logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар оғози маҷлис масъалаи кадрҳо баррасӣ  гашт ва Шералӣ Сиддиқов - директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, Маҳмадулло Шералиев - директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна,  Алимардон Азимов - директори Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин барои тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ,  Ҷамшед Лақаев - директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нусратулло Мӯсоев - муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Вазиров - сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниматулло Таваров - сардори Хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини рустаниҳо ва назорати тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Исуф Шоев - директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»  таъйин шуданд.
Сипас, раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисобот дод. Зикр гардид, ки  ҳоло дар ин ноҳия 63 ҳазор аҳолӣ сукунат дорад ва ба туфайли рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва минтақа сатҳи зиндагии мардум пайваста боло меравад. Тавассути сохтмон ва ба кор даровардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ноҳия аз минтақаи аграрӣ ба аграрию саноатӣ табдил меёбад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти асосии мардуми ноҳия чун норасоии оби ошомиданӣ ва шабакаи обу корез, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва ҳам аз имконоти фарох барои рушди бахшҳои чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғутокпарварӣ ва туризм ёдовар шуда, дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулони ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар бораи сари вақт омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016  вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода гузориш дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба зимистони оянда ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ аз ҳозир бояд омодагӣ гиранд.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба чанд қонун, аз ҷумла ба қонунҳо “Дар бораи силоҳ”, “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” ва “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ” фиристода шуд.
Нақшаи генералии маркази ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон тасдиқ гардид.
Дар фароварди маҷлис доир ба тезондани навсозии роҳҳои мошингарди шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва истиқбол аз 70 - солагии Ғалаба бар фашизм ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.04.2015    №: 88    Мутолиа карданд: 11125

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед