logo

ҳуқуқ

ПУШАЙМОНӢ

Баъзе ҷавонон, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд. Ин ҷавонон ҳамон гурӯҳҳои раҳгумзадае мебошанд, ки дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд. Бархе, бинобар пойбанди хоҷагони манфиатҷӯ гардидан, наметавонад аз доми фиреби онҳо раҳоӣ ёбад. Иддае аз карда пушаймон шуда, ихтиёрӣ ба Ватан бармегардад. Яке аз онҳо Парвиз Набиев, сокини деҳаи Ленинободи Ҷамоати деҳоти Х. Холматови ноҳияи Шаҳритуз, мебошад.

Суди ноҳияи Шаҳритуз 2 апрели соли равон дар маҷлиси кушодаи суди сайёр, дар Ҷамоати деҳоти Х. Холматов, парвандаи ҷиноятии Парвиз Набиевро мавриди муҳокима қарор дод. Дар маҷлиси судӣ намояндагони ҳамаи ҷамоатҳои деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, директорони мактабҳо, масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар иштирок намуд.
Тибқи иттилои судшаванда ва шоҳидон мавсуф 30 августи соли 2014 аз ноҳияи Шаҳритуз ба шаҳри Маскави Федератсияи Русия рафта, дар яке аз корхонаҳои қаннодӣ ба кор медарояд. Ба гуфтаи ӯ, вай ҳар бегоҳ баъди кор бо телефони мобилиаш ба сайти «Ютуб» даромада, навору филмҳои ҷангҳои Сурия ва Ироқро тамошо мекардааст. Маҳз ба ҳамин васила шавқу ҳавасаш рӯз ба рӯз барои ба Сурия рафтану дар он ҷо ҷиҳод кардан ва пули калон ба даст овардан, зиёд мегардад. Номбурда рӯзе рафиқаш Диловар Қарахоновро дида, мегӯяд, ки нияти ба давлати Сурия рафтан дорад. Қарахонов низ, ки чунин фикр дар сараш будааст, аз ин «мужда» хушҳол гардида, ҳамон замон дар андешаи пайдо кардани маблағ мешаванд. Парвиз як бегоҳ, баъди анҷоми кор бо Ҳусейн Содиқов ном шахс вохӯрда, дар ин бора суҳбат мекунад. Содиқов, ки дар гумроҳ намудани муҳоҷирони тоҷик ва ба кишварҳои хориҷӣ фиристодани онҳо «устухон надоштааст», ба номашон чиптаи ҳавопаймои самти Маскав - Истамбул гирифта, 19 сентябри соли 2014 гусел менамояд.
Судшаванда Парвиз Набиев, ҳамроҳонаш Диловар Қарахонов ва Фаррух Зоиров бо роҳнамоии шахсони ба онҳо ношинос, баъди ба шаҳри Истанбули Туркия расидан, ба масҷиди «Имом Бухорӣ» мераванд. Дар ин масҷид қариб ду моҳ таҳсилоти динӣ ва дарси ҷиҳод меомӯзанд. Сипас яке аз устодони ин масҷид номбурдаҳоро бо ҳафт нафар шаҳрванди дигар кишварҳо ба автомашинаи мусофирбаре савор карда, аз шаҳри Истанбул ҷониби Сурия раҳсипор менамояд. Дар роҳ роҳбалад шиносномаҳои онҳоро гирифта, мегӯяд, ки ба хомушӣ риоя намуда, дар ин бора ба касе чизе нагӯянд. Бино ба иттилои Парвиз, вақте онҳо ба шаҳри Урфаи Ҷумҳурии Туркия - наздикии Сурия мерасанд, кормандони полис автомашинаро нигоҳ дошта, мусофиронро ба боздоштгоҳи шаҳри Анқара меоранд.
Ҷавонони раҳгумзадаву ба доми фиреб афтидаи тоҷик дар ин боздоштгоҳ тахминан се моҳ нигоҳ дошта мешаванд. Аз сабаби он ки Парвиз ва ҳамроҳонаш бо кормандони полис барои кам хӯрок додан муноқиша менамоянд, онҳоро ба маҳкамаи шаҳри Ойдин интиқол медиҳанд. Парвиз аз ин маҳкама 7 марти соли 2015 озод мешавад.
Ба гуфтаи судшаванда, ӯро худи ҳамон рӯз ба фурудгоҳи шаҳри Истанбул бурда, ба тайёрае, ки ба Минск парвоз мекардааст, савор мекунанд. Парвиз чанд муддат дар шаҳри Минск истода, 11 март тавассути қатор ба шаҳри Маскав меояд. Рӯзи дигар ба падараш Насриддин Набиев, ки муддати зиёд бо ӯ дар тамос набуд, занг зада, хабар медиҳад, ки дар шаҳри Маскав қарор дорад. Қиблагоҳаш пас аз шунидани овози писар ва бовар ҳосил кардан, ки зиндаву саломат аст, илтиҷо менамояд, ки ҳар чи зудтар ба Ватан баргардад. Парвиз барои ба хона баргаштан аз як ҳамдеҳааш маблағ гирифта, 17 март ба Душанбе парвоз мекунад.
Ҳамин тавр, Парвиз Набиев ихтиёрӣ аз суиқасди иштироки ғайриқонунӣ дар амалиётҳои ҷангӣ дар давлати Сурия даст кашидааст. Судшаванда бо ин ҳаракатҳои қасдонаи худ ҷинояти суиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонааш, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардида буд, вале бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда ҷинояти содирнамудаашро оид ба иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ бо мақсади дар ҳудуди дигар давлат пешбинигардидаро муқаррар менамояд, содир намудааст. Мавсуф дар маҷлиси судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, пушаймонӣ изҳор намуд ва гуфт, ки вай ихтиёрӣ аз суиқасди иштироки ғайриқонунӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди давлати Сурия даст кашидааст.
Мақомоти тафтишоти пешакӣ ҳолатҳои воқеии корро дуруст муайян намуда бошанд ҳам, ба судшаванда П. Набиев аз рӯи аломати “ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда” айби илова эълон кардааст. Бинобар дар ҳаракатҳои судшаванда аломати “ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда” ҷой надоштан, суд аз айбнома ин аломати ҷиноятро хориҷ намуд.
Суди ноҳияи Шаҳритуз ҳаракатҳои судшаванда Парвиз Набиевро бо моддаҳои 32 қисми 3 – 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ҷинояти суиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонааш, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардида буд, вале бо сабабҳои аз ӯ вобаста набуда ҷинояти содирнамудаашро оид ба иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ бо мақсади дар ҳудуди дигар давлат пешбинигардидаро муқаррар менамояд, бандубаст кард. Зеро тибқи талаботи моддаи 72 қисмҳои 1), 2) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) Шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна содир кардааст, агар пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шавад ё ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ё зарари расондаашро талофӣ намояд ё ин ки ба тариқи дигар зиёни расондаашро рафъ кунад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад.
2) Шахсе, ки категорияи дигари ҷиноятро содир намудааст, дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида, танҳо дар ҳолатҳое, ки махсус дар моддаи қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинӣ гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Зикри як нукта муҳим аст, ки 18 марти соли ҷорӣ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузошт ва он баъди интишори расмиаш, аз 28 марти соли 2015, мавриди амал қарор гирифт. Мувофиқи он ба моддаи 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст, эзоҳ ба мазмуни зайл илова карда шудааст: - “Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад”.
Ин иқдоми Президенти мамлакат бори дигар шаҳодати он аст, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи арзишҳои инсондӯстӣ роҳандозӣ гардида, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фароҳам овардани зиндагии шоиста ба ҳар узви ҷомеа тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ташаббуси навбатии Сарвари давлат низ аз ҳамин дидгоҳ буда, барои ҷилавгирии ҷавонон аз гаравидан ба созмонҳои тундгаро ва ё ихтиёран даст кашидани онҳо аз узвият дар гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ мусоидат мекунад.
 Аз парвандаи ҷиноятии мазкур ва дар ҷараёни тафтишоти судӣ пурра, ҳаматарафа ва холисона муаяйн карда шуд, ки судшаванда Парвиз Набиев ихтиёрӣ аз суиқасди ҷинояти мазкур, яъне аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, алалхусус давлати Сурия то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст кашидааст ва дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар вуҷуд надоранд.
Дар чунин ҳолат, тибқи талаботи зербанди 2, қисми 1 моддаи 29 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳуқуқ дорад, ки дар асоси моддаи 72 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ намояд. Бо назардошти ҳамин ҳолат суди ноҳияи Шаҳритуз пешбурди парвандаи ҷиноятиро нисбат ба судшаванда Парвиз Набиев бо моддаҳои 32 қисми 3 - 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи моддаи 72 ҳамин кодекс, бинобар пушаймонӣ аз кирдораш, қатъ намуд. Мувофиқи таъйиноти маҷлиси судӣ ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд.
Бо рӯи коғаз овардани ин мурофиаи судӣ ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат карда гуфтанием, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд, ба қадри Тоҷикистони ободу зебову шукуфо, зиндагии орому осуда бирасанд. Ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати  миллӣ  саъю  талоши  пайваста намоянд. Дар навбати худ, таъкид карданием, ки пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳара-катҳои экстремистиву ифротгароӣ, ҷалби онҳо ба муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯсту меҳанпараст бошад.

Холмурод ЗУҲУРИЁН,
раиси суди ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2015    №: 84    Мутолиа карданд: 601

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед