logo

қарорҳои ҳукумат

ҚАРОРИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 № 94, ш. Душанбе Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ

Мутобиқи моддаи 116  Кодекси  андози  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо   ба   фондҳои захиравии суғуртавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999 № 253 «Дар бораи меъёрҳои маблағҷудокунӣ  ба фондҳои захиравии (эҳтиётии) суғуртавӣ ва захираи бо маблағ таъмин намудани тадбирҳои пешгирикунӣ аз даромади шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолияти суғуртавӣ машғул мебошанд» аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии  Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2015 № 94 тасдиқ шудааст

ТАРТИБ ВА МЕЪЁРҲОИ ТАРҲИ ҲИССАҶУДОКУНИҲО БА ФОНДҲОИ ЗАХИРАВИИ СУҒУРТАВӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби мазкур тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷу-докуниҳоро ба фондҳои захиравии суғуртавӣ муайян менамояд.
2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:
- услубҳои актуарӣ - услубҳои иқтисодӣ - математикии ҳисобҳое, ки актуарий ҳангоми ҳисоб намудани захираҳои суғуртавӣ истифода менамояд;
- ҳаққи суғуртавии асосӣ - ҳаққи суғуртавӣ бо тарҳи подошпулии комиссионӣ барои хизматрасониҳои миёнаравӣ оид ба бастани шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба андозаи на зиёда аз 35 фоиз аз ҳаққи суғуртавӣ ва захираи тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи на зиёда аз 3 фоиз аз ҳаққи суғуртавӣ;
- санаи ҳисоб - санаи ҳисоб карда шудани захираҳои суғуртавӣ;
- ҳаққи суғуртавии бозёфтнашуда - қисми ҳаққи суғуртавӣ, ки тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба давраи амали ҳимояи суғуртавии оянда баъди санаи ҳисоб мансуб аст;
- маблағи софи ҳаққи суғуртавии бадастомада - қисми ҳаққи суғуртавӣ, ки тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба давраи сипаришудаи ҳимояи суғуртавӣ мансуб аст;
- ҳаққи холис (ҳаққи холис ҳангоми пардохти давра ба давра) - маблағи пулии аз ҷониби актуарий дар асоси услубҳои актуарӣ баҳододашудае, ки бояд ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пардохтшаванда барои қабули уҳдадориҳо танҳо оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ, бе дарназардошти пардохти дигар хароҷоти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- даъвои танзимнашуда - талаботи арзшуда нисбат ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба амалигардонии пардохти ҷуброни суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртае (азнавсуғуртакуние), ки оид ба онҳо пардохти суғуртавӣ амалӣ карда нашудааст ё дар ҳаҷми пурра амалӣ нагардидааст;
- арзиши эҳтимолии нишондодашуда - арзиши эҳтимолии ҳаққи суғуртавӣ (қисми ҳаққи суғуртавӣ) ё пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ, ё хароҷоте, ки бо дарназардошти меъёри фоизӣ ва давраи вақти байни санаи ҳисоб ва санаи ворид гардидани ҳаққи суғуртавӣ (қисми он) ё санаи амалигардонии пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоб карда шудааст;
- захираи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда – уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷуброни) суғуртавӣ аз рӯи ҳодисаҳои суғуртавии рухдода, ки дар бораи рух додани онҳо ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) то санаи ҳисоб мутобиқи шартҳои шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) хабар дода шудааст ва аз рӯи онҳо пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ амалӣ карда нашудаанд ё дар ҳаҷми пурра амалӣ нагардидаанд;
- захираи зарарҳои бавуҷуднаомада - уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ оид ба ҳодисаҳои суғуртавие, ки дар санаи ҳисоб рух надодаанд, вале метавонанд минбаъд дар давраи амали шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) рух диҳанд;
- захираи зарарҳои бавуҷудомада, вале арзнашуда – уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ аз рӯи ҳодисаҳои суғуртавии рухдода, ки дар бораи рух додани онҳо ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) то санаи ҳисоб мутобиқи шартҳои шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) хабар дода нашудааст;
- ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар захираҳои суғуртавӣ – қисми уҳдадориҳои азнавсуғуртакунанда аз рӯи ба шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) дар санаи ҳисоб, ба истиснои уҳдадориҳои вобаста бо пардохти подошпулии комиссионӣ ба седент тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ);
- седент - ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунанда), ки қисми хавфи суғуртавии аз рӯи шартномаи суғуртавӣ базиммагирифтаашро ба ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунандаи) дигар, мувофиқи талаботи шартномаи азнавсуғуртакунӣ муқарраргардида, медиҳад;
- аннуитет - маблағи пулии аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ ба шахси воқеӣ бо фосилаи муайян дар давоми якчанд сол ё якумра додашаванда тибқи шартномаи (созишномаи) басташуда.

2. СОХТОРИ ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВӢ
2. Захираҳои суғуртавӣ, ки ташаккули онҳо барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмист, инҳоро дар бар мегиранд:
а) захираи ҳаққи суғуртавии бозёфтнашуда - аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) дар соҳаи «суғуртаи умумӣ» (минбаъд - ЗҲСБН) ташаккул дода мешавад;
б) захираи зарарҳои бавуҷуднаомада - аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) дар соҳаи «суғуртаи ҳаёт» (минбаъд - ЗЗБН) ташаккул дода мешавад;
в) захираҳои зарарҳо:
- захираи зарарҳои бавуҷудомада, вале арзнашуда (минбаъд- ЗЗБАН);
- захираи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда (минбаъд - ЗЗАТН).
3. Дар ҳолати мавҷуд будани хавфҳои иловагӣ аз рӯи шартномаҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) басташуда, дар асоси хулосаи дахлдори актуарии тартибдодаи актуарий, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд захираҳои иловагиро барои хавфҳо аз рӯи шартномаҳои басташудаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ташаккул диҳад.

3. ТАЛАБОТИ УМУМӢ БА УСЛУБИ ҲИСОБИ
ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВӢ
4. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) барои таъмин намудани иҷрои уҳдадориҳои қабулнамудаи худ аз рӯи шартномаҳои амалкунандаи суғурта ва азнавсуғуртакунӣ, уҳдадор аст, ки захираҳои суғуртавии ба андозаи мувофиқи Боби 4 Тартиби мазкур ҳисобкардашуда дошта бошад.
5. Захираҳои суғуртавӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба ҳар як намуди суғурта ташаккул дода мешаванд.
6. Ҳисоби захираҳои суғуртавӣ шартҳои шартномаҳое, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бастааст, мутобиқи Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.
7. Ҳисоби захираҳои суғуртавӣ бо дарназардошти андозаи уҳдадориҳои ба зиммаи худ қабулнамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба ҳамаи шартномаҳои басташудаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ), новобаста аз азнавсуғуртакунии минбаъдаи таваккалҳо, ба анҷом расонида мешавад.
8. Ҳангоми ҳисоби захираҳои суғуртавӣ ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар захираҳои суғуртавӣ бо дарназардошти ҳар як намуди захира, ки дар банди 2 Тартиби мазкур нишон дода шудааст, мувофиқи Боби 6 Тартиби мазкур дарҷ карда мешавад.
9. Агар бо шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ё санади қонунгузорӣ дар бораи суғуртаи ҳатмӣ муҳлати амали ҳимояи суғуртавӣ аниқ муайян карда нашуда бошад, он гоҳ барои ҳисоб муҳлати амали шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) қабул карда мешавад.
10. Ташкилотҳои суғуртавӣ (навсуғуртакунӣ) доир ба ҳисоби захираҳои суғуртавӣ, мувофиқи шаклҳои ҳисоботдиҳии тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ҳар семоҳа, на дертар аз санаи понздаҳуми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти назорати суғуртавӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

4. СОҲАИ «СУҒУРТАИ УМУМӢ»
§ 1. Захираи ҳақҳои суғуртавии бозёфтнашуда
11. Захираи ҳаққи суғуртавии бозёфтнашуда (минбаъд -ЗҲСБН) ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) мебошад, ки ба давраи амали ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) баъди санаи ҳисоб мансуб аст.
12. ЗҲСБН аз рӯи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба бузургие, ки дар санаи сипаринашудаи ҳисоб мутаносибан ба муҳлати амали ҳимояи суғуртавӣ оид ба шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоб карда мешавад, баробар аст. (Бузургии дар санаи сипаринашудаи ҳисоб мутаносибан ба муҳлати амали ҳимояи суғуртавӣ оид ба шартномаи суғурта (азнавсугуртакунӣ) ҳисобкардашуда маблағи софи ҳаққи суғуртавии бадастомада ба ҳисоб меравад). Ҳаққи суғуртавии бозёфтнашуда, ба истиснои шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) оид ба гурӯҳи суғурта ҳангоми беморӣ, ҳамчун ҳосили зарби ҳаққи суғуртавии заминавӣ бо таносуби санаи ҳисоби сипаришудаи амали ҳимояи суғуртавӣ нисбат ба тамоми амали ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ), тавассути формулаи зерин муайян карда мешавад:
                         Т1-Т2
ЗҲСБН=ҲЗ*---------------,
                            Т1
ки ин ҷо:
ҲЗ - ҳаққи суғуртавии заминавӣ;
Т1 - миқдори рӯзҳое, ки дар давоми онҳо ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) амал мекунад;
Т2 - миқдори рӯзҳои сипаришуда аз лаҳзаи оғози амали ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) то санаи ҳисоб (аз ҷумла) мебошад.
13. Ҳаққи суғуртавии бозёфтнашуда аз рӯи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) дар гурӯҳҳои ихтиёрӣ ва ҳатмии суғуртаи тиббӣ ҳамчун фарқияти ҳосили зарби ҳаққи суғуртавии заминавӣ бо таносуби санаи ҳисоби сипаришудаи муҳлати амали ҳимояи суғуртавӣ нисбат ба тамоми амали ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ва ҳаққи суғуртавии заминавӣ, ки бояд ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи шартҳои шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) баъди санаи ҳисоб пардохта шавад, тавассути формулаи зерин муайян карда мешавад:
                          Т1-Т2                                     ҲЗ
ЗҲСБН = ҲЗ *----------- ҚҲЗ, ҚҲЗ = ҚҲС * --------,
                             Т1                                        ҲС
ки ин ҷо:
ҲЗ - ҳаққи суғуртавии заминавӣ;
Т1 - миқдори рӯзҳое, ки дар давоми онҳо ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) амал мекунад;
Т2 - миқдори рӯзҳои сипаришуда аз лаҳзаи оғози амали ҳимояи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) то санаи ҳисоб (аз ҷумла);
ҚҲЗ - қисми ҳаққи суғуртавии заминавӣ, ки бояд ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи шартҳои шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) баъди санаи ҳисоб пардохта шавад;
ҲС - ҳаққи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ);
ҚҲС - қисми ҳаққи суғуртавӣ тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ), ки бояд ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи шартҳои шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) баъди санаи ҳисоб пардохта шаванд, мебошад.
14. Маблағи ҳаққи суғуртавии бозёфтнашуда аз рӯи ҳамаи шартномаҳои гурӯҳи мазкури суғурта (азнавсуғуртакунӣ) захираи ҳаққи суғуртавии бозёфтнашудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба гурӯҳи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) мебошад.

§ 2. Захираи зарарҳои бавуҷудомада, вале арзнашуда
15. Ҳисоби захираи зарарҳои бавуҷудомада, вале арзнашуда (минбаъд - ЗЗБАН) аз ҷониби актуарий оид ба ҳар як гурӯҳи суғурта алоҳида бо дарназардошти омори ҷамънамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ дар гурӯҳи мазкури суғурта, ба истиснои гурӯҳи суғуртаи ипотекӣ, ки доир ба он ЗЗБАН мувофиқи банди 18 Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад, ба анҷом расонида мешавад.
16. Агар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ дар гурӯҳи мазкури суғурта маълумоти омории худро надошта бошад ё маълумоти ин гуна омор нокифоя бошад (мувофиқи хулосаи актуарий), он гоҳ бузургии ЗЗБАН бояд на камтар аз 50 фоизро аз ЗЗАТН ташкил диҳад. Агар андозаи ЗЗАТН ба сифр баробар бошад, он гоҳ бузургии ЗЗБАН бояд на камтар аз 5 фоизро аз маблағи заминавии ҳаққи суғуртавии оид ба шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) қабл аз санаи ҳисоб дар дувоздаҳ моҳи охирин ҳисобшударо ташкил диҳад.
17. Хулосаи актуарий меъёри норасогии омори худиро оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ дар гурӯҳи мазкури суғурта, инчунин ҳисобҳои муфассал ва асоснокшударо оид ба ин қисм дар бар мегирад.
18. Оид ба гурӯҳи суғуртаи ипотекӣ бузургии ЗЗБАН на камтар аз 60 фоизро аз маблағи заминавии ҳаққи суғуртавии оид ба шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) қабл аз санаи ҳисоб дар дувоздаҳ моҳи охирин ҳисобшударо дар бар мегирад.

§ 3. Захираи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда
19. Захираи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда (минбаъд - ЗЗАТН) оид ба ҳар як даъвои дар санаи ҳисоб арзшуда, вале танзимнашуда ҳисоб карда мешавад. Даъвои арзшуда бо нишон додани андозаи зарар оид ба ин даъво дар китоби бақайдгирии зарарҳои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳамчун аз лаҳзаи аз ҷониби суғурташаванда хабар дода шудан дар бораи рухдиҳии ҳодисаи суғуртавӣ бо ҳар тариқи ба суғурташаванда дастрас ё бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзшуда ба қайд гирифта мешавад.
20. Андозаи ЗЗАТН ба бузургии зерин баробар аст:
ЗЗАТН = П + ХП,
ки ин ҷо:
П - пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ оид ба даъвоҳои тибқи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) арзшуда, ки бояд ба анҷом расонида шаванд;
ХП - хароҷоти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бевосита ба баррасӣ, танзим, муайян намудани пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ оид ба даъвоҳои арзшуда алоқаманд, бояд амалӣ гардонида шавад.
21. Ҳароҷоти ташкилоти суғуртавӣ (азанавсуғуртакунӣ) бевосита ба баррасӣ, танзим, муайян намудани андозаи пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ тибқи даъвоҳои арзшуда алоқаманд, ки бояд амалӣ гардонида шавад, аз ҷониби актуарий дар ҳаҷми хароҷоти воқеӣ дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоб карда мешавад ва бояд аз маблағи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда на камтар аз як фоиз, вале на зиёда аз нишондиҳандаҳои ҳисоби думоҳа бошад.
22. Дар ҳолате ки агар меъёри пардохти (ҷуброни) суғуртавии муайян набошад, барои ҳисоби ЗЗАТН мувофиқи банди 21 Тартиби мазкур меъёри имконпазири баландтарини пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ мувофиқи иттилооти пешакӣ гирифтаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба воқеаи суғуртавӣ, вале аз маблағи суғуртавӣ баланднабуда, истифода бурда мешавад.
23. ЗЗАТН - и дар банди 21 Тартиби мазкур нишондодашударо ба маблағи қарздории суғурташаванда (азнавсуғурташаванда) оид ба пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар санаи ҳисоб метавон кам кард.
24. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) андозаи ЗЗАТН - ро дар давоми се сол аз лаҳзаи арзи даъво то лаҳзаи амалигардонии пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ оид ба он ё баровардани қарор дар бораи рад намудани пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунанда ё ба тариқи хаттӣ аз гирифтани пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ даст кашидани суғурташаванда (вобаста аз он, ки  кадоме аз ин санаҳо пештар фаро мерасад) ташкил менамояд.
25. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо мақсади риоя намудани принсипи эквиваленти молиявӣ, метавонад захираи иловагӣ ба маблағи 10 фоиз аз маблағи софи ҳаққи суғуртавии бадастомадаро ташаккул диҳад.

5. СОҲАИ «СУҒУРТАИ ҲАЁТ»
26. Ҳисоби захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки фаъолияти суғуртавиро дар соҳаи «суғуртаи ҳаёт» амалӣ менамояд, аз ҷониби актуарий алоҳида оид ба ҳар як шартномаи суғуртавӣ (азнавсуғуртавӣ) амалӣ мегардад, ба истиснои шартномаҳои суғуртаи ҳаёт бо иштироки суғурташаванда дар даромади сармоягузории суғуртакунанда, дар мавридҳое, ки ташкилоти суғуртавӣ таваккали фавти суғурташударо пардохт намекунад, инчунин оид ба намудҳои шартномаҳои алоҳида:
а) суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захиранашавандаи ҳаёт;
б) суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захирашавандаи ҳаёт;
в) аннуитете, ки муҳлати амалигардонии пардохтҳои ҷуброни суғуртавӣ баъди санаи ҳисоб оғоз гардидааст;
г) аннуитете, ки муҳлати амалигардонии пардохтҳои ҷуброни суғуртавӣ то санаи ҳисоб оғоз гардидааст.
27. Ҳисоби захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки фаъолияти суғуртавиро дар соҳаи «суғуртаи ҳаёт» амалӣ менамояд, оид ба гурӯҳи суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва гурӯҳи суғурта ҳангоми беморӣ аз ҷониби актуарий мувофиқи Боби 4 Тартиби мазкур ба анҷом расонида мешавад.

§ 1. Захираи зарарҳои аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) ҳаёт бавуҷуднаомада
28. Захираи зарарҳои аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) ҳаёт бавуҷуднаомада (минбаъд - ЗЗБН) ҳамчун маблағи зарарҳои бавуҷуднаомада аз рӯи ҳамаи шартномаҳои дар санаи ҳисоб амалкунандаи суғуртаи (азнавсуғуртакунии) ҳаёт ҳисоб карда мешавад.
29. ЗЗБН аз рӯи шартномаи алоҳидаи суғуртаи (азнавсуғуртакунии) ҳаёт ба бузургии ниҳоии ду бузургии зерин баробар аст:
а) ЗЗБН1 = АрзТПС + АрзТХ + АрзТХА - АрзТҲҲС,
ки ин ҷо:
АрзТПС - арзиши тахминии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавии бо шартномаи суғуртавӣ (азнавсуғуртавӣ) пешбинишуда;
АрзТХ - арзиши тахминии хароҷоти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки бевосита бо баррасӣ, батанзимдарорӣ, муайян намудани андозаи пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ алоқаманд аст;
АрзТХА - арзиши тахминии хароҷоти амалиёти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) вобаста бо пешбурди кор;
АрзТҲҲС - арзиши тахминии ҳаққи суғуртавӣ (ҳангоми пардохти яквақтаи ҳаққи суғуртавӣ), ки бояд ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) баъди санаи ҳисоб гирад;
б) ЗЗБН2 = АрзТПС - АрзТҲҲСХ,
ки ин ҷо:
АрзТПС - арзиши тахминии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавии бо шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) пешбинишуда, танҳо ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ (бе дарназардошти пардохти (ҷуброни) суғуртавии баъди сипарӣ гардидани давраи суғурта амалишаванда, ки шартномаи суғурта муқаррар намудааст);
АрзТҲҲСХ - арзиши тахминии ҳаққи суғуртавии холис (ҳангоми пардохти яквақтаи ҳаққи суғуртавии холис), ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд баъди санаи ҳисоб барои уҳдадории гирифтааш танҳо оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ бо рух додани ҳодисаи суғуртавӣ (бе назардошти пардохти (ҷуброни) суғуртавии баъди сипарӣ шудани давраи муқаррарнамудаи шартномаи суғурта амалишаванда) гирад.

§ 2. Захираи зарарҳои бавуҷуднаомада аз рӯи шартномаҳои аннуитет
30. Захираи зарарҳои бавуҷуднаомада аз рӯи шартномаҳои аннуитет (минбаъд - ЗЗБН) оид ба шартномаҳои аннуитет ҳамчун маблағи захираҳои зарарҳои бавуҷуднаомада аз рӯи шартномаҳои аннуитети дар санаи ҳисоб амалкунанда ҳисоб карда мешавад.
31. ЗЗБН аз рӯи шартномаи алоҳидаи аннуитет ба бузургии зерин баробар аст:
ЗЗБН = АрзТПС + АрзТХА – АрзТҲС,
ки ин ҷо:
АрзТПС - арзиши тахминии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавии дар шартномаи аннуитет пешбинишуда;
АрзТХА - арзиши тахминии хароҷоти амалиётии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) вобаста бо пешбурди кор аз рӯи шартномаи аннуитет;
АрзТҲС - арзиши тахминии ҳаққи суғуртавӣ (ҳангоми пардохти яквақтаи ҳаққи суғуртавии холис), ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд баъди санаи ҳисоб гирад. Барои шартномаи аннуитете, ки аз рӯи он муҳлати оғози амалигардонии пардохтҳои ҷуброни суғуртавӣ то санаи ҳисоб фаро расидааст, АрзТҲС ба сифр баробар аст.
32. Ҳангоми зиёд шудани андозаи пардохтҳои (ҷубронҳои) мунтазами суғуртавӣ аз рӯи шартномаҳои аннуитет, ЗЗБН дар давраи пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ мувофиқи банди 31 Тартиби мазкур муайян карда мешавад. Ҳисоби арзиши тахминии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ бо дарназардошти андозаи зиёдшудаи ҳаққи суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.
Дар давраи захирашавӣ, ҳамчун зиёдтарин аз бузургиҳои зерин:
а) арзиши тахминии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ ҷамъи андозаи ЗЗБН, ки мувофиқи банди 31 Тартиби мазкур муайян карда шудааст (бидуни зиёдшавии андозаи пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ). Арзиши тахминии пардохти (ҷуброни) суғуртавии ҳисоб ва тақсимнамудаи актуарий ба андозаи даромадҳои иловагӣ оид ба шартномаи аннуитет баробар аст;
б) андозаи ЗЗБН, ки мувофиқи банди 31 Тартиби мазкур муайян карда шудааст (аз ҳисоби даромадҳои иловагии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), (бо дарназардошти зиёдшавии андозаи пардохтҳои суғуртавӣ оид ба шартномаи аннуитет).

§ 3. Захираи зарарҳои бавуҷудомада, вале арзнашуда
33. ЗЗБАН оид ба шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захиранашавандаи ҳаёт аз ҷониби актуарий бо дарназардошти омори ҷамънамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ оид ба намуди суғуртаи мазкур ҳисоб карда мешавад.
34. Ҳангоми дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) вуҷуд надоштани омори худ оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ ё вуҷуд доштани маълумоти нопурра оид ба ин омор (мувофиқи хулосаи актуарий, ки мазмуни он ба талаботи банди 17 Тартиби мазкур мувофиқ аст), бузургии ЗЗБАН бояд на камтар аз панҷоҳ фоизро аз ЗЗАТН ташкил диҳад. Агар андозаи ЗЗАТН ба сифр баробар бошад, он гоҳ бузургии ЗЗБАН бояд на камтар аз панҷ фоизи маблағи заминавии ҳаққи суғуртавиро аз рӯи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) дар давоми дувоздаҳ моҳи охир қабл аз санаи ҳисоб ташкил диҳад.
35. ЗЗБАН аз рӯи шартномаҳои аннуитет, инчунин аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захирашавандаи ҳаёт ба сифр баробар аст.

§ 4. Захираи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда
36. ЗЗАТН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) ҳаёт оид ба ҳар як даъвои дар санаи ҳисоб арзшуда ҳисоб карда мешавад.
37. ЗЗАТН оид ба шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ) баробар аст ба:
ЗЗАТН = АрзТП+АрзТХ,
ки ин ҷо:
АрзТП - арзиши пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ оид ба даъвоҳои танзимнашуда;
АрзТХ - арзиши тахминии хароҷоти ташкилоти суғуртави (азнавсуғуртакунӣ), ки бевосита бо баррасӣ, танзим, муайян намудани андозаи пардохтҳои суғуртавӣ алоқаманд аст.
Арзиши тахминии хароҷоти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки бевосита бо баррасӣ, танзим, муайян намудани андозаи пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ алоқаманд аст, аз ҷониби актуарий ба андозаи хароҷоти воқеӣ дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоб карда мешавад. Арзиши тахминии ин гуна хароҷот бояд на камтар аз як фоизи маблағҳои зарарҳои арзшудаи танзимнашуда, вале дар ҳар ҳолат на камтар аз ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад.
38. Бузургии ЗЗАТН, ки дар банди 37 Тартиби мазкур нишон дода шудааст, метавонад ба маблағи қарздории суғурташаванда (азнавсуғурташаванда) дар назди ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар санаи ҳисоб кам карда шавад.
39. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мавҷудияти андозаи ташаккулёфтаи ЗЗАТН-ро дар муддати се сол аз лаҳзаи арзи даъво то лаҳзаи амалигардонии пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ аз рӯи он ё бароварда шудани қарор дар бораи рад намудани амалигардонии пардохти ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби суғуртакунанда ё ба тариқи хаттӣ аз гирифтани пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ аз рӯи он даст кашидани суғурташаванда (вобаста аз он ки кадоме аз ин санаҳо пештар фаро мерасад), таъмин менамояд.
40. Захираи зарарҳои арзшуда, вале танзимнашуда аз рӯи шартномаҳои аннуитет ба сифр баробар аст.

6. ҲИССАИ АЗНАВСУҒУРТАКУНАНДА ДАР ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВӢ
41. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар захираҳои суғуртавӣ алоҳида вобаста аз намудҳои зерини азнавсуғуртакунӣ  муайян карда мешавад:
а) азнавсуғуртакунии мутаносиб;
б) азнавсуғуртакунии номутаносиб.

§ 1. Соҳаи «суғуртаи умумӣ»
1. Азнавсуғуртакунии мутаносиб
42. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗҲСБН дар асоси масъулият оид ба шартномаи суғуртае, ки ба азнавсуғуртакунӣ интиқол гардидааст ё дар асоси андозаи воқеии ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ мувофиқи бандҳои 11 ва 12 Тартиби мазкур (вобаста аз он, ки кадоме аз бузургиҳо камтар аст) ҳисоб карда мешавад.
43. Ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ ҳамчун ҳаққи суғуртавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ бо тарҳи мукофотпулӣ барои хизматрасонӣ ҷиҳати бастани шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба андозаи на зиёда аз 35 фоизи ҳаққи суғуртавӣ ва тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи на зиёда аз 3 фоизи ҳаққи суғуртавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ муайян карда мешавад.
44. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН аз рӯи даъвоҳои арзшуда алоҳида оид ба ҳар як шартномаи суғуртаи ба азнавсуғуртакунӣ интиқолгардида ҳисоб карда шуда, ба ҳосили зарби ҳиссаи масъулият тибқи шартномаи суғуртавӣ, ки ба азнавсуғуртакунӣ ба маблағи зарари арзшуда интиқол гардидааст, баробар мебошад. Агар шартномаи суғуртае, ки аз рӯи он даъво арз шудааст, ба шартҳои шартномаи азнавсуғуртакунӣ мутобиқ набошад, он гоҳ ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН аз рӯи шартномаи мазкур ба сифр баробар аст.
45. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН аз ҷониби актуарий оид ба ҳар як гурӯҳи суғурта, ба истиснои гурӯҳи суғуртаи ипотекӣ, алоҳида дар асоси омори ҷамъшуда оид ба амалигардонии пардохтҳои ҷуброни суғуртавӣ тибқи шартномаи суғуртаи ба азнавсуғуртакунӣ интиқолгардида дар гурӯҳи мазкур муайян карда мешавад.
46. Дар сурати дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) вуҷуд надоштани омори худ оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртавии ба азнавсуғуртакунӣ дар гурӯҳи мазкури суғурта интиқолгардида ё вуҷуд доштани маълумоти нопурра оид ба ин омор (мувофиқи хулосаи актуарий, ки мазмуни он ба талаботи банди 16 Тартиби мазкур мувофиқ аст), андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН бояд на зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳиссаи азнавсуғуртакунандаро дар ЗЗАТН ташкил диҳад. Агар андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН ва ЗЗАТН ба сифр баробар бошад, он гоҳ бузургии ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН бояд на зиёда аз панҷ фоизи маблағи заминавии ҳаққи суғуртавиро аз рӯи шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ дар муддати дувоздаҳ моҳи охир қабл аз санаи ҳисоб ташкил диҳад.
47. Оид ба шартномаҳои суғуртаи ипотекии барои азнавсуғуртакунӣ дар гурӯҳи суғуртаи мазкур интиқолгардида, андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН на камтар аз 60 фоизи маблағи заминавии ҳаққи суғуртавии аз рӯи шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ қабл аз санаи ҳисоб дар муддати дувоздаҳ моҳи охир ҳисобшударо ташкил медиҳад.

2. Азнавсуғуртакунии номутаносиб
48. Андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗҲСБН мувофиқи бандҳои 11 ва 12 Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
49. Ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ мувофиқи сархати дуюми банди 42 Тартиби мазкур муайян карда шуда, бояд аз ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи суғуртае, ки ба он амали шартномаи азнавсуғуртакунӣ паҳн мегардад, зиёд набошад.
50. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН аз рӯи даъвоҳои арзшуда оид ба ҳар як шартномаи суғуртаи ба азнавсуғуртакунӣ интиқолгардида ҳисоб карда шуда, ба фарқияти байни маблағи зарари арзшуда ва нигоҳдории худи ташкилоти суғуртавӣ тибқи шартномаи суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) баробар аст.
51. Агар шартномаи суғуртае, ки оид ба он даъво арз шудааст, ба шартҳои шартномаи азнавсуғуртакунӣ мутобиқ набошад, он гоҳ ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН аз рӯи ин шартномаи суғурта ба сифр баробар аст.
52. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН аз ҷониби актуарий оид ба ҳар як гурӯҳи суғурта, ба истиснои гурӯҳи суғуртаи ипотекӣ, дар асоси омори ҷамъшуда оид ба амалигардонии пардохтҳои (ҷубронҳои) суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ба азнавсуғуртакунӣ дар гурӯҳи суғуртаи мазкур алоҳида муайян карда мешавад.
53. Дар сурати дар ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) вуҷуд надоштани омори худ оид ба амалигардонии (пардохтҳои ҷубронҳои) суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртавии барои азнавсуғуртакунӣ дар гурӯҳи мазкури суғурта интиқолгардида ё вуҷуд доштани маълумоти нопурра оид ба ин омор (мувофиқи хулосаи актуарий, ки мазмуни он ба талаботи банди 17 Тартиби мазкур мувофиқ аст), андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН бояд на зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳиссаи азнавсуғуртакунандаро дар ЗЗАТН ташкил диҳад. Агар андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН ва ЗЗАТН ба сифр баробар бошад, он гоҳ бузургии ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН бояд на зиёда аз панҷ фоизи маблағи заминавии ҳаққи суғуртавиро аз рӯи шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ дар муддати дувоздаҳ моҳи охир қабл аз санаи ҳисоб ташкил диҳад.
54. Аз рӯи шартномаҳои суғуртаи ипотекии барои азнавсуғуртакунӣ дар гурӯҳи суғуртаи мазкур интиқолгардида андозаи ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБАН на камтар аз 60 фоизи маблағи заминавии ҳаққи суғуртавии аз рӯи азнавсуғуртакунӣ қабл аз санаи ҳисоб дар муддати дувоздаҳ моҳи охир ҳисобшударо ташкил медиҳад.

§ 2. Соҳаи «суғуртаи ҳаёт»
1. Азнавсуғуртакунии мутаносиб
55. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар захираҳои суғуртавӣ аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захиранашавандаи ҳаёт мувофиқи бандҳои 42 ва 45 Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад.
56. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захиранашавандаи ҳаёт ва шартномаҳои аннуитет дар асоси ҳиссаи масъулият тибқи шартномаи суғуртаи мутобиқи бандҳои 28-31 Тартиби мазкур барои азнавсуғуртакунӣ интиқолгардида ё дар асоси андозаи воқеии ҳаққи суғуртавии заминавӣ (ҳақҳои суғуртавӣ) аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ (вобаста аз он, ки кадоме аз бузургиҳои гирифташуда камтар аст) муайян карда мешавад.
57. Ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ мувофиқи сархати дуюми банди 42 Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
58. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захирашавандаи ҳаёт мувофиқи банди 43 Тартиби мазкур муайян карда мешавад.

2. Азнавсуғуртакунии номутаносиб
59. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар захираҳои суғуртавӣ аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захиранашавандаи ҳаёт мувофиқи бандҳои 48 - 52 Тартиби мазкур ҳисоб карда мешавад.
60. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захирашавандаи ҳаёт ва шартномаҳои аннуитет дар асоси андозаи воқеии ҳаққи суғуртавии заминавӣ аз рӯи шартномаи азнавсуғуртакунӣ, ки мувофиқи сархати дуюми банди 42 Тартиби мазкур муайян гардидааст, муайян карда мешавад.
61. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗБН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) ҳаёт ва шартномаҳои аннуитет бояд аз андозаи ЗЗБН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захирашавандаи ҳаёт ва шартномаҳои аннуитет зиёд набошад.
62. Ҳиссаи азнавсуғуртакунанда дар ЗЗАТН аз рӯи шартномаҳои суғуртаи (азнавсуғуртакунии) захирашавандаи ҳаёт мувофиқи банди 49 Тартиби мазкур муайян карда мешавад.

7. АНДОЗБАНДИИ ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВӢ
63. Дар ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маблағҳои захираҳои суғуртавии тибқи Тартиби мазкур ҳисобкардашуда мувофиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андозбандӣ (андоз аз фоида) тарҳ карда мешаванд.
(ДТ «Хароҷот вобаста ба ташкилдиҳии захираҳои суғуртавӣ»;
КТ «Захираҳои суғуртавӣ»).
64. Ҳангоми камшавии маблағҳои захираҳои суғуртавии тибқи банди 63 Тартиби мазкур қаблан ба хароҷот бурдашуда ҳамон маблағҳое барқарор карда мешаванд, ки дар давраи ҳисоботӣ муҳлати амали шартномаи онҳо сипарӣ шудааст.
(ДТ «Захираҳои суғуртавӣ»;
КТ «Хароҷот вобаста ба ташкилдиҳии захираҳои суғуртавӣ»).

8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
65. Масъалаҳои дар Тартиби мазкур танзимнашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2015    №: 81    Мутолиа карданд: 639

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед