logo

ҳуқуқ

ВАСИЯТНОМА ҳуҷҷати муҳимест, ки ихтилофҳоро аз байн мебарад

Ба идораи рӯзномаи  «Ҷумҳурият» номаву пурсишҳои зиёде оид ба шарҳи ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла васиятнома, тартиби тасдиқ, мавриди амал қарор гирифтан, бекор кардан ва тағйир додани он ворид мегарданд. Муаллифони номаҳо аз мо хоҳиш мекунанд, ки ба пурсишҳояшон мутахассисони соҳа посух диҳанд.  Бинобар ин, хабарнигори «Ҷумҳурият» бо Парвиз АСАДОВ, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар робита ба ин мавзӯъ ҳамсуҳбат шуд:

- Муҳтарам Парвиз Асадов, васиятнома чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва он дар кадом ҳолатҳо тасдиқ карда мешавад?   
-  Васиятнома, ҳамчун амали шахс оид ба идоракунии молу мулк, ки ба вуҷуд омадани ҳуқуқ ва вазифаҳоро ба шахсони дар васиятнома номбаршуда, дар ҳолати вафот кардани васияткунанда, эътироф мешавад.  Васиятнома аҳди яктарафа ба ҳисоб рафта, барои баамалбарории он иродаи як тараф, яъне васияткунанда кифоя аст. Барои эътибори васиятнома  иродаи  шахсони  дар он номнависшуда ё дигар шахсон таъсир намерасонад.  
Дар моддаи 52 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»  махсусан зикр шудааст, ки васиятнома танҳо иродаи як шахсро ифода  мекунад. Инчунин, васиятнома тавассути намоянда ва аз номи ду ва зиёда васияткунанда  тасдиқ карда намешавад. Васиятнома  на танҳо  аҳди яктарафа, балки шахсӣ  низ мебошад. Яъне  худи шаҳрванд  шахсан бояд васиятномаро тартиб диҳад, иштироки ӯ ҳангоми аз тарафи нотариус  мураттаб сохтани он ҳатмӣ аст.
 Тартиби  ба  ҷо  овардани  васиятномаро  қонун  муайян кардааст. Фарқи васиятнома  аз  аҳдҳои  дигар  дар он аст,  ки ин ҳуҷҷат танҳо пас аз вафоти васиятгар  қувваи  ҳуқуқӣ  пайдо  мекунад, ба он баҳо дода,  иҷро  карда  мешавад.  Васиятнома  бояд  тавре  тасдиқ   шавад, ки  шубҳаро  нисбат ба  муҳтавои он,  ки  васиятгар  пурра  қобили  амал   буд,  истисно намояд.  
 
- Баъд аз тасдиқи васиятнома васияткунанда ҳуқуқи истифодаи молу мулки худашро аз даст медиҳад.  Бигӯед, ки васиятнома кадом вақт ба қувваи қонунӣ медарояд?
- Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ»  омадааст, ки  зимни тасдиқи васиятнома ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда талаб карда намешаванд, зеро васияткунанда то рӯзи вафоташ ҳамчун соҳибмулк молу мулкашро, новобаста  аз  васиятнома,   пурра  идора  ва  ихтиёрдорӣ  мекунад  ва мумкин  аст,  то  рӯзи  вафот  соҳиби  молу  мулки  дигар  низ  шавад.  Тавре  дар  боло  зикр намудем,  васиятнома танҳо  пас  аз  фавти  васиятгар  қувваи  ҳуқуқӣ  пайдо  карда,  оқибатҳои ҳуқуқиро ба вуҷуд  меорад.  Матни  васиятнома   бояд  иродаи  васияткунандаро  дақиқ   ифода  кунад  ва  мазмуни  он  шарҳи  яктарафаро  истисно  намояд.

-  Вақте ки шаҳрвандон барои  васиятнома  додан ба шумо муроҷиат мекунанд, кадом масъалаҳо бояд муайян ва ба васияткунанда фаҳмонда шаванд?  Ва дар ин замина, мехоҳем ба мафҳуми ҳисса мухтасар  равшанӣ андозед.
- Баъди  муқаррар  намудани  шахсияти  васияткунанда  нотариус зимни  суҳбат  бояд ҳаҷм ва намуди молу мулкеро, ки васиятгар хоҳиши васият карданро дорад,  муайян  кунад. Ҳангоми  тартиб додани васиятнома  нотариус ё шахси мансабдори дигар бояд ба васиятгар дар ҳузури шоҳиди  интихобкардааш оқибатҳои мафҳумҳои «ҳамаи молу мулк», ҳиссаҳои муайян, «бо ҳиссаҳои баробар» ё  намуди алоҳидаи молу мулке, ки ба ӯ тааллуқ  дорад, «аз ду як ҳисса», «аз чор як ҳисса»,  кадоме,  ки  дар  васиятнома  нишон  дода  мешавад  ва  фарқи  ин мафҳумҳоро фаҳмонад.  Нотариус,  инчунин  бояд  мазмуни моддаҳои 1157- 1158- қоидаҳои умумии  васиятнома  ва  васиятномаи  бо тартиби нотариалӣ тасдиқшуда, моддаи 1160 бекор кардан ва тағйир додани васиятнома, моддаи 1161 - махфӣ будани васиятнома, 1163 - беэътибории васиятнома,  моддаи 1171 - ҳуқуқ ба ҳиссаи ҳатмии меросро ба маълумоти васиятгар ва шоҳид расонад. Молу мулк дар васиятнома метавонад ба таври умумӣ (тамоми молу мулк, як ҳиссаи муайян, яъне 1/4 ё 1/3 ва ғайра ) нишон дода шавад. Байни ворисон мумкин аст молу мулк мушаххас тақсим шавад (ба фарзандам хонаи истиқоматӣ, ба бародарам автомашина  ва  ғайра). Дар ин маврид зарур аст, ки аломатҳои молу мулк дақиқ ифода карда шаванд.  Агар васияткунанда хоҳиши бо ҳиссаҳои муайян васият кардани молу мулкашро дошта бошад, нотариуси  давлатӣ  бояд ба эътибор гирад, ки ҳиссаҳои дар васиятнома дарҷгардида мушаххас нишон дода шуда бошанд, тамоми молу мулк, агар шартан 1 бутун қабул карда шавад, пас ҷамъи ҳиссаҳо набояд аз он зиёд бошад.
Гузашта аз ин, нотариус ба васияткунанда имконият ва мақсаднок будани дар васиятнома таъйин кардани иҷрокунандаи васиятномаро мефаҳмонад.

- Дар кадом мавридҳо таъйин кардани иҷрокунандаи васиятнома муҳим аст? Лоиҳа ва матни васиятнома аз тарафи кӣ омода карда мешавад?  
- Дар  ҳолатҳои зерин таъйин кардани иҷрокунандаи васиятнома муҳим аст:
-  молу мулк ба ноболиғоне васият карда мешавад, ки онҳо падару модар надоранд;
-  молу мулк ба давлат ё шахси ҳуқуқӣ васият карда мешавад;
- васиятнома мазмуни супориш ё базим-магузорӣ дошта бошад;
-  молу мулке, ки васият карда мешавад, пас аз вафоти васиятгар идораи онро талаб мекунад  (корхона, ҳисса дар сармояи оинномавӣ ва ғайра).
Дар иртибот ба саволи дувуматон гуфтанием, ки мувофиқи хоҳиш ва иродаи васияткунанда нотариус лоиҳаи васиятномаро омода месозад ва дар ҳолати ба мувофиқа нарасидан лоиҳаи дигар тайёр мекунад. Дар назар доштан даркор аст, ки дар матни васиятнома ислоҳҳои эзоҳдоданашуда бо қалам бояд навишта нашаванд. Ҳар гуна ислоҳ ва навиштаҷоти илова бо имзои васиятгар ва нотариус тасдиқ карда мешавад.
Васиятномае, ки аз суханони васияткунанда тартиб дода мешавад, то ба имзо расидани он пурра аз ҷониби васияткунанда дар ҳузури нотариус ва шоҳид хонда мешавад. Агар васияткунанда имконияти шахсан хондани васиятномаро надошта бошад, пас матни он аз ҷониби шоҳид дар ҳузури нотариус хонда  шуда, дар ин бора дар васиятнома бо нишон додани сабабҳои он аломат гузошта мешавад.
Ҳамаи марҳалаи ба ҷо овардани васиятнома, хоҳ дар идораи нотариалӣ бошад ё берун аз он, махфияти махсус дорад ва он бояд қатъӣ риоя шавад.

- Оё дар вақти тартиб ва тасдиқи васиятнома шоҳид ҷалб карда мешавад? Агар ҳа, пас кадом шахс шоҳид буда метавонад?
- Дар қисми 1 моддаи 1158 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки зимни тартиб додан ва тасдиқи нотариалии васиятнома иштироки шоҳид ҳатмист.  Шоҳидро худи васияткунанда интихоб менамояд ва ӯ ҳангоми тартиб ва тасдиқи васиятнома иштирок менамояд.
Аз таҷрибаи  нотариалӣ  бармеояд,  ки  ҳангоми  тасдиқи васиятнома дар ҳузури шоҳид асосан пиронсолон худро озод ҳис мекунанд.  Онҳо  дар  назди  шиноси  боваринок  нияти  худро  кушоду  равшан  баён  менамоянд. Ҷалб намудани шоҳиди интихобкардаи васияткунанда, барои ҳимояи манфиатҳои ӯ таъсир мерасонад. Иштироки шоҳид ҳангоми баҳси шахсони  манфиатдор  барои муайян кардани ҳолати тасдиқи васиятнома  ёрӣ  мерасонад.
 Шахсони зерин шоҳид буда наметавонанд:
-нотариус ё шахси дигаре, ки васиятномаро тасдиқ менамояд;
-ҳамсар, фарзандон, падару модар, набераю абераи шахсе, ки нисбат ба ӯ васиятнома ё супориши васияткунандаи мерос таҳия ва тартиб дода мешавад ва ҳамчунин ворисони қонунии васиятгар;
-шаҳрвандоне, ки ғайри қобили амал мебошанд;
-шаҳрвандон ва шахсони дигар, ки қобилияти хондани васиятномаро надоранд;
-шахсоне, ки барои нишондоди бардурӯғ додан суд шудаанд.
Дар матни васиятнома шоҳид оид ба риоя намудани сирри васиятномаи баҷоовардашуда мутобиқи моддаи 1161 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ карда мешавад.
Кодекси гражданӣ хусусияти махфияти махсуси васиятномаро ба эътибор гирифта, масъулияти нотариус ва шахсони дигарро пурзӯр намудааст. Яъне, масъулият ҳатто дар мавриди беаҳамиятӣ - беқасдона ошкор шудани мавзӯи васиятнома пайдо мешавад. «Нотариус, шахси дигаре, ки васиятномаро тасдиқ намудааст, шоҳидон ва ҳамчунин шаҳрванде, ки васиятномаро ба ҷойи васиятгар имзо намудааст, то кушодани мерос ҳуқуқ надорад маълумоти ба мазмуни васиятнома, тартиб додан, бекор кардан ва тағйир додани он дахлдоштаро ошкор намояд».
Аз мазмуни моддаи 1158 - и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки иштироки шоҳид зимни тартиб додан, имзо гузоштан ва тасдиқ кардани васиятнома пешбинӣ  шудааст.  Ҳамин тавр, шоҳид аз марҳалаи тайёр кардани васиятнома иштирок мекунад.

- Чунин ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки  васиятнома бо иштироки шахси дигар  имзо карда шавад?
-Бале,  дар  ҳолатҳои  пешбининамудаи  қонун  васиятнома  мумкин  аст аз тарафи шахси дигар имзо шавад. Номгӯи ҳолатҳое, ки дар васиятнома ба ҷойи васияткунанда имзо кардани шахси дигар дар қонунгузорӣ муайян карда шудааст. (Қисми 2 моддаи 1158 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Мутобиқи қонун сабабҳое, ки васияткунанда имзо карда наметавонад инҳоянд:  нуқсони ҷисмонӣ, беморӣ ё бесаводӣ. Бо дигар сабабҳо васиятномаро шахси дигар имзо карда наметавонад.
Нотариус аз рӯи шиноснома шахсияти шахси имзокунандаро  муқаррар намуда, қобили амал будани  ӯро  месанҷад.  Талаботе, ки нисбат ба шоҳид пешбинӣ гардидааст, ба шахсе, ки ба ҷойи васияткунанда имзо мекунад, паҳн мешавад.
Манфиатдор будани шахсе, ки ба ҷойи васияткунанда имзо мегузорад, мумкин аст барои ифодаи иродаи васияткунанда таъсир расонад. Дар ҳолати мазкур дар қонунгузорӣ номуносиб будани шахсоне, ки ба ҷойи васияткунанда имзо мегузоранд, ҳамчун асоси беэътибор донистани васиятнома номбар нашудааст. Лекин ҳангоми ҷалб накардани шахси дигар, агар худи васияткунанда бесавод бошад ва ба ивази имзо аломати салиб (X) монад, васиятнома беэътибор  ҳисоб  карда  мешавад.  Шахси имзогузоранда ба талаботе, ки нисбат ба шоҳид пешбинӣ гардидааст, ҷавобгӯ  набошад, дар ин ҳолат асосҳои беэътибор донистани васиятнома гуногун мебошад. Мисол, агар васиятнома ба фоидаи хешовандони шахси имзогузошта имло шуда бошад, он гоҳ бо даъвои шахсони манфиатдор васиятнома мумкин аст беэътибор дониста шавад ва агар шахси имзогузошта бо тартиби судӣ ғайри қобили амал эътироф гардад, васиятнома ҳамчун аҳди имзонашуда ҳисоб карда мешавад. Аз ин лиҳоз, нотариус зимни тасдиқи васиятнома талаботи моддаи 1157 Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба шахсоне, ки ба ҷойи васияткунанда имзо менамоянд, ба инобат мегирад.
Ҳангоми тасдиқи васиятномаи шаҳрванди карру гунг ба нотариус тавсия дода мешавад:
-ҷалб кардани тарҷумони имову ишора, ҳатто дар вақти босавод ва қисман фаҳмонида тавонистани васияткунанда;
-агар васияткунанда босавод бошад ва иродаашро қисман фаҳмонида тавонад, нотариус зимни фаҳмонидани меъёрҳои қонун метавонад матнҳои хаттиро истифода барад ва ғайра, лекин пас аз он муҳокимаро бо иштироки тарҷумон гузаронад;
-суханронии нотариус бояд одӣ, дақиқ ва фаҳмо бошад, аз истифодаи калимаҳои душворфаҳм, мафҳумҳои ҳуқуқӣ ва калимаҳои тарҷумааш душвор худдорӣ намояд. Зеро тарҷума ба забони имову ишора маҳдуд мебошад.
-муайян карда шавад, ки оё матни васиятнома ба тарҷумон фаҳмо аст ё не ва имконпазирии бе дигаргунии мазмуни матн тарҷумаи он ба забони имову ишора.

- Баъзе муроҷиаткунандагон дар бораи тартиби бекор кардан ва тағйир додани васиятнома маълумоти бештар гирифтан мехоҳанд. Дар ин бора чӣ гуфтанӣ доред? 
 - Мутобиқи моддаи 1160  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон васияткунанда ҳуқуқ дорад ҳар вақт васиятномаи тасдиқшударо бекор кунад ё  онро тағйир диҳад. Бекор кардан ё   тағйир додани васиятнома аҳди яктарафа буда, барои бекор кардан ё тағйир додани он розигии ягон шахс, аз ҷумла ворисони таъйингардида талаб карда намешавад.
Ҳангоми бекор кардан ё тағйир додани васиятнома нотариуси давлатӣ қобили амал будани васияткунандаро тафтиш мекунад. Васияткунанда васиятномаро метавонад бо ду роҳ бекор кунад ё тағйир диҳад.
Бо роҳи додани ариза ба мақомоти нотариалӣ дар хусуси пурра бекор намудани васиятномаи пештара ё  дар хусуси ворид намудани тағйирот ба қисми муайяни васиятномаи пеш аз ин тартибдодашуда. Ҳангоми тартиб додан ва тасдиқ намудани васиятномаи нав ё  зимни тартиб додани васиятномаи нав, ки ба ягон қисми васиятномаи пештара тағйирот ворид менамояд.
Ариза дар бораи бекор кардани васиятнома бояд ба таври нотариалӣ, бо он тарзе, ки васиятнома тасдиқ мешавад, ба расмият дароварда  шавад. Яъне, ҳангоми бекор ё тағйир додани васиятнома иштироки шоҳид, ки ба талаботи моддаи 1157 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад, зарур аст. Ариза дар ду нусха тартиб дода шуда, яке  дар идораи нотариалӣ ҳифз гардида, нусхаи дигар ба васиятгар дода мешавад.
Агар васиятномаи бо ариза бекоргашта ё ин ки тағйирдодашуда дар идораи нотариалии дигар тасдиқ  шуда бошад, васиятгари васиятномаро бекоркарда ё ин ки тағйирдода бояд дар бораи бекор кардан ё ин ки тағйир додани васиятнома ба идораи нотариалии давлатие, ки онро тасдиқ намудааст, ин аризаро пешниҳод намояд. Ин амалиётро бо хоҳиши васиятгаре, ки васиятномаро бекор кардааст ё ин ки тағйир додааст, худи нотариуси давлатие, ки бекор кардан ё тағйир додани васиятномаро тасдиқ намудааст, ба ҷо оварда метавонад.
Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки дар мавриди ба идораи нотариалӣ ворид гардидани ариза дар бораи бекор кардан ё ин ки тағйир додани васиятнома нотариуси давлатӣ дар ин бора дар феҳристи сабти амалиёти нотариалӣ, китоби алифбоии баҳисобгирии васиятномаҳо ва дар нусхаи васиятномаи дар идораи нотариалӣ маҳфузбуда сабт мекунад. Агар васиятгар васиятномаи дар дасти ӯ мавҷудбударо пешниҳод кунад, пас сабт дар бораи бекор кардан ё ин ки тағйир додани васиятнома дар нусхаи мазкур низ гузошта мешавад.
Агар васиятнома бо ариза бекор шуда бошад, ин васиятнома якҷо бо ариза ба нусхаи васиятномае, ки дар парвандаи идораи нотариалӣ маҳфуз аст, ҳамроҳ карда мешавад. Васиятномаи пеш тартибдодашуда, ки бо васиятномаи минбаъда пурра ё қисман бекор гаштааст, барқарор намегардад, агар ба васиятномаи охирон дар навбати худ аз ҷониби васиятгар бо ариза ё васиятномаи дигар тағйирот ворид ё он пурра бекор карда нашавад.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.04.2015    №: 77    Мутолиа карданд: 970

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед