logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Темурмалик, 23 апрели соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Дар навбати аввал ба кулли сокинони сарбаланду заҳматпешаи Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик барои истиқболи гарму самимӣ арзи сипос карда, ба ҳамаи шумо ҷиҳати амалӣ намудани нияту нақшаҳои созанда ба хотири боз ҳам обод гардонидани ин гӯшаи диёрамон барори кор орзу менамоям.
Мақсад аз сафари навбатии мо ба ноҳияи Темурмалик шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, инчунин рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия мебошад.
Ду сол қабл ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳия дар мактаб – интернати Танобчӣ ба масъулони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия доир ба бунёду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ ва умуман вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода будам.
Тавре ки аз рафти шиносоӣ маълум гардид, то имрӯз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорони ноҳия як қатор корҳои нек амалӣ гардида, симои ноҳия хеле дигаргун ва ободу зебо шудааст.
Аз натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия бармеояд, ки заҳматкашони ноҳия дар натиҷаи амалисозии қарору супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва татбиқи барномаҳои қабулшудаи соҳавию минтақавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар давоми солҳои 2012-2014 ва семоҳаи аввали соли 2015 барои рушди ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ қариб 160 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар баробари ин, ҳоло бо мақсади таъмин намудани рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон ва бунёди иншооти гуногун дар ноҳия татбиқи чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 22 миллион сомонӣ идома дорад. Бояд зикр намуд, ки ҳамаи чорабиниҳое, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар қаламрави мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Темурмалик амалӣ шуда истодаанд, пеш аз ҳама, ба рушди бахшҳои иқтисодӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва торафт беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии мардум равона шудаанд.
Мо медонем, ки дар ноҳияи Темурмалик соҳибкорону тоҷирони ташаббускору хайрхоҳ, ватандӯст ва бонангу номус хеле зиёданд ва онҳо барои анҷом додани амалҳои хайр, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ободонии диёри худ имкониятҳои васеъ доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва иқдоми соҳибкорон дар ноҳия сохтмони 18 иншооти муҳими истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз панҷ иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла таъмири роҳи мошингарди маркази ноҳия то Ҷамоати деҳоти Қармишев ба масофаи 11 километр, сохтмони маркази хизматрасонӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ғалла ва сангу шағал бо иқдоми соҳибкорони ноҳия ба анҷом расонида шудааст.
Дар баробари ин, сохтмони осоишгоҳ барои табобати 100 нафар дар як вақт, бунёди боз як маркази хизматрасонӣ, маркази таъминот ва таъмири техникаи кишоварзӣ, корхонаҳои мебелбарорӣ, коркарди пӯст ва пойафзол, коркарди гиёҳҳои шифобахш, бинои маъмурии “Тоҷиксодиротбонк” ва дигар коргоҳҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкорон идома дорад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бинои нави маъмурии нозироти андоз ба истифода дода шуда, корҳои сохтмони Қасри фарҳанг, Маҷмааи варзишӣ, бинои шуъбаи амният, биноҳои нави таълимӣ дар назди Хонаи бачагони Танобчӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии рақами 7 босуръат идома ёфта истодаанд.
Инчунин тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ дар деҳаи Ғурулдеҳи Ҷамоати деҳоти Қармишев сохтмони бинои нави мактаб дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар робита ба ин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон иҷрои пурраи нақшаи тарҳрезишударо таъмин намоянд.
Ҳамзамон бо ин, бо мақсади боз ҳам васеъ кардани иқтидори истеҳсоливу хизматрасонии ноҳия ва бо ҳамин роҳ ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ бояд имконияти истифодаи лойи шифобахши ноҳия тавассути сохтмони маҷмааи саломатӣ, инчунин ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурди коркарди мева ва дигар маҳсулоти кишоварзиву чорводорӣ ва бунёди силсилаи корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон мавриди баррасиву чораҷӯӣ қарор дода шавад.
Боиси қаноатмандист, ки бо дастгирии соҳибкорон ва тариқи ҳашар майдони марказии ноҳия бо тарҳи нави меъморӣ азнавсозӣ гардида, майдони Парчам ва қаҳрамонони Ҷамоати деҳоти Танобчӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд, ки дар ҷодаи ободу зебо гардонидани ин гӯшаи ватанамон саҳмгузорӣ мекунанд, миннатдорӣ баён намуда, итминон дорам, ки ин раванди нек минбаъд низ идома пайдо хоҳад кард.
Ҳамкории бахшҳои давлативу хусусӣ ва дастгирии иқдому ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ҷиҳати рушди соҳибкории истеҳсолӣ омили муҳими пешрафти шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Темурмалик мебошад. Вобаста ба ин, соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки ба масъалаи ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти боз ҳам бештар диҳанд. Зеро торафт афзудани талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмоливу маҳсулоти саноатӣ ва масолеҳи сохтмон тақозо мекунад, ки бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ теъдоди ҳарчи бештари коргоҳу корхонаҳои нав сохта, барои сокинон ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шаванд.
Бо ин мақсад, зарур аст, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳӣ доир ба маблағгузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия содагардонидани дастрасии маблағҳои қарзӣ ва зиёд кардани ҳаҷми маблағҳои пешниҳодшаванда мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, масъалаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтору мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати мамлакат аз ҷониби худ барои ободии ҳар як гӯшаи кишвар, бахусус минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зист ва вазъи рӯзгори мардуми деҳот ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.
Ҳозирони гиромӣ!
Чунонки аз таҳлилҳо бармеояд, нишондиҳандаҳои заҳматкашони ноҳия дар самти ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, хусусан зироаткорӣ, боғу токпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, занбӯриасалпарварӣ ва парандапарварӣ сол аз сол беҳтар шуда истодаанд.
Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 246 миллион сомонӣ расонида шудааст. Мувофиқи маълумот дар се моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи қариб 14 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз зиёд мебошад. Дар даҳ соли охир майдони боғҳои нав аз 320 гектар ба 890 гектар расонида шуда, танҳо дар се моҳи соли ҷорӣ 126 гектар боғ бунёд карда шудааст.
Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки ноҳияи Темурмалик барои боз ҳам зиёд кардани майдони боғу токзор, аз ҷумла афзоиш додани истеҳсоли меваҳои содиротӣ, ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди бахшҳои ғаллакорӣ ва чорводорӣ имкониятҳои васеъ дорад ва зарур аст, ки аз ин имкониятҳо ҳарчи оқилонаву самаранок истифода карда шавад.
Хусусан имрӯзҳо кишоварзони ноҳия ва умуман ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бояд ҳар як рӯзи мусоиди баҳорро ғанимат дониста, доир ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозори дохилӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар чораҷӯӣ намоянд.
Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки доир ба барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳои дохилӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Оби Тоҳир дар ҳудуди деҳаҳои Зарнисор, Давлатшоён ва Қарқамиш чораҳои бетаъхир амалӣ намоянд. Ҳамчунин, зарур аст, ки барои ташкили корҳои хонагӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин намудани занони хонашин тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Дӯстони азиз!
Бояд гуфт, ки иқдомоти хайрхоҳонаи сокинони ноҳия дар самти бо роҳи ҳашар обод кардани деҳоти дурдаст ва муассисаҳои таълимии ноҳия намунаи беҳтарини фарҳанги ободкорӣ ва суннатҳои илму маърифатдӯстии мардуми тоҷик мебошад.
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик бо шогирдони худ шуҳрати зиёд доранд ва дар ин минтақаи дурдасти кишварамон бахусус дар мактаб - интернатҳои номдори он даҳҳо нафар шахсиятҳои баруманди кишвар ба воя расидаанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат содиқона заҳмат кашида, соҳиби эҳтирому обрӯ гардидаанд.
Боиси қаноатмандист, ки таъкидҳои Роҳбари давлат доир ба масъалаи мактаб - интернатҳо ва мунтазам хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи ятимон дар ҷомеа пуштибонии гарм пайдо карда, ин амали хайр имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамчунин дар тӯли се соли охир бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар муҳити хонаводагӣ ба воя расонидани онҳо даҳҳо нафар кӯдакони ятим аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шуда, ҳоло дар оилаҳои бофазлу ҳиммат тарбия гирифта истодаанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар ба ҳамаи шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати модарона ва эҳсони падарона нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бесаробонро ба уҳда гирифтаанд, самимона изҳори сипос менамоям.
Тӯли чанд соли охир ба масъулони соҳаи маорифи кишвар доим таъкид месозам, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба масъалаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон диққати ҷиддӣ диҳанд. Қариб дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳои худ хотиррасон месозам, ки баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия кардану ба воя расонидани кадрҳои ояндасоз, пеш аз ҳама, аз сатҳи баланди касбии аҳли маориф ва, албатта, робитаи падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа бо мактаб вобаста мебошад.
Дар робита ба ин, боз як масъалаи муҳимро хотирнишон месозам, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба тартиби нави дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омода намудани хонандагон ба ин низоми муосир қонеъкунанда нест ва огоҳии падару модарон аз усули нави қабул ба мактабҳои олӣ дар сатҳи зарурӣ намебошад.
Ҳамзамон бо ин, омӯзгорон ба масъалаи интихоби огоҳонаи касбу ихтисос аз ҷониби хонандагон ва омода кардани онҳо барои ноил шудан ба ҳадафи худ кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Маҳз бо ҳамин сабаб теъдоди хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар ба пуррашавии мансабҳо ва касбу ихтисосҳо мутобиқат намекунад.
Дар ин кор, пеш аз ҳама, падару модарон бояд бештар масъулият эҳсос намуда, ҳангоми интихоби касб завқу хоҳиши фарзандонро ба инобат гиранд. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тарғиби касбинтихобкунии хонандагон ва муайян намудани эҳтиёҷоти воқеии шаҳру ноҳияҳо ба мутахассисон чораҳои зарурӣ андешанд.
Дӯстони азиз!
Кангурт аз замонҳои қадим ҳамчун зодгоҳи орифону олимон ва донишмандони соҳибмактаб эътироф шудааст. Тибқи маъхазҳои таърихӣ ва маълумоти муҳаққиқон калимаи «Кангурт» аз калимаи «кант», яъне «шаҳр» ё «макон» ва калимаи «гурт», «гурд», яъне «паҳлавон» ё «бузург» таркиб ёфтааст. Шояд маънои дуюми калима дуруст бошад, зеро Кангурт макони кору зиндагии олимону ҳунармандон ва паҳлавонону дигар шахсиятҳои бузург аст.
Замоне беҳтарин толибилмон ва мударрисони мадрасаҳои шаҳрҳои бузурги минтақа аз ҷумлаи намояндагони Кангурт будаанд. Шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайн, ки баъдҳо бо номи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ машҳур шудааст, то охири умр дар ин мавзеи хушбоду ҳаво умр ба сар бурдааст.
Нақш ва мақоми шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода дар адабиёти охири асри XIX ва ибтидои садаи XX бағоят арзишманд мебошад.
Яке аз зодагони Кангурт Холмуҳаммади Рустам, ки дар оғози асри гузашта барои таҳсили илм ба Ҳиндустон рафта, баъди таҳсили зиёда аз бистсола дар сарзамини Ҳинд дар Афғонистон кору фаъолияти илмиву эҷодӣ карда, дар доираҳои илмиву фарҳангии он кишвар бо номи Мавлоно Холмуҳаммади Хаста маъруф гардидааст ва ҳатто мардуми вилояти Балх ӯро ба парламенти кишвар вакили худ интихоб кардаанд, барои пешрафти илму адаб ва фарҳангу маънавиёти на танҳо Афғонистони ҳамсоя, балки минтақа хизматҳои бузургеро анҷом додааст. Фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ва даҳҳо нафари дигар дар рушду пешрафти мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқамон саҳми арзишманд гузоштаанд. Ҳамчунин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки манзараҳои зебо ва дилрабои Кангурт метавонанд яке аз мавзеъҳои сайру саёҳати сокинони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ бошанд.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани симои ноҳия ва муаррифии имкониятҳои табиии ин водии зебоманзари диёрамон чораҷӯӣ намоянд. Инчунин, бунёди иншооти нави иҷтимоӣ ва таъмиру таҷдиди дигар иншооту биноҳои дар доираи барномаҳои давлатӣ ба нақша гирифташударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Имрӯз дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созанда ва ободу зебо гардонидани симои ноҳия мо дар маросими ба истифода супурдани роҳи мошингарди Данғара – Кангурт ба масофаи 27 километр, Маркази хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт, ки аз коргоҳи дӯзандагӣ, маркази касбомӯзии калонсолон ва коргоҳи қолинбофии дастӣ иборат буда, дорои беш аз 100 ҷойи корӣ мебошад, инчунин дар ифтитоҳи филиали Бонки давлатии “Амонатбонк” ва чойхонаи миллӣ ширкат намудем.
Бо ташаббуси шахсони саховатпеша хатнасури 90 нафар кӯдакони ятиму ниёзманд ва тӯйи арӯсиву домодии 6 ҷуфт навхонадорон баргузор гардид. Ҳамзамон бо ин, дар асоси супориши Президенти кишвар, ки ду сол пеш дар интернати Танобчӣ дода шуда буд, бинои дуошёнаи хобгоҳи мактаб – интернати давлатии Кангурт ба истифода супурда, санги асоси сохтмони бинои таълимии он гузошта шуд.
Илова ба корҳои то имрӯз амалигардида, ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи бахшҳои ноҳия анҷом додани як қатор тадбирҳои дигар низ зарур мебошад. Аз ҷумла таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Кангурт – Балҷувон ба дарозии 26 километр ва Кангурт - Темурмалик - деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ба масофаи 32 километр ҳарчи зудтар бояд анҷом дода шавад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати дарёфти маблағҳои зарурӣ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои зикршуда, аз ҷумла тавассути ҷалби имкониятҳои соҳибкорон тадбирҳои мушаххас андешанд.
Вазифаи ҳар як роҳбар ва шахси масъули давлатӣ, фаъолону зиёиён, падару модарон, занону ҷавонон, хулоса кулли аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки бо рафтору гуфтору кирдори нек ва амалҳои хайру савоб, дар навбати аввал кумак расонидан ба ятимону маъюбон, шахсони бесаробону оилаҳои камбизоат, дар фазои орому осудаи сарзамини аҷдодиамон ба хотири пешрафти Ватани азизамон ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ содиқонаву софдилона заҳмат кашанд, риояи қонунияту тартибот, таъмини волоияти қонун, аз ҷумла риояи ҳатмии талаботи қонунҳо “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва сарфаю сариштакориро дар тамоми самтҳои зиндагӣ меъёри ҳаррӯзаи ҳаёти хеш қарор диҳанд. Зеро танҳо дар ҳамин ҳолат ва бо чунин тарзи муносибат мо метавонем Ватанамонро обод, кишварамонро пешрафта ва сатҳи зиндагии мардумамонро аз имрӯза беҳтар гардонем.
Дар охир, ба кулли мардуми заҳматдӯсту меҳмоннавози Ҷамоати деҳоти Кангурт ва ноҳияи Темурмалик бори дигар изҳори сипос карда, дар роҳи хизмат ба Ватан ва халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳар яки шумо барори кор мехоҳам.
Доимо сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2015    №: 85    Мутолиа карданд: 762

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед