logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Данғара, 24 апрели соли 2015

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Ба шарофати истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамкориҳои мамлакати мо бо бисёр кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ торафт таҳким ва густариш ёфта, садҳо корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба фаъолият шурӯъ карда истодаанд, ки ин раванди нек, дар навбати худ, яке аз омилҳои муҳимтарини рушди иқтисодии Тоҷикистони азизи мо мебошад.
Маҳз ҳамин омил, яъне ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва рушди устувори иқтисодиёти кишварамон имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мунтазам беҳтар гардида, наслҳои ояндасозу ободгари мо дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия карда шаванд ва ҳамқадами ҷаҳони муосир бошанд.
Дар натиҷаи амалисозии стратегияву барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тавассути дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ ба мо муяссар гардид, ки танҳо дар давоми якчанд соли охир садҳо корхонаҳои хурду бузург, аз ҷумла корхонаҳои муштарак оид ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти саноатиро сохта, мавриди истифода қарор диҳем.
Натиҷаи муҳимтарини раванди созандагӣ ин аст, ки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, бо ҳамин роҳ мо ба мунтазам боло рафтани шароити зиндагии аҳолии мамлакат муваффақ шуда истодаем.
Рушди соҳаи саноат, аз ҷумла истеҳсол ва коркарди масолеҳи сохтмон яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани пешрафт ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон ба ҳисоб меравад, зеро дар ин ҷода кишвари мо дорои манбаъҳои бузурги ашёи хоми табиӣ ва захираву имкониятҳои фаровон мебошад.
Хурсандиовар аст, ки имрӯз мову шумо бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди созандагиву ободонии кишвари азизамон шоҳиди оғози бунёди корхонаҳои сементбарорӣ, кафелбарорӣ ва шишабарорӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» гардидем, ки тавассути сармоягузорони ватанию хориҷӣ анҷом дода мешаванд.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо, ҳозирони гиромӣ, аз ҷумла меҳмонони арҷмандро табрик гуфта, ба бунёдкорону сармоягузорони иншооти имрӯза барори кор орзумандам.
Корхонаи сементбарорӣ, ки бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва хитоӣ дар ҳаҷми як миллиард сомонӣ сохта мешавад, аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ба рушди соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 1,6 миллион тонна сементро ташкил медиҳад ва тибқи нақша соли 2016 ба истифода дода мешавад. Дар давраи сохтмони корхона 150 нафар шаҳрвандони ватанӣ ба кор ҷалб карда шуда, баъди ба фаъолият оғоз кардани корхона дар маҷмӯъ 800 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар шафати корхонаи семент корхонаҳои кафел ва шишабарорӣ мавриди баҳра қарор дода мешаванд. Партови ин корхонаҳо дар корхонаи сементбарорӣ мавриди истифода ва коркард қарор дода мешавад, ки ин ба ҳифзи муҳити зист ва риояи меъёрҳои экологӣ мусоидат хоҳад намуд.
Корхонаи кафелбарорӣ бо сармоягузории хориҷӣ ба маблағи 100 миллион сомонӣ бунёд мегардад. Муҳлати ба истифода додани корхона солҳои 2016-2017 пешбинӣ шуда, дар давраи сохтмони корхона 70 нафар шаҳрвандони мо ба кор ҷалб карда мешаванд ва баъди ба истифода додани корхона барои 300 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд. Корхонаи кафелбарорӣ дар як сол 3 миллион метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.
Корхонаи шишабарорӣ, ки арзиши лоиҳавии он 500 миллион сомонӣ мебошад, бо сармояи хориҷӣ ва бо иқтидори солонаи 15 миллион метри мураббаъ шиша ва маҳсулоти шишагӣ солҳои 2016-2017 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар давраи сохтмони корхона 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, баъди ба истифода додани корхона 300 нафар шаҳрвандони мо бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар давоми ду соли оянда бо бунёд ёфтани корхонаҳои истеҳсолии зикршуда қариб ду ҳазор нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, тавассути сохтмон ва таҷдиди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мамлакат хеле беҳтар хоҳад шуд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди сармоягузорӣ, воридоти техникаву таҷҳизот ва технологияҳои муосир, ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда ва ба ин васила зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои мунтазам ва зарурӣ меандешад.
Дар ин раванд бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар доираи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо аз ҷониби вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав барномаи нави давлатии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда таҳия гардида истодааст, ки вақтҳои охир ба Ҳукумати кишвар барои баррасӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳадафи асосӣ аз ин иқдом, пеш аз ҳама, татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вусъат додани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо мебошад, ки, албатта, барои ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, пайдо гардидани сарчашмаҳои нави даромад ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд.
Ҳозирони муҳтарам!
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби техникаву технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рушди истеҳсолоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда дар қаламрави кишвар минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шудаанд. Аз оғози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳаҷми сармоягузории мустақим 97 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» соли 2009 дар масоҳати 521 гектар замин таъсис ёфтааст. Мавқеи ҷуғрофии минтақа барои тавсеа додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бисёр мувофиқ мебошад, чунки он дар саргаҳи роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст.
Ҳоло дар ҳудуди минтақа сохтмони корхонаҳои коркарди нафт бо маблағгузории 3,5 миллиард сомонӣ, конструксияҳои металлӣ бо сармоягузории беш аз 125 миллион сомонӣ ва коркарди намак ба маблағи 12,5 миллион сомонӣ оғоз шудааст. Дар маҷмӯъ ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ барои фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба 44 миллион сомонӣ расонида шуда, қариб 400 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.
Хотирнишон месозам, ки ҳадафи асосии таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар тавассути истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Бинобар ин, доир ба масъалаҳои риояи қонуният, истифодаи мақсаднок ва самараноки ҳудуди минтақа ва имкониятҳои он, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва воридоти техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, пардохти саривақтии андозҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ва шаффофияти кору фаъолият бояд мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Дар шароити торафт вусъат гирифтани рақобат дар бозорҳои ҷаҳонӣ бояд диққати махсус ба сифат ва арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда равона карда шавад. Аз ин хотир, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдоро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон бо мақсади зиёд кардани содироти молу маҳсулот ҷиҳати паст кардани арзиши аслӣ тавассути истифодаи самараноки технологияҳои муосир, ашёи хом ва қувваи кории ватанӣ ва баланд бардоштани сифату рақобатпазирии молу маҳсулоти истеҳсолшаванда тибқи меъёрҳои амалкунанда чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, масъалаи риояи қонунгузории андоз низ бояд таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.
Рушди минбаъдаи иқтисодиёт дар навбати аввал аз самаранок истифода гардидани сарватҳои табиӣ ва вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ вобаста мебошад. Боиси қаноатмандист, ки татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба ба раванди густариши сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.
Муносибатҳои судманд бо бисёр кишварҳои дунё дар риштаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ сол то сол қавитару мустаҳкам мегарданд. Бунёди иншооти имрӯза ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо, бешубҳа, дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва таъмини мардуми мо бо масолеҳи сохтмонии арзон нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳукумати мамлакат ҳар як иқдоми нек ва ташаббуси созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо ҳамаи шароити заруриро муҳайё намудааст. Зеро ҳадафи аслии ҳар яки мо ободу зебо сохтани ватани азизамон мебошад, ки ба ин васила барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро таъмин намоем.
Итминон дорам, ки бо азму талоши Ҳукумат ва саҳми ҳар як фарди ватандӯсту бонангу номуси миллат истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ дар солҳои наздиктарин ба маротиб афзун гардида, ин иқдом боиси боз ҳам таҳким ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мегардад. Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафи нек зарур аст, ки ҳар як роҳбар ва корманди масъули сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорони баландҳиммат ва бонангу номуси мамлакат софдилонаву садоқатмандона кору фаъолият намоянд.
Дар вилояти Хатлон барои боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ имконияту захираҳои бузург мавҷуданд.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадоранд, ки бо истифода аз ин захираву имкониятҳо, дар навбати аввал замин ва оби фаровон доир ба афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавоти содиротӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Бовар дорам, ки мардуми созандаву бунёдкор ва тамаддунсозу таҳаммулгарои мо, аз ҷумла сокинони сарбаланду заҳматкаши вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара минбаъд низ барои ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли худ саъю талоши бештар хоҳанд кард.
Дар ниҳояти сухан, бо изҳори умедворӣ ба идомаи неки равобит бо шарикони рушд бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирони арҷмандро бо оғози бунёди иншооти имрӯзаи барои кишварамон муҳим табрик гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори хушу осуда орзу менамоям.
Ҳамеша хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.04.2015    №: 86    Мутолиа карданд: 538

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед