logo

сафарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

10 апрел, бегоҳии рӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба ҳайси ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ба шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея ворид шуд.
Дар фурудгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

11 апрел дар шаҳри Тэгу Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо губернатори музофоти Гёнсангбук-до Ким Кван-йон мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста бо ҳамкории Тоҷикистону Корея ва робитаҳо бо минтақаҳои он, аз ҷумла миёни музофоти Гёнсангбук-до ва минтақаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ бо ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ташкил ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он, аз ҷумла нассоҷӣ, соҳаҳои энергетика, саноат, кӯҳкорӣ, ҷаҳонгардӣ ва фарҳанг дорои дурнамои хуб номида шуд.

12 апрел дар ҳошияи форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ доираи васеи масоили вобаста ба ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба зарурати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.
Масоили таҳкими ҳамгироӣ барои таъмини амну суботи минтақавӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.

Ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея бо Президенти ин кишвар хонум Пак Хин Хе мулоқоти расмӣ анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд.
Аз рушди муносибот ва густариши ҳамкории ду кишвар, бахусус дар солҳои охир изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки давоми 10 сол ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Корея 7 баробар афзудааст. Ҳоло 16 корхонаи муштарак бо сармояи кореягӣ дар Тоҷикистон фаъолияти самарабахш доранд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда дар муносиботи ду кишвар ҳанӯз хеле зиёданд. Соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, телерадиокоммуникатсия ва электроника, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, обрасонӣ, илму фарҳанг ва муҳоҷирати корӣ дорои дурнамои умедбахш барои рушди муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвар номида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб ба ҷалби муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Корея ҳавасманд мебошанд ва барои ин корҳои заруриро анҷом хоҳанд дод.
 Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқот 5 санади нави ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба алоқаи ҳавоӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Корея;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш ва сайёҳии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш.
Тафсилоти ҳамкории Тоҷикистону Корея, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ Йонг Мок Ким баррасӣ гашт.
Бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Корея тасмим гирифта шуд, ки намояндагии Агентии Корея оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе боз карда шавад.
Йонг Мок Ким изҳор дошт, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи арсаҳо ва имконоти рушди ҳамкорӣ ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Зикр гардид, ки барои бартарафсозии мушкилоти таъмини оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб ва бунёди корхонаи коркарди партовҳои саноатию маишӣ дар Тоҷикистон ояндаи наздик тадбирҳои муштараки иловагӣ андешида мешаванд.

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея дар Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуд.
Форуми мазкур дар маҷмааи биноҳои Экспо Кореяи шаҳри Тэгу бо иштироки қариб 35 ҳазор нафар аз зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҷараён ёфт.
Дар даромадгоҳи бинои мазкур Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Корея хонум Пак Хин Хе истиқбол гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум ба ҳайси ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт” иштирок кард. Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт” аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гардида буд ва инак соли даҳум аст, ки ҳамаи чорабиниҳои ҷаҳонии вобаста ба об дар тамоми гӯшаю канори дунё барои татбиқи амалии нишондодҳои ҳамин ибтикор ҷараён мегиранд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об суханронӣ намуда, бори дигар таваҷҷуҳи аҳли башарро ба масъалаҳои ҳалталаби глобалӣ вобаста ба оби тозаи ошомиданӣ ҷалб намуд.
Бо такя ба арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла зикр гардид, ки “аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбуди об шиддати бештар пайдо хоҳад кард”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “... самти муҳими фаъолияти минбаъдаи мо бояд ба сӯи иқтисоди «сабз» равона карда шавад ва дар ин арса захираҳои об ба ҳайси манбаи таҷдидшавандаи неруи барқ бояд мавқеи арзанда дошта бошанд”. Бо таассуф зикр гардид, ки “имрӯз ҳиссаи неруи барқи обӣ дар истеҳсоли ҷаҳонии неруи барқ тақрибан 20 фоизро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки аз имкониятҳои аз лиҳози иқтисодӣ фоиданоки гидроэнергетикӣ ҳамагӣ 45 фоиз истифода мегардаду бас”.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳамбастагии «об – неруи барқ – озуқаворӣ» метавонад дар тавлиди неруи барқи аз нигоҳи экологӣ безарар, рушди иқтисоди сабз, ҳифзи покизагии табиат ва муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва таъмини минтақаҳои фарох бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми намоёну муассир ва ибратбахш дошта бошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон олимону коршиносон ва сармоягузорони ҷаҳонро ба иштирок ва саҳмгузорӣ дар истифодаи босамари захираҳои фаровони обии Тоҷикистон ба нафъи кулли мардумони минтақаи фарохи мо даъват намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои 10 соли пас аз соли 2015 даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад.
Изҳор шуд, ки бо қабули ин ташаббус татбиқи босамари тадбирҳои дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» амалишаванда идома ёфта, барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати фаъол мекунанд.
Дар фароварди суханронӣ аз иштирокдорони форум даъват карда шуд, ки дар омодасозӣ ва баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷараён хоҳад дошт, иштироки фаъол намоянд.
Тоҷикистон ва фаъолияти босамари дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалии онро дар соҳаи об ва энергетикаи сабз дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ҳамчунин гӯшаи кишвари мо дар намоишгоҳи форум муаррифӣ менамояд, ки аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд. Дар намоишгоҳи Тоҷикистон филмҳои мустанаду лавҳаҳои телевизионӣ, мусаввараҳои дилкаш, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва намунаҳо аз обҳои мусаффо ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои кишвари зебои мо пешкаши иштирокдорони сершумори ин форуми ҷаҳонии об гардид. Умуман тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулони Тоҷикистон ҷаҳд намуданд, ки аз имконоти ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ барои муаррифии шоистаи кишвари зебоманзари мо ва сарватҳои бебаҳои табиии он ҳамаҷониба истифода баранд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2015    №: 76    Мутолиа карданд: 5302

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед