logo

ҳуқуқ

НАҚШИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАДОРӢ

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсон, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулкорӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат  оиларо ҳамчун асоси ҷамъият дониста, таҳти ҳимояи худ қарор додааст. Ҳар  кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Духтарони ба синни никоҳ расида, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Баҳри дар амал татбиқ намудани кафолатҳои бо Конститутсия ба модару кӯдак додаи давлат, сол ба сол ғамхорӣ  нисбат ба онҳо зиёд шуда, мавқеашон дар ҷамъият боз ҳам мустаҳкамтар гашта истодааст. Дар ин самт ҳамасола барнома ва стартегияҳои гуногуни давлатӣ  ба тасвиб мерасанд, ки ба ҳимояи ҳуқуқи модару кӯдак,  беҳдошти рисолати оиладорӣ, баланд бардоштани мавқеи занону духтарон, солимгардонии оила  равона карда мешаванд.
Ҳамзамон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои оила ва оиладорӣ, нақши занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои модару кӯдак, тарбияи насли солим таваҷҷуҳи  хос зоҳир менамояд. Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки соли 2015  Соли оила эълон гардад. Ин иқдоми  саривақтӣ аз ҷониби сокинони мамлакат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2015 Соли оила, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои хонаводагист, такони ҷиддие барои бунёди оилаҳои солим ва дар маҷмӯъ ҷомеаи солим хоҳад буд.  Зеро сол ба сол зиёд шудани пошхӯрии оилаҳои ҷавон, таваллуди фарзандони маъюб аз никоҳи хешутаборӣ, ятиму бесарпаноҳ мондани  кӯдакон, афзоиши сафи занҳои танҳо боиси ташвиши аҳли ҷомеаи ҳуқуқбунёди мо гардидааст.
Дар Паём Президенти мамлакат  бо овардани далелҳои муътамад ин мушкили ҷомеаро матраҳ намуд, ки ҷомеаи судяҳоро низ дар канор нагузошт. Мо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳидоятҳои Сарвари давлатро дар ин самт  сармашқи кори худ қарор медиҳем. Зеро имрӯз дар судҳои ҷумҳурӣ баҳсҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ, рӯёндани алимент, муқаррар намудани падарӣ, тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзил  ниҳоят зиёд шуда истодаанд.
Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо волидайн  уҳдадориҳои  падару модарии худро, ки бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  муқаррар шудаанд, пурра иҷро намекунанд. Аз ҷумла, дуруст омода накардани  фарзанд ба муносибатҳои оиладорӣ, бармаҳал ба шавҳар додани  духтарон аз бетаваҷҷуҳию бемасъулиятии падару модарон дарак медиҳад. Ин дар ҳолест, ки  тибқи талаботи  моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  яке аз уҳдадориҳои  падару модар  фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намудани онҳо ба ҳисоб меравад. Маълум, ки никоҳи бармаҳал ва паст будани маърифтаи оиладорӣ ба барҳам хӯрдани оилаҳои ҷавон, ятим мондани кӯдакон ва ба миён омадани баҳсҳои судӣ оварда мерасонад.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   дар  Рӯзи Модар перомуни ин масъала ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр намуд: «Мутаассифона, баъзе падару модарон ба фарзандони худ аксари масъалаҳои ҳаётӣ ва нозукиҳои зиндагиро намефаҳмонанд, ба ибораи  ибни Сино тадбири манзилро ёд надода, ҳамаи онро ба худи духтарон ҳавола менамоянд ва дар шуури онҳо ҳисси таҳаммулгароӣ ва сабуриву пуртоқатиро ташаккул намедиҳанд. Дар натиҷа чунин духтарон бе тайёрии оилавӣ ба шавҳар мебароянд ва ба мушкилоти хонаводагӣ тоб наоварда, хонавайрон мешаванд». Воқеан,  имрӯз   дар ҷомеа бо  модароне вомехӯрем, ки  ба духтаронашон фазилатҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла шарму ҳаё, тарзи муносибат бо аҳли оилаи шавҳар, ҳунари пухтупаз ва дигар нозукиҳои ҳаётро намеомӯзонанд. Гузашта аз ин, фикру ақидаи фарзандонро ба инобат нагирифта, онҳоро маҷбурӣ хонадор мекунанд.  Ҳол он ки тибқи моддаи 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бастани ақди никоҳ розигии марду зани издивоҷкунанда ва синни никоҳӣ доштани онҳо шарт ва зарур мебошад. Яке аз шартҳои муҳими никоҳ дар он аст, ки вай бояд ихтиёрӣ, бо майлу хоҳиш ва иродаи издивоҷкунандагон баста шавад. Мувофиқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи оила вайрон намудани шарти никоҳ, маҷбур кардан барои ба никоҳ даромадан боиси беэътибор ҳисоб гардидани никоҳ мегардад.
Дар ин росто аз таҷрибаи судӣ мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Барои мисол, шаҳрванд Р. Н. бо К. Д. холабачаю  холадухтар буда, модаронашон бо мақсади мустаҳкамтар гардидани риштаи хешутаборӣ ва бегона нашудани молу сарват онҳоро бе розигиашон хонадор кардаанд. Дар як муддати кӯтоҳ ин оила барҳам хӯрд. Зимни баррасии парванда мард шикоят аз он дорад, ки ҳамсараш хонаро тоза нигоҳ дошта наметавонад, иззату ҳурматашро  ба ҷо намеорад. Зан бошад далел пеш меорад, ки шавҳарашро нағз намебинад, нисбат ба ӯ  меҳру муҳаббат надорад, зеро онҳоро маҷбурӣ хонадор кардаанд. Ба гуфтаи ин зан, вай дар давраи зиндагии якҷоя аз забони шавҳараш боре ҳам сухани хуб нашунидааст. Байнашон доим ҷангу ҷанҷол буда, холааш, ки модари шавҳараш  аст, ҳама вақт тарафи писарашро гирифта, дар қатъ гаштани муносибати оилавии онҳо мусоидат намудааст.
Таҷрибаи судӣ  нишон медиҳад, ки агар баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қоидаҳои никоҳи расмӣ риоя гашта, шумораи  ба қайд гирифтани никоҳи шаҳрвандон афзуда бошад ҳам, бекоршавии ақди никоҳ низ тамоюли зиёдшавиро гирифтааст. Агар дар соли 2014 ба суди ноҳияи Ҳисор 400 ариза оид ба бекор кардани ақди никоҳ ворид шуда бошад, дар се моҳи соли 2015 ин шумора ба 173 расидааст.
Зимни баррасии парвандаҳои категорияи мазкур муайян карда шуд, ки сабаб   ва омилҳои  пош хӯрдани оилаҳои ҷавон гуногунанд. Аз ҷумла, паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва оиладорӣ омили асосии вайрон шудани оилаҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки маърифати  оиладорӣ  худ мазмун ва муҳтавои амиқеро доро  мебошад. Омода набудани ҷавонон  ба барпо кардани оилаи мустақил  нишони аз  маърифати оиладорӣ бехабар будани онҳост. Дар баробари ин, рукни асосии маърифати оиладорӣ ҳамдигарфаҳмӣ дар оила ва босабру таҳаммул будани зан ба ҳисоб меравад. Зимни баррасии парвандаҳо оид ба бекор кадани ақди никоҳ  чунин ба назар мерасад, ки дар бисёр ҳолатҳо занҳо ба камиву костии рӯзгор тобовар набуда, дар зиндагӣ таҳаммулгар ва сабур нестанд.
Бесабаб  оиларо асоси ҷамъият намегӯянд. Дар ин замина интихоби дуруст дар барпо намудани  оилаи  мустақил ҳамчун заминагузорандаи оилаи солим нақши муҳим мебозад. Интихоби нодуруст яке аз омилҳои асосии қатъ гаштани муносибатҳои оилавӣ маънидод мешавад. Масалан, сокини Ҷамоати деҳоти Сомонии ноҳияи Ҳисор  духтари хоҳари ҳамсарашро ба писараш келин кардаасту зимни баррасии парвандаи судӣ мард  изҳор мекунад, ки арӯси серӯза дар рӯбарӯи  падари ӯ такя карда, хӯрок  тановул мекунад, иззату ҳурмати хусуру хушдоман, шавҳарашро ба ҷо намеорад, аз уҳдаи кори хона намебарояд. Вай муддати се сол ба ҳамаи ин  тоқат карда, ба хулоса омадааст, ки  бо ҳамсараш дигар зиндагӣ карда наметавонад. Ҳамаи ин ба он оварда расондааст, ки муносибати оилавиашон қатъ гардад.
Никоҳи барвақтӣ низ яке аз омилҳои  пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ба ҳисоб меравад. Зеро дар никоҳи барвақтӣ духтарон дар синне қарор доранд, ки ҳанӯз таҷрибаи зиндагӣ  надошта, аз фазилатҳои рӯзгор ва  оиладорӣ  чандон огоҳ нестанд.
Омилҳои дигари пош хӯрдани оилаҳо  ин ба муносибати оиладории ҷавонон дахолат кардани  волидон ва аз уҳдаи таъминоти оила набаромадани шавҳар мебошад. Зеро таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки аксари падару модарон шароити моддии худашонро ба назар гирифта, пеш аз он, ки  фарзандонашонро хононанду соҳибкасб намоянд, онҳоро хонадор карданӣ мешаванд. Вақте писар мустақил нест, касб ва сарчашмаи даромад надорад, дастнигари падару модар аст, чӣ тавр метавонад оила барпо намуда, рӯзгорашро пеш барад? Маҳз дар чунин ҳолатҳо, бо дахолати волидон, оилаҳои ҷавон пош мехӯранд.
Судяҳои суди ноҳияи Ҳисор ҳамарӯза баҳри  нигоҳ доштан ва барқарор кардани  муносибати оилавии тарафҳо  бо пешниҳоди муҳлати оштишавӣ ва гузарондани суҳбатҳо мусоидат менамоянд. Ҳама парвандаҳои категорияи мазкур бо пешниҳоди муҳлати оштишавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар асоси маълумоти оморӣ  аз 400 адад парвандаи ба суд  воридшуда, 25 адад баъди  пешниҳоди муҳлати оштишавӣ қатъ гардида, оилаҳо барқарор шудаанд. Ин ҳолат аз саҳмгузории мақомоти судӣ дар нигоҳдошти оилаҳои ҷавон ва таъмини оилаи солим дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Хотирнишон месозем, ки пошхӯрии оилаҳо ин заминаи ба миён омадан ва зиёд шудани баҳсҳои судӣ, аз қабили  бекор кардани ақди никоҳ, рӯёндани алимент,  маскун намудан ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, сол ба сол  шумораи воридшавии парвандаҳои оилавӣ дар бораи рӯёндани алимент барои фарзандони ноболиғ тамоюли зиёдшавиро гирифтааст. Агар дар соли 2014   аз тарафи судяҳои суди ноҳияи Ҳисор  318  адад парвандаи оилавии категоряи мазкур  баррасӣ гашта бошад, дар се моҳи соли 2015 ин шумора ба 101 адад расидааст.
Зимни баррасии чунин парвандаҳо  ба мушоҳида гирифтаем, ки баъзан шахсони алиментсупоранда бо баҳонаи ҷойи кор ва сарчашмаи даромад надоштан кӯшиш мекунанд то аз пардохти алимент озод гарданд ё ҳеҷ набошад андозаи он кам карда шавад. Аммо андеша намекунанд, ки  фарзанди онҳоро кӣ бояд таъмин намояд? Ҳатто бархе аз волидон бо мақсади пардохт накардани алимент, розӣ ҳастанд, ки аз баҳри кӯдаки хурдсоли худ бароянд.
Тавре дар боло зикр намудем, бекор кардани ақди никоҳ боиси ба миён омадани  баҳси судӣ оид ба маскун намудан ба манзил мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2014 аз тарафи суди ноҳияи Ҳисор 122 адад парвандаи оилавӣ дар бораи аъзои оила эътироф намудан ва маскун кардан  ба манзил баррасӣ гардида, дар се моҳи соли 2015   шумораи ин парвандаҳо ба 45 адад расидааст.
Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, зимни баррасии парвандаҳои оилавии категорияи маскун намудан ба манзил судяҳо меъёри моддаҳои 121 ва 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба асос гирифта, манфиати кӯдакони ноболиғро, ки бояд дар оилаи солим таълим ва тарбия гиранд, сарфи назар накарда, даъвоҳоро қонеъ менамоянд, ки ин санадҳои судӣ асоси қонунӣ доранд. Зеро қонунгузории манзил  ба чунин даъвогарон ҳуқуқ додааст, ки бо ҷой доштани  ҳолатҳои  пешбурди хоҷагии умумӣ, ҳамзистии доимӣ бо молики манзил ва дигар аҳли оилаи ӯ, бо даъво барои маскун намудан ба манзил ба суд муроҷиат намоянд. Вақте  молики манзил бо иродаи худ дигар шаҳрвандро ба хонаи истиқоматиаш оварда, барои доимӣ  бо онҳо ҳамзистӣ доштан дар он ҷо ҷойгир мекунад, барои қонеъ гардондани  аризаҳои даъвоии ин категория асос мешавад. 
Вобаста ба ҳолати воқеии кор  дар парвандаҳои категорияи мазкур даъвогарон  аз ҷумлаи он  нафароне мебошанд, ки  бо қатъ гаштани  муносибати оилавӣ молу мулки муштараки аз собиқ ҳамсар талаб мекардаро доро набуда, бо фарзандони ноболиғ бесарпаноҳ монда, дар манзили  истиқоматии волидонашон низ шароити   бо ҷойи зист таъмин  буданро надоранд. Дар ин ҳолат маҷбур мешаванд, ки  бо истифода аз ҳуқуқҳои гражданиашон ба суд  барои маскун  шудан ба манзил  муроҷиат намоянд. Аз дигар тараф, сабаби асосии ба миён омадани  баҳсҳои судӣ оид ба маскун намудан ба манзил ин зимни  бастани ақди никоҳ ба қоидаҳои бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда хунукназарона муносибат намудани ҷавонон мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки институти аҳдномаи никоҳ, ки дар боби 8 - уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои шахсони издивоҷкунанда пешбинӣ шудааст, умуман амал намекунад. Агар ин институт амал кунаду бо бастани аҳдномаи никоҳ миёни издивоҷкунандагон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҷиддӣ пешбинӣ карда шавад, зимни қатъ гаштани  муносибати оилавӣ тарафҳо аз тарси фаро расидани уҳдадориҳои бо аҳдномаи никоҳ пешбиникардаашон, мумкин аст, ки аз  ҷудо шудан худдорӣ намоянд. Воқеан мавриди амал қарор додани аҳдномаи никоҳ метавонад садди роҳи қатъ гаштани муносибати оилавӣ, ба миён омадани баҳсҳои судӣ гардад.
Имрӯзҳо тамоюли зиёдшавии парвандаҳои  судӣ, аз ҷумла афзоиши  парвандаҳои бекор кардани ақди никоҳ, ки заминаи ба миён омадани  парвандаҳои оилавии категорияи  рӯёндани алимент, маскун намудан ба манзил мегардад, аҳли ҷомеа ва судяҳоро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон ва дар  оилаи солим ба воя расидани фарзандони ноболиғ судяҳо талош доранд, ки  бо қабули таъйинотҳои хусусӣ, бо роҳи гузарондани  суҳбат ва вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа  нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишварро ба мардум фаҳмонда, ба ин васила дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи сокинони кишвар саҳмгузор бошанд.

Гулбону САИДЗОДА,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2015    №: 88    Мутолиа карданд: 2564

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед