logo

ҳуқуқ

ТАҚАЛЛУБ ДАР МАЪЛУМОТНОМАИ № 086

Ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар минтақаи Кӯлоб иттилое расид, ки гӯиё аз ҷониби иддае аз ходимони Маркази саломатии №1 шаҳри Кӯлоб маълумотномаи тиббии шакли № 086 бидуни роҳандозии ташхис сохтакорона ба ивази маблағ ба корафтодагон дода мешавад. Нахуст барои возеҳ ва собитнамоии саҳеҳияти маълумот санҷиш гузарондем.

Ҷавонеро (номаш дар ҳолати зарурӣ ифшо мешавад) баҳри гирифтани маълумотнома ба Маркази саломатӣ роҳӣ кардем. Баробари даромадан зане ӯро сӯи хеш хонда, «ба шумо чӣ лозим?» - гӯён пурсид. Вай корманди марказ  будааст. Вақте огоҳ мешавад, ки мақсади гирифтани маълумотномаи шакли № 086  дорад, оҷилан аз куҷое як нусха варақаи ин намуди санадро оварда,  бе талаби шиноснома, шифоҳӣ ному насабу суроғаашро суол карда, ба сиёҳкунии варақа мепардозад. Дар қисмати пушти қоғаз се навъи муҳр бо нигоштаҷоти «Маркази саломатии шаҳри Кӯлоб, барои варақаҳо ва R-графия»  нақш шудаанд. Ҷавон, ки барои озмоиш равона гардида буд, санаи таваллуду ҷойи истиқоматашро носаҳеҳ иброз  медорад. Мутаассифона, корманди марказ маълумоти аз забони «корафтода» шунидаро бе пурсиши такрорӣ рӯи қоғаз меорад. Ахиран, дар чанд нуқтаи гувоҳнома имзоҳои зоҳиран мухталифро мегузорад. Аз ҳама таассуфовараш, дар ниҳояти кор мегӯяд:
- 15 сомонӣ мешавад.
- Апаҷон, ман 10 сомонӣ дорам, - изҳор мекунад ҷавон.
- Илоҷаш нест! Мувофиқи қоида, шумо бояд аз муоинаи табибони бемориҳои чашм, узвҳои даруна, ҷарроҳ, гӯшу гулую бинӣ ва дигар мутахассисон гузаред, - маълумотномаро рӯи даст гирифта шарҳ медиҳад корманд. – Ғайр аз ин, шуморо лозим меомад, ки рентген кунед, таҳлили умумии хун ва пешоб гузаронед. Ана, бинед, кулли ин амалиёт дар маълумотнома аллакай иҷро шудаанд. Комилан омодааст. Муҳри дигар беморхонаҳоро низ дорад. Мо барои задани ин муҳрҳо пул медиҳем.
Аммо ин хонум ошкор намекунад, ки ба кӣ пул медиҳанд. Исми корманди марказ бигзор зери парда бимонад. Мо барои 15 сомонӣ шаъни ӯро паст заданӣ нестем. Вале, чунин ба назар мерасад, ки дар ин тақаллубкорӣ нафаре ҳаст ӯро мададрасон. Агар чунин набошад, пас муҳри маркази саломатӣ дар коғази  холӣ аз куҷо омад?
Бобохон Абдураҳмонов, сардухтури маркази мазкур, баробари нигаристан ба маълумотномаи аз ҷониби зердасташ «фурӯхташуда», онро сирф сохтакорӣ маънидод кард. Гуфт: «Ин формаи № 086 қалбакист. Маротибаҳои бешумор ба кормандони марказ таъкид мекунам, ки даст ба чунин кирдор назананд. Бигзор ҳар нафаре, ки бошад, роҳи қонуниашро истифода кунад. Яъне, тамоми ташхиси заруриро гузашта, сипас чунин ҳуҷҷатро дастрас намояд. Пардохти маблағи муайян, ки онро Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 600 муқаррар намудааст, ҳатмист. Баъди супурдани маблағ ба мизоҷ чек медиҳем. Бехабару пинҳонӣ аз ман ба маблағи ночиз аснодро тайёр карда мефурӯшанд. Ин проблема на танҳо Кӯлоб, балки ҷумҳуриро фаро гирифтааст.
То ҳол ҳеҷ нафаре, шахсан назди сардухтур дар мавриди пулситонии табибону ҳамширагони марказ бар ивази маълумотномаи  № 086 муроҷиат накардааст. Маблағи муқаррарии ташхисҳое, ки бояд ашхоси бо азми гирифтани маълумотнома аз назари  мутахассисон гузаранд, қариб сад сомонист. Биноан,  роҳҳои осону арзонро меҷӯянд». Ба суоли «Дар маълумотномаҳои сохта муҳри Маркази саломатии № 1 шаҳри Кӯлоб чӣ тавр пайдо шудааст?» гуфт:
- Муҳр ба марказ мутааллиқ аст. Берангии он шубҳабарангез аст. Шояд касе  пинҳонӣ муҳрро истифода бурдааст. Имзоро ман нагузоштаам. Муҳрҳои дигарро шояд сохта бошанд.
Маълумотномаи шакли № 086 аз зумраи ҳуҷҷатҳоест, ки солимии фардро бозгӯӣ мекунад. Қаблан вақти ҳуҷҷатгузории довталабони мактаби таҳсилоти олии касбӣ ин санад ҷойи вижа дошт. Аммо имсол он аз феҳристи номгӯи ҳуҷҷатгузории Маркази миллии тестӣ лағв шудааст. Масъулон  мӯҷиби бардошта шудани онро дар қалбакӣ  буданаш арзёбӣ мекунанд. Зеро дилхоҳ шахси носолиму ҷарроҳишуда тавассути ин қоғаз нуқси худро пинҳон дошта метавонад.
Маҳбуба Шарифова, сардухтури Маркази бемориҳои чашми шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки нуқси чашм танҳо бо роҳи ташхис муайян мешавад. Бидуни ташхис маълумотномаи солимӣ додан кори хуб нест. Ба ҷуз табибони чашм касе ҳуқуқи ташхису хулосабарориро надорад.
Ба низоми муайян даровардан, ҷилавгирӣ аз тақаллуби маълумотномаи № 086 вазифаи ҷонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб, мақомоти прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва ниҳодҳои дигари зирабт маҳсуб меёбад. Роҳи баррасии барои сокинон сабукиовару барои давлат манфиатоварро бояд ҷуст.   

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.04.2015    №: 87    Мутолиа карданд: 658

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед