logo

ҳуқуқ

ҲАДАФ - ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (ВҲИ) ҳамасола тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Президент, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Маҷлиси намояндагон, Ҳукумат, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералӣ Маърӯзаи солонаи худро пешниҳод менамояд. Маърӯза, ҳамчунин барои дигар мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият менамоянд ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар матбуоти чопӣ ва электронӣ нашр мегардад.

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2014 дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастовардҳо, камбудиву норасоии самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон, саҳми мақомоти ВҲИ ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар ҳифзи ҳуқуқи инсон таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии он шинос намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар Маърӯза ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва пешгирии поймолсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон тавсияҳои мушаххас пешниҳод шудаанд.
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор дар давраи сипаришуда нишон медиҳад, ки он ба талаботи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷавобгӯ буда, барои ҳифз ва риояи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон механизми самаранок мебошад. Аз ҷумла, соли 2014 дар мақомоти ВҲИ 3252 (соли 2013 -ум 2528) муроҷиати шаҳрвандон (381 хаттӣ ва 2871 шифоҳӣ) сабт шудааст, ки аз онҳо 542 (соли 2013 -ум 492) муроҷиат (243 хаттӣ ва 299 шифоҳӣ) дар Дастгоҳи марказии ВҲИ ва 2710 (соли 2013 -ум 2036) муроҷиат (138 хаттӣ ва 2572 шифоҳӣ) аз тарафи 11 Қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Соли гузашта кормандони Дастгоҳи ВҲИ ба 50 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаву пешниҳод омода карданд. Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи умумии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили қонуни амалкунанда дар бораи Ваколатдор қонунгузории давлатҳои аъзои ИДМ мавриди таҳлил қарор гирифта, намунаи кории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони дастгоҳ ва худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 19 гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон фаъолият намуданд. Ҳамчунин, намояндагони ВҲИ зиёда аз 20 маротиба дар мурофиаҳои судӣ иштирок карданд. Кормандони мақомот бо супориши ВҲИ, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва Нақшаи кории мақомоти Ваколатдор 50 маротиба (соли 2013 - ум 34) санҷиш гузаронда, дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат намуданд. Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар 26 муассиса санҷишу мониторинг гузаронда шуд.
Дар назди ВҲИ дар асоси Нақшаи миллӣ оид ба татбиқи тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба Шарҳи умумии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи мониторингӣ аз ҳисоби намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ғайридавлатии зидди шиканҷа ва мақомоти давлатии дахлдор созмон ёфта, дар 7 муассисаи пӯшида ва нимпӯшида мониторинг гузаронд. Вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Гурӯҳи мониторингӣ ҳисобот таҳия шуда, он дар Дастгоҳи ВҲИ бо иштироки кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ВАО мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Илова бар ин, аз тарафи кормандони ВҲИ соли 2014 дар самти мусоидат ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар низоми муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида 14 санҷишу мониторинг ва дар 4 қисм оид ба вазъи риояи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ мониторинг гузаронда шуд.
Соли 2014 бо ибтикори ВҲИ, дастгирии Ҳукумат ва мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд се қабулгоҳи ҷамъиятии нав дар ноҳияҳои Қумсангир, Қубодиён ва шаҳри Исфара фаъол гардид.
Мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи фаъолияти ВҲИ барои солҳои 2011 - 2015 мебошад. Дар сомонаи интернетии ВҲИ  ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқи кӯдак ду саҳифаи ҷудогона ифтитоҳ шудааст, ки дар онҳо санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ, мақолаю гузоришҳо дар самтҳои зикршуда ҷой гирифта, маслиҳатҳои муфиди ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар соли 2014 чаҳор шумораи маҷаллаи «Ахбори ВҲИ ҶТ» чоп шуда, дар чорабиниҳои мақомоти ВҲИ ва тавассути қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ дар маҳалҳо ба мақомоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба тариқи ройгон дастрас гашт.
Дар доираи амалӣ намудани корҳои иттилоотонӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳким бахшидани донишҳои касбии кормандони соҳа, аз ҷониби ВҲИ якчанд мавод, аз ҷумла “Мақомоти ВҲИ ҶТ - 5 соли ташаккул ва рушд”, дастурамал “Дар бораи дастгиркунӣ”, “Маълумотномаи кисагӣ оид ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои кормандони маҳбасҳо”, “Ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар маслиҳатҳои муфид”, “Маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии зидди шиканҷа”, “Тавсияҳои мақомоти СММ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон” ва “Маҷмӯаи маводҳо оид ба масъалаҳои тайёрии касбӣ (восита оид ба масъалаҳои омодасозии кормандони маҳбасҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон)” таҳия, тарҷума ва нашр шуданд.
Дар самти мазкур ҷиҳати татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013 - 2020 дар назди ВҲИ Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ, аз ҷумлаи роҳбарони сохторҳои таълимии вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои олии касбӣ таъсис дода шудааст. Алҳол Низомномаи Шӯро ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои марҳалаи якуми барномаи таълимӣ қабул гардида, ҷиҳати иҷрои самтҳои асосии барнома дар назди Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ шаш гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.
Аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ 17 барномаи таълимӣ таҳия гардида, бо қарори Шӯро ҷонибдорӣ ва барои дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани фанни таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба Вазорати маориф ва илм, дигар идораҳои дахлдор ирсол шудаанд. Барномаҳои таълимӣ аз фанни “Ҳуқуқи инсон”, ки аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ва гурӯҳҳои назди он барои кормандони мақомоту идораҳои гуногун таҳия шудаанд, дар баъзе вазорату идораҳо аллакай мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.
Дар давраи сипаришуда иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 113 семинару конфронс ва мизҳои гирд оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таъмин гардида, бо ташаббуси ВҲИ 29 чунин чорабинӣ ташкил ва гузаронда шуд.
Мушкилоти таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо яке аз масъалаҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки ҳалли ҳамаҷонибаи худро тақозо мекунад. Дар самти мазкур ВҲИ ҳамкориро бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла бо ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои Русия тақвият медиҳад. Дар ин раванд соли гузашта бо ВҲИ Федератсияи Русия ва ВҲИ Ҷумҳурии Тотористон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Инчунин ВҲИ дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли 2015 дар вилояти Свердловск ба таври таҷрибавӣ намояндаи худро таъсис диҳад.
Марҳалаи ташаккули мақомоти ВҲИ ва рушди он ҳамчун ниҳоди давлатии ҳифзи ҳуқуқи инсон идома дорад. Иқдоми нави Сарвари давлат оид ба таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ғамхории навбатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аҳад СОДИҚОВ,
 сардори шуъбаи иттилоотӣ - таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2015    №: 88    Мутолиа карданд: 990

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед