони мамлакат номаҳои зиёд мегирем, ки онҳо аз қабул ва татбиқи қонун сипосгузоранд. Дар баробари ин андешаҳои худро низ оид ба баргузории маъракаҳо иброз медоранд, ки онҳо вобаста ба фаслҳои сол мавсимӣ бошанд. Мувофиқи талаботи қонун оғози маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ баъди соати 18 муқаррар шудааст, ки дар фасли зимистон аллакай торик аст, хусусан дар деҳот, ки барқ нест, мардум ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин, хоҳиш доранд, ки ба қонун тағйирот ворид гардад ва маъракаҳо барвақт оғоз ёбанд.
Дар тобистон бошад баръакс, оғози маъракаҳо дар рӯзҳои истироҳат ва ид аз соати 8 муқаррар шудааст. Аксари мардум дар фаслҳои гармо соати шаш аллакай ба корҳои саҳро мебароянд ва барои ширкат дар маърака соати 8 бармегарданд. Бо ҳамин далелҳо хоҳиши онро доранд, ки маъракаҳо барвақттар, аз соати 6 оғоз ёбанд. Ин хоҳишу пешниҳодҳои мардум барои баррасӣ ба Комиссияи махсус, ки дар сатҳи ҳукумат аст, ирсол шудаанд ва дар сурати қобили қабул будан ба назар гирифта мешаванд.

- Бигӯед, ки аз оғози татбиқи қонун чанд ҳуқуқвайронкунӣ сабт шудааст ва бештар дар кадом манотиқи кишвар ба назар мерасад?
- Дар давоми татбиқи қариб 8 соли қонун 2067 парванда мураттаб гардида, шахсони гунаҳгор ҷаримабандӣ шудаанд. Соли 2014 теъдоди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ба 567 адад расид. Маблағи ҷарима дар соли сипаришуда 1940 ҳазор сомониро ташкил дод. Протоколҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо  сабт гардидаанд. Баъзе ноҳияҳо беш аз 20 протокол пешниҳод кардаанд. Аз рӯи мушоҳидаҳо масъулони соҳа дар он ноҳияҳо нисбат ба қонуншиканиҳо мубориза мебаранд. Баръакс дар он ноҳияҳое, ки нишондиҳандаҳои ифшои қонуншиканиҳо кам аст, ин маънои онро дорад, ки масъулон ба муросокорӣ роҳ медиҳанд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.04.2015    №: 75    Мутолиа карданд: 1167

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед