logo

ҳуқуқ

БЕҲУРМАТӢ АЗ БЕМАСЪУЛИЯТИСТ

Бо ин ном мақолае 13 марти соли равон дар шумораи № 52 (22 614) – и рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида буд. Дар он муаллиф Мирзои Фирӯз ба нусхаи мактуби Прокуратураи генералии кишвар, ки барои маълумот ба ҷабрдида Давлатшо Мирзоев бо парвандаи ҷиноятӣ оид ба куштори писараш Оятулло Мирзоев фиристода шуда буд, эрод гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки 16 – уми феврали соли 2013 тахминан соати 20 – у 30 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Дарёободи Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади Оятулло Мирзоев бо аломатҳои марги маҷбурӣ – ҷароҳатҳои зиёд дар қисмҳои гуногуни баданаш аз таъсири яроқи оташфишон дарёфт шуд. Ҷинояти мазкур дар ҳолатҳои номуайянӣ содир гардида, шахсони содирнамудаи он муддати зиёд маълум набуданд. Танҳо дар натиҷаи ҷаҳду ҷадал ва меҳнати зиёди софдилонаи кормандони мақомоти прокуратура ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз 5 моҳ шахсони содирнамудаи куштор Саидхон Исмоилов ва Муродҷон Содиқов муайян ва дастгир шуданд. Маълум гардид, ки онҳо куштори Оятулло Мирзоевро дар заминаи хусумати қаблӣ, ки Исмоилов бо ӯ дошт, содир намудаанд.
Прокуратураи  генералӣ ҳара-катҳои зиёди тафтишотиро ҷиҳати таъмини тафтиши пурра, ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Саидхон Исмоилов ва Муродҷон Содиқов, ки куштори қасдонаи писари Давлатшо Мирзоев – Оятулло Мирзоевро содир намуда буданд, ба анҷом расонида, парвандаи ҷиноятиро нисбат ба номбурдагон бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои «е, з, и» (одамкушӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда), 195 қисми 2 бандҳои «а, в» (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш бо ҳолатҳои вазнинкунанда), 199 қисми 3 банди «в» тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш бо ҳолатҳои вазнинкунанда) ва 316 қисми 3 банди «в» (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ бо ҳолатҳои вазнинкунанда) ба суд ирсол намуд.
Мактубе, ки дар мақола зикр мегардад, мактуби ирсолии парванда ба суд мебошад. Мувофиқи муқаррароти қисми дуюми моддаи 250-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кардааст, бояд парвандаи ҷиноятиро ба суд аз рӯи тобеияти судӣ ирсол карда, ҳамзамон дар ин бора ба айбдоршаванда, ҳимоятгар, ҷабрдида ва намояндаи ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо хабар диҳад. Дар мактуби зикршуда Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятиро ба суроғаи якум, яъне Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода, изҳор кардааст, ки айбдоршавандагон ба ихтиёри онҳо мегузаранд. То ирсол гардидани ин мактуб айбдоршавандагон дар ихтиёри мақомоти тафтишотӣ қарор доштанд ва маҳз ҳамин мактуб бо ҳамин мазмуну муҳтавояш имконият медиҳад, ки минбаъд онҳо ба ҳисоби Суди олӣ гузаранд, яъне зарурати минбаъд дар ҳабс нигоҳ доштани ин айбдоршавандагон ва дароз кардани муҳлати минбаъдаи дар ҳабс нигоҳ доштани онҳо ба ваколати Суди олии кишвар вогузошта мешавад.
Фиристодани нусхаи ин мактуб бе замима ба ҷабрдида имконият медиҳад, ки ӯ дар хусуси санаи ба суд фиристодани парвандаи ҷиноятӣ, суде, ки парвандаро баррасӣ мекунад, моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ, ки аз рӯи онҳо ба айбдоршавандагон айб эълон шудааст, шумораи ҷилдҳои парванда ва далелҳои шайъии ба онҳо ҳамроҳшуда ва ғайра маълумоти кофӣ пайдо намояд. Аз ин рӯ, иддаои рӯзноманигор Мирзои Фирӯз дар хусуси он ки гӯё айбдоршавандагон ба ихтиёри ҷабрдида фиристода мешуда бошанд, тафсири нодурусти муқаррароти ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ мебошад.
Иддаои дигари Мирзои Фирӯз дар хусуси он ки ҷабрдида Д. Мирзоев бояд ҳанӯз дар рафти тафтиши пешакӣ бо маводи парванда шинос мешуд, низ беасос аст, чунки Д. Мирзоев дар тамоми давраи тафтиш бо ҳуқуқу вазифаҳояш ва ҳуҷҷатҳои мурофиавии парвандаи ҷиноятӣ шинос шуда, дар хусуси аз тарафи кӣ содир шудани ҷиноят ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудани Саидхон Исмоилов ва Муродҷон Содиқов аз тарафи муфаттиши прокуратура иттилоотонида шуда буд. Ин гуфтаҳоро Давлатшо Мирзоев дар баёноти худ низ ба пуррагӣ тасдиқ намуда, изҳор кардааст, ки ӯ ба рӯзноманигор Мирзои Фирӯз, ки ба аёдати ӯ омада буд, на аз мақомоти прокуратура ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки аз кушта шудани писараш арзи дил карда будааст. Мактуби прокуратураи генералиро худи Мирзои Фирӯз гирифта, ба ҷайбаш гузоштааст ва дар хусуси навиштани ягон мақола ӯ аз рӯзноманигор хоҳиш накарда будааст. Вай намедонад, ки барои чӣ Мирзои Фирӯз мақолаи мазкурро навишта бошад. Номбурда чун ҷабрдида аз тафтишоти парванда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани қотилон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарият ва кормандони Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро баён намуд.
Ба таваҷҷуҳи хонандагони гиромии рӯзнома мерасонем, ки бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 – уми феврали соли ҷорӣ Саидхон Исмоилов ва Муродҷон Содиқов дар содир намудани куштори Оятулло Мирзоев гунаҳкор дониста, ба муҳлатҳои 17 ва 15 сол маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуданд.

Абдуқодир МУҲАММАДИЕВ,
директори Маркази такмили
ихтисоси Кормандони мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2015    №: 87    Мутолиа карданд: 2394

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед